Ривоятҳо ба лаҳҷаи ванҷӣ

Дед Миш

   Дед Миш як марди яҳудӣ, ки дар давроои шӯравӣ дар ноҳияи Ванҷ кор ва фаолият караст. Дед Миш ҳамаи асбобои батинкадӯзира ай шар ҷам мекнаву мехеза Ванҷ кор миёя. Як ду рӯз кор мекна, ҳисобу чӯрту чаман мекна, ай хунапуливу хӯрану пули даромадш ва хароҷотш баробар намегира. Амин ду се рӯзнда ва мардм кам-кам ҷура мегараву ҳар вега ҷаҳту ҳизатш мекнан. Ҳар рӯз дига ин кор давом мекна.
  Дед Миша ҳар вега ҷаҳткнӣ мегирану қӯшш мекашан. Индафа чӯрт мезана, хӯрану ҷои хов ҳамаш бепул, суми друмадш дар ҷебакш, мазаш меда. Мега мешияст дар Ванҷ коркнӣ. Дига Дед Миш ва рӯз батинкара бдӯзу сума бгиву шав дар қӯшу ҳизат. Амтарӣ Дед Миш як ду сол кор мекнаву сума ҷам мекнаву дар Нагорнии шари Дшанбӣ як хунаи ҳавлигӣ мехараву ӯй мехра бай шара.
  Боз дар шар ҷои кора тӯғрӣ мекнаву миёя дар хунаш ёмбош. Рафиқои ванҷиш сир миёван, ки Дед Миш хуна харияст, адресша мегирану ҳар вега ду кас-се кас мераван хунаш. Меган Дед Миш табрик, хуна харияй, эврии тавара ичи маза намеда, боре нуну нмки мардма хӯраст ичигӯӣ наметна, як шав гфта ташкилишн мекна. Амхелӣ дига бачоо ҳар вега умаан мегиран. Дед Миш чи хелӣ гфта, медрояну ёмбош мекнан. Дед Миш талхаш дар даҳанш некӣ ичигӯӣ наметуна, нуну нмки мардма хӯраст ноҷо заст.
  Як фикр дар сарш умасту ҳамсояша гфтаст, касе ума мна прси бгӯш Дед Миш ин вега намиёя, нсми шав мумкин биёя. Дед Миш нсми шав миёя ам дара мешкоя, ки бачоо ай паси девол пайдо мегаран, бад сар мекнан: “Дед Миш рӯи ко мегардӣ, ай ждаткнира талхакаф шием!” Медрояну ёмбош мекнан. Дед Миш ноҷо засту чокниша намедуна, бадаркнишн наметуна, нуну нмки мардма се сол хӯраст.
  Дандн таи дандн тоқат мекна. Нсми шавнӣ миёя, ки панҷ-шаш каси бачоо салом алек гуфта, медроян. Эврӣ мебина, ки ҷурош ӯйш намекнан, ҳамсояша мега, бгӣ амин хунаи мна фрӯшу сумша бай Тошканда бай мна роӣ кн. Асбобои дӯзндгира ҷам мекнаву уй мехра бай Тошканда. Шоҳин Абдуллоев.

Алиши ғнаҷӣ ва хар

  Тағоимардмм ай деҳаи Ванван дар амн замони бесарусомонӣ қариб ҳамашн як хари ай убари ов оваран. Якм бобии мн, Хдо раҳматш кна, Қурбон Ризвонов овар. Деҳаи Ванван, ки ай маркази ноҳия хела дураю раву рӯ дар ин деҳа валангоран, хар барои ин мардм, барои анҷом даани корои рӯзгор як “ҷуни зндаст”.
  Ай ёрон ақиб намунм гфта, як тағоии гам Раҳим Саёрабеков ам як ғнаҷии тхманяк доштаст, пеш-пешш медоза, пои пиёда бай Жмарча. Хлоса, ова тер мегара, дар қапи ватандоро меғалта, фандш мекнан, ғнҷиякша мегирану як хари пири қашоқи ваҳазобаш медану ай ов бай тарафи хдмна мегзарнанш. Хар амқа ваҳазобе бидаст, ки тағоии Раҳим ам длёв намегара своршни бгара.
  Миёя дар рости деҳаи Бичхарв, афтовам қлп мехра, каж мекна дар кадм хоҷагие ва мақсади оли шава рӯз кнму саҳар ва саҳарии барвахт бхезм рава гарм. Угам шав дар сари дсторхун кадме мепрсаш, ки, ин хара ва чӣ грфтай?. Тағоии Раҳим мега, ки як ғнаҷии тхманяк доштем, амӯра оварем ва хар алиш карем, охӣ дар шароити мо бе хар ичи имконят нест, маҷбур шием да.
  Вн марак мегаш, наход, ки як ғнаҷира ва амтарӣ хари пири қашок алиш кнӣ, ин хари ту то Ванҷи Боло норафта, дар ам қади ра ваноқат мезана, мемра. Тағоии Раҳимнӣ дига дар фкр мезана, авсари барвахт хара пеш-пеш медозаву бай Срхсангова, мерава дар лави ов, амқа лӯв мекна, ки “ғнаҷима биёре, хартна бгире, даркор нест” – ич кас гапша ам гӯш намекна, амта, ки то вегара дар лави ов места, касе ай вн тараф дар қисаш намегарда.
   Вегаӣ бо мерава шава дар деҳаи Бичхарв рӯз мекнаву бо саҳарша миёя, бо амин ҳол, авғно ам хап, знко таи дандн, рӯзи сейм бо мегарда миёя дар лави ов, ки то абедора хар меғела дроз, иқа почкак мезанаву дар ам лави ов ҷун меда. Тағоии Раҳимам амқаки смбак мезанаву дшмуну қиғр мекна, мебина, ки авғно на гӯшш мекнану на аҳмиятш медан, ноҳилоҷ банди хара ҷаҳм мекнаву ба тақдирш тан меда, лопу лоп рара пеш мегира бай хунара. Найта рӯсён ватандорои убари ови мо. Азиз Қадамов.

