Салом Нуриёни Баравнӣ

  baravniБаъди хатми он як сол ба ҳайси лаборанту ассистент ва соли 1967 ба аспирантураи назди кафедраи адабиёти тоҷики ҳамин донишгоҳ дохил шуда, бо мурури идомаи таҳсили он (1970) фаъолияти илмию омӯзгории ӯ то соли 1991 аввал ба ҳайси муаллими калони Донишкадаҳои шаҳри Кӯлоб, сонӣ Донишкадаи ҳунарҳои зебои ба номи М.Турсунзодаи шаҳри Душанбе ва билохира муаллими калон ва дотсенти кафедраи адабиёт ифои вазифа намудааст. 
  Аз соли 1991 дар кафедраҳои забон ва адабиёти байнифакултавӣ, адабиёти тоҷики Донишгоҳи омӯзгории давлатии Тоҷикистон дар вазифаи дотсент кору фаъолият дорад.

  Саломи Баравнӣ яке аз олимони шинохтаи адабиёти классикист. Соли 1989 дар Шӯрои Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (феълан ДДМТ) дар мавзӯи «Гулистон»-и Саъдӣ ва татаббӯи он дар ада- биёти форсу тоҷик (асрҳои Х1У-ХУ11)» рисолаи номзади илми филоло- гияро дифоъ намуд.
  Ба қалами эшон бештар аз 150 корҳои чопӣ, дар шакли рисола, мақола, дастури методӣ, очеркҳои илмӣ-оммавӣ ва ғайра мутааллиқ аст. Аз ҷумла асари «Мирзо Файзалӣ ва ифодаи шодиву андӯҳи халқ дар эҷодиёти ӯ», маҷмӯаи шеърҳо бо унвони «Наҷвои зиндагӣ» (1997) ва соли 2010 гулчини пурраи ашъораш ба чоп расида, аз тарафи мутахассисон баҳои баланд гирифтанд. Дар кофронсу симпозиумҳои ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ борҳо аз рӯи масоили мухталиф баромад карда, дастовардҳои адабиётшиносии тоҷикро муаррифӣ намудааст.
  Солиёни зиёд сарварии маҳфили адибони Донишгоҳи омӯзгориро ба ӯҳда дошта, даҳҳо навқаламонро ба парвози баланд дар фазои шеъри оламшумули тоҷик омодаву фотиҳа додааст.
  Н. Баравнӣ шоири варзидаест. Шеърҳояш ба мавзӯи озодандешӣ, тарғиби илму дониш, фарҳанг ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ бахшида шудаанд.
  Намунае аз ашъори эшон ба хонанда пешкаш мегардад.

Ман зи Ванҷам!

Ман зи Ванҷам, зи домани Хуршед,
Аз дили қуллаҳои гардунсо.
Аз замине, ки мардхез бувад,
Аз диёри таронаи воло.

Кӯҳи пуштибони марзи худ аст,
Мардҳояш далели Рустами Зол.
Обҳояш ҳаётбахшанда,
Чун дили халқи хеш софу зулол.

Ман зи Ванҷам, ки ибтидои ҳаёт,
Дар ҷаҳон аз ҳамин ватан сар шуд
Ҳунари дасти одами хокӣ
Зинат оварду хок гулшан шуд.

Сохт Ҷамшед аввалин хона,
То бурудат ба кас зиён накунад.
Бо қасам чанд ҷо миёнро баст,
Ки замин рашки сад ҷинон накунад.

Домани Ванҷ нахустинсонро
Лутф бахшиду дар канор гирифт,
Об аз ӯ ҷорӣ гашту рӯи замин,
Сифату зайни навбаҳор гирифт.

Аз ҳамин тангно ба ҳомун шуд,
Обу бо ӯ талошу санъату кор.
Қад кашиданд боғу роғ чаман,
Ҳосили меҳнати сиғору кибор.

Аз ҳамин гӯшаи назарногир
Шуғли одам ҷаҳон музайян кард,
Ҳунар орост корҳои бузург,
Санъати хешро мубайян кард.

З-ин сабаб кӯҳсори тангу ниҳон,
Гашт гаҳвораи нумӯи башар.
Шарафу шони тоҷикон гардид,
Боғҳо дода ранг-ранг самар.

Шояд ин шуд далели он, ки ҳама,
Рамзи ободӣ обро донист.
Меҳнату ҷаҳдро физуда бар он,
Офарид он чӣ баҳри мо боқист.

Ванҷи ман марз дар дили санг аст,
Сатҳу бурҷаш кирои ченак нест.
Арзаш ар камтар аст аз фарсанг,
Тӯлаш афзун зи чанд милак нест.

