Самбо то ва баъди истиқлол

Тақдим ба Қаҳрамон! Рӯзе, ки Беҳрӯз тоҷиконро ба ҳам овард ё рӯзе, ки Тоҷикистон дуввумин қудрати самбои ҷаҳон шуд.
Муҳаммад Абдуррозиқи Неъматзод,муассиси гурӯҳи фейсбукии “Tajik sport”

  Куштӣ варзиши миллии тоҷикист. Самбои варзишӣ як намуди куштист, барои ҳамин тоҷикон аз замони таъсисаш то ҳол алоқаи зиёде ба он доранд. Ҳатто дар замони шӯравӣ дастаи самбои Тоҷикистон қавӣ буд. Аввалин унвони Қаҳрамони самбои ИҶШС-ро аз мардуми Осиёи Марказӣ Азалшо Олимови тоҷик ба даст овард, баъдан Саидмумин Раҳимов соли 1975 унвони Қаҳрамони самбои мардони ҷаҳонро сазовор шуд. Ин корнамоиро тоҷикон дар замони шуравӣ дигар ба даст наоварданд, ҳатто ҷоизадор ҳам нашуданд. Соли 1991 кишвари мо соҳибистиқлол шуд ва як сол баъд аз он паҳлавони тоҷик Хуршед Каримов медоли нуқраи мусобиқоти ҷаҳонро соҳиб шуд. Ин медоли аввалини тоҷикон баъд аз истиқлол аст. Ҳамин тавр мо дар то соли 2016 дар маҷмуъ 7 нуқра ва 13 биринҷии мусобиқоти самбои ҷаҳонро ба даст овардем. Дар самбои размӣ мо Қаҳрамони ҷаҳон дорем. Соли 2009 Эраҷ Раҳимов дар Юнон тиллои мусобиқоти самборо дар риштаи самбои размӣ ба даст овард. Дар самбои размӣ тоҷикон 3 нуқра ва як биринҷиро соҳиб гаштаанд. Самбои варзишӣ ва самбои размӣ ду намуди варзиши самбо аст, ки дар як вақт зери назорати Федератсюни самбои ҷаҳон баргузор мешаванд. Арзиши медолҳои ин ду намуди самбо яксон аст.

Самбо бояд варзиши олимпӣ шавад

  Самбо варзиши олимпӣ нест, вале ба назарам хуб аст агар дар барномаҳои бозиҳои олимпӣ дохил шавад. Ҳамакнун ин варзишро дар Универсада, Бозиҳои Урупоӣ ва Осиёӣ шомил кардаанд. Бисёр намудҳои олимпӣ ҳастанд, ки ғайримаъруф ва нодаркор мебошанд. Самбо зеби бозиҳои олимпӣ дорад. Албатта, бидуни ислоҳоти ҷиддӣ дар сохторҳои федератсюни ҷаҳонии ин варзиш ва ҷорӣ кардани як низоми доварии шафофу одил пазируфтани он ба ҳайси намудҳои олимпӣ мушкил аст.

Сочӣ ва ҷанҷолҳо то он

  Шаҳри Сочии Русия рӯзҳои 10-12  ноябр мизбони рақобатҳои ҷаҳонии самбо буд. Дар ин рақобатҳо самбочиёни бештар аз 90 кишвари ҷаҳон иштирок доштанд. Мавзуъи рафтани тими миллии самбои кишвар имсол бисёр баҳсбарангез шуд. Нахуст дар интихоби намояндаи Тоҷикистон дар вазни 74кг баҳси доғе дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба по хест. Бархе мегуфтанд, ки Қаҳрамони самбои Тоҷикистон ва Осиё дар вазни 74кг Мубориз Мунавваров арзандатар аст. Билохира, кор ба ин кашид, Беҳрӯзу Мубориз бо ҳамдигар дубора мусобиқа карданд ва Беҳрӯз бо ҳисоби 2.0 пирӯз шуд. Ҳар касе, ки фикри “перекидка”-и ин ду паҳлавонро карда буд хуб коре кард. Фақат кош дар дигар вазнҳо махсусан дар вазни 90кг Умед Ҳасанбековро бо Комроншоҳи Устопириён дубора мусобиқа медоданд ва мо дар ин вазн ҳам соҳиби медол мегаштем.