Ага бзанам, зану аспмаш мебахшму мерам

  Да Лӯлаи Техарв гӯштин шияст. Палвонои нумии Ванҷу Язглум да гӯштин иштирок доштан. Иматпалвон – палвони нумӣ ҳзур доштаст. Пушти палвон кам змина дияст. Паловонои га ай йӯ мекебиян. Касе бай палвонора шбр меда, ки Иматпалвон ай тайи шалворш ичӣ надора, шалворша да вахти гардуногардун бкаше, то йӯ анаманаи вучкниша караст, ки мезанеш ва пушт.
  Нӯбати гӯштини Иматпалвону Мҳмадшоҳи Жовуд мегара. Баъди чанд вахти зуру зарбу гардуногардун Мҳмадшо фрсате миёваву шалвори палвона поюн мекна. Иматпалвон да ҳолати ногвор саросемаву члпчанг мегараву бай шимш ҳай мекна, ки Мҳмадшо да зминш мезана. Доварнӣ ғрамбарии Мҳмадшора ба назар нагрфта, ҳалол ҳисоб мекна. Иматпалвон ҳарчанд, ки давову тақал мекна Мҳмадшо дюмбора намегира. Палвон сахт хафаву хҷил мегара.
  Амин ҳалам да длшу як вахт Иматпалвон аспа зин мекнаву мерава, занша ай Бовуд, ки хунаи бобаш хабаргирӣ рафта бидаст, бор мекнаву сни боло ҳаракат мекна. Да Жовуд мераса занш да рӯи асп свору да як драхт мебандашу ай варишои Жовуд илтимос мекна, ки гӯштини йӯву Мҳмадшора ташкил кнан. Элон мекна: – “Мн да ҳаётм ай амин ду чиз: зану аспм қиматта надорм, ага Мҳмадшо бзанам, амин ду чзмаш мебахшму мерам бай Ғҷоваса”. Мардми Жовуднӣ Мҳмадшора маҷбур мекнану гӯштиншн медозан, чанд талош мегиран, Иматпалвон ва тахтаи пушт мезанашу лаҷми аспша мегираву раша сни хунаш давом меда. Ба лаҳҷа баргардонидаи ривояти Ҳоким Муҳаббатов.

Палчои сари мумаша бгира

  Дар вахтои донишҷӯиш ай Ванҷ бобаи як донишҷӯбача хабаргириш миёя. Касе то хобгора пеши бачаш мерасунаш. Баъди вохриву аҳволпрсӣ каме дам мегирану бача бобаша мега биёта брем хунаи ҳамаки флунӣ. Мераван дар тралейбус мешинан. Бача чор тин ай тани хдш, чор тин ай тани бобаш билетпулӣ меда. Рӯзига бача ай хов барвахта мехезаву чойя мехраву мега: – “Боба мн дарс мерам хдт олӣ аманда бош”. Баъди рафтани бачаш се чор соҳат мегзараву боба бетоқат мегара, мега ко флунӣ як ҳилоҷ кну мна бай пеши бачам бар ё варам кн та брам.
  Акаи флунӣ вакт надошта бидаст чие, ки овараст дар астанофкаву дар таксӣ сворш карасту таксичира гфтаст, ки амин каса бай фалон адреса бар. Таксичӣ бай ҷойи гфтагира мерасунашу боба ай ҷебакш як тангаи се тинара меброра сни таксист дроз мекна, таксичӣ мега: – “Ҳо, тағо ин чияй?”. Мега: – “Дар тани бай амандара мна оварант”. Таксичӣ мега: – “Тағо як сум мешава” (пешта таксӣ дар шар ай як сум зиёд намегрфт). Боба мега: – “Э мараки хуб, бгирӣ бгӣ, нагирӣ ваам паси сарм, (сни тралейбус ншун медаву мега) ина дина дар намун мошини бӯзбалаи шохдроз рафтем, чор тинш дом, ин мошини майдаки ту бай ду тина бӣ, боре мнам олӣ длм сӯхту се тинт дом”.
  Таксичӣ ай лаҳҷа чзе мефамаву чзера не, ки меброя дар кашталош мегира. Дар минаи ра нуми бачаша мегираву додзанӣ мегира, ки дар амин вахт мошини ГАИ, як марди брутдрози кӯҳистонӣ ҳар рӯзе чанд борӣ ай кучаи Айнӣ мегзашт, мебинашуну мошинша ай ун тарафи ра қарор меда, пешун уманӣ мегара, шофри таксӣ каштали бобара сар медаву тез дар таксӣ мешинаву ҳай мекна. Гайӣ миёя сни боба як чест медаву мега: – “А амак чӣ гап?”. Мега: – “Як шофри сӯқи мстаақа се тинш даам як сум талаб дора, хиёл караст, ки мн ита гӯли нодунм, палчой сари ммаша грфтаст, надмаш”. Гайӣ ай гапош кайф кара, механдаву мебара дар хобгои бачаш мерасунаш. Нуқра Суннатниё.

Ҳамлаи грго

  Даҳ то понзда та индук доштему бобаи раҳматим ай вахти саршавии члаи змстун яке-яке мекушт. Дутошна кшта биву боқимунда дар шохои ангур шав хов мерафтан. Трезаи ҳҷрамун тарафи амун ангур биву ман ай пеши тиреза хов мекарм. Як ними шаве бай гӯшм садои қрипо-қрип ума, очама ведор карм. Бечора бисё хаста бӣ, ки каме гӯш дохту гфт: – “Хов ба тинҷист, ягон гап боша саг меҷақа”. Боз сарма таги кӯрпа карм, некӣ дар дилм ваҳм ховм набур. Оста пардаи трезаро вардоштм, шави матовии рӯвшан дим, ки дар болои барфо саги бсёре болову поюн парияестану индукора дар ҳар бар хафияаестан. Ай тарса сахт дод зом, бобам ведор шӣ, гфт чи гапай, забонм гнг шиву да треза заан грфтм. Бобам назди треза умаву беруна нига кару гфт, вай-вай занак бхез, ки грго индукора хӯран.
  Дукаса берун бруман дар пеши дар як тоси дрози куна чапакарагӣ бӣ. Бобам амун тоса грфту ҳавола до, тоси тнки куна ва зарб да танаи драхти сев бархӯру дар оромии шав чени камуни панҷтира садо бровар, грго тарсину баъзешун холӣ, баъзе гашун индукора кашолакнн грехтан. Ай саг дарак набӣ. Очам гфт, ки мумкин ино ҳаввал сага хӯран. Дига умедшуна ай индукошун кандану уман, некӣ то саҳар ховмун набур.  Вахти нмоз бобам берун брумаву таги ангура хабар грфт, вахте баргашт, гфт,ки пато ҳамаи индукора нобуд каран.
  Иқа баҳ-баҳне карм ай саг дарак нест. Саг ай додарчам бӣ, ин гапа фамӣ барои сагш гряра сар кар, нав рӯз шия  берун брума барои кофтани саг. Як вахт хрсанд баргашту гфт, ки сагм зиндаст, дар таги брғавчи ганҷур друмасту ай тарса овоз набровараст, боҳ-боҳш карм овози мна фамию брумад. Саҳарӣ дием, ки ду индук дар болои як бнгу яке дар болои бнги га, яга ай друни хорои оврав брума, хай ай двоздата чорта ёфт шӣ. Бобам очама длдиӣ кар: – “Занак зиқ нага, ай иқа грги маҳшар чор индукта ёфтӣ шкр бгӯ”.  Ай шавойга индукора дар чала дохтан. Некӣ мн хунам олӣ дар шар дар чорум этажам боша, дар пеши треза хов рафтан метарсм. Ага ягон ҷо меҳмунӣ брам, мегӯм ҷогайи мна дар таги треза напартове, ҳайрун мегаран, ки бай чира. Мегӯм дар таги треза ховм намебара, амитарӣ одат дорм. Некӣ ичкас намедуна барои чӣ итарӣ одат дорм. Нуқра Суннатниё.

