Роҳбарони ноҳия

Амрихудои Дамдор

  amrdamdorАмрихудои Дамдор 12 январи соли 1955 дар деҳаи Удоби ноҳияи Ванҷ ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёнаи рақами 1-и ҳамин ноҳия, соли 1971 аввал ба курси тайёрӣ ва баъдан ба факултаи зоотехникии Донишгоҳи кишоварзии ҷумҳурӣ дохил шуда, онро соли 1976 хатм намуд. Соли 1977-1979 дар совхози Федченкои ноҳияи Ванҷ ба ҳайси сарзоотехник кор карда, сипас фаъолияти меҳнатиаш дар вазифаҳои котиби дуюм ва якуми Кумитаи комсомоли ноҳияи Ванҷ (солҳои 1979-1983) ва мудири шӯъбаи ташкилии кумитаи комсомоли ВМКБ (1983-1987) идома ёфтааст. Солҳои 1987-1989 шунавандаи Мактаби олии ҳизбии ш.Вилнюси Ҷумҳурии Литва. Баъди хатми он фаъолияти касбии Амрихудои Дамдор солҳои 1989-1990 чун дастурдиҳандаи кумитаи ҳизби коммунисти ноҳияи Ванҷ ва солҳои 1990-1994 дастурдиҳандаи шӯъбаи ташкилии Кумитаи ҳизби коммунисти ВМКБ ҷараён гирифтааст.
  Аз соли 1994 то соли 2000 дар ҳукумати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вазифаҳои ҷонишини мудири шӯъба, мудири шӯъбаи иҷтимоӣ-фарҳангӣ, робита бо иттиҳодияҳои сиёсию ҷамъиятӣ ва муносибати байни миллатҳои дастгоҳи раиси вилоятро ба зимма дошт. Солҳои 2000 — 2005 дар вазифаи директори генералии Хоҷагии ҷангали вилоят фаъолият намуд. Солҳои 2005-2006 масъулияти муовини аввали раиси ВМКБ ва солҳои 2006-2010 раиси ноҳияи Ишкошимро ба ӯҳда дошт. Аз соли 2010 инҷониб дар вазифаи раиси ноҳияи Ванҷ идомаи кору фаъолият мекунад. (Аз китоби “Ванҷи Ҳ. Пирумшоев).

Назрулло Ҷонов

  jonovНазрулло Ҷонов соли 1955 дар деҳаи Рохарви ноҳияи Ванҷ ба дунё омада, баъди хатми мактаби миёна, солҳои 1973-1978 дар Донишкадаи политехникии Тоҷикистон таҳсил кардааст. Баъди хатми он бо ихтисоси муҳандиси иншоотҳои обии барқӣ фаъолияти меҳнатиаш ин тариқ сурат гирифтааст: солҳои 1978-1980 коргари оддӣ, дар қатори нақбканони Данғара, усто, сардори участкаи сохтмон; 1980-1986 сардори участкаи сохтмон, сармуҳандиси колоннаи сохтмонии механиконидашудаи сайёри рақами 48-и Трести Тоҷикмонтажсохтмон дар водии Бешкент. Аз соли 1986 ба ҳайси сардори Консерни давлатии «Тоҷикводстрой»-и Тоҷикистон адои вазифа дошт. Дар водии Бешкент 12 ҳазор гектар замин объёрӣ шудааст, ки дар он саҳми Н.Ҷонов хеле назаррас аст. Имрӯз дар ин минтақаи обод сокинони ба тозагӣ барои зиндагии муқимӣ ба ин ҷо муҳоҷираткардаи Бадахшон кору фаъолият доранд. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурӣ ӯ соли 2003 раиси Ҳукумати ноҳияи Ванҷ таъин гардид. Соли 2010 Н.Ҷонов ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев).

Ёдгоршо Эмомов

  yodgoremomЁдгоршо Эмомов 2 майи соли 1950 дар деҳаи Техарви ноҳияи Ванҷ ба дунё омада,баъди хатми мактаби миёна таҳсилро дар чунин мактабҳо идома додааст: 1966 омӯзишгоҳи касбӣ- техникии ноҳияи Ленин, 1967-1971 техникуми индустриалӣ-педагогии шаҳри Душанбе, 1971-1976 Донишкадаи хоҷагии қишлоқи (кишоварзӣ) Тоҷикистон. Чи тавре аз номгӯи ин мактабҳо бармеояд, Ё. Эмомов дониши хеле мукаммали касбӣ гирифта, чун ихтисосманди бо маълумоти замонавӣ мусаллаҳ оғози шуғли меҳнат намудааст. Фаъолияти ин мутахассиси ҷавон ба тариқи зайл сурат гирифтааст: 1976-1977 омӯзгори омӯзишгоҳи касбй-техникии ноҳияи Ленин, 1977- 1980 сармуҳандиси совхози ба номи Федченкои ноҳияи Ванҷ, 1989-1990 раиси корхонаи техникаи кишоварзӣ (селхозтехника), 1990-1995 муаллими фанҳои техникӣ дар деҳаи Техарв, 1995-1999 раиси ҷамоати деҳаи Техарв.
  Соли 1999 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёдгоршо Эмомов ба раисии ноҳияи Ванҷтаъин гардида дар ин вазифа то соли 2003 кору фаъолият бурдааст. Аз соли 2003 инҷониб ба ҳайси корманди Дастгоҳи Иҷроияи Президинти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти касбии хешро идома мебахшад.  (Аз китоби «Ванҷ»-и Ҳ. Пирумшоев).

