Содиқ Боқиев

Содиқ Боқиев аз ҷумлаи паҳлавонони шинохтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ӯ дар вазни баландтарин беш аз даҳ сол қаҳрамони қариб ҳамаи мусобиқаҳои гӯштии миллӣ, дзюдо ва самбо будааст. Ӯ дар ин намудҳои гӯштӣ унвони баланди варзишро соҳиб мебошад.
  Шӯҳрати ӯ хусусан дар давраи таҳсилаш дар донишгоҳи давлатии ба номи Носири Хусрави шаҳри Қӯрғонтеппа хеле боло гирифт. Ӯ комёбиҳои гӯштии тарзи миллиро бо машқи муттасил дар навъҳои самбо, дзюдо ва озод ба ҳам омехта, чун Таҳамтани майдони паҳлавонии ҷумҳурӣ ба камол расид. Дар ин муддат ӯ аз устодони гӯштиҳои ғайримиллӣ сабақ гирифта, нозукиҳои гуногуни онҳоро ба ҳам омехта, чун паҳлавони комил дар марзи ҷумҳурӣ ва берун аз он машҳур гашт.
  Ӯ имрӯз ҳам дар сафи аввали муборизаи ҷисмонӣ ва ғоявӣ буда, аз афсарони варзидаи кумитаи мудофиаи Ҳукумати Тоҷикистон дар шӯъбаи ноҳиявии Ванҷ аст. Ба серкории худ нигоҳ накарда, ӯ дар сайқал додани маҳорати ҳунарии ҷавонони иоҳия бедареғ меҳнат мекунад. (Аз китоби “Ванҷ-и Ҳ. Пирумшоев).