Халосмун кне, ки да плен ғалтияем

  Соли 1963,ага хато накнм, дар ёд дорм, мносибатои СССР-у Хитой бсё мташаниҷ шия бӣ. Мардм шаву рӯз дар ваҳмнда бин, ки Хитой имрӯзу сҳар ҳҷм мекна. Се чор бангӣ дар шавӣ (нумошна намегирм) дар амун сари бқии ростаи район ай тарафи Лави Ҷар дар тайи зардолё дуд мекарану вазъияти сиёсира дар масъалаи Хитой мҳокима мекарану мегфтан, ки имрӯзу сҳар Хитой ҳҷум кна чо кнем!?.
  Дар амин вахт як мошини карасинкаш бай пакарника карасин меёвараст. Ншев шяст бай пакарника, ки тормузо гапа нагрфтану хдша ай талвасаи ҷуна бай беруна фрндк карасту мошин саркалапо сни бочкои 200 литраву систерои карасини пакарник шяст. Амун сол ёд дорм амқа таркиши сахте шӣ, ки шави торик дар чанд дақиқа рӯзи рушан шӣ! Садо амита бланде бӣ, ки амтаре,бомбаи атомира бкафунан. Бочкои карасин дар осмун мепарин ва назарму трах-трах мекафин!.
  Вн бангиё дар амун ҷои ҳодиса бидан. Грехтан бай Лави Ҷара, хаёл каран, ки Хитой ҳақатан ҳҷум караст. Давян иқа, ки дар симхорои ҳамаки раҳматии Бег заан шкел!. Доду войшун дар осмун, ки биёе халосмун кне, ки дар плен ғалтяем!. Аълохуҷа Сурхов.
  Баъди амин ҳодиса дар рӯи шифрои магазин як системаи бландовози “Боевая теревога”-ра мунта бин, овозша ай пштане мешнавий. Вклучателш ва тлифон пайваст биву кнопкаш дар райкомпартия. Гаву нога “таревога” медон, якхело бгрез дига! Убежушӣ набиву мактабора ва противагазу лоқу пари хавфу хатари ҳавоӣ қисман таъмин каран! Вараҷаву бераҷа мардми бечорара метарсундан ва радио, шаву рӯз!. Аълохуҷа Сурхов.
  Амун шаву рӯз як грӯҳ алкаши ва “обрӯи” га дар тарафои мо, дар ташкилӣ бидану дар ҷақ-ҷақи ҷангои Гирмон (Германия), ки дар амин вахт бочкоо бкафан, “ана Гирмон ҳҷум кар” гфта, як чандкасш хдшуна партофтан дар минаи глхоро, чанд руз ай куни ун марако хор кандан… Меҳмоншо Шарипов.
  Мо дар мактаб ёд дорм солои 1978 то 1986 дар Поймазору Ванван фақат дарси противагаз доштем. Ғҷоваст умаему угам та халос шийем. Нав фамим, ки гап дар ко бидаст… Хилватшо Хоҷаев.
  ПН: Ана бангу шароб найта тава бидаст, ки одама шармндаву масхараву беобрӯ мекараст…!

Ин индукои мн импортнин

  Ин латифа неву кори аслист, ки мн дар кӯдаким карму ҳозир чақ-чақ мекнм. Бай хунаи тағоии Аслам Мирзоева (рӯҳаш шод боша) меҳмун ай Хоруғ миёя, кадм намойндоеву да вн давра каташох кличкашн бӣ .Тағоии Аслам ву вахт мдири анбори совхози Федченко бӣ. Бад меҳмунора ташкилӣ кару ду индука кушт. Ин баҳорруя бӣ ҷои мо сарҳад хнкай. Бад занако авқота дар дег пхтану даводави аловкнира грфтан. Нхпариву чапотипазӣ. Мн катии бачаи ҳамакм (бачаи доктор Марҳамад Хоҷаев) ай фурсат истифода бурему ду сути индукира дздийему хӯрем. Бад дар паси тирезаи меҳмунхуна рафтему гӯш карем, ки чӣ чақ-чақ мекнан.
  Хуллас, ки вахти авқоткашӣ шӣ, занако рафтан авқота кашияну тағоии Аслам дига тариф дора, ки ду индуки қади нарбз ворина куштамтн, оли бхре каташиянтна намебине. Авқота оваран бай дсторхунаву знӯғ сар шӣ. Ҳама дар тривога, ду сут намераса. Яке ай амн меҳмуно гфт: – “Мирзоев ду индук гуфтӣ, лекин сутои як индук иҷаба ку!”. Тағоима настренош парин, як носа кашиву берун брма, ки ҳаво хнкай индуко дар пеши дари хуна якпоишна дар змин мунтану як поии гашн бардоштгӣ таги кашн мунтигӣ, яке носа тез пх кару дрма рости нми меҳмунора фромушт карм, гфт фалониё брое як минут бай беруна та мн як чӣ бгӯмтн. Ин меҳмунои каташохам ҳардуношн брман, ки индуко да амн ҳолати пештара як лингишн ай хникира олиям вучан. Тағоим бад гфт: – “Дийе, ин индукои мн импортнин, як линга”. Баҳриддин Хоҷаев.