Қодири Қосим

  qodirqosimҚодири Қосим 9 апрели соли 1961 дар деҳаи Техарви ноҳияи Ванҷ дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1978 баъди хатми мактаби миёна ба факултети агрономии Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи давлатии аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур) дохил шуда, онро соли 1983 бо дипломи аъло хатм намудааст. Баъди анҷоми таҳсил ба зодгоҳаш баргашта, ба сифати агрономи совхози ба номи Федченко, сараграноми совхози «50-солагии СССР», сарвари совхози «Россия»-и ноҳияи Ванҷ (1984- 1986) фаъолият намуда, аз соли 1987 то соли 1990 дар вазифаи коромӯзи (инструктор) шӯъбаи ташкилии КМ Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон фаъолият намуд. Солҳои 1990-1996 вазифаи муовини сардори Раёсати кишоварзии ВМКБ-ро ба дӯш дошт.
  Қодири Қосим бо фармони Президенти кишвар аз моҳи марти соли 1996 то моҳи августи соли 1999ба сифати раиси ноҳияи Ванҷ ва аз соли 1999 то соли 2005 дар вазифаи муовини аввали раиси ВМКБ фаъолият намудааст. Соли 2005 ба вазифаи муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон таъин гардида, то моҳи ноябр ин вазифаи масъулро ба дӯш доштааст. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2006 ба вазифаи раиси ВМКБ тайин гардида, ҳамзамон масъулияти муовини Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистонро ба ӯҳда дорад. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев).

Иматшо Карамшоев

  karamshoevИматшо Карамшоев 5 майи соли 1955 дар маркази ноҳияи Ванҷи ВМКБ, дар оилаи корманди адлияи ноҳия таваллуд шудааст. Фаъолияти меҳнатиаш баъди хатми мактаби миёна соли 1972 оғоз ёфт. То соли 1994 дар вазифаҳои мухталиф — коргари оддӣ, мутахассис, сармутахассис ва сардори шӯъбаи кумитаи иҷроия кор карда, ҳамзамон аз истеҳсолот ҷудо нашуда, солҳои 1974-1980 дар шӯъбаи ғоибонаи факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳсил намуда, донишу малакаи сиёсиву маъмурии хешро сайқал додааст.
  30 декабри соли 1994, И.Карамшоев бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба вазифаираисии ноҳияи Ванҷ таъин мегардад. Соли 1995 вакили мардумии ноҳияи Ванҷ ва худи ҳамин сол вакили мардумии Маҷлисии Намояндагони ВМКБ интихоб шуд. Моҳи июни соли 1996 ба ҳайси ҷонишини раиси Хазинаи кудакони Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
  И.Карамшоев моҳи апрели соли 2000-ум узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олӣ ва ҳамон сол намояндаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шудаву фаъолият намуд. (Аз китоби «Ванҷ»-и Ҳ. Пирумшоев).

Розиқ Хоҷаев

  roziqkhojaРозиқ Хоҷаев 3 феврали соли 1944 дар деҳаи Старғи деҳшӯрои Рованди ноҳияи Ванҷ таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёнаи рақами 1-и маркази ноҳия, соли 1960 ба факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко (Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ) дохил шуда, соли 1965 онро хатм намудааст. Аз ҳамин сол фаъолияти касбии ӯ оғоз ёфт. Солҳои 1965-1967 муаллими мактаби миёнаи рақами 1, 1967-1972 мудири қисми тарбиявии мактаби миёнаи рақами 12 деҳаи Дуршер, 1972- 1977 мудири қисми таълимии ҳамин мактаб.
  Аз соли 1977 Р. Хоҷаев ба корҳои ҳизбию шӯравӣ гузашта, фаъолияти ояндааш ин тавр сурат гирифтааст: солҳои 1977-1979 дастурдиҳандаи (инструктор) кумитаи ҳизбии ноҳияи Ванҷ, 1979-1982 дастурдиҳандаи кумитаи иҷроия, 1982-1987 мудири шӯъбаи дастурдиҳии кумитаи иҷроияи ноҳияи Ванҷ, 1987-1989 сарвари (директор) совхози ба номи Федченкои ноҳияи Ванҷ (ҳамзамон дар Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон солҳои 1984-1990 дар шӯъбаи ғоибона аз рӯи ихтисоси олим-агроном таҳсил кардааст), 1989-1995 раиси кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқии ноҳияи Ванҷ.
  Бояд қайд кард, ки дар солҳои роҳбари хоҷагӣ буданаш дар совхоз 64 гектар замини нав, канали Ғуҷоваст-Вишхарвак, Лангар-Рованд, Старғ-Дуршер, фермаи комплексӣ дар деҳаи Гармчашма, бино барои нигоҳ доштани 1000 тонна картошка дар деҳаи Рованд, бинои ҳаммом дар деҳаи Дуршер сохта ба истифода дода шудааст. Ҳамчунин дар давраи сарварии ноҳияро ба ӯҳда доштани Р. Хоҷаев дар ин ҷо хати радио ва телефони Андарбаг-Жамаг, роҳи Жамаг-Зайч, сохтмони заводи коркарди мева дар маркази ноҳия (мутаассифона бо сабаби воқеаҳои солҳои 90-ум нотамом монд), истгоҳи барқи Техарв, канали дашти Реғч, Бунаӣ, канали Дашти Удоб, асфалтпӯш намудани роҳи деҳаҳои Техарв, Ғуҷоваст, Ғӯмаст, Рованд, Мотравнро бо маркази ноҳия пайвандкунанда, кӯпрукҳои Мотравн, Будун, бинои пункти тиббӣ ва клуби Поймазор ва ғайра ба кор оғозу идома ёфта, кори қисмате аз онҳо ба анҷом расидаву ба истифода дода шудаанд.
  Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 марти соли 1995 (№215) Р.Хоҷаев ба қайси ҷонишини якуми раиси Кумитаи саноати гӯшту шири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гашта, қариб 10 сол дар ин вазифа кору фаъолият намудааст.  (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев).

