Таъсисёбии ноҳияи Ванҷ

  80 сол муқаддам – 29 маи соли 1933 ин диёри куҳанбунёд дар харитаи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва номгӯи воҳидҳои (субъектҳо) он бо унвони НОҲИЯИ ВАНҶ сабт гардид.
  Дар ҳуҷҷати расмӣ чунин омадааст (нусха аз ҳуҷҷат):

protokol  Бо назардошти дур ҷой доштани водии Ванҷ аз маркази ноҳияи Қалъаихумб ва мушкилии алоқаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ бо аҳолии Ванҷ, ки онро оврингҳои дар роҳ ҷойдошта, халалдор мекунанд, барои ташкил намудани ноҳияи Ванҷ дар ҳудуди шӯроҳои ҷамоатии Водхуд, Рохарв, Техарв, Рованд ва Язгулом, бо мӯҳлати таъсисёбии он дар моҳи декабри соли 1933 розигИ дода шавад. Маркази ноҳия Рохарв бо тағйири номи он ба Ванҷ муқаррар гардад.Дар протоколи ҷаласаи Президиуми Кумитаи Иҷроияи марказии (КИМ) соли 1933, №46 чунин қарор сабт шудааст:

  1. Ба Шӯъбаи ташкилии КИМ-и ҶШС Тоҷикистон ва ба Управленияи муассисаҳои хоҷагии халқи (УНХУ) ҶШС Тоҷикистон супорида шавад, ки масъалаи муайян кардани ҳудуди ноҳияро кор карда баромада барои тасдиқ ба Президиуми КИМ-и ИҶШС пешниҳод намояд.

  2. Ба Комиссариати халқии молияи (НКФ) ҶШС Тоҷикистон супорида шавад, ки масъалаи ҷудо кардани буҷаи ноҳиявиро ҳаллу фасл намояд.

