Садвадг

  Баъди хотима ёфтани деҳаи Баравну ба сӯи деҳаи Хаспо раҳсипор гаштан назари мусофир беихтиёрона аз дур ба ҷониби чапи Ванҷоб, ба деҳаи ниҳоят зебоманзару назаррабое мехӯрад, ки Садвадг номаш мебаранд.
  Ин деҳа табиати бағоят зебо дошта, хусусан дар фасли тобистон аз дур боғеро мемонад, ки анбӯҳи дарахтонаш хонаҳои деҳро дар оғӯши хеш гирифта, ноаён месозанд. Деҳаи дорои дарахтони сершумори қоматафрохтаи чормағзу анвои дигари дарахтони мевадору боғу роғҳо мебошад. Садвадг аз ҷониби марказ бо деҳаи Потов ва ба тарфи боло бо деҳаи Сед муҷовир аст. Деҳа дар даҳанаи дара садвадгӣ ҷойгир гаштааст.
  Деҳаи Садвадг шомили ҷамоати Техарв буда, тақрибан дорои 35 хоҷагӣ аст. Аз маркази ноҳия то он ҷо тақрибан 21км масофа аст.  Дар деҳа мактаби ибтидоии рақами 34 фаъолият дорад ва толибилмони деҳ баъди хатми он таҳсилро дар мактаби нӯҳсолаи деҳаи Сед ва баъди он дар мактаби миёнаи деҳаи Техарв идома медиҳанд.
 Садвадг дар қатори деҳоти камоб аст, зеро деҳа даргови сероби доимӣ надорад ва солҳои охир бо кӯмаки Хазинаи Оғохон ба деҳа хати қубури обгузар кашонидаанд. Ашраф Акрам (Дар бадасториии мавод Назришоев Аҳлиддин кӯмак намудаанд).

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.