Анвар Асоев

  anvarasoАнвар Асоев 4 августи соли 1935 дар деҳаи Бунайи ноҳияи Ванҷ ба дунё омада, баъди хатми мактаби миёнаи ба номи Кирови ш.Хоруғ соли 1953-1958 дар факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (феълан Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) таҳсил намудааст. Фаъолияти кории ӯ дар чунин сатҳо ҷараён гирифтааст: солҳои 1958-1959 муаллими мактаби ба номи Ленини ноҳияи Ванҷ; 1959-1960 директори мактаби 8-солаи ба номи С.Лазо; 1960-1961 мудири шӯъбаи ҷавонони мактабй ва пионерони Кумитаи Комсомоли ноҳияи Ванҷ; 1961-1965 директори мактаби ҳаштсолаи №6; 1965-1968 ёрдамчии котиби Кумитаи ҳизбии ноҳияи Ванҷи ҲК Тоҷикистон; 1968-1970 мудири шӯъби ташвиқот ва тарғиботи Кумитаи ҳизбии ноҳияи Ванҷи ҲК Тоҷикистон. А.Асоев солҳои 1970-1972 ба ҳайси шунавандаи мактаби олии ҳизбии назди КМ ҲКИШ-и ш.Тошканд таҳсил намудааст. Сипас дар корҳои роҳбарикунандаи ноҳиявиву вилоятй кору фаъолият намуда, солҳои 1987-1989масъулияти раиси кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои ноҳияи Ванҷ ба ӯҳда доштааст. Анвар Асоев номзади илми таърих мебошад. (Аз китоби «Ванҷ»-и Ҳ. Пирумшоев).

Муборакшо Шоназриев

  mborshonazriМуборакшо Шоназриев 17 маи соли 1943 дар деҳаи Рохарви деҳшӯрои Ванҷ таваллуд шудааст. Фаъолияти меҳнатиаш баъди хатми мактаби миёна ба сифати коргари комбинати муассисаҳои коммуналй ва колхозчии колхози «Коммунизм»-и ноҳияи Ванҷ оғоз ёфт. Баъди хизмати ҳарбӣ (1962-1965) дар сафҳои Артиши Шӯравй дар матбааи ноҳия кор кардааст. Солҳои 1965-1971 донишҷӯи Донишгоҳи кишоварзии шаҳри Душанбе. Баъди хатми он солҳои 1971- 1972 ба ҳайси лаборанти калони донишкадаи номбурда ифои вазифа намудааст.
  Дар солҳои минбаъда фаъолияти меҳнатии М.Шоназриев ин тавр сурат мегирад: 1972-1976 сарагрономи совхози «50-солагии СССР»-и ноҳияи Ванҷ; 1976-1978 шунавандаи мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошкент; 1978-1980 дастурдиҳандаи шӯъбаи ташкилии кумитаи ҳизбии ВМКБ: 1980-1984 котиби дуюми кумитаи ҳизбии ноҳияи Ванҷ. Аз соли 1984 то охири умраш ба ҳайси раиси кумитаи иҷроияиШӯрои депутатҳои халқии ноҳияи Ванҷ кору фаъолият намудааст. Риштаи ҳаёти ин ташкилотчии умедбахш хеле барвақт, дар айни камолоти зиндагӣ ва касбӣ (соли 1987) канда шуд. (Аз китоби «Ванҷ»-и Ҳ. Пирумшоев).

