Тиллошӯӣ ва заргарӣ дар Ванҷ

  Гарчи дар бораи вусъати ин шуғли қадимаи аҷдодӣ маълумоти мӯътамаде дар даст надорем, то дараҷае, ки огаҳем, дар Дарвоз ин навъи ниҳоят нозуки ҳунармандӣ то андозае равнақ дошт ва дар ин бора маълумоти муфассал дар китоби «Таърихи Дарвоз» оварда шудааст. Аз ин рӯ фақат маълумотеро, ки дар хотири мардуми таҳҷоӣ ҳанӯз вуҷуд дорад, хотиррасон мекунем. Мувофиқи он гӯё шуғли заршӯӣ ба таври васеъ ҳам набошад дар Язгулом ба мушоҳида мерасидааст.
  Бо итминони комил бояд қайд кард, ки ҳунари заргарӣ дар Дарвоз низ ривоҷу равнақ дошт. Дар ин ҷо низ чун анъана тӯйҳои арусӣ бе чарчинвории мувофиқ намегузаштанд. Агар барои оилаҳои камбизоат тилловорӣ камтар дастрас бошад, албатта чизе аз маводи зиннати арӯсии оддии нуқрагин ё мисин ёфт мешуд. Чунин чарчинвориҳо, гарчи маълу- моти муфассале дар даст надорем, табиист, ки аксаран аз тарафи ҳунармандони диёр сохта мешуданд.
  Дар баробари навъҳои ҳунармандии дар боло зикр шуда, дар бекигарии Дарвоз, аз чумла миригарии Ванҷ ҳамчунин равғанкашӣ, осиёбсозиву ғаллаордкунӣ, тайёр намудани ранг барои матоъҳо ва дигар маҳсулоти косибӣ, пойафзолдӯзӣ, собунтайёркунӣ ва ғайра васеъ ба роҳ монда шуда буд.
  Бо мурури ҳарчи бештар аз Русия ба аморати Бухоро ворид шудани молҳои хушсифату арзони мануфактурӣ баъзе аз навъҳои истеҳсолоти косибии маҳаллӣ, аз қабили бофтани матоъҳои пахтагин, дӯхтани пой- афзол ва сохтани молу маводи рӯзғордории оҳанӣ, мисин ва чуянӣ рӯ ба таназзул мениҳод. Албатта, ин раванд дар Дарвозу Қаротегин нисбат ба дигар бекигариҳои марказӣ сустар бошад ҳам, ба фаъолияти косибон бетаъсир буда наметавонист. Дар ин бора Н. Бурдуков дуруст қайд кардааст, ки «маҳсулоти косибӣ дар назди омили пурқуввати истеҳсолоти бозаргонӣ, механикӣ ва капиталистӣ ниҳоят заиф буда, рақобат карда наметавонист. Акнун ҳоҷатманд аз бозор дар шакли тайёри фабрикӣ молу маҳсулотеро ба даст меовард, ки қаблан барои хушсифат бароварда- наш тамоми ҳунарашро сарф мекард». Албатта, дурию мушкилгузар будани роҳ, пастии имконияти харидории мардуми ин ду бекигарӣ ва вобаста ба ин ниҳоят маҳдуд будани бозор хоҳиши савдогаронро барои бештар ба ин чо овардани молҳои истеҳсоли мануфактурӣ ё фабрикиро хеле маҳдуд мекард. Аз намудҳои гуногуни моли мануфактурӣ ё фабрикавӣ бештар мардикорон ба Дарвозу Ванҷ ворид мекарданд. Аз ин рӯ, мисли пештара маҳсулоти косибии маҳаллӣ то солҳои аввали Ҳокимияти Шӯравӣ мавқеи худро мустаҳкам нигоҳ медошт, вале онро дар ҳудуди ҳамин ду бекигарӣ низ танг карда буд. Чунин маҳдудияти бозор табиист, ки ба сифати маҳсулоти ҳунармандии маҳаллӣ бетаъсир намемонд. Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.