Рохарв

  Деҳаи Рохарв (маркази ноҳия) аз калонтарин деҳоти ноҳияи Ванҷ мебошад. Ахолии ин деҳа тахминан ба шаш ҳазор нафар мерасад.
  Дар деҳаи Рохарв тамоми биноҳои ҳукуматӣ ва дигар идораҳои шахсӣ ба монанди бинои ҳукумат, ҷамоат, кумитаи андоз, полис, беморхона, дармонгоҳ, 2 бинои мактаби миёна, боғчаи кӯдакона, толори варзишӣ, 2 бонк, бозори марказӣ, фурудгоҳ ва маконҳои дигар арзи вуҷуд доранд.
  Ҳоло дар маркази ноҳия (Рохарв) сохтмони яке аз калонтарин масоҷид дар ҷануби Тоҷикистон авҷ дорад, ки дар он то се хазор намозгузор ҷо мегирад.
  Рохарв ба монанди дигар деҳот ба маҳаллаҳо тақсим мешавад ки аз ҷумлаи онхо Марказ, Гластун, Пуни Ҷугунӣ, Убари Даргов, ГЭС ва ғайра мебошанд. 
  Ҳамчунин дар деҳаи Рохарв яке аз зеботарин дараҳои ноҳия вуҷуд дорад, ки аз он даргови Рохарв сарчашма мегирад. Хусусияти ин даргов дар он аст, ки тобистону зимистон сатҳи об ва рангу тозагии он қариб, ки тағйир намеёбад. Дараи Рохарв ҷои истироҳат ва шикори мардум, ҷои алафу ҳезум, ҷои чиндани чукриву чағора мебошад, ки мардуми мо то ҳадди имкон аз ин истифода мебаранд. Дараи мо ба монанди дигар дараҳо дорои қисмхои гуногун мебошад ва хар як макони он номи худро дорад. Аз ҷумлаи он маконҳо Дараи Зинг, Довугӣ, Лалмига, Чшмаи Кавгун, Фрохсангов, Вучо, Гуфуф ва ҳоказо мебошанд.
  Ин буд васфи мухтасар аз деҳаи хушманзараи Рохарв.                        

Чеҳраҳои шинохтаи Рохарв

КУДРАТОВ ЮСУФ – (1909 -197–) иштирокчии Чанги Бузурги Ватанӣ, дорандаи унвони «Муаллими хизматнишондодаи ҷумхурӣ» ва «Алочии маорифи халк»(аввалин аз ноҳияи Ванҷ, 1946)
МУХАММАДХОЧАЕВ АХМАДЧОН – (10/02/1940) узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумхурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор.
ОДИЛОВ НОДИР – (1932) доктори илми фалсафа, профессор.
МИРЗОЕВ ГАФЛАТ– (1930-2000) номзади илми педагогика, доцент.
ИСМОИЛОВ ДАГИ – (20/11/1939) номзади илми таърих, доцент.
ШУКРОНАЕВ САВЛАТШО – (1943-2006) номзади илми биология, доцент.
ВАЗИРОВ КАБУД – (15/02/1938) номзади илмхои заминшиносӣ ва маъданшиносӣ, доцент.
АСОЕВ ПАЙШАНБӢ – (30/11/1947) номзади илми биология, ходими калони илми.
ШОНАСИРДИНОВ НАЗРИДДИН – (10/01/1949) номзади илми хукукшиноси, доцент
МУХАББАТОВ САЛАМШО – (11/11/1960) раиси Федерацияи гуштини тарзи озод, собиқ раиси Кумитаи нафту гази назди ҳукумати Тоҷикистон.
ҚОҚОВА ГУЛНОРА – (15/06/1952) ҷонишини раиси раёсати Тоҷикматбуот, собиқ Ректори донишкадаи Давлатии Тиҷоратии Тоҷикистон.
БАЧОНАЕВ ХУДОЙНАЗАР – иштирокчии Чанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945).
НУРОВ ПИРМАҲМАД – иштирокчии Чанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945).
МУХАББАТОВ РАҲМОНШО – иштирокчии Чанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945).
ХУРРАМОВ ШАКАРШО – иштирокчии Чанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945).

Расмҳо аз Рохарв:

1 Назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.