Саид Савлатов

  saidsavlatСаид Савлатов соли 1940 дар деҳаи Чихох, деҳшӯрои Техарв, дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Соли 1958 дар деҳаи Техарв мактаби миёнаи ба номи Станиславскийро хатм карда, ҳамин сол фаъолияти меҳнатиаш ба ҳайси колхозчӣ оғоз ёфт. Соли 1959 ба Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (факултаи агрономӣ) дохил шуда, соли 1964 таҳсили онро бо ихтисоси агроном-олим ба итмом расонд. Солҳои 1964-1965 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС хизма- ги Ватанро ба ҷо оварда, баъди адои он ач моҳи ноябри соли 1965 то соли 1967 дар Управленияп хоҷагии қишлоқи ноҳияи Ванҷ вазифаи инженери заминкушоиро ба зима дошт, солҳои 1967-1970 аспиранти Донишкадаи кишоварзӣ. Баъди анҷоми таҳсил, аз соли 1970 то ҳол дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ.Ҷӯраев дар зинаҳои мухталиф ифои вазифа дорад.
  Соли 1972 дар шӯрои илмии Донишгоҳи давлатии шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон ба номи С.М.Киров доири яке аз масоили рӯзмарраи илмӣ-генетикии пахта дифои номзадии илм намудааст.
  Саид Савлатов солҳои 1984-1989 мудирии кафедраи зоологияро ба ӯхда дошта, дар ин муддат аъзои фаъоли хадамоти олим – олимпиадаи биологӣ дар байни ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ буд.
  Дотсенти кафедраи зоологияи ДДОТ ба номи Қ.Ҷӯраев С.Савлатов дар тӯли фаъолияти кории худ зиёда аз сад мақолаи илмию мстодӣ ба табъ расондааст. Хизмати тӯлонии ӯ дар соҳаи омӯзгорию илм бо чандин мукофотҳои расмӣ қадр шудааст. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев).

1 Назар

  1. Яке аз инсонхоест бо маданияти нихоят баланд. Устоди асил. Ташаккур ба устод, ки дар тарбияи банда бо устод А.Мамадзиёев ва С.Султонов сахми беандоза гузоштаанд… Шумо бехтарин устодони манед.

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.