Корнамоиҳо дар Сочӣ

  MedsamboДар рӯзи аввали мусобиқа моро ба сабаби ноадолатии доварон аз ду медол маҳрум карданд ва тоҷикон ин рӯзро бе медол сипарӣ карданд. Мураббиён ва маъсулини варзишии мо бояд эътироз карданро дар ин мавридҳо ёд бигиранд. Аслан Кумитаи варзиш як коршиноси ҳуқуқи байналмилалӣ ва донандаи хуби забони инглисӣ ва огоҳ ба умури варзиширо ё кор бигирад ё шартнома бубанд. Ин ҳолатҳо бисёр мешаванд дар мусобиқоти ҷаҳонӣ ва бояд хомӯш нанишинем, то дар дар нисбати мо зулмро раво бубинанд.
  Рузи дуввуми мусобиқа рузи торихсоз ва руз ифтихорофаринӣ буд. Сарбон Латипов барандаи медоли биринҷии мусобиқоти самбои ҷаҳон дар нумуди размӣ шуд. Сипас паҳлавони хушноми тоҷик Акмалиддин бар се ҳарифаш бо нишон додани як куштии зебо дастболо шуд. Дар марҳилаи ниҳои ӯ аз паҳлавони пурқуввати рус шикаст хӯрд ва севвумин медоли нуқраи ҷаҳонро ба гардан овехт.
  Ва аммо дар бораи корнамоии Беҳрӯз … Номи паҳлавон Беҳрӯз аслан ду соли ахир сари забонҳо гашт. Ӯ дар чанд мусобиқа бо ҳунарнамоии хубаш таваҷҷӯҳи мураббиён ва коршиносони риштаи варзишро ҷалб кард. Ӯ бо шикаст додани чандин паҳлавонҳои номии кишвар маъруфи ҳамагон гашт. Беҳрӯз имсол Қаҳрамони самбои вазни 68кг кишвар ва Осиё ва Қаҳрамони вазни 74кг бозиҳои дохили толории Ашқобод шуд. Ҳамчунин дар рақобатҳои ҷудои ҷаҳон ду пирузиӣ ба даст овард. Иштирок дар чунин мусобиқаҳо бешак барои як варзишкор хеле муҳим ва арзишманд аст. Ӯ таҷрибаҳои хубе ба даст овард. Беҳрӯз барои як пирӯзии ҷиддӣ тамоми омодагиҳои равонӣ, ҷисмонӣ ва фанниро дошт. Шахсан ман худам куштии Беҳрӯзро то ҳол надида будам. Дар набарди аввал ӯ бар паҳлавон аз Руминиё бо ҳисоби 8.0 пируз шуд. Вале дар даври дуввум ӯро бисёр як набарди сангин интизор буд. Паҳлавони гурҷӣ яке аз мудаиёни аслии ба марҳилаи ниҳоӣ расидан буд. Беҳрӯз гурҷиро хеле боақлона шикаст ва роҳашро ба сӯйи марҳилаи ниҳоӣ ҳамвор кард. Ӯ ҳарифони давраи севвум ва чаҳорумро низ ба осонӣ аз пой даровард. Дар марҳилаи ниҳоӣ бо Қаҳрамони чандкаратаи ҷаҳон ва Урупо Стефан Попов аз Белорус ба набард шуруъ кард. Белорусро бо ду партоб бо ҳисоби 4.2 шикаст медод, то 23 сонияи охир, ки нохост Беҳрӯз дасташ дар латдодан (болевой) афтод. Попов ҳамаи зурашро истифода бурд, то Беҳрӯз таслим шавад, вале ҳама дардро тоқат кард, то барои миллату кишвараш ифтихор биёварад ва корнамоии 42 сол пеши ҷаҳонпаҳлавон Саидмумин Раҳимовро такрор кунад. Шареҳони мусобиқоти самбои 2017 набарди Беҳрӯз бо паҳлавони белорусиро беҳтарин куштӣ дар торихи самбо унвон карданд

Саҷдаи шукр ва ашки шодии Беҳрӯз

  Беҳрӯз саҷдаи шукр ба ҷо овард ва ашк аз чашмонаш сарозер шуд. Ӯ номи тоҷикро дар Ватани Xojazodaсамбо, дар кишваре, ки бештараш эътиқод доранд, ки миллати мо фақат ҳунари кӯчарӯбӣ доранд, баланд кард. Беҳрӯз обрӯитоҷикро дар Шарқу Ғарб баланд бардошт. Ӯ бо заҳмату талошҳои худаш ва мураббияш Садриддин Обидов ба унвони баланд сазовор гашт. 11.11.2017 рузе, ки Беҳрӯз ҳамаи тоҷикони ҷаҳонро ба ҳам овард. Барои як рӯз бошад ҳам тоҷикон муттаҳид шуданд. Барои як рӯз бошад ҳам кинаву адоватҳо аз байн рафтанд. Барои як рӯз ҳам бошад маҳалро аз ёд бурданд. Тилои Беҳрӯз фазои тирамоҳиро баҳорӣ кард ва чеҳраҳои хастаро пур аз табассум ва хурсандӣ…

Рӯзӣ сеюм ва биринҷиву нуқра

  Рӯзи охирини рақобатҳои самбои ҷаҳони 2017 низ хотирмон буд. Дар ин рӯз Зафар Олимшоев, аз паҳлавонони дигари хушноми тоҷик, барандаи медоли биринҷии вазни 82кг шуд. Аммо ҳунарнамоии дӯстдоштатарин паҳлавони мардуми Тоҷикистон Набимуҳаммад Хоркашов хеле зебо ва тамошоӣ буд. Ӯ дар кутоҳтарин вақт ва усули хеле зебо ҳарифонашро аз Амрико, Узбекистон ва Камерон шикаст дод. Набимуҳаммад дар финали мусобиқа бо паҳлавони русӣ қуваозмоӣ кард ва бо гирифтани як огоҳӣ аз тарафи довари ноодили майдон шикаст хӯрд ва панҷумин нуқраи ҷаҳонро ба гардан овехт. Набимуҳаммад бо ташабуси як идда соҳибкорони тоҷики Русия як рӯз пеш аз мусобиқа ба шаҳри Сочӣ расид. Ҳамин тавр, Тоҷикистон дар рақобатҳои самбои (варзишӣ) ҷаҳон баъд аз Русия дуввумин қудрати самбои ҷаҳон шуд. Баъди ин пирӯзиҳо рағбати ҷавонон ба ин намуди варзиш зиёд мешавад. Агар масъулини варзишии мо як барномаи дурусту ҳисобии мудерн бо мудирияти хуб ба роҳ монанд мо метавонем натиҷаҳои беҳтаре ба даст оварем…

 

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.