Мамадаёзхон Бахтибеков

  bakhtibekfМамадаёзхон Бахтибеков 15 марти соли 1940 дар деҳшӯрои Роштқалъаи ноҳияи Шуғнони ВМКБ дар оилаи деҳқон ба дунёомадааст. Баъди хатми Донишкадаи кишоварзии шаҳри Душанбе соли 1962 фаъолияти меҳнатиаш оғоз ёфта чунин ҷараён гирифтааст: соли 1962-1963 агроном-иқтисодчии хоҷагии таҷрибавии колхози «Коммунизм»-и ноҳияи Ванҷ; 1963-1964 агрономи ҳамин колхоз; соли 1964 сарагрономи истеҳсоли хӯроки чорвои хоҷагии таҷрибавӣ дар колхози «Сағирдашт»-и ноҳияи Ванҷ; 1964-1965 хизмат дар сафҳои Артиши Шӯравӣ; 1965-1966 дастурдиҳандаи (инструктор) Кумитаи Комсомоли ВМКБ; 1966-1968 сарагрономи Управленияи истеҳсолии хоҷагии қишлоқи ноҳияи Қалъаихумб; 1968-1973дастурдиҳандаи шӯъбаи хоҷагии қишлоқи Кумитаи коммунисти ВМКБ.
  М.Бахтибеков солҳои 1973-1975 ба сифати шунавандаи Мактаби олии ҳизбии назди КМ ҲКИШ дар Тошканд таҳсил намуда, сипас фаъолияти касбиаш дар самтҳои зерин идома ёфтааст: соли 1975 дастурдиҳандаи шӯъбаи ташкилии Кумитаи шаҳри Хоруғи ҲК Тоҷикистон; 1975-1977 мудири шӯъбаи хоҷагии қишлоқи Кумитаи ҳизбии шаҳри Хоруғи ҲК Тоҷикистон; 1977-1980 Котиби дуюми Кумитаи ноҳияи Ванҷи ҲК Тоҷикистон. Солҳои 1980-1984 Мамадаёзхон Бахтибеков ба ҳайси раиси кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои ноҳияи Ванҷ кор ва фаъолият намудааст. (Аз китоби «Ванҷ»-и Ҳ. Пирумшоев).

Неъматулло Раҳматуллоев

  nematrahmatНеъматулло Раҳматуллоев 25 апрели соли 1933 дар деҳаи Рохарви деҳшӯрои Ванҷ, дар оилаи кишоварз ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна, соли 1949 фаъолияти меҳнатиаш ба ҳайси котиби техникии кумитаи комсомолии ноҳияи Ванҷ оғоз ёфт. Солҳои 1950-1954 донишҷӯи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ). Баъди хатми он солҳои 1954-1956 ба сифати муаллим, мудири қисми илмии мактаби миёнаи ба номи Ленини ноҳияи Ванҷ кор кардааст.
 Фаъолияти ташкилотчигии муаллими ҷавон Неъматулло Раҳматуллоевро ба назар гирифта, ӯро ба кори роҳбарияти комсомоли ноҳия пешбарӣ намуданд. Солҳои 1956-1961 ба сифати котиби аввали кумитаи комсомоли ноҳия кор кард. Солҳои оянда фаъолияти меҳнатии Неъматулло Раҳматуллоев ин тавр сурат гирифтааст: солҳои 1961-1975 дастурдиҳандаи (инструктор), ҷонишини мудири шӯъбаи тарғиботу ташвиқотӣ, котиби кумитаи ҳизбӣ оид ба идеология ва котиби дуюми кумитаи ҳизбии ноҳияи Ванҷ, 1975-1980 — раиси кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои ноҳияи Ванҷ, 1980-1988 — раиси Комиссияи назорати ҳизбии кумитаи ҳизби коммунисти ВМКБ.
  Дар тӯли фаъолияти меҳнатии хеш Неъматулло Раҳматуллоев борҳо ба депутатии Шӯрои вилоятӣ (5 даъват), Шӯрои ноҳиявӣ (10 даъват), солҳои зиёде аъзои Кумитаи ҳизбии вилоят, ноҳия ва аъзогии бюрои ҲК ноҳияи Ванҷ интихоб шудааст. Хизмати тӯлонӣ ва намунавии ин марди наҷиб дар роҳбарияти вилоятию ноҳиявӣ бо мукофотҳои зиёди давлатию ҳизбӣ қадрёбӣ шудааст. Аз ҷумла, ӯ дорандаи Ордени «Нишони фахрӣ», чандин медалу ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (ду маротиба), Кумитаи марказии комсомол ва ҳизби коммунисти ҶШС Тоҷикистон ва ғайра мебошад. (Аз китоби «Ванҷ»-и Ҳ. Пирумшоев).

Аҳтам Якимов

  Аҳтам Якимов (дар баъзе ҳуҷҷатҳо Ятимов) соли 1925, дар деҳшӯрои Ширговад, дар оилаи кишоварз чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Корнамоияшро чандин медалу ифтихорномаҳо расман тасдиқ намудаанд. Дар солҳои баъдиҷангӣ дар вазифаҳои масъули роҳбарияти ташкилоти ҷавонони ноҳия кор карда, фаъолияти баланди ташкилотчигии хешро нишон медиҳад.
  Баъди таҳсил дар мактаби ҳизбии назди КМ ҲК Тоҷикистон (1953- 1956) дар вазифаҳои гуногуни роҳбарияти ҳизбию Шӯроҳои ноҳиявӣ коркарда фаъолияти ташкилотчигии худро хеле сайқал дод. Солҳои 1961-1963 шунавандаи мактаби Олии ҳизби коммунист дар Тошкент. Сипас, Аҳтам Якимов вазифаҳои масъули ҳизбӣ ва масъулияти раисии Комиҷроияи шӯрои депутатҳои ноҳияи Ванҷро ба ӯҳда дошт. Дар солҳои 80-ум чанде ба сифати корманди ҷумҳуриявии иттиффоқҳои касаба кор карда, сипас то давраи ба нафақа баромадан масъулияти котибии ташкилоти ҳизбии яке аз хоҷагиҳои номдори ҷумҳурӣ — совхози «Гулистон»-и ноҳияи Колхозободро ба зимма гирифтааст.
  Риштаи ҳаёти ин мард, ки Ватанро аз ӯрдуи фашизм муҳофизат кардаву як умр барои ободии диёру ҷумҳуриаш заҳмат кашидааст, дар давраи ҷанги ҳамватанӣ бо тири ким кадом разили гузарои курситалаб ё маҳалбози манҳуси тангназар (гум бод номаш!) ҳалок гардид, ки ҳатто ҷасадашро пайдо карда натавонистанд. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев).

