Рӯзноманигорон

Хушбахт Ҳайдаршо

  xshhaydshoХушбахт Ҳайдаршо соли 1959 дар деҳаи Вскроғи ноҳияи Ванҷ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Давраи кӯдакӣ, наврасию булуӯи ӯ ба садҳо ҳазор ҳамсолонаш монанд буд, ки дар ин давраи ҳаёти осоиштаи замони Шӯравӣ, як зайл аз канори модар ба мактаб ва аз онҷо ҳар касе орзуи гирифтани дараҷаи баланди дониш дар дил мепарварид, албатта, ба сӯи мактаби олӣ роҳ мепаймуд ва баъди панҷ соли заҳмати донишандӯзию чашиданҳои лаззати ҷавонӣ, ки дар рафоқату ҳамдилии шарикдарсони ноҳияҳои мухталифи Тоҷикистону берун аз он зоҳир мегашт, чун мутахассиси дараҷаи олӣ ба он касбе, ки шуғлашро ихтиёр мекард, шурӯъи кору фаъолият намуд.
  Х.Ҳайдаршо шуғли журналистӣ ихтиёр карда буд, чанде пас сеҳри суханофарӣ ӯро вориди олами бадеият гардонд. Ӯ худро дар ҷою побарҷо эҳсос мекард. Аз ҳикоя то ҳикояи дигар қаламаш суфтатару сеҳраш волотар мешуд.
  Повести ҳуҷҷатии “Сиёҳ ва сафед” (А.Воҳидов “Завлона”, Х.Ҳайдаршо “Сиёҳ ва сафед”, силсилаи “Доғҳои сиёҳи таърихи Тоҷикистон”, – Душанбе: Ирфон, 1990), ки дар он сухан аз тақдири яке аз аввалин журналистони ҷумҳурӣ, муҳаррири рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” Насрулло Абдуллоев меронад, муалиф вазъи сиёсии он давра, муборизаи беамони риёкорони динию дигар душманони сохти шӯравиро ба муқобили равшанфикрони солҳои 30 дар мисоли Насрулло Абдуллоев возеҳ ва воқеъбинона кушодааст.
  Ӯ хурсанд буд, ки он солҳои наҳс бебозгашт гузаштаанду акнун ҷавононро ба воситаи ин сабақҳои таърихӣ ба худогоҳиву худшиносии миллӣ ҳидоят мекунад. У мехост ба офаридани асарҳои эпикӣ, достону роман даст занад. Қаҳрамонҳои оянда китобҳояш ӯро дар хобу дар бедорӣ ором намегузоштанд. Қалам гӯё худаш ҷаҳида дар байни панҷаҳояш қарор мегирад. Вале хайҳот, раванди воқеаҳо чунин сурат гирифт. Гӯё ба ин парвози баланди чашм расид.
  Давраи ҳассоси ибтидои солҳои 90-ум Х.Ҳайдаршоро водор сохт, ки муваққатан ба жанри публитсистӣ гузарад. Ӯ нағз эҳсос мекард, ки замона маҳз фош кардани мақсади он разилони маҳалпарасту курситалаб, он нимчамуллоҳои қаллобе, ки воқеияти Шӯравӣ доирам нуфузашонро танг карда буд, он душманоне, ки аз тақсиму пароканда гаштани Тоҷикистон манфиат меҷустанду ба кӯмаки ҳаммаслакони хориҷии худ умед мебастанд, талаб мекунад.
  Ӯ акнун аз ҳеҷ чиз намеҳаросид. Ҳарчанд таъқибаш мекарданд, борҳо таҳдидаш мекарданд. Дар рӯзномаҳои ҳамонвақтаи иғвоангези худ “журналисти дарборӣ”, “гаравгони коммунистон”, “душмани демократия”, “журналисти бадтарини сол” ва ғайрааш мехонданд, вале ҳамаи ин борони бӯҳтон ӯро далертар мекард. Ӯ медонист, ки тираш ба ҳадаф мерасад.
  Акнун он разилон ягона роҳи халосиро дар ҷисман нест карданаш медиданд. Оқибат 19 маи соли 1994 ин қасдашон амалӣ шуд. Дили бузургу ҳақиқатталоши Ҳайдаршоро панҷ тири қотили номарди ҳайвонсират аз задан мононд. Чунин ҷавонмардоне, ки номашон байрақи мубориза мегардад, намемиранд. Вале афсӯс, садҳо афсӯс, ки дурахши ин ситорае дар қутби адабиёти муосири тоҷик фақат лаҳзае ҷило дода тавонисту халос. Ӯ он қаҳрамононеро, ки дар хаёлаш мегаштанду гӯё имдодталабона хоҳиши ҳарчи тезтар ба рӯи когаз оварданашонро илтиҷо доштанд, абадӣ бо худ бурд. Акнун он касоне, ки Ҳайдаршоро хуб мешинохтанд, он мухлисони сершумораш, он дӯстони ҳамқаламу ҳамяроқаш шукронаи онро доранд, ки он дурахши кӯтоҳи ӯ то андозае барқвору шӯълаафкан буд, ки ҷовидон дар ёдҳо боқӣ бимонад. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).