Инш ҳаққи хдт домло

  Хдораҳматии ҳамаки Ҳавсалумбек Саломов палвони нумии Ванҷ биву иш кас қввати дсту панҷаша да ҷавониш (солои 30-40 асри 20)  надоштаст. Некӣ бо як ҳнари безеби дздинӣ доштаст. Як шав, солои пеш дар хунаи Млоносир, бобаи малими хдораҳматии Мироҳанӣ ай Скад, Домло Чача меҳмун шясту Муллоносир гфтаст, ки бре Ҳавсалумбега биёрета амун нарбзма бкша. Хай умасту иқа сҳбата гӯш карасту гап дар бзтаърифкнӣ рафтаст. Домуло Чачане дар чақ-чақ друмасту гфтаст: – “Мн як нарбз дорм, ай пирнахчирондане кататарай, некӣ бо як саги га дорм ай гргнда бадвойиматарай”. Дар амин гапнда Млоносир Ҳавсалумбега гфтаст, ки мо тра бзкшит лӯв караем, на гапгушкнӣ. Гфтастш, ки ай паи корт га.
  Ҳавсалумбег брмааст бзи Млоносира броварасту дар аспи Домло Чача бор карасту бай хунаи хдша бурасту дар оғлш дохтасту як лави нуна грфтасту аспа қамчин заст бай хунаи Домло Чача бай Скада. Саг бай рӯша ҳрафаст караст, ки нунаш партофтаст, саг ва нун гиру катанарбза дар қанчғаи аспи домуло бор карасту бай хунаи Млоносира оварасту кштасту дар дег борш караст. Млоносирам ай ин корои Ҳавсалумбег бехабар мунтаст. Ҳавсалумбег дар сари табақ қатии Домло Чача шстасту сутша дар пеши домло мунтасту гфтастш: – “Инш ҳаққи хдт Домло!”. Мемундории хубш карану саҳарша домло бай хунаша рафтаст. Кампирш гфтас, ки ту руйи ко гардмӣ, ки катанарбз шав гуму пок шяст. Ва длш гфтаст:”Мн динайи шав тарифи прш карм, кадме чшми бадш караст!”. Аълохуҷа Сурхов.

 

Шӯ, ки намедошт тра варишӣ намиёварм

  Ай нақлойи пешина. Як лавнд ай Баравн як рӯзи тирамо ова мепара, мегзара убар, мерава қшлоқи Жумарч, шав да як хуна меҳмун мегара. Хунойи авғунони варанги хунойи пешинаи мо, ҳама дар як хуна. Ин лавнда дар чшмш як нозанин меғалтаву ва як диян ай длу чун ошқ мегара. Шава вазур рӯз мекнаву барвахт бо мегзара имбар. Ҳамакша миёваву мега: – “Ҳамак тиёрита бин, сноча дам мекнм, ин вега убар мегзарем”. Ҳамакш мега: – “Чӣ гапай, тинҷист? Мега: – “Зангапзанӣ мерем, як дхта ай Жумарч бсё маъкулм шияст, дига тоқат надорм, амин вега мерем, хдт варишита бҷмбуну амӯра бай мна гап зан”.
  Кӯтаи сухан мераван, вега меҳмун мегаран. Жумарчӣ як бза мекшаву хуб зиёфатшун мекна. Инсуву ун су нига мекнаву лавнд сни ҳамакш мега ана намӯст, дхтаре, ки мн гиринда шиям. Ҳамакшам хакикатан мараки вариш бидаст. Ҳавал иқа фикр караст, ки пас ай иқа мемундориву хшбошӣ гапа чхел сар кна. Баьд сни соҳибхуна, ки хдш ворин мараки мӯсфеди бардам бидаст, мега: – “Тақсир, ойилатун хела сернфуз бидаст, шносмун кн, ки ино кадмош чит мегаран”.
  Соҳибхуна хуб гфта, ай як лав ва шноскнӣ сар мекна, нӯбат бай амун дхтари ин лавнд хшкарагӣ мераса, дли лавнд тап-тап дар заан медроя, ки гапи соҳибхунара ҳавал намешнававу дбора мепрса: – “Бобӣ ин дхтартай?. Бобӣ мега: – “Не, ҳолӣ гфтмтун, ки сноормай, зани бачайи миюна”. Лавнд ҳммм мегаву пфаки срохшиягӣ ворин дамш дар друн шп мегара. Шав дар чойи хов ҳамакш мега: – “Хдоза шӯ дошта бияст, охӣ ту ҳавал намепрсиву баъд одама саргардун кни!. Қарибе амолӣ гап мезому аманда тай мшту лғати авғуно мемурем”. Лавнд мега: – “Шӯ, ки намедошт ам хдмнӣ гап мезом, тра варишӣ намиёварм”. НуқраСуннатниё. 

Қиссаи ҷанҷоли ду мараки водхдӣ

  Саиду Шодибега да сари ов ҷанг мегара. Саид ва бел мезана Шодибега калякша мешканаву мегиран инша бай беморхунара мебарану йӯша миёян бай млетсахунара. Як ду ҳафта мегзара, як млеса мега: – “Акаи Саид вн одамера, ки зайиш ва шланг ови шӯрво кабнаманш, тра суд мекнан ахир”. Мега: – “”То судкнира барем бай балнесара, ки йӯ шӯрвоора кабӣ мн гӯштошна бхрм, ки ҳаво гармаю гушто трш нагаран”.
  Шодибег мега амин Саид ичи хабаргирим навма, наме хизо кашама биёя?. Меганш дар млеса сахтай. Як мову 12 рӯз пас ҷавобш медан. Мерава млесахуна, мега рафиқи мн ко шӣ? Миёранш бай пеша, меган ина дела караем. Началники млесара мега чанд срокеш меде амӯра дъ таксим кне, та мне брам қатиш трма шинм. Млесоо ҳайрун мегаран. Мега агар ҷавобш наде мнанеям баре қатиш сахт кне, ки чақчақоша ёд карам. Меган бахшмиш? Мега мнам амвахт саҳарша бахшимш, дар ин вахти коро осида карм, мерам олӣ ҳамаи коро тиёр шиян¸ай инданда набурешта корои хочагима кна!.
  Саид мега: – “Э Шодибег, эҳтиёт кн, ки бо як ҷойгата нашканм”. Иқа механдан млесоо қативу як забонхат менависа, ки даво надорм. Бадар мегаран ай млесахуна Саид мега ай аму сумое, ки хабаргирот дант иза дута бай хунама як дъ чз харм!. Шоибег мега: “Саид ва бел зойм бахшимт, некӣ агар ами гапта дига бгӯйӣ, мебарм дар млесат спорӣ!. Муҳаммад Абдурозиқи Неъматзод.