Одил Бердиев 

  olimberdiОдил Бердиев соли 1929 дар деҳаи Кок-Янгаки вилояти Оши Ҷумҳурии Қирғизистон дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик, аъзои ХКИШ аз соли 1954. Фаъолияти меҳнатии О.Бердиев соли 1947 ба ҳайси муаллим, мудири кисми таълимии мактаби миёнаи ноҳия Қалъаихумб оғоз ёфта, сипас ин тавр ҷараён гирифтааст: солҳои 1953-1955 котиби авали кумитаи комсомолии ноҳияи Калъаихумб (феълан Дарвоз), баъди таҳсил дар мактаби ҳизбии назди КМ ҲК Тоҷикистон (1955-1958), солҳои 1958-1961 сардори инспексияи хоҷагии қишлоқи назди Кумитаи иҷрояи шӯрои ноҳиявии депутатҳои меҳнаткашони Калъаихумб, 1960-1961 котиби дуюми Кумитаи ҳизби коммунистии ноҳияи Калъаихумб,1962-1965 раиси Кумитаи иҷрояи шӯрои депутатҳои ноҳияи Калъаихумб ва Ванҷ, солҳои 1965-1991 — котиби аввали Кумитаи ҳизбии коммунистии ноҳияҳои Калъаихумб, Ҷиргатол ва Ғарм; 1991-1993 мудири шӯъбаи Идораи (кабинет) Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев).

Абдулло Аскардаев

  askardaАбдулло Аскардаев соли 1916, дар деҳаи Пуни Ҷангали деҳшӯрои Рованд, дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Яке аз нахустин комсомолони ноҳия, дар ташкил намудан ва фаъолияти ячейкаи комсомолӣ саҳмгузорӣ намудааст. Ӯ чун аввалин муаллими деҳа дар маъракаи маҳви бесаводӣ саҳми босазое гузоштааст.
  Хизмати Абдулло Аскардаев дар ноҳия борҳо дар матбуоти маҳаллӣ қайд шудаву баҳои баланд гирифтааст. Дар солҳои 40-ум дар вазифаҳои раиси ҷамъияти матлуботи ноҳия, муҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Ҳақиқати Ванҷ», шӯъбаи тарғибот ва ташвиқоти кумитаи ҳизби ноҳия, котиби Кумитаи ҳизб ва раисии Кумитаи иҷроияи ноҳияро (1947-1949) ба ӯҳда дошт. Солҳои 1950-1953 дар мактаби ҳизбии назди КМ ҲК ҶШС Тоҷикистон таҳсил намуда, сипас боз вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи Ванҷро ба зиммааш гузоштанд. Бо ташаббусу сарвариаш сохтмони роҳи автомобилгарди маркази ноҳия, Рохарв — Рованд (1947-1948, фурудгоҳи Ванҷ (1955-1956) ва ғайра сохта ба истифода дода шудаанд.
  Абдулло Аскардаев баъди ба нафақа баромадан чун собиқадори меҳнат то дами вопасини ҳаёти хеш дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҳизбию хоҷагии ноҳия фаъолона ширкат дошт. Аз ҷумла, шаш сол ба сифати раиси Комиссияи ҳизби ноҳия (чун супориши ҷамъиятӣ) бо ҷавонон кор мебурд. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев).

Имомиддин Мирванҷов

   mirvanjovИмомиддин Мирванҷов соли 1915 дар деҳаи Роғи амлокдории (миригарӣ) Ванҷ таваллуд шуда, саводи ибтидоии динию дунявиро дар деҳаи Будун гирифтааст. Ҳанӯз дар овони наврасӣ ба фаъолияти меҳнатӣ оғоз намуда, аввал котиби правленияи колхоз, баъд ба сифати муаллими мактаби ибтидоии деҳаи Одешт кор кардааст.
  И. Мирванҷов солҳои 40-ум вазифаҳои мухталифи соҳаи ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла муфаттиши прокуратураи ноҳияи Ванҷ ва прокуратураи ВМКБ-ро ба ҷо овард. Баъди хатми курси яксолаи (1951-1952) тайёр намудани кадрҳои прокуратура дар шаҳри Москва, фаъолияти меҳнатии И. Мирванҷов ин тариқ сурат гирифтааст: солҳои 1952-1956 прокуратураи шаҳри Қӯрғонтеппа, 1956-1958 ҷонишини прокурори ВМКБ, 1958-1961 раиси кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқии ноҳияи Ванҷ, 1961-1962 ҷонишини раиси кумитаи иҷроияи ноҳия, 1962-1977 мудири шӯъбаи матлуботи ноҳия.
Д  ар ҳамаи ин вазифаҳо донишу малакаи роҳбарй ва масъулиятшиносии баланд зоҳир намудааст. Ӯ ҳаёти худро бемеҳнат тасаввур карда наметавонист. Баъди ба нафақа баромадан (1978) низ то соли 1984 вазифаи мудирии нотариуси ноҳияро ба зимма дошт То рӯзи охирини ҳаёт (18 феврали соли 2002) қобилияти баланди кории хешро нигоҳ медошт. Фаъолияти хизматии И.Мирванҷов, зиндагии шахсиаш намунаи ибрату пайравии ҳамдиёрон гаштааст. (Аз китоби «Ванҷ»-и Ҳ. Пирумшоев).