Ситораи тобон дар самои паҳлавонӣ

  Чун оиди паҳлавонҳои солҳои 1986 – 1996 сухан равад, пеши назари банда симои ҷавони тануманд ва қадбаланд, ҳалиму меҳрубон, дилсӯз ва бародару ҳамдиёр, паҳлавони номӣ акаи Содиқ Боқиев меояд. Ростӣ солҳои донишҷӯӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Қурғонтеппа, факултаи физика акаи Содиқ аз мо ду сол пеш буд. Ба чунин танумандиаш нигоҳ накарда, бениҳоят шахсияти одӣ ва меҳрубону шӯх ва хушчақчақ мебошад.
  Дар он солҳо дар майдондорӣ назир надошт. Шоҳиди чандин мусобиқаҳое, ки байни донишҷӯёни мактабҳои олӣ мегузашт, дар донишгоҳ ё водии Вахш мушоҳида намудаем ва эшон рақами як буданд. Қаҳрамони чандткаратаи ҷумҳурӣ дар се намуд: самбо, ҷудо ва гӯштини миллӣ мебошад.
Вазнаш агарчи 95 кг буд бо паҳлавононе, ки вазнашон 120-130 кг буд, панҷа нарм мекард ва ғолиб меомад, ки ин аз тактикаи махсус ва паҳлавони ҳамаҷониба ташаккулёфта буданаш далолат мекунад. Бо устод Одинашо Мардов ва зиндаёд Рӯстам Ёдгоров дар як солтаҳсил мекарданд. Беҳад марди шӯх аст, акаи Содиқ. Чун аз ҳамдарс ва дӯсташ Рӯстамшо ёдоварӣ карда будам, бо ман дар тамос шуда изҳорӣ миннатдорӣ намуданд ва аз саргузаштҳои ҷолибаш бо ин ҳамдарсони донишгоҳияш ёдовар шуд.
  Акаи Содиқ нақл кард, ки баҳори соли 2009 дӯсту бародар ва ҳамкурсамон Рӯстам Ёдгоров (рӯҳаш шод бод) мудири шӯъбаи маорифи ноҳия таъин карда шуд. Баъд ману Одинашо Мардов барои табрикоташ ба идорааш рафтем. Чун дари идораашро кушода даромадани шудем, моро дида, гуфт: – “Ана дар вақташ гфтм хуне, ки мехунте ранги мн вазифа мегрфте”. Гуфт, ман ҳам Рӯстамро (Худованд биёмрзадаш) гирифта, аз ҷояш кашидаму Одинашоро гуфтам дар ҷояш шин. Баъдан хеле шӯхиҳо карда, дуру дароз сӯҳбат кардем. Одинашо як сол баъд мудири Шӯъбаи маорифи ноҳия таъин шуд. Рӯстамро гуфтам: – “Ана озодт карм, Одинашора мундем”. Хела хандидем. Ёд бод он рӯзгорон ёд бод!.
  Содиқ Боқиев зода ва парваридаи деҳаи хушманзара ва овозадори Рохарв, маркази маъмурии ноҳия буда, дар канори рӯди пуртуғёни Рохарв ва дарёи Ванҷоб камол ёфтааст.Таҳсилро дар мактаби миёнаи №4-и марказ, ки яке аз мактабҳои пешрафтаи сатҳи ҷумҳурӣ буд, гирифтааст.
Ба гӯштӣ аз овони мактабхонӣ шавқу рағбати беандоза дошт. Соли 1984 мактабро хатм карда, бомуваффақият донишҷӯи ФДИДПД (Филиали Донишкадаи педагогии Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко, ҳоло ДДОД ба номи С.Айнӣ) дар шаҳри Қурғонтеппа (ҳоло Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав) гашт.
  Машқу тамринҳои пайваста зери назари устодони соҳаҳои гуногуни гӯштин Штортс ва устод Нодиров маҳорати паҳлавонии ӯро бештар сайқал дод. Маҳз дар ҳамин давра Содиқпаҳлавон ба қуллаҳои баланди варзишӣ ноил гашт. Дар ҳар се намуди гуштин, самбою ҷудо ва ҳам гӯштии милӣ чандин бор соҳиби унвони баланди қаҳрамони Тоҷикистон гашт. Ӯ борҳо шаъну шарафи Тоҷикистонро дар миқёси Иттиҳоди Шӯравӣ бомуваффақият ҳифз кардааст ва аз ҷониби мураббиёни соҳаи варзиши Шӯравӣ баҳои баланд гирифтааст.
  Ба қавли устоди таърихшинос Ҳайдар Пирумшоев: – “Агарчӣ умри майдондорияш кам буд, Содиқпаҳлавон чун ситораи тобоне дар самои паҳлавонии тоҷикон дурахшонӣ кардааст, ки то абад ба ёд монданист”. Баъдтар дар шӯъбаи ноҳиявии Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи ноҳия ва Кумитаи ҳифзи сарҳади Қушунҳои мусаллаҳи Тоҷикистон кор кардааст. Мо ба акаи Содиқ умри бобаракат тандурустӣ ва сарбаландиро хоҳонем! Давлатмир Юнусзода.

  1. Солои пеш ай ҷанг би Содиқ қатии оилаш мемунӣ умаби тарафои мо бай Ёвон,шнос шиему ҷаҳтш карм,баъд дар чақ чақ зо.Як чақ чақша фромш намекнм.Гфт як руз ай Қрган тарафи Кулоб тоқа рафтм,ки дар вҷо як гуштини дабдабанок бидаст.Дар ахири гӯштин як полвони нумии Кулоба броварану ва нумш як бқаи барзангира мунтан.Баъд гфт нуми панҷ шаш полвони нумишна эълон каран,ки бхезан ва қатиш бгиран.Хлоса,мега иш кас набрума.Баъд мега мнам сдрунтари майдун шим як мусфеда дим,ки подроз тамошо дора.Мега рафтм дар палиш шстму салом алек карему икайга тамошо карем,ки бо иш кас набрума.Баъд мега мне мусфеда гфтм,ки бобӣ як фотиҳам дута хезм бгирм.Мега мусфед як машаи ханда кару гфт,ки бачам ин пр полвони зурай,хта вайу сарвасар накн.Баъд мега мне танш надому гфтм биё боби тавакал бар Худо фотиҳам ду.Мега мусфедам рувақибла шсту фотиҳам до.
    Мега хай хестем як талош грфтем барои кувваша санчян. Дар талоши дйм мега алики друни пош карму бурм сахт ватахтапштш зом.Мега судя тан надо,ала берун ай ковёр би. Мега мусфед хест ва сари сдё рафт,гфт,ки заанам ай иқа зиёд намегара.Мега мусфеда гфтм боби оли бра бшину тамошо кн! Индафара мега сари севҷиш карму бурм дар минаи майдун ай пештанда сахтарш зом!
    Хлоса мега ҳама тан дону банди бқара оваран дар дстм дохтан! Баъд мега мне банди бқара дар дсти мусфед дохтму,гфтм,ки амин бқара бай тра бахшим.Мардм ҳама ай ин корои мн ҳайрун шин. Баъд гфт,ки хела суму пумм дону неки прташна бо дар лнгии мусфед бастму гфтмш,ки бобӣ як дҳомун бдута бай хунара брем!

