Содиқ Ҷорӯбкашов

  sjruvkashСодиқ Ҷорӯбкашов Номзади илмҳои фалсафа, ходими калони илмӣ, 3 июли соли 1951 дар деҳаи Рованди ноҳияи Ванҷ, дар оилаи кишоварз ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаб-интернати ба номи ноҳияи Рӯшон соли 1967 ва як соли шуғли меҳнат, ба факултаи забону адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин дохил шуда, онро соли 1973 бомуваффақият хатм намуд.
  Солҳои 1973-1975 дар мактаби миёнаи ба номи Чайковский ба сифати муаллим кору фаъолият дошт. Оғози соли 1975 ба вазифаи лаборанти калони Шӯъбаи фалсафаи АИ ҶШС Тоҷикистон таъин шуда, моҳи октябри ҳамин сол ба сифати коромӯз-тадқиқотчии Институти тадқиқотҳои сотсиологии Академияи илмҳои ИҶШС тавсия гирифта, солҳои 1976-1981 бо роҳхати мақсадноки Академияи илмҳои ҶТ дар шӯъбаи аспирантураи Институти тадқиқотҳои сотсиологии АИ ИҶШС таҳсилу тадқиқот бурдааст. Солҳои 1981-1984 ходими хурди илмии АИ ҶШС Тоҷикистон, 27 октябри соли 1982 дар Шӯрои институти зикршуда С.Ҷорӯбкашов рисолаи номзадии хешро дар мавзӯи “Шароитҳои иҷтимоии ба истеҳсолоти ҷамъиятӣ ҷалб намудани занон чун омили тағйирёбии сохтори иҷтимоии ҷомеаи Шӯравй” (“Социальные условия новлечения женщин в общественное производство как фактор измеиения социальной структуры советского общества”) дифоъ намуд.
  Солҳои 1984-1986 С.Ҷорӯбкашов чун фиристодаи муваққатии Шӯрави ба ҳайси тарҷумон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ифои вазифа дошт. Барои саъю кӯшишаш дар роҳи мустаҳкам намудапи дӯстии байни халқҳои шӯравию афғон КМ комсомоли умумиттифоқӣ ӯро ба нишони фахрӣ сарфароз гардонд.
  Соли 1988 С.Ҷорӯбкашов ба вазифаи раиси Шӯъбаи Тоҷикистонии Маркази умумиттифоқии тадқиқотҳои сотсиологии омӯзиши афкори умумӣ (ВЦИОМ) ИҶШС таъин гардид. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, аз соли 1993 дар Маркази умумирусиягии тадқиқоти афкори омавии Русия кору фаъолият дорад. 
  Фаъолияту самти кунунии илмии С.Ҷорӯбкашов тадқиқоти сотсиологӣ-демографӣ, пурсишу муайян намудани афкори умум, гузаронидани тадқиқотҳои бозоршиносӣ (маркетинг), хеле рӯзмарраву замонавӣ мебошад. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев).

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.