Ганҷзояст ҳар ваҷаб хокаш,
Баракат дорад аз Худои бузург.
Гашта манзури турку аҳли Фаранг,
З-ин сабаб дар ҷаҳон шудаст сутург.

Маъдану ганҷи қаъри кӯҳсораш,
Ванҷро шӯҳра дар ҷаҳон карда.
Бо хати зар навишта номашро,
Ин як аз чашми он ниҳон карда.

Ман зи Ванҷам, аз он замин, ки дар он
Ному нанг аст зевари мардон.
Рӯ натобад ягон касе зи набард,
Гарчӣ донад, сар омадаст замон.

Модари даҳр зубдатуларзаш
Хонда, онро макони хосон кард.
Тоираш шоҳин асту бозу ҳумо,
Зилли ҳар як шараф ба инсон кард.

Чуғди манҳусро дар ин водӣ
Аз Худои бузург нест гузар.
З-ин сабаб нури бахт мерезад,
Дар шаби тору рӯз Шамсу Қамар.

Ин диёри шарифи ҷаннатфан,
Гӯшаи марзи Тоҷикистон аст.
Шак набошад ба ваҳдати ҳарду,
Тоҷикистон тан асту вай ҷон аст.

Ман зи Ванҷам, зи гулшани сангин,
Аз дили санги меҳрбори ватан.
Санги вай зайни Тоҷикистон аст,
Ман як аз ҳофизони ин гулшан.

Завқи марди оқил аст

Ай ки гуфтӣ, умри инсонӣ масофи манзил аст,
Нек гуфтӣ, боракалло, мазраъи беҳосиласт.
Ҷоҳиле аз бетамизӣ дорад оҳанги фалак,
Бехабар аз он, ки охирамр пояш дар гил аст,
Золи олам мефиребад гофилонро бо наво,
Макри ӯро чора кардан кори саъбу мушкил аст.
Аз Худо дурат нумояд шавқи ин дунёӣ дун,
Фитрати бори таъоло завқи марди оқил аст.
Руй сӯи дӯст рафтан, бастан аз ғайр аст чашм,
Зикри Хақ гуфтан барои банда шамъи маҳфил аст,
Муддаъиро такя бар савму намозу зоҳир аст,
Аз худоҷӯён сафои ботину оҳи дил аст.
Ишқи дунёро фидои саъйи уқбо кун, Салом,
К-ин муҳити беқарору бемадору соҳил аст,

Тоҷикистон

Шукри беҳад бар ту, ай Яздони пок,
Ки ба мо бемисл додӣ обу хок.
Тоҷикистон ҷаннати рӯи замин,
Балки оламро бар ангуштар нигин.
Кӯҳсораш маҳзани лаълу гуҳар,
Рӯдҳояш пурдуру ёқуту зар.
Водиҳояш файзбахши ин диёр
Пургулу сарсабз гашта ҳар баҳор.
Шаҳрҳояш маркази илму ҳунар,
Дар тароват беҳтаранд аз ҳамдигар.
Чун Душанбе пойтахти кишвар аст,
Тоҷикистон ҷисму вай онро сар аст.
Нораки мо нурбахшои диёр,
Рӯзи равшан мекунад шабҳои тор.
Қувваи барқаш мадори илму фан,
Дар тапиш орад дили Шарқи кӯҳан.
Регари мо маҳзани арзиз бувад,
Мулки моро беҳтарин арзиш бувад.
Аз Хучанду соири қисми шимол,
Меваи ҷонбахш ояд моҳу сол,
Зарфишон бошад Зарафшон баҳри мо,
Аз Бадахшон лаъл рахшад дар само.
Вахшу Кӯлобаш хазоинхонае,
Қути ҷисму рӯҳу обу донае.
Аз Хисору Рашту Дарвоз, ар баҳор
Бигзарӣ мастат кунад савти ҳазор.
Чаҳчаҳи булбул расад аз богу кишт,
Нест шак, ин гӯшае аст аз биҳишт.
Мардумонаш ориёаслу нажод,
Пайрави Ҳотам ҳама дар ҷуду дод.
Луқмаро бо чил қаландар мехӯранд,
Бо ҷӯҳуду турку барбар мехӯранд.
Дӯстӣ бо халқи олам азми мо,
Аз амонӣ гуфтугӯ дар базми мо.

(Аз китоби “Ванҷи ман”-и Ҳ. Пирумшоев).