  2. Ҳамайи палвонойи зури Тоҷикистона солойи 1990-1992- ра бзо.
    Соли 1990 ё 1992 бӣ, дар Дворец спорт чемпионати самбои СССР дар вазни мутлақ( абсолютний вес) мегзашту акаи Содиқ ҳамаи самбистойи зура ай Грузия, Армения, Белорусияву дигаро, ки вазношун ай 115- 150 килора бин пӯстак кар, ҳол он, ки вазни акаи Содиқ 90-95 кило бӣ.
    Дар финал ва врус Ратов Василий вазнш 150 кило, ду талош грфту дига нашӣ нагрфту сазовори ҷойи дуюм шӣ.Фахри мо астӣ акаи Содиқ!

  3. Дар бораи Содиқ Боқиев соли 1990 дар журнали Звезда як маколаи ката би. Амун муаллиф як ҷо зурии Содиқа навишта би, ки чова ҷавони 95 килоя ҳарифи 125 килояша намедунм қазоқ би ё латиш, ки “удержани” капия биш чапана мекна мегелуна. Дар майдон ам рости зур би, аммо мутаасифона “умри варзиши”-и вай кута би. Ай солои 86 сар ши то 1991.

  4. Бале, Содик Бокиев яке аз чехрахои шинохтаи гуштини милли мебошад. Дар бисёр6 туёхо ва идхо бо хунари воллои худ бисёр хунарнамои чолибе мекард, ки хеле мухлисони зиёд дошт. Худо умраш дароз бошаду тансихату саломат бош Бокиев. Омин!!!

  5. Пахлавон Содик Бокиев дар шахсияти хеш тамоми хислатхои неки инсониро дорост дар давоми дах сол дар давраи мактабхуни,ки мо хамсабак хастем ягон бор суханхои ночоро аз пахлавон нашунидам ва хангоми гуштингири хам бехад тамоми конунхои пахлавониро сармашки худ медонист хамеша тансихату комьеб боши палвон.

  6. Дар вокеъ Ванча боз як яле мисли акаи Содик зарураи, ки бтуна дар майдондориё бо х,ар палвоне дасту панча нарм кна. Агарчи дар холи хозир палвонои чавони ванчи дар мусобикоти байналмиллали ширкат мекнану макомои хуба ам ищгол мекнан, неки ягонташ ба дарачаи ин палвон расидан наметуна.

  7. Ами Гуштини Акаи Содика дар
    мяскамбинат хичвакт фромуштш намекнм.
    Номардишам карданки Хамара коил кард
    Худовандм хамавакт сарбаланд боши
    Акаи Содикчон….

  8. Акаи Содик яке аз пахлавонони нотакрори Ванчие аст ки дар тули фаъоляти варзишиш тамоми Шуравира коил карда буд.Аз мо дар Донишгох 2 сол пештар дар як факулта мехунд.Б Содик марди бехад хоксору мехрубонай дар майдун амун соло ай дсти акаи Содик касе чухт намунд.Саломат боши акаи Содикпахлавон.

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.