Оҳоо,  ҷндор ам хдт бидай бгӯ!

  Солои пештарак марде ай деҳоти поюни мо, ки ва авғон хамсарҳадан, дар деҳоти боло дӯсте доштаст. Боре да амин мавсими чормағзкаф бай хабаргирии дӯстш миёя. Марди болочӣ зиёфати хуб мекна, ундук мекуша, мағзу мавиз мекаша, бо ду се ёру биёри гарани даъват мекна. Баъди рафтани вно дӯсто тоқа мемунан, баъд марди поёнӣ таъриф мекна, ки ба ивази баъзе коло ай авғон кӯкнори навъи аъло дарёф караст.
 – “Дар кон, ки наёварӣ чой мекарем мезоем дар амин давраи серкорӣ осидоомн мебрман. Охӣ бай ҳазор дарда дорист. Эээ, рафиқиёи тура чӣ бгӯм?”.
 – “Э марак, мо ва як бари га умаем, оли ин даф умам бай доригита биёрма. Дар ганҷури хуна як хамбан соз карам, дар фарш, ганҷура бдияй ане, катахунаи қадима, ки аст?. Ана, дар тарафи чапшай хамбани баҷоим, дарича дора ай тор, дар болош як сабата мундам, хдм медунм ҷоша тамом”. 
  Вахти хов меҳмуна ҷои ховша мепартова сохибхунаву то пгара хайрухш мекна: – “Мо брем дар бари кампир бғелем, агане, натарсмӣ ане? – гфта ай меҳмунхуна меброя.Мерава оғлхуна, аспа меброра, зину лаҷум мекнаву меброя бай ра ягон каса хабар нокара, пеш ай кампиро наметарсин. Амин брмагиш ҳай мена 30–40 километр рост деҳаи дӯстш. Ганҷура меёва, мешкоя, соп-соп мекна сабата мегира, убар фриндк мекна. Дари хамбана меёваву ғӯзоо дар як кузаи гили бидан, ҳамаша мебардора. Бо аспа қамчин мекна рост дар хуна, авсарӣ ношия мераса. Саҳар дӯстш мехеза як аспа хабар гирем гуфта мебина, ки асп дар ову арақ гумайу ларзияестаст.
  – “А бача, ин чи ҳолатай, ту свориш карай наме шав? – ай дӯстш мепрса ва шбҳа. Йӯ да ҷавоб мега, ки: – “Як ҷндор рӯ зааст дар амин оғл, го-го ғам меда молора, амӯ аспа хов намундаст сабилш. Ин ҷураш ам бовар мекна. Баъди ширчой, як кӯкнорчой дам мекна меёра бай меҳмуна, як пиёла мереза меда.
  – “Э ҷура, ин ай кост? Шав набиву” – шбҳаш зиёдтар мегара. 
  – “Э марак, мо ам да таи осмуни Хдойем” – мега ва машаи ханда соҳибхуна. Меҳмун сарша ва аломати ҳайрат такунда мега: – “Оҳоо,  ҷндор ам хдт бидай бгӯ!”. Баҳодури Ҷумъа.

Қиссаи бобии Дайхудо

  Бобии Дайхудо яке ай коркнои Қальа бидаст. Солои дроз қатии миро кор караст. Вазифаи илмӣ неву некӣ вазифаи хизматӣ доштаст. Вахте русо Ванҷа мегиран ҳамчн босмачӣ бандиш мекнан. Мебаранш Хорғ. Да вҷо соло дар трма мемуна. Хела азобш медан. Вахте ки Ванҷа дар Помир қатӣ мекнан, врусо ва померӣ ягукаса мепрсияну ҷавобша менавиштан. Ина як одам мега амин фурсати хубай барои ай турма бадар шиянт, бра бгӯ мора ай Помир воме мумкин ҷавобт бдан. Мерава мега мо мардми Ванҷа қатии померёмун мефора шиян. Шғниё меган ҷавобш де, ин мараки хуб бидаст. Вахте бобии Дайхудо Ванҷ миёя бисё касалӣ мекаша. Хнки прш заабидаст дар трмаи Хорғ. Мардми Ванҷ ва дунашӯрво табобатш мекнан. Дар муддати чанд вахт прра саҳат мегара. Дунашӯрво инай, ки дунаи шрина мешакӣ, рӯғанша мегирӣ, боқимундаи дуноора кнҷора меган., амун кнҷороора дар ов медозӣ, меҷӯша. Баьд мебезиш ва вун шурвоша мекабӣ. Ай чормағз ва дунаи талх фақат рӯғанша мегирӣ тамом, Кнҷораш насиби гово. Зуҳуриддини Нуриддин.