Нусратшо Таваллоев

  nsratavaloНусратшо Таваллоев соли 1933 дар деҳаи Бовуди ноҳияи Ванҷ ВМБК дар хонаводаи деҳқон таваллуд шудааст. Маълумоти 7-соларо дар мактаби миёнаи ба номи В.И.Ленини ҳамин ноҳия гирифта, соли 1946 ба Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Хоруғ дохил мешавад. Баъди хатми омӯзишгоҳ соли 1950 барои идомаи таҳсил ба ш.Душанбе омада, ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин, ба факултаи таъриху филология дохил шуд. Солҳои донишҷӯӣ ба баъзе танқисиҳои зиндагӣ нигоҳ накарда, ба тезӣ паси сар шуданд. Соли 1955 донишгоҳро хатм карда, Нусратшо Тавалоев дар нашриёти давлатии Тоҷикис- тон ба кор шурӯъ намуд. Солҳои 1957-1958 дар Институти такмили ихтисос ба ҳайси котиби масъули бюллетени методии институт кор кардааст. Аз моҳи ноябри соли 1958 дар Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ба ҳайси хабарнигор, муҳаррири калон, мудири шӯъбаи махсус машгули кор буда, ҳоло мудирии бахши дарии идораи барномаҳои бурунмарзиро ба ӯҳда дорад.
  Таи 45 соли фаъолияташ ӯ дар пешрафти ин самт саҳми назаррас гузоштаает.Хизмати намунавию тулониашро ба назар гирифта, ба Н.Таваллоев соли 1983 унвони фахрии “Аълочии радио ва телевизиони давлатии ИҶШС” дода шуд. Дорои се ифтихорномаи радио ва телевизиони ИҶШС буда, 14 маи соли 1980 ба ифтихормомаи Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистои ва соли 1977 ба ифтихорномаи Кумитаи марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ифтихорномаи Шӯрои Вазирони ИҶШС оид ба дин ва ифтихорномаи Президиуми Шӯрои комитети ҳамраъйи кишварҳои Осиё ва Африқо ва чандин ифтихорномаҳои радио ва телевизони ИҶШС қадрёбӣ гаштааст. Барои фаъолияти тӯлониву пурсамараш исми мубораки Н.Таваллоев дар китоби ифтихории радио ва телевизиони Тоҷикистон сабт гашта, соли 1996 ба унвони ифтихории Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор дониста шудааст.  (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).

Бурҳон Раҳмонов

  brhrahmonБурҳон Раҳмонов 4 апрели соли 1934 дар деҳаи Одешти ҷамоати Рохарв, ноҳияи Ванҷ дар оилаи деҳқон таваллуд ёфтааст. Бо амри тақдир хеле барвақт аз волидайн ҷудо шуда (падараш дар соли 1937 ва модараш дар соли 1947 аз олам даргузаштанд), аз соли 1942 то соли 1946 ҳамроҳи бародараш Саид аввал дар хонаи бачагони ноҳияи Ванҷ ва баъдан дар хонаи бачагони ноҳияи Тавилдара тарбият ёфтааст. Баъди бо баҳои аъло хатм кардани Омӯзишгоҳи муаллимии ноҳияи Ғарм, соли 1953 ба Донишгоҳи омӯзгории ба номи Т.Г.Шевченкои шаҳри Душанбе ба факултаи забон ва адабиёти тоҷик дохил шудааст. Пас аз хатми донишгоҳ соли 1957 барои кор ба Кумитаи радиошунавонӣ ба қайси наттоқи шӯъбаи бурунмарзии радио даъват шуд ва то ҳол дар ҳамин боргоҳ кор мекунад. Ӯ наттоқи дараҷаи олӣ ва роҳбари гурӯҳи наттоқони Идораи барномаҳои бурунмарзии Кумитаи телевизион ва радиои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
  Аслан Бурҳон Раҳмонов ба муаррифӣ эҳтиёҷ надорад. Овози буррою таъсирбахш, лаҳни гӯшнавози ин марди ҳунар, ровии хушадоро ним аср боз тамоми форсу-тоҷикзабонони Осиёи Марказӣ ва бурун аз он ба хубӣ фарқ мекунанд.
  Ӯ натанҳо фарҳангшинос, балки комилан фарҳанг аст, ҷаҳоногоҳии ботинӣ, пурра маънирас буданаш ҳатто дар қиёфаи зоҳириаш ҳувайдост. Одоби барҷастаи муошират, самимияту сӯҳбатороии эшон лоиқи тақлиду пайравист.
  Б.Раҳмонов дар нишастҳо маҳфилҳои ҳукуматӣ, дар консертҳо, дар барномаҳои гуногуни телевизион ва радио ба ҳайси баранда фаъолият мекунад. Соли 1968 дар даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Ҷумҳурии Узбекистон чун барандаи нишастҳои фарҳангӣ иштирок карда, дар оғози консерти даҳа нақши Алишер Навоиро бозидааст. Ҳамчун роҳбари бадеӣ ва барандаи консерт ду бор ба Афғонистон сафар кардааст. Дар яке аз сафарҳо ба Кобул бо нобиғаи мусиқии шарқ Аҳмад Зоҳир ҳамсӯҳбат бурдааст.
    Дар киностудияи “Тоҷикфилм” дар чанд филми бадеӣ ва ҳуҷҷатӣ нақш бозидааст. Дар дубляжи зиёда аз 600 филми бадеӣ ва мустанад ба забони тоҷикӣ ширкат доштааст. Соли 1996 дар ҷашни Фузулӣ дар Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳайати вакилони Тоҷикистон ширкат варзида, суханронӣ кардааст
  Б.Раҳмонов бо чандин медалу ифтихорномаҳои ҳукуматй қадр гаштааст. Соли 1980 ӯ ба унвони ифтихории Корманди хизматнишондодаи маданият ва Аълочии радио ва телевизиони Иттиҳоди Шӯравӣ сазовор дониста шуд.Номаш дар китоби фахрии Кумитаи телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гаштааст.  (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).

