Салом Нуриёни Баравнӣ

  baravniНомзади илмҳои филология, дотсент Саломат Нилобеков (Салом Нуриёни Баравнӣ 19 маи соли 1939 дар деҳаи Баравни деҳшӯрои Водхуди ноҳияи Ванҷ ба дунё омадаст. Баъди гирифтани маълумоти миёна, фаъолияти меҳнатиаш оғоз ёфтааст. Шавқи илму донишандӯзӣ ӯро ба даргоҳи нахустмактаби олии ҷумҳурӣ – Донишкадаи давлатии Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи Қ.Ҷӯраев) ба факултаи забон ва адабиёти тоҷик овард. Баъди хатми он як сол ба ҳайси лаборанту ассистент ва соли 1967 ба аспирантураи назди кафедраи адабиёти тоҷики ҳамин донишгоҳ дохил шуда, бо мурури идомаи таҳсили он (1970) фаъолияти илмию омӯзгории эшон тӯлонӣ ҷараён гирифта, аввал ба ҳайси муаллими калони донишкадаҳои шаҳри Кӯлоб, ҳунарҳои зебоӣ (ба номи М.Турсунзодаи шаҳри Душанбе) ва билохира муаллими калон ва дотсенти кафедраи адабиёт ифои вазифа намудааст.
  Аз соли 1991 дар кафедраҳои забон ва адабиёти байнифакултавӣ, адабиёти тоҷики Донишгоҳи омӯзгории давлатии Тоҷикистон дар вазифаи дотсент кору фаъолият дорад.
  Саломи Баравнӣ яке аз олимони шинохтаи адабиёти классикист. Соли 1989 дар Шӯрои махсуси ҳимояи рисолаи доктории Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (феълан ДДМТ) дар мавзӯи “Гулистоии Саъдӣ ва татаббӯи он дар адабиёти форсу тоҷик (асрҳои Х1V-ХVII)” рисолаи номзадӣ дифоъ намуда, соҳиби дараҷаи номзади илмҳои филология гардид.
  Ба қалами ӯ қариб 170 номгӯи корҳои чопӣ, дар шакли рисола, мақола, дастури методӣ, очеркҳои илмӣ-оммавӣ ва ғайра мутааллиқ аст. Аз ҷумла асари “Мирзо Файзалӣ ва ифодаи шодиву андӯҳи халқ дар эҷодиёти ӯ” ва маҷмӯаи шеърҳо бо унвони “Наҷвои зиндагӣ” (1997) аз тарафи мутахассисон баҳои баланд гирифтанд. Дар кофронсу симпозиумҳои ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ борҳо аз рӯи масоили мухталиф баромад карда, дастовардҳои адабиётшиносии тоҷикро муаррифӣ намудааст.
  Чун сарвари маҳфили адибони Донишоҳи омӯзгорӣ даҳҳо навқаламонро ба парвози баланд дар фазои шеъри оламшумули тоҷик омодаву фотиҳа додааст. Худ нақшаҳои зиёди тадқиқотию эҷодӣ дорад, ки бе таъхир амалӣ гаштани онҳоро мухлисони эшон интизоранд. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев).

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.