Сулаймон Валиев

  slyvalyСулаймон Валиев соли 1913 дар деҳаи Гишхуни амлокдорӣ ё миригарии Ванҷ ба дунё омадааст. Хеле барвақт, дар аёми чаҳорсолагӣ аз падар маҳрум монда, тифлию наврасиашро дар тарбияи бобои модариаш гузарондааст. Таълими саводро дар назди муллои деҳа гирифта, сараввал ба ҳайси муаллими аввалин мактабҳои усули шӯравӣ дар деҳаҳои Роғ, Дашти Роғ, Вскроғ кор кардааст. Соли 1935 баъди гузаштани курси омӯзгорӣ дар шаҳри Хоруғ солҳи 1937-1939 мудирии мактаби Вскроғро ба зимма дошта, баъди чанде ба корҳои ҳизбию маъмурии ноҳия ҷалб карда шудаст. Дар ин самт фаъолияти Сулаймон Валиев чунин ҷараён гирифтааст: солҳои 1939-1942-котиби масъули Кумитаи иҷроияи депутатҳои меҳнаткашони ноҳияи Ванҷ; 1942-1943 – муовини раиси Кумитаи иҷроия; 1943-1944 – муовини раиси Кумитаи иҷроия оид ба саноати маҳаллӣ ва нақшаи ноҳиявӣ (райплан); 1946-1948 – котиби дуюми Кумитаи ҳизби коммунисти ноҳияи Ванҷ; 1948 – муовини котиби Кумитаи ҲК ВМКБ.
  Сулаймон Валиев солҳои 1948-1950 ба ҳайси шунавандаи Мактаби ҳизбии назди КМ ҲК ҶШС Тоҷикистон, маълумоти касбӣ гирифта, аз соли 1951 то 1954 дар вазифаи ниҳоят масъулиятнок – раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои ноҳияи Ванҷ фаъолият намуда, сипас дар вазифаҳои раиси РАИЗО, котиби деҳшӯро ва мудирии шӯъбаи пиллақабулкунии ноҳия кору фаъолият доштааст. Тибқи маълумоти мавҷуда дар тамоми раванди фаъолияти роҳбарӣ худро шахси кордону масъулиятшинос нишон дода тавонистааст. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев).

Таваккал Маҳмадшоев

  tavakkalmТаваккал Маҳмадшоев соли 1914, дар деҳаи Жовиди ноияи Ванҷ ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидоиро дар Жовид ва миёнаро (ғоибона) дар маркази ноҳия гирифтааст. Фаъолияти меҳнатии Таваккал Маҳмадшоев аз мудирии хоҷагии табобатхонаи Ванҷ оғоз ёфта, баъди дарёфти қобилияти хуби корӣ ва ташкилотчигӣ ба вазифаи котибии Комиҷроияи шӯрои депутатҳои халқии деҳаи Техарв тавсия дода шуд. Соли 1941 ташкилоти ҳизбии колхози «Съезди XX партия»-ро сарварӣ мекард.
  Солҳои 1941-1946 Таваккал Маҳмадшоев раисии кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқииноҳияи Ванҷро ба ӯҳда дошт. Мактаби ҳизбии назди КМ ҲК ҶШС Тоҷикистонро хатм намудааст. Солҳои 1946-1970 раиси Управленияи хоҷагии кишоварзӣ, корманди масъули идораи пиллақабулкунии ноҳия, муовини раиси правленияи колхози ба номи Фрунзе ва сардори бригадаи рақами 4 деҳаи Жовид шуда кор кардааст.
  Аз ибтидои солҳои 70-ум то охири ҳаёт (1979) Таваккал Маҳмадшоев ба Шӯъбаи алоқаи деҳшӯрои Жовид сарварӣ мекард. Меҳнати шоёни ӯ аз тарафи ҳизбу ҳукумат бо чандин медалу ифтихорномаҳо қадрдонӣ шудааст. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев).

