Суруш Эркаев

  Ба сабаби фақру пасмонии кишвар мардуми мо барои зист дар гӯшаҳои олам парешон гаштаанд. Бо вуҷуди зистан дар миёни ҷомеаҳои мутафовит ҳамватанони мо аксаран ҳувият ва фарҳанги худиро маҳфуз медоранд. Ҳамватанони мо, ағлабан, дар кишвари Русистон кору зиндагии муваққатию доимӣ  доранд ва ҳатто насли нав дар тӯли ин муҳоҷирати тӯлони дар он ҷо ба дунё омадаву ба воя расидааст. Мӯҷиби шодмонист, ки насли нав фарҳангу ҳувияти миллиро ҳифз карда, дар соҳаҳои мухталиф дар ин кишвар фаъолият дошта, афроде аз эшон дар пеша муваффақ шудаанд.
  Ҳамдиёрони мо низ аз ин шумул расму суннатҳои ниёиро пос дошта, афроде дар он ҷо номбардори миллату кишвари асили хеш гаштаанд. Яке аз ин миён ҷавонпаҳлавони муваффақ Суруш Эркаев мебошад, ки бо вуҷуди камсолӣ дар соҳаи варзиш ному нишон гузоштааст. Суруш алъон бо хонавода дар шаҳри Маскав зиста, фаъолияти варзишӣ дорад.
  Суруш Эркаев 9 сентябри соли 2004 дар шаҳраки Рохарви ноҳияи Ванҷ ба дунё омада, то синфи чаҳорум дар мактаби миёнаи №4 таҳсил карда, баъдан бо хонавода ба шаҳри Маскови кишвари Русистон кӯчида, таҳсилро дар литсеи давлатии шаҳри Масков идома медиҳад. Суруш ва додараш Сиёвуш дар сафи хонандагони пешқадам ва аълохони ин литсей қарор доранд. Бар зами аълохонӣ онҳо ба варзиш, хусусан ба гӯштингирӣ шавқ доранд.
  Тавре ки падари эшон Далер Эркаев нақл карданд, Суруш аз хурдсолӣ ба гӯштингирӣ мароқ зоҳир мекард. Аз соли аввали ба Масков омадан  дар тӯли як сол аз падар доиман мехост ва ҳатто гиря мекард, ки  маро ҳамроҳ бо додарам ба  мактаби ҷудо супор. Падари муҳоҷир, ки бо хонавода дар шаҳри ғариб бо ҳазору як мушкил рӯзгор ба сар мебурд, дар муддати як сол ҷустуҷӯи мактаби ройгон ё арзонтари ҷудо намуд.
  Суруш, ки аз хурдӣ писари боидроку фаросат буд, вазъи падарро мефаҳмид ва худ низ барои ба ҳадаф расидан мекӯшид. Падар ёдоварӣ мекунад, ки 29 апрели соли 2015, тахминан соатҳои се ё чор буд, Суруш аз муаллимаи варзишашон, ки худ дар ҷавонӣ гӯштингир будааст, суроғаи мактаби арзони ҷудо “МГФСО” –ро, ки дар наздикии хонаи иҷораашон воқеъ будааст, гирифта, аз шодӣ, бо чашмони гирён  ба пеши падар давида, аз ӯ хоҳиши ба он ҷо рафтан мекунад.
  Падараш нақл мекунанд, ки бо фарзандон ба маҷмааи варзишии мазкур рафтем, дар назди дари он марди 63 – 65 солаеро дучор омадем ва ӯ аз мо интизори кӣ буданамонро пурсид, арз кардам, ки ҷӯёи мактаб ва муррабии ҷудо барои фарзандон ҳастам. Пурсид, ки ин ду фарзандонат ҳастанд, бале гуфтам, гуфт, ман худ муррабии ҷудо ҳастам, вале фарзандонро бояд дар моҳи сентябр ба ин ҷо меовардӣ, ҳоло як моҳ мондаву шогирдон ба таътил мераванд. Баъдан, аз синнусоли бачаҳо пурсида, суол кард, ки дар турник чандтоӣ мекашед. Суруш гуфт: – “Ҳадди ақал 55 – 60 то”. Ӯ аз ин ҷавоб тааҷҷуб карда, хандида, афзуд, ки ҳамсолони шумо се-чор сол дар пеши ман тамрин мекунанд, аммо аз 15 – 20 маротиба бештар худро дар турник боло кардан наметавонанд. – “Ман Шестаковский Леонид Иванович” – худро муаррифӣ кард, мураббӣ.
  Мураббӣ фармуд, ки интизораш бошем, то бароямон иҷозатномаи муваққатӣ барои ворид шудан гирад, пас аз як соат посбон нидо кард, ки шумо иҷозаи вуруд доред. Дар толор қариб 90 нафар шогирдони Леонид Иванович машғули тамрин буданд, мураббӣ ба шогирдон амр намуд, ки таваҷҷӯҳ кунанд ва номи писаронро пурсида, нахуст Сиёвушро ба назди турник даъват кард. Сиёвуш бо 47 маротиба худро болокашӣ поён омада, навбати Суруш расид. Ҳисоби Суруш ба 65 маротиба расид, ки муррабӣ ӯро ба бас намудан амр кард. Муррабӣ гуфт, ки маро дар ин ҷо мунтазир бошед ва рафта, пас аз даҳ дақиқа бо ду ҷуфт кимоно дар даст баргашта, фармуд, ки пӯшед ва ҳар рӯз, ба ҷуз шанбе, дар соати 16:30 бояд ба назди ман барои тамрин ҳозир шавед.
  Баъди якуним моҳи тамрин таътил оғоз шуд ва машқи бачаҳо аз моҳи сентябр боз идома ёфт. Суруш дар нахустин мусобиқаи варзишии хеш дар сабқати ҷудои “СШОР ЦСКА” барои ёдбуди сарҳанг Гулевич Д.И дар миёни наврасони солҳои таваллуди 2003 – 2004 дар таърихи 18 ноябри соли 2016 дар вазни 38 кг соҳиби ҷои аввал гардид. Пас аз ин, Суруш дар ҳама мусобиқоти ширкатдошта ҳамеша ғолиб омадааст. Суруш дар сабқатҳои варзишии хеш чунин дастовардҳоро касб кардааст:
сабқати ҷудои “СШОР ЦСКА”  ба хотири ёдбуди сарҳанг Гулевич, дар миёни наврасони солҳои таваллуди 2003 – 2004, дар таърихи 18 ноябри соли 2016, дар вазни 38 кг – ҷои аввал;