Ҷазо дар зндуни мир

  Дар друни Қалаи Мир зндун бидаст. Чанд бӯзбалаига зндунбун бидан. Касе гно мекараст меоваран зндунш мекаран баьд ҷазош медаан. Як вахто андозҷамкни миро ай Гишхун бидаст, нумш Калхдойӣ. Ин марак як рӯзе қад-қади Ванҷи Боло андозҷамкниӣ меброя. Ай вҷо мегарда то Рав мераса. Дар Рав ва як мардак ҷанҷолш мегара. Мечаспану алик медозан. Калхдойини бӯзбала бидасту мараки равчинӣ . Амта гардуно гардун мераван то минаи змина. Дар минаи змин як чачи лал бидаст. Кадме пешакӣ да вҷо берун кара бидаст. Мараки равӣ амуҷо Калхдоира бланд мебардораву дар амун чачи лал мезана. Ай бахта сарш мезана дар ду минаи ахлот. Вахте мехеза, варишонӣ мерасан. Амиқа Калхдойира тақал мекнан, ки ахлотора ай сарш тоза кнан, намемуна. Мезана амтарӣ дар қалъа.
  Пгаиша як намояндаи мир мерава Рав. Сарвари Рав нумш Ҳамуд бидаст (бобии амаки Снавбару Мнаввару Ҷаққол). Мардаки вариши хуб нону намакдуву пхтаи пр бидаст. Фребш каран, ки брем Қалъа масалаи Калхдоира ҳал кнему биё угам. Вахте дар Қалъа мерасан бӯзбалоои мир мегиран Ҳамуда дсту поша мебандану дар зндунш медозан. Баъд ва калтко заанш мегиран , то ин ки тамоми танаш авгор мегара раҳматира. Чанд рӯз амтариву баъд сарш медан. Баъди чанд вахт гзашта мегара. (Ине ки ва намояндаи мир гардуногардун мекна боби Абдурасул ва лақаби Кетк (биёри бобии Бачонаву Боқӣ) бидаст. Кетк иқа дар Бунай зндгӣ кара бидаст. Як вахте яке ай биёракои амаи Лолара чапот зааст. Амаи Лола бақват бидаст. Кетка лат караст, баьд хестаст бай Рава рафтаст. Йӯра ай амин ҷангараиша Кетк мегфтан. Бобии Бачона овгардуниш рои мекараст қад-қади ра ва ҳама мечаспияст, зиқи пр шиясту бураст убар ай овш караст. Амри Нур).
  Ҳкми куштан надоштан. Ҳкми куштана Додхоҳи Дарвоз доштаст. Ино фақат лат мекаран. Неки касеро лат мекаран баъди панҷ-шаш мо мемураст. Як марака ай Бунай зндунӣ каран ва дздӣ. Бояд дар сарш рӯғани доғ мерехтан. Ҷазои дзд амин бидаст. Неки бобии Млоюсуф (раҳматуллоҳи алайҳ) обрӯ доштаст, рафтаст, гфтаст азобша пасттар кне. Хай гфтан як гова бдаву дар ин ҷавоб. Зуҳуриддини Нуриддин.

Нарбзи Глпочо

  Қиссаи вардоштани нарбузи Глпочо, мири Ванч ай тарафи лавндои Гшхун. Ин нақл ай гфтоои бобии Улфатшо Нодировай, ки 102 сол умр дӣ, Худо рахматш кна. Мир як нарбузи норав доштаст, дар макш зангӯла ва ҳамайи кару фарш, лавндо хабара мегирану нақшаи вардоштанша ва сардории Киром (бобаи Колхоз), Наҷмон (бобаи Зулфиқор), Насрдин (боби Одил), Идибег (бобаи Насрин-философ), Лавнд (боби Мирзо Нуров), Мухаммадзамир (хусурбузурги тағойии Фирдавсии Нуралиён), Худоёрбег (бобии Ҷурабег), Ҳисоча (бобаи Рахмону Исмон), Ҷрӯв (боби Ширин-Регар), Валӣ (боби бобам) мекашану шавакӣ мегзаран. Кирома дар миюнш банда медозану ва дарича мехамбунанш. Ин мебина хама хови ғафлатан дӯкунонда, баъд дар оғл медроя, зангӯлара мебраву дар почкои нарбз пашм мебанда, ки клох-клох накна, даҳаншаам мебандаву банда ва арқаш тов меда, бай ростаи даричара. Ай тор аввал нарбза баъд Кирома мекашан!
  Саҳари ғрев мегара, ки нарбз гумай. Мир хела гулнвозиву дшмуншапшун мекнаву мега, ки ин кори лавндои Гшхунай. Як руз бадша мегзараву мега лавндора ҷам кне коршун дорм. Мегашун, ки ай Ванчи Боло ҳезумовкнӣ мере, вҷо манго тиёран. Иноам мераван кору бора дар 3 – 4 рӯз тамом мекнан. Мира маза меда, ки пешта найин гӯлои нархар ду ҳафта мекашунтан, аку зиёфата ширҷӯши серуғантун мекнм!
  Баъд механдаву мега нарбза мемунде ҳозир мекштмш… Кошиф Сулаймонӣ.

Мборизои раи ҳақ  

  Боби Давлат (хдо биёмрзаш) мӯсфеди хш чақ- чақ ва ҷахондияйе бӣ ва оиди таассуротош ай вохриш ва ду “босмичӣ” дар Ванҷ чнин накл мекар: амун вахто дар сини 18-20 бидаст, як руз дар Ғавеҷ чӯпнӣ мекараст, ки ай дур ай тарафи сангови Шрговад ду аспакӣ чанги рара бровара сни Мдехарв ҳаракат мекаран, оста-оста наздик мегаран. Салом медану баъди прсу пос дар бораи бидан ва набидани аскарои срх да деҳа изҳор мекнан, ки сахт гшнаву тшна бефараву авгоран ва як ҷое боша камта дам гиран, ягон ғизо бхран, гарди рара брорану бо ҳаракат кнан. Мусфедни мегира мебарашн хуна, чзе пайдои ватан бидаст ташкилишн мекнан, мебинан, ки вазият тенҷтаракай дар дл карор медан, ки шав хов бравану саҳарӣ барвахт ҳаракат кнан, мақсадшн ва дараи старғӣ бай Вахёра брмаану рафтан бидаст, ино ай дастаи Фузайлмахсум бидан, ки дар Қалайхмб шикастшн медан срхо, нимша мекушану нимш бай Авгонистона мегреза, ними гаш қади ра бай Ванҷа мегрезан, хлоса мӯсфед бо як шавқу завқ чақ-чақ мекар, бо вучуде, ки вно сар то по мсаллаҳ будан, аммо бисё одамои хшфелу ватамкину ором бидан, да рафторашон ягон нишонаи болоравӣ ва тндгӯйиам набидаст, ай Исломам бохабари сахт бидан, ба гфти раҳматӣ мллобача бидан, хулоса авсари мехезан, иноам иқаига тӯшашн тиёр мекнан, баъди хайру хшу изҳори минатдорӣ мекнан, бадар мекнан ба гфти мӯсфед як чанд танга пули “посчоӣ”-шн медан, ки мақсад мо дар инда иқа дам зоем, таҳом хӯрем, шмора ташвиш доем. Ино меган нагирем, ки вно бай неву нестуншн нига намекнан ва дар боли санҷ тангои бухороишна мемунану свор мегаран ҳаракат мекнан.
  Мӯсфед доим ёд мекар, ки вно ко шин, гзаштан, нагзаштан, дар трақ прақ рафтан, ки ду рӯз баъд ай рафтаншн аспошн бесоҳиб ва зину афзолу ними чзои гашн гаштан уман бай қшлоқораву вно бедарак шин. Ҳамин гапора мӯсфед дар солои 80-ум чақ-чақ мекар ва мақсади гапшнӣ амин бӣ, ки “босмачиё” на дзду роҳзан бин, на одамкуш ва на дшмани миллат, албатта ин гапора рӯи рост намегфту амта ва тарзи чақ-чақ бай мора мефамунд, чнки вн вахто вазияти сиесӣ уқа хубам набӣ ва ихели гапо ҷавобгарии ката доштан. Азиз Қадам.