Маннон Бобоев  

  Маннон Бобоев аз ходимони давлатӣ ва арбоби илму фарҳанг буд. Соли 1907 дар деҳаи Жамаги ҷамоаи Язгулом, дар оилаи мударрис ба дунё омадааст. Дар назди падараш савод омӯхта, баъд дар Дорулмуаллимини Тошкент таҳсили илм намудааст. Бо анҷоми таҳсил ба кори таълиму тарбия шуғл варзида, солҳои зиёде мудирӣ ва директории мактаби миёнаро ба зимма дошт. Аз соли 1943 раиси ҳукумати ноҳияи Ванҷ буда, сипас дар вазифаҳои гуногуни ноҳия кору фаъолият кардааст.
  М.Бобоев миёни мардум бо лақаби Афлотун шӯҳрат дошт. Донандаи илми риёзӣ, нуҷум, тиб ва ғайра буд. Дар муаммокушоӣ устоди беҳамто, то рӯзҳои охирини ҳаёташ ба таълиму тарбияи ҷавонон ва илму фарҳанг сарукор дошт. Соли 1997 дар синни 90-солагӣ аз олам чашм пӯшид. (Аз китоби «Ванҷ»-и Ҳ. Пирумшоев).

Ғайрат Шукуров

  shukurovghҒайрат Шукуров соли 1912 дар деҳаи Чихохи (деҳшӯрои Техарв), амлокдории (миригарӣ) Ванҷи бекигарии Дарвоз дар оилаи деҳқони камбағал таваллуд шудааст. Дар солҳое, ки нахустин ячейкаҳои комсомолӣ дар Ванҷ ташкил ёфтанд, яке аз аввалинҳо шуда ба сафи он дохил шуд. Соли 1929 котиби ячейкаи комсомолии колхози ба номи Сталин интихоб мешавад. Ӯ аз зумраи аввалин аъзоёни ҳизби коммунисти ноҳияи Ванҷ мебошад.
  Ғайрат Шукуров солҳои 30-юм дар кори барпо намудани нахустин колхозҳо, маҳви бесаводӣ бевосита фаъолият бурда, дар тарбияи ҷавонон ҳиссаи арзандае гузоштааст. Соли  1935 баъди хатми мактаби олии ҳизбӣ, аввал сардори шӯъбаизироат, аз соли 1940 то 1944 раисии Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқии ноҳияи Ванҷ ва аз соли 1944 ҷонишинии раиси Кумитаи иҷроияи шӯрои депутатҳои меҳнаткашони ВАБК (ВМБК)-ро ба ӯҳда дошт.
  Ғайрат Шукуров соли 1950 баъди хатми мактаби олии ҳизбии назди КМ ҲКИШ ҷонишини Вазири молияи ҶШС Тоҷикистон кор карда, ҳамзамон дар Донишкадаи молияи Тошкент таҳсилро ғоибона идома дода, онро соли 1956 хатм намуд. Аз соли 1958 то ба нафақа баромадан Ғайрат Расулович Шукуров дар вазифаи сардори Управленияи кассаҳои амонатии ҶШС Тоҷикистон ифои вазифа дошт. Хизмати тӯлонӣ ва намунавии Ғайрат Шукуров бо Ордени «Нишони фахрӣ», 5 медал ва бисёр ифтихорномаҳои ҳизбию ҳукуматӣ ва Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон қадр шудааст.
  22 июли соли 1979 дили ин марди наҷибу донишманд ва корозмуда аз задан монд. Нақши хизмати ӯ дар таърихи диёр зудуда нахоҳад гашт. (Аз китоби «Ванҷ»-и Ҳ. Пирумшоев).

Самад Раҷабов 

  Самад Раҷабов ибтидои асри ХХ дар деҳаи Шаврӯи деҳшӯрои Техарв, дар оилаи деҳқони камбағал ба дунё омадааст, хату саводи ибтидоии динӣ дошт. Ӯ аз падару модар хеле барвақт ятим монда, бо машаққат то синни наврасӣ дар хонаи хешу табори волидайн умр ба сар бурда, ҳамин ки қувваи бозуи худро эҳсос кард, озими сафари Бухорову Фарғона гашт. Дар он ҷо садҳо ҳамдиёронаш шуғли мардикорӣ доштанд. Заҳмату дастнигарӣ ӯро аз ҷиҳати сиёсӣ барвақт бедор кард. Ба доираи ҳаракатҳои инқилобии Русия кашида шудани аҳли заҳмати генерал-губернатории Туркистон ва марказҳои саноатии аморати Бухоро ӯро бетараф монда наметавонист.
  Баъди инқилоб Самад Раҷабов ба диёри азизаш — Ванҷ баргашт. Ҷаҳонбинӣ, кордонӣ ва лаёқати ташкилотчигии ӯро ба назар гирифта, соли 1929 ба вазифаи раисии Кумитаи инқилобии Ванҷинтихоб намуданд. Солҳои 1930-1937 чун яке аз фаъолтарин роҳбарони ҳаракати колхозӣ дар ташкилу мустаҳкам намудан ва пешравии колхозҳои ноҳия кори зиёде ба анҷом расондааст. Дар кадом вазифае, ки кор кардааст, аз мудири фермаи чорводорӣ сар карда, то раисии колхози «Роҳи Ленин», ҷонишини раиси Кумитаи иҷроияи Ванҷ, раисии деҳшӯрои (ҷамоа) Техарв ва ғайра, бо меҳнати ҳалол, маҳорати ташкилотчигии худ намунаи ибрату ифтихори ҳамдиёрон будааст.
  Натиҷаи ҳамин меҳнати софдилона буд, ки С.Раҷабовро ба аъзогии Кумитаи иҷроияи марказии ҶШС Тоҷикистон, аввалин депутати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ноҳияи Ванҷ интихоб намудаанд. Заҳмати ӯ бо Ордени Байрақи Сурхи меҳнат қадр карда шудааст.
  Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, чун раиси колхози пешқадами «Роҳи Ленин» шиори «Ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои ғалаба»- ро сармашқи кори худ карда, дар ҷудо намудани маҳсулоти кишоварзӣ ба Фонди ҷабҳа яке аз ашхоси пешқадамтарини ноҳия ҳисоб меёфт. Ӯ аввалин шуда, ҷувонагову аспи худро барои ҷабҳа бахшид. Ин иқдоми неку ватандӯстонааш аз тарафи ҳамдиёрон дастгирию пайравии фаъо- лона пайдо намуд.
  Вале буданд ғаразмандони дилсиёҳу пастфитрате, ки ба ин хизмату заҳмат ва обрӯю эътибори Самад Раҷабов дар назди ҳамдиёрон ба чашми ҳасад менигаристанд. Ин бадкешон аз ҳассосияти сиёсиизамонаистифода бурда, аз болояш ба органҳои дахлдор маълумоти тӯҳматангезе пешниҳод намуданд, ки дар он гӯё Самад Раҷабов ба ғалабаи Давлати Шӯравӣ аз болои фашизми олмонӣ шубҳа дошта, ин нобовариро тарғиб мекардааст. Бо ин тӯҳмати тамоман беасос Самад Раҷабовро, ки раддияҳои қотеъи ҳукмро ботил шумурда, садоқати хешро ба тамоми Ватани Шӯравй ва диёраш собит сохта бошад ҳам, ба маҳкама кашида, хонаву ҷояшро мусодира намуда, оилаву фарзандонашро бесарпаноҳ монданд. Фақат баъди чанд сол хонаашро, ки ба сифати амбори колхоз истифода мебурданд ба фарзандон баргардонданд. Ин «гуноҳу» ҳукми сирф ноодилона бо Қарори Раёсати Суди Олии ҶШС Тоҷикистон аз 15 декабри соли 1989 бекор гашта, Самад Раҷабов тамоман бегуноҳ дониста шуд. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев).