 

Рустамбек Назриев

  nazrustamРустамбек Назриев 9 октябри соли 1960 дар деҳаи Ғӯмаяки ноҳияи Ванҷи ВМКБ, дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Соли 1977 баъди бо баҳои аъло анҷом додани таълими мактаби миёнаи рақами 4-и ноҳия Ванҷ, ба факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1982 бомуваффақият хатм кардааст. Солҳои 1982-1984 дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ба сифати афсар хизмат намуд. Аз моҳи ноябри соли 1984 то ин замон дар радиои Тоҷикистон ба сифати муҳаррири хурд, муҳаррир, хабарнигори махсус дар вилояти Хатлон, муҳаррири варзида, муовини сармуҳаррир ва айни ҳол сармуҳаррири идораи “Ахбор” адои вазифа мекунад. Р.Назриев аз соли 1997 узви иттиҳоди журналистони Тоҷикистон мебошад. Ӯ ба унвони ифтихории “Аълочии матбуоти ҷумҳурӣ” қадр шудааст.  (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).

Карим Мирзоев

  Карим Мирзоев яке аз журналистони шинохтаи ноҳияи Ванҷи ВМКБ. Соли 1935 таваллуд ёфтааст. Ҳанӯз дар хурдсолӣ аз падару модар ятим монда, дар хонаи бачагони маркази моҳия тарбия гирифтааст. Синфҳои болоиро дар мактаинтернати шаҳри Қӯрғонтеппа хонда, сипас солҳои 1953-1958 дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ДДМТ) таҳсил намудааст.
  Солҳои 1958-1965 Карим Мирзоев кормандии масъули рӯзномаҳои ноҳия ва вилоятро ба ӯҳда дошт. 1965-1985 дар вазифаҳои роҳбарикунандаи зинаҳои миёнаи ҳизбӣ ва шӯравии вилоят кору фаъолият намудааст. Аъзои иттифоқи журналистони Тоҷикистон аз соли 1963. Бо чандин медалу ифтихорномаҳо, аз ҷумла ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон, кумитаи назорати халқии ИҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр шудааст.  (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).

Аслам (Раҳматихудо) Додихудоев

  aslamdodxАслам (Раҳматихудо) Додихудоев соли 1946 дар деҳаи Жовид таваллуд шудааст. Баъди хатми синфи 7 таҳсилро дар Донишгоҳи ҳунаромӯзии №11-и шаҳраки Чиптураи ноҳияи Ҳисор давом дода, онро соли 1964 хатм намуд. Соли 1965 ба Шӯъбаи шабонаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуд. Баробари таҳсил ӯ ба фаъолияти меҳнатӣ машғул буд. Аввал сохтмончӣ, челонгари заводи автомобилтаъмиркунӣ, муаллим, аз соли 1967 корманди рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” ва аз соли 1969 то соли 1992 дар Кумитаи телевизиону радиои ҷумҳурӣ ба сифати муҳаррир барномаҳои мусиқии радио, муҳаррир, муҳаррири калон, мудири шӯъба, муовини сармуҳаррир, сармуҳаррири барномаи “Ахбор”-и телевизион шуда кор кард. Бо ташаббуси ӯ дар телевизион барномаҳои “Ҳафта” (то имрӯз давом дорад) ва барномаи хеле машҳури “Негатив” ба тамошобинони ҷумҳурӣ пешкаш гардиданд. Соли 1992-1993 дар Кабинети Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси мутахассиси калон фаъолият намудааст. Солҳои 1993- 1995 мухбири ширкати телевизиони байналдавлатии “Мир” ва аз соли 1995 то ин муддат сардори Маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон ва сардабири маҷаллаи “Ахбори бонки миллии Тоҷикистон” шуда кор мекунад. Соли 1990 ба гирифтани унвони фахрии “Журналисти хизматнишондодаи Тоҷикистон” мушарраф гардидааст.  (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.