Олим, шоир ва муҳақиқ

  Ба ёдам меояд, ки хонандаи синфи 8 будем, дарси забони модарӣ доштем. Аз фанни забон ва адабиёт ба мо яке аз омӯзгорони пуртаҷриба ва сахтгир Абдулкарим Каримов дарс мегуфтанд. Он рӯз устод танҳо наомад. Бо ӯ марди қадбаланду тануманде вориди синфхона шуд. Баъд худро муаррифӣ намуд, ки ман Саломатшо Нилобеков ҳастам.
  Салом Нуриёни Баравнӣ (Саломатшо Нилобеков) 19 маи соли 1939 дар деҳаи хушманзараи Баравни Водхуди ноҳияи Ванҷи ВМКБ дар хонаводаи марди хирадманду деҳқони асил, боадаб, бофарҳанг ва аз ҳуруфи ниёгон бодарак, меҳрубону саховатманд, Нуруллобеки Маҳрам по ба арсаи ҳастӣ гузоштааст. Дар чунин муҳити олӣ ин бачаи кӯҳистон ба воя расид.
  Баъди хатми мактаби миёна, солҳои 1961-1965 дар факултаи филологияи ДДОД таҳсил намуда, соҳиби маълумоти олӣ шудааст. Бо тавсияи устодонаш баъди хатм, ҳамчун омӯзгор дар факулта монд. Аз соли 1970 то 1973 Омузгори ДДО шахри Кӯлоб, солҳои 1974-1979 муаллими ДДСТ ба номи Мирзо Турсунзода, аз соли 1980 то охири ҳаёт омӯзгори факултаи филологияи ДДОД ба номи Садриддин Айнӣ буд.
  Устод барои хизматҳо бо унвони Аълочии маорифи Тоҷикистон, ифтихорномаҳои ДДОД, ДДОК, ДДСТ ва ҷаъмияти “Дониш”-и Тоҷикистон сарфароз гаштааст. Ба қалами ӯ зиёда аз 300 мақолаҳои илми-методӣ, илми-оммавӣ рӯи чоп омадаанд. Аз адабиётшинос, шоир ва досент устод Баравнӣ ду маҷмӯаи шеьрҳо,”Наҷвои зиндагӣ” (Душанбе 1997) ва “Меҳробод” (Душанбе 2009) рӯи чоп омадаанд. Ӯ дар хусуси аҳамияти ахлоқии “Гулистон”-и Саъдии Шерозӣ тадқиқот бурдааст. Баравни соли 2016 дар Душанбе вафот намуд. Ёдаш ба хайр бод.
  Бародараш Муборакшо Нилобеков соли 1956 дар Баравн зода шуда, дар он ҷо мактаби миенаи рақами 6-ро хатм кард. Солҳои 1973-1977 дар ДОК, факултаи математика-физика таҳсил кардааст.Чанд сол дар мактабҳои водии Вахш кор кард. Ба зодгоҳ омада, аввал дар мактаби №20-и деҳаи Пшихарв кор намуда, аз соли 1989 ба вазифаи директори мактаби рақами 4-и Баравн таъин шуда, то соли 2005 кор кард. Солҳои 2006–2007 омузгор, солҳои 2007-2008 котиби ҷамоат ва солҳои 2008-2010 Раиси ҷамоати Водхуд таъин мегардад.
  Дар солҳои раисияш тарҳи биноҳои мактабҳои 6 ва 41 амалӣ мешавад. Аз соли 2010 то 2017 дар вазифаи директори мактаби асосии №50 адои вазифа намудааст. Ҳоло бошад нафақахур мебошад. Муборакшо дорандаи унвони “Аьлочии маорифи Точ,икистон” аст.
  Нафари сеюм, ки аз ин хонавода ҳасту мо ҳамдиёрон аз вай фатҳи қуллаҳои баланди илмро умедворем, Сиддиқ Муборакиён, писари устод Муборакшо мебошад. Вай ҳоло ба ҳайси муаллими калони факултаи филалогияи ДДО Душанбе ифои вазифаи дорад. Сиддиқ соли 1984 дар деҳаи Баравни Водхуд таваллуд шуда, дар онҷо мактаби рақами №6-ро соли 2000 тамом карда, ҳамин сол ба факултаи филологияи ДДО Душанбе дохил шуд ва онро соли 2005 хатм кард ва баъд ба ҳайси омузгор дар донишгох монд. Чанде дар Вазорати маориф кор кард. Корманди рузномаи “Омӯзгор” маҷаллаҳои “Маърифати омӯзгор”, “Маорифи Тоҷикистон” ва чанде ҳамчун сармуҳарири “Масъалаҳои маориф” адои вазифа намуд. Сиддиқ шоири хуб ҳам мебошад. Маҷмуи ашъораш дар китоби “Шоирони Ванҷ”-и Комил Бекзода рӯи нашр омадааст. Ҳоло муаллими калони ДДО Душанбе мебошад. Бо фтихорномаҳои Вазорати маориф ва илм, ДДО Душанбе сарфароз гардидааст. Давлатмир Юнусзода.

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.