Савлатшо Иброҳимов

  savlibrohimНомзади илми филология, дотсент Савлатшо Иброҳимов 6 ноябри соли 1949 дар деҳаи Вишхарваки ноҳияи Ванҷ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Пас аз хатми таҳсил (1970), дар сафи кувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ адои хизмат намуда, солҳои 1970-1971 ба сифати колхозчии оддии колхози ба номи Лоҳутӣ ба фаъолияти меҳнатӣ оғоз кардааст.
  Бо роҳхати ин хоҷагии коллективӣ Савлатшо соли 1972 ба ҳайси шунавандаи курси тайёрии донишгоҳ дохил шуда, баъди як соли тайёрии пухта ба рӯихати донишҷуёни соли аввали факултаи забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуд. Бо интиҳои таълим, соли 1977 Савлатшо ба ҳайси омӯзанда-тадқиқотчии Шӯъбаи забон ва адабиёти руси Академяи илмҳои ҷумҳурӣ ба кор қабул шуд.
  Солҳои 1979-1982 аспиранти Институти забони русии АИ ИҶШС ва баъди дифоъи рисолаи илмии номзадӣ фаъолияти корӣ ва илмии олими ҷавон чунин ҷараён гирифт: соли 1984 корманди хурди илмии Институти забон ва адабиёти АИ ҶТ, солҳои 1984- 1993 муаллими калони Филиали Донишкадаи давлатии педагогии Душанбе дар Қӯргонтеппа, ҷонишини сарвари Донишкадаи Қурғонтеппа (акнун расман мустақил шуда буд), соли 1993 мудири кафедраи маданияти сухани Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикисон, 1993-1995 ходими калони илм, аз 1 сентябри соли 1995 иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи забоншиносии умумӣ ва типологияи муқоисавии забонҳо ва аз 1 октябри ҳамон сол ҷонишини раиси (ректор) Донишкадаи давлатии забоиҳои Тоҷикистон таъин гардид.
  С. Иброҳимов бо мазмуни том олим, омӯзгор ва ташкилотчии боғайрат буд. Даҳҳо мақолаву корҳои илмиву таълимии таълиф намудаи ӯ аз тарафи мутахассисон баҳои баланд гирифтаанд. Ӯдар арафаи ҳимояи рисолаи докторӣ қарор дошт, вале марги нобаҳангом (5 январи соли 2002) нагузошт, ки ин орзуи аввалиндараҷаи зиндагиаш ҷомаи амал пӯшад. Илми Тоҷикистон низ дар шахсияти ӯ як олими пуртаҷриба ва умедбахшро аз даст дод ва абадан падруд гуфт. Ёдаш ба хайр ва ҷояш ҷаннат бод. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев).

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.