Собиқадорони ҷанги Афғонистон

Валӣ Сайёрабеков

  valisayorВалӣ Сайёрабеков 15 октябри соли 1961 дар деҳаи Ван-вани ноҳияи Ванҷи ВМКБ дар оилаи муаллим таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби миёна, соли 1979 ба факултаи филологияи тоҷики ДДТ ба номи В.И.Ленин дохил шуда, пас аз се сол ба боргоҳи муқаддаси илм (дар он вақт беҳтарин донишгоҳи собиқ Шӯравӣ), ба Донишгоҳи давлатии Ленинград роҳхат доданд. Моҳи июни соли 1985 дар толори Иттиҳодияи рӯзноманигорони Ленинград дар ҳузури тамоми ҳамкурсону дӯстон ба вай дар қатори боз чор нафари дигар донишҷӯён, аввалин шуда дипломи сурхи журналистиро тақдим карданд.
  Ду соли хизмати ҳарбӣ дар Афгонистон, мушоҳидаи ҷангу хунрезӣ, мардонагию шуҷоати ҳамкорон, маргу фоҷиаҳои инсонӣ, ҷаҳонбинии ӯро тамоман дигар кард. Дар ҳамон ҷо соли 1987 Саёрабеков В. бо ордени “Ситораи Сурх”-и Иттифоқи Шӯравӣ ва ‘‘Ситора”-и Афғонистон мукофотонида шуд.
  Ҳамчун яке аз таъсисдиҳандагони Иттиҳоди собиқадорони ҷанги Афгонистон, солҳои 1994-1995 ба ҳайси муовини раиси Кумитаи кор бо ҷанговарони интернатсионалист ва иштирокчиёни бартарафсозии фалокати Чернобил дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа намуд. Пас аз барҳам хӯрдани ин Кумита то имрӯз муовини раиси Иттиҳоди собиқадорони ҷанги Афғонистон шуда кор мекунад. Ба узвияти Иттиҳоди рӯзноманигорони ҷумҳурӣ соли 1991 қабул шудааст. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).

Ҷумъа Назаров

  jmanazarҶумъа Назаров – таваллудаш 1943 дар деҳаи Будуни деҳшӯрои Язғулом, соли 1959 мактаби миёна, 1963 ом- ӯзишгоҳи касбӣ-техникиро хатм кардааст. Солҳои 1963-1967 хизмат дар сафҳои Артиши Шӯравӣ, 1967-1973 электрики заводи нассоҷии тоҷик (Тоҷиктекстилмаш) шуда фаъолият дошт. Аз соли 1973 то 1993 дар вазифаҳои мухталифи Вазорати корҳои дохилӣ ифои вазифа намудааст. Аз ҷумла баъди гузаштан аз мактаби милисаи ВКД ИҶШС, соли 1976 бо рутбаи лейтенанти милиса хизматро идома дод. Солҳои 1982-1984 дар ҳайати гурӯҳи маҳдуди ҳарбии Артиши Шӯравӣ дар Афғонистон. Баъди ба Ватан баргаштан, дар ин мақомот то соли 1993 кору фаъолият бурдааст. Барои шуҷоату мардонагӣ бо ордени “Байрақи Сурх”, чандин медалу ифтихорномаҳо қадр шудааст. Аз соли 1993 дар нафақа мебошад. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).

Муборакшо Лолаков

  mborlolakМуборакшо Лолаков – таваллудаш 1953 дар деҳаи Мурғутгаи ноҳияи Ванҷ. Соли 1971 мактаби миёна, 1977 факултаи физики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намудааст. Солҳои 1977-1981 муҳандиси локаторчии гурӯҳи ҳарбикунонидашудаи мубориза ба муқобили жолаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 1981-1982 муҳандис дар системаи нақлиёти автомобилӣ (Автотранссистема), 1982-1984 хизмат дар қисмҳои махдуди Артиши Шӯравӣ дар Афғонистон, 1984-1990 вазифаҳои мухталифи “Автотранссистема”, 1990-2000 ширкати телекоммуникатсия. Аз соли 2000 корманди системаи ахборотии назорат аз болои маводи нашъадор дар назди Президенти ҶТ. Ба туфайли меҳнати содиқона М.Лолаков бо “Ордени Сурх” ва чандин медалу ифтихорномаҳо қадршиносӣ шудааст. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).

Зумратшо Мирҷонов

  zmratmirjЗумратшо Мирҷонов – таваллудаш 1959 дар деҳаи Рохарви ноҳияи Ванҷ. Соли 1976 мактаби миёна, 1983 факултаи тарҷумонии Донишгоҳии Ленинградро хатм намудааст. Чанд муддат дар Институти ховаршиносии АИ Тоҷикистон ба сифати ходими илмӣ кор кард. Барои такмили касбӣ сафари Афғонистону Эрон кардааст. Ба сифати тарҷумон дар ҳайати қисмҳои маҳдуди Шӯравии Афғонистон дар бригадаю ротаҳои қувваҳои десантии ҳавоӣ хизмат мекард. Барои шуҷоату мардонагӣ бо ордени “Ситораи Сурх” ва чанд медали ИҶШС ва ҶДА мукофотонида шудааст. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).

Иматшо Қиронов

  qironimatИматшо Қиронов – таваллудаш 5 декабри соли 1963 дар деҳшӯрои Водхуд. Соли 1987 Омӯзишгоҳи олии умумилашкарии Алмааторо хатм намуд. Солҳо 1988-1989 ба ҳайси афсари Шӯравӣ дар қисмҳои маҳдуди ҳарбӣ дар ҶДА хизмат намудааст. Солҳои 1990-1992 мудири Шӯъбаи 4-уми Коммисариати ҳарбии ноҳияи Сариосиёи Ҷумҳурии Узбекистон, 1993-1995 Коммисари ҳарбии ноҳияи Ишкошими ВМКБ, 1995-1998 шунавандаи Академияи ҳарбии муҳандисии ш.Москва. 1998-2002 сардори Управленияи ҳарбӣ-муҳандисии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон. Аз соли 2002 дар ш.Москва иқомати доимӣ ихтиёр кардааст. Полковник И.Қиронов барои шуҷоату мардонагӣ бо ордени “Ситораи Сурх” ва чандин медалу ифтихорномаҳо қадр шудааст. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).

P.S: Ҳамчунин бояд мардонагии чунин фарзандони диёр монанди Савлатшо Давлатов, Б.Давлатов, Рустамшо Ёдгоров, Абдукарим Амомадиев, Раҳим Ҳайитов, Моил Қосимов, Умар Мирзоев, Нуралишо Маҳмадшоев, Шомаҳмад Одинаев, Амриддин Одинаев, Ҷавон Сиронов, Мирзошо Тоқулов, Раҳмоналӣ Умаров, Фаросатшо Хушдилов, Олимбек Шакаров, Аҳмад Сафаров ва дигаронро махсус қайд намуд, ки дар ҳайати қӯшунҳои махдуди Шӯравӣ аз мактаби ҳарбу мардонагӣ дар ҶДА гузашта, бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гаштаанд. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.