мусобиқаи байналмилалии XX-и ҷудо дар миёни ҷавонписарону ҷавондухтарон дар шаҳри Санкт-Петербург аз 29 апрел то 1 майи соли 2017 дар вазни 42 кг – ҷои аввал;

мусобиқаи ҷудои “МГФСО” дар вазни 46 кг, дар таърихи 21 октябри соли 2017 – ҷои аввал;

мусобиқаи ҷудои «ЦСКА» ба хотири ёдбуди сарҳанг Гулевич дар миёни наврасон, дар вазни 46 кг, дар 15 – 16 сентябри соли 2017 – ҷои аввал;

мусобиқаи самбо барои дарёфти ҷоизаи МАУ “Фок” дар шаҳри Реутов – ҷои аввал;

мусбиқаи кушоди ҷудои мактаби варзишии “Шаболовка”, дар миёни ҷавонписарону ҷавондухтарони солҳои таваллуди 2002 – 2004, дар шаҳри Масков, дар 17 ноябри соли 2018, дар вазни 55 кг – ҷои аввал;

сабқати ҷудои мактаби варзишии “Буревестник”, дар миёни наврасони солҳои таваллуди 2003 – 2005 дар шаҳри Реутов дар вазни 46 кг – ҷои аввал;

намоиши паҳлавонии VII барои дарёфти ҷоми раёсати мактаби маъруфи “Динамо”, дар гурӯҳи синни 2002 – 2004, вазни 46 кг – ҷои аввал;

мусобиқаи мунтахаби Ҳавзаи Маъмурии Шарқии Масков бахшида ба “Рӯзи ҷудо”, дар байни гурӯҳи синнусолии 2003 – 2004, дар таърихи 22 октябри соли 2017 – ҷои аввал;

сабқати ҷудо барои дарёфти Ҷоми Қаҳрамони олимпӣ Невзоров дар миёни гурӯҳи синнусолии 2004 – 2006 дар вазни 50 кг, дар 28 октябри соли 2018, дар шаҳри Зеленоград – ҷои аввал;

даври чоруми сабқати солинавии ҷудои Ҳавзаи Маъмурии Ғарби Масков, бахшида ба ёдбуди бунёдгузори ҷудои ватанӣ В.С Ошепкова, дар миёни варзишкорони солҳои таваллуди 2004 – 2006, дар вазни 55 кг, дар 16 декабри соли 2018 – ҷои аввал;

сабқати солинавии ҷудои мактаби варзишии “Шаболовка”, дар миёни наврасони гурӯҳи синнусолии 2003 – 2004, дар вазни 55 кг, дар 22 декабри соли 2018 – ҷои аввал;

  Суруш Эркаев алъон, бо Дипломи дараҷаи аввали мактаби варзишии “Шаболовка”, Дипломи Федератсияи ҷудои Ҳавзаи Маъмурии Ғарбии Маскав сарфароз гаштааст. Суруш бо чунин оғози олӣ гом дар масири варзиш гузошта, яке аз ҷавонпаҳлавонони умедбахши диёр аст, ки мухлисону ҳамдиёрон дар оянда аз ӯ дастовардҳои бузургро интизоранд.

 

1 Назар

  1. Дар хакикат падари Суруш захматхои зиед кашид ки фарзандаш холо номбардораш хаст ман аз ин дастовардхояш бе нихоят хурсандам ва боварии итминон дорам ки дар оянда Сурушпахлавон иншоолох ба куллахои баланди варзиш хохад расид

Добавить комментарий для Аноним Лағви посух

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.