  Чунин аст нусхабардори ин ҳуҷҷати расмии таърихӣ. Таърихи Ванҷ аз давраи ҳамчун давлати мустақил (шоҳигарӣ) тарки вуҷуд кардану ихтиёран ба шоҳигарии Дарвоз омехтан (охири солҳои 40 ибтидои солҳои 50-уми асри XIX) чун воҳиди маъмурӣ борҳо иваз шуда бошад ҳам, вале тағйири ном накардааст: он Ванҷ буду монд бо номи Ванҷ.
  Барои дар ин ҷода тасаввуроти амиқ пайдо кардани хонандаи гиромӣ, лозим мешуморем, то андозае пурратар ба таърихи гардишҳои давлатию воҳидҳои маъмурии ноҳияи Ванҷ назар андозем.
  То миёнаи солҳои 40-уми асри XIX, чи хеле ки дар боло қайд шуд, Ванҷ чун шоҳигарии мустақил арзи вуҷуд дошт. Кашмакашҳои дохилӣ ва ҳуҷумҳои тез тези берунӣ (ҳарчанде халқи маҳаллиро мутеъ карда натавониста бошанд ҳам), ки аз табиати парокандагии феодалӣ бармеомад, Ванҷро хароб ва нигоҳ доштани мустақилиятро сол то сол мушкилтар мегардонд. Чунин аҳволро дар шоҳигарии Дарвоз (гарчи масоҳати зиёдеро ишғол мекарду иқтидори ҳарбию мудофиавиаш баландтар буд) низ мушоҳида мешуд. Ҳарчанд ҳамҷаворию ҳамқисматӣ ва наздикии авлодию ҳаммазҳабӣ эҳсоси зарурияти бо ҳам омехтани (ҳамроҳ шудан) ин ду мулкро кайҳо ба вуҷуд оварда буд, вале ин кӯшиш дар давраи яке аз шахсиятҳои таърихии Дарвоз Исмоилшоҳ (1845-1863 ^) амри воқеъ гардид. Чи хеле, ки дар боло қайд шуд, бо ҳамроҳшавии шоҳигарии Дарвозу Ванҷ нуфузи сиёсӣ ва иқтидори ҳарбии Дарвоз дучанд афзуд. Ин имконият дод, ки ба мулкҳои ҳамсоя лашкар кашида, онҳоро муваққатан тобеъи худ гардонад.
  Вақти зӯран муқобилияти Дарвозро шикастани Бухоро ва ба аморати тобеъ намудани он (зимистони соли 1877-1878) Ванҷ тавонист, ки то ибтидои солҳои 80-уми асри XIX муқобилият нишон дода, аз тобеъияти Бухоро саркашӣ намояд. Вале баъди тобеъияти аморатро пазируфтан ва ба сифати амлокдории бекигарии Дарвоз ба қаламрави аморати Бухоро расман тобеъ шудан низ, то андозае мустақилияти ин амлокдорӣ нигоҳ дошта мешуд.
  Ҳамин тариқ, Ванҷ чун воҳиди маъмурии (амлокдорӣ) аморати Бухоро то ғалабаи Инқилоби халқӣ ҳисоб мерафт.
  Аз соли 1920 аз ибтидои ғалабаи Инқилоб дар Бухоро амлокдории Ванҷ расман ба тумани Ванҷ дар тобеияти вилояти Ғарми Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро табдил дода шуд. Вале амалан инқилоб дар ин ҷо соли 1922 ғалаба карда, ин тарзи воҳидияти маъмурӣ ҷорӣ гардид, ки он то соли 1924 боқӣ монд:
  Солҳои 1925-1926 ҳудуди Ванҷ ба ҳайати тумани Қалъаихумби вилояти Ғарми Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон расман ҳамроҳ карда шуд.
  Солҳои 1926-1930 Ванҷ чун волости аз нав таъсисёфта, дар ҳайати Вилояти мухтори Бадахшони Кӯҳӣ ҷой дошт.
  Солҳои 1930-1933 Ванҷ боз аз нав ба ноҳияи Қалъаихумб ҳамроҳ карда шуд, ки он аз рӯи сохтори воҳиди маъмурӣ бевосита ба тобеияти ҶШС Тоҷикистон гузаронида шуд.
  Бо қарори Президиуми КИМ-и Шӯроҳои ҶШС Тоҷикистон (чи хеле ки дар боло ишора рафт) аз 29 маи соли 1933 таҳти рақами 46 ҳудуди Ванҷ аз ноҳияи Қалъаихумб ҷудо карда шуда, чун воҳиди маъмурии ноҳия бо шӯроҳои ҷамоати Водхуд, Рохарв, Техарв, Рованд ва Язгулом ба тобеияти бевоситаи ҶШС Тоҷикистон гузаронда шуд. Тибқи ин қарордод маркази таърихии он Рохарв (собиқ Қалъаи Ванҷ) бо номи Ванҷ чун маркази ноҳия тасдиқ гардид.
  Тибқи қарори Президиуми КИМ-и Шӯроҳои ҶШС Тоҷикистон аз 11 августи соли 1937 таҳти рақами 43 ноҳияи Ванҷ чун воҳиди ноҳиявӣ ба ҳайати маъмурии Вилояти мухтори Бадахшони Кӯҳӣ (ВАБК ё ВМБК) бо деҳшӯроҳои дар ҳудудаш воқеъбуда (Ванҷ, Водхуд, Рованд, Техарв, Жовуд ва Язгулом) гузаронида шуд.
  Ҳарчанд ки чунин вазъу назми воҳидияти Ванҷ дар солҳои оянда нигоҳ дошта шуда бошад ҳам, баъзе тағйиротҳои ҷиддию ҷузъии расмӣ низ амри воқеъ гаштаанд, ки ёдоварии мухтасари онҳо чунин аст:
  Ҳангоми иҷрои Қарори ҳизбӣ ва ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба муҳоҷиркунии баъзе маҳалҳои кӯҳистон ба водиҳо бо Укази Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон аз 5 ноябри соли 1954 деҳшӯрои Язгулом, ки тамоми сокинонаш ба ноҳияи ба номи Куйбишеви вилояти Қӯрғонтеппа муҳоҷир карда шуданд, ба ҳайати деҳшӯрои Водхуд ҳамроҳ карда шуд.
  Бояд қайд кард, ки ин амали дар ҳамон вақт ба таври иҷборӣ гузарондашуда, хеле хатову носавоб буда, барои аҳолии Язгулом то андозае бо натиҷаи фоҷиабор анҷом ёфт. Азбаски ба муҳоҷиршудагон шароити мусоид ба зист тайёр накарда буданд, бисёриҳо ба гармии барояшон тоқатфарсои ин водии нав руҷӯи ободӣ пайдокарда, ба ҳалокат расиданд. Ин вазъият аксари язгуломиҳоро маҷбур сохт, ки бо ҷиддият аз сарварони ҳизбу ҳукумати ҷумҳурӣ талаб кунанд, ки онҳоро боз ба зодгоҳи худ баргардонанд.
  Ҳамин тариқ, қисми зиёди ин муҳоҷирон боз ба диёри аҷдодӣ баргаштанд. Тибқи Укази Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон аз 5 сентябри соли 1956 деҳшӯрои Язгуломи ноҳияи Ванҷ дар ҳайати деҳаҳои Андарбак, Барнавад, Убағн, Бургуз, Зайч, Жамаг, Жафак, Виш- харв, Будун ва Мотравн бо марказаш дар деҳаи Андарбак аз нав расман эҳё гардид.
  Бо Укази (фармон) Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон аз 18 июли соли 1956 деҳаи Пшихарви деҳшӯрои Вишхарви ноҳияи Қалъаихумб ба деҳшӯрои Водхуди ноҳияи Ванҷ ҳамроҳ карда шуд.
  Ҳангоми амалӣ гаштани маъракаи омезишу васеъ гардонидани воҳидҳои маъмурӣ, аз ҷумла ноҳияҳо мувофиқи Фармони (Указ) Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон аз 4 январи соли 1963 ҳудуди ноҳияи Ванҷ, ки бо омехтани ҳудудҳои маъмурии ноҳияҳои Рӯшону Қалъаихумб бо тамоми деҳшӯроҳояшон ба ҳайати ҳудудии ноҳияи Ванҷ гузашта буданд, хеле васеъ шуд. Вале дере нагузашта қубҳи ин васеъ кардани доираи ҳудудии ноҳияҳои расмӣ (аз ҳисоби қатъ намудани фаъолияти маъмурию ҳудудии дигар ноҳияҳо) аён гашт. Ин зарурияти боз аз нав баргаштан ба тарзи ҳудудию маъмурии ноҳиявии собиқаро пеш овард. Тибқи Фармони (Указ) Президиуми Шӯрои Олии ҶТТТС Тоҷикистон аз 6 январи соли 1965 боз аз нав ноҳияҳои Рӯшон ва Қалъаихумб аз Ванҷ ҷудо карда шуда, чун ноҳия дар ҳайати Вилояти Мухтори Бадахшони Кӯҳӣ ба расмият дароварда шуданд.
  Бояд қайд кард, ки дар ин давра дар дохили худи ноҳия борҳо тағйироти воҳидҳои идоракунии маҳаллӣ, шаклҳои хоҷагидорӣ (колхозию совхозӣ) ба назар мерасанд.[1] Вале онҳо ба ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва мадании ноҳия таъсири амиқи таърихӣ нагузоштаанд. Эҳсоси ин моро аз масъулияти таҳлили пурраи тағйиротҳои назарногири дохилиноҳиявӣ озод мекунад. Аз тарафи дигар, бо баъзе аз лаҳзаҳои ин тағйиротҳо дар рафти баёни вазъи ноҳия дар солҳои баъдина ва саҳми фаъолонаш дар пешравии соҳаҳои мухталифи ҳаёти хоҷагӣ ва маданӣ ёдовар хоҳем шуд. Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев. 

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.