Маҳмадулло Қирғизов

  Аввалин раиси кумитаи инқилобии Ванҷ Маҳмадулло Қирғизов соли 1873 дар деҳаи Жамаги деҳшӯрои Язгулом, дар оилаи деҳқон миёнаҳол ба дунё омада, маълумоти миёнаи диниро дар мадрасаи Қалъаихумб гирифтааст. Баъди ғалабаи инқилоби Бухоро, чи тавре ки қайд гардид, мавҷи инқилоб то ба Дарвоз омад. Аксулинқилобчиёни дар Қалъаихумб истеҳком гирифта, ба фишори аскарои Сурх ва инқилобчиёни маҳаллӣ тоб наоварда, ба сӯи Ванҷ ақибнишинӣ намуда, дар бисёр ҷойҳо баъди гузаштани худ оврингҳои кӯпруки одамгузар доштаро вайрон мекарданд, ки ҳамаи ин ба ҳаракати қувваҳои инқилобӣ монеъ мешуд. Баъди дар Қалъаи Ванҷ мустаҳкам ҷойгир шудани қувваҳои аксулинқилобӣ қисмҳои дар Помир будаи аскарони Сурх, соли 1922 барои озод кардани Ванҷ шитофтанд. Аз Рӯшон ба роҳ баромадани онҳоро фаҳмида, бо фармони амалдорони Язгулом овринги байни дашти Язгулому Шпадро вайрон карда, хостанд, ки дар ин ҷо пеши роҳи ҳаракати аскарони Сурхро банданд.
  Аз ин рафтори онҳо огаҳ шуда, яке аз мардони дар байни сокинони Язгулом обрӯю эътибори баланддошта Маҳмадулло Қирғизов бо чанде аз мардони ҳузарби водии Язгулом аз қабили Саидов Саидшоҳ, Ёрбеков Азорабек, Нозим Ғозй, Дул (падари Шошо паҳлавон) ва боз чанди дигар маслиҳат мекунад, ки ҳарчи тезтар оврингро дуруст карда, роҳи аскарони Сурхро кушоянд. Ин кор дар як мӯҳлати кӯтоҳ ба ҷо оварда шуд. Дар баландии овринг байрақи инқилобй барафрохта шуд. Паҳлавон Дул (Дил), танқисии озуқавии аскаронро дида, ба деҳа баргашта, дар сабадҳо нону дигар озуқа овард.
  Ҳамин тариқ, роҳ ба Қалъаихумб кушода шуда ва қувваҳои инқилобӣ ҳокимиятро дар маркази Ванҷ пурра ба даст гирифтанд. Аввалин раиси Кумитаи инқилобии волости Ванҷ Маҳмадулло Қирғизов интихоб шуд. Ӯ дар солҳои мудҳиши амали аксулинқилобчиён дар Қаротегину Дарвоз то соли 1927 ин вазифаро ӯҳда кард. Соли 1927 бо хоҳиши худаш Маҳмадулло Қирғизовро ба вазифаи раисии деҳшӯрои Язгулом тавсия карданд. То нафақа баромадан ӯ ифои ин вазифа дошта, ба мардум диёраш хизмат кардааст. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев).

 

 

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.