Қисааи як ҷавонмарди воқеии ванҷӣ

  Дар амун солои бистуми асри бист, вақте, ки русо бай Ванҷа меёян, Қалъаи Рохарва мегиран, ай рӯи нақлои бобам (худованд раҳматш кна) ай тамоми хоҷагиё марако бай ҷиҳода бай Рохарва рафтан. Ай деҳаи Бунайни пр рафта бидан, ай ҷумла бобии Нуралини иштирокчии амун воқеа бидаст. Баъди мағлуб шияни мардми мо, ки ва камунои пилтаиву ва белу чоршох рафта бидан, ай Бунай як хешимун Пӯшак нум доштаст, шаҳид мегара. Шавошав меёрану ба хокш меспоран.
  Амун шав, ки тирамои қавс бидаст, хнки сахт мекнаву барф мебора. Рӯзона аскарои рус кофтукови одамои муҷоҳиди Ванҷа сар мекнан. Меёян дар Бунай, мардми Бунай пешакӣ фамия бидан, ки русо ума естан ҳамашун бай друни дараи Бунайӣ мегрезан, як қисмшун дар друни ҷӯйборо баҷо мегаран. Умуман, дар қишлоқи мо фақат як марак мемуна – бобии Бачона, дига занаку марак ҳама баҷо мегаран. Ин мараки паҳлавонҷусаи бақувват ва ғайюр бидаст. (баъзе коро дора мисли афсунан, агар Хдованд тавфиқ бда, баротун менависмшун). Ун вақто кадм вазифаи гани ай мири Ванҷ дошта бидаст. Барои амин ай деҳа намеброя ва мунтазири русо мегара. Русо меёян, дар маҳаллаи Қофилаи деҳаи Бунай бобии Бачонара мебинан. Дар друни як ванҷихунои қадимӣ, ки дар погаш борои хор бидан, тайи лату қинш мекашан, ки тамоми одамои муҷоҳиди Ванҷа,ки бар зиди уно бай Қалъаи Рохарва ҷанг рафта бидан, нумошна бга. Бобии Бачона нуми ягон каса ба забон намеёра. Баъди ин ва қндоқои камун ва шата чанде метунан мезананш, баъд дар болои бори хорш медозану лғатсумш мекнан, қоил намегара. Амиқа, ки мезанан як одама, нумша намега, чунки медунистаст, ки агар нуми як одама бгира нисфи Ванҷа гум мекнан. Барои амин хап мекна, тамоми сахтиёра таҳаммул мекна ва бай русора ягон нума намега…
  Баъд, бобии Бачонара дар унҷа мепартовану хдшун ай Бунай мегардану бай Рохарва мераван. Баъди амун латои дуру дроз, бобии Бачона касалманд мегара, пас ай чанд муддат ай Ватан бадарғаш мекнан, баъди тамом шияни мӯҳлатш кӯшиши баргаштан бай Ванҷа мекна, неки то деҳаи Сағрдашти ноҳияи Қалъаи Хумб меёя ва касалиш авҷ мегираву ай днё мерава. Дар амун ҷош ба хокш месупоран.
  Ана, ин қисааи як ҷавонмарди воқеии ванҷӣ, ки ҷунша барои мардми Ванҷ қурбон караст, вале сирри мардми Ватанша – Ванҷа фош накараст. Нуралӣ Нуралиён.                                     

Амқа сахтет мезом, ки дига намехестӣ

  Дилдор-палвон Авғунистун мерафтасту мевмааст, баъд кадм келаске хабар мекна врусора, меёян мҳосираш мекнан, ин палвони бӯзбала як чӯви камалира ай кое мегира дар таи кашш ай друни ҷума мехалаву худша таслим мекна. Баъди прсу пос мехостан Хорғш баран ё Дшамбӣ, ки якешун пеш-пеш мерафтасту ду каси гашун ай ақиб. У давроо, роои Ванҷ ранги роои Авғунистун бидан, амта чапараку якпай-якпай, Хдогӯён мегзаштан. Дар кадм овринги қингзаре, ки Дилдор-палвон амун камаличӯва мекаша, то вуши врусо дар сар мезана, ки ин ду касаи ақиба мешапа от дар друни ови Панҷ, ини пеш ам то дст бай камун мебара, ки мезанаш аспқатӣ дар нахи ов. Угам мепара мерава Авғунистуну дига и тарафои Ванҷ тов намехра…
 Дар солои 60-ум бидаст, ё 70-ум, ки Путсику гӯштингирои га ай Тоҷикистон чи мусобиқае мераван бай Авғунистуна. Путсик давраи ҷавуниву бақувватиш чанд палвони авғуна мезана. Яке як мӯсфед бадар мегара, чанд талошу радду бадал мегара, ки Путсика бланд мевардора дар змин мезана. Путсик нақл караст, ки мӯсфед дар зминм зо, сарм бҷмбӣ, баъд остаак дар гӯшш гфтаст, ки “бӯи ватан кмӣ, агане амқа сахтет мезом, ки дига намехестӣ.”… Амин мӯсфед Дилдор бидаст. Фирдавсӣ Нуралиён.

Шермарде ай гзаштаи диёр

  Кашак каровулбегӣ бачаи Хуҷаи Сагбисти Мдехарв. Биёри Хуча Дада бобаи Навруз. Ай Хуча бачоош Аҳён (бобаи Ҳрфон),Турон (бобаи Шодмон ва ғ) Ҳур …   
  Ино ай Мдехарв умаан бай Шрговада. Кашак дар ҷанги зидди кофирои врус рӯзи ҳамла бай Рохарва захмдор мегараву баъдан шахид мегара. Марқадш да тори хунаи Иззатулло Абуллоев дар Сагбистай. Ай вай як духтар мундаст бо нуми Сафарбегим, ки дар Вудоб шавҳар кара бидаст ва бачоош раҳматии Наҷмиддин (бобаи Садриддину рахматии Қамар ва ғ), Зайниддин ва ғ.
  Илова бай ин шаҳид Кашак бзкаши нӯмӣ бидаст, ки қиссаи бзкашиёша ни оли вахт шӣ менависм. Неки имрӯз як чза бояд фромушт накнем, ки вн раҳмати ай ҷумлаи шермардоест, ки алайҳи вруси малъун ва комунистои мулҳид ҷиход кардааст ва нумш анз дар забони бисёри мардм маъруфу машҳурай баъди 100 сол. Некӣ ҳазорои га астан, ки ммрану пагаша касе нумшна намегира… Аъзамшоҳи Шрговадӣ.

Мҳаббати мардм ба Имматпалвон

  Вахтойе, ки да Хорғ да обшижит зндгӣ мекарем, як вахтиёр доштем. Нумш Шакаршо, як мӯсфеди бӯзбалайи да ҷавониёш палвончоп бидаст. Дойим да бораи корнумойи палвонии Иматпалвону Шошопалвону Глаҳмадпалвон да маркази вилоят қисса мекар.
  Иматпалвон да ҷавониёш да Хорғ мехунтаст. Баъд мӯсфеди Шакаршо нақл мекар, ки да Помир бай палвона ҳариф набӣ, чнон гӯштини хшрӯе мегфт, ки ҳамайи халқи Помир мухлисш гашта бин, ай ҳамайи қшлоқу дара гӯштингириша тамошо мевуман. Мусфед мегфт, ки агарчанде палвонойи померира мезо, мардм бо қарсаку қиғр мекаран.
  Ва гфтайи мӯсфед як марак ай Хорғ палвони нумии шару бо завбаз бидаст (завбаз да вун давро яке ай шахсои мҳим бидаст) ва Иматпалвон да гӯштин сахт мезанаш. Ин завбаз барои барқароркнии обрӯву эҳтиборш палвона тақал менаву як шиму кастуни қиматш медаву мега, ки бай мна бой бде. Да вун солойи қашшоқиву қинӣ як шиму кастун ва як барзгови ҷфтӣ бар мезааст. Баъд палвон сару тана мегираву да гӯштин бой меда.
  Мардм бисё зиқ мегаран, баъде, ки мӯсфед шиму кастуна мепӯша ҳақиқат маълм мегара, мардм ай палвон хафа мегаран, мҳабати мӯсфеди Шакаршо бай палвон амте бӣ, ки кайеки амин чақ-чақа мекар, амн мааки завбаза ҳақоратшап мекар… Ашраф Акрам.

Ҷасорати Шониёз

  Ммкин ҷое хато кнм ва ё ба иштибоҳ ра бдм. Некӣ ба маълмоте, ки то мо расияст, Шониёз дар Сунгад зндагӣ мекараст, қатии ҳафт бачашу як биёрзош. Баъи вн ҳодисаи нақл каргӣ, ба унвони ҳадя барои пирузӣ да ҷанг , дар Убари Даргови Рохарв ва Пуни Ҷугнӣ, пеши балнеса змин ба нумш васиқа мегара. Ана яке ай фарзандо ё ба назарма нвасаш Шониҳмат нум доштаст, ки асосгзори сулолаи модарии мо мебоша. Ино дига тақсим мегаран дар Ванвани Боло авлоди Ғаффор (бачоош Ризвону Ниҳмон); ини гаш дар Ғаво Шкрона (бачоош Қарча ва Бачаҷон…), дар Снгад Ҳисочаву Бой (бачоои Бой: Ҷуни Хубу Мусо (Бср)). Дхтарои ин авлод дар Рохарв Иғболак, Зиётӣ да Пайшанбеобод ва чандин деҳаву қшлоқои га ам астан ва баъзе фарзандои бачагишн, ки мн камтар медунмшн. Бо даст даани маълмот ҳатман қиссатн мекнм… (Ровӣ: Х. Хоҷаев).

  ПН: Вахте ки қрғзо мехамбиян ҳамла мекарану занаку дхтарои ванҷира медздиян Шониёз қаҳрамонии сахт мекна, академик да бораш чнин мега: «Дар асри XVIII, – менависад Б. Искандаров, – яке аз мардони шуҷову барӯманди водии Ванҷ – Шониёз аз деҳаи Сумгад, тамоми аҳолии маҳаллиро дар атрофи худ муттаҳид карда, ба муқобили ҳуҷуми душманони аҷнабӣ сафарбар намуд. Бо фармоиши ӯ барои эмин доштани зану фарзандон ҳар як сарвари оила бояд дар ҷойҳои мушкилгузари дур аз деҳот биною бошишгоҳҳои муваққатӣ сохта, ҳангоми вазъияти фавқулъодда онҳоро ба он ҷо мекӯчонд. Дар деҳа фақат мардоне мемонданд, ки ҳифзи бумгоҳ ва шикасти душманро таъмин карда метавонистанд. Аз рӯи шунид харобаҳои хона – паноҳгоҳи оилавии худи Шоҳниёз то давраҳои наздик боқӣ монда буданд».

Халосӣ ай қрғз

  Накл мекаран,ки як бача дар зминои лалмӣ дар пушта даводав доштаст,ки се қрғз чорагиша мегиран, хлоса бачаак зиқ мегара. Медуна, ки мебаранш, ва имову ишора қрғзора мефамна, ки бмунем та нмозма бхунму угам барем, иҷозатш медан, ай лави тегаи азн даан мегира,  сахт-сахт. Азна медаву дар вахти азндии бланд-бланд дод заан мегира: ” – Ассалот се танано!, лӯв мекнм мезанано!, лӯв намекнм мебарано!”.  Мардм дига дарак миёван, белу кланду тиёқу чзе пеши қапшн мезана мегирану ӯй мехран болоӣ, қрғзони ай тарси мардма дма хода мекнан мегрезан бра ва ҷуни бачанӣ мегара халос. (Ровӣ: А. Қадамов).

Қиссоои Қоғазмо

  Амин гапа мн нақлша бо дигар хел фамим, ки дар раи Язглм да як овринги танг бача бачо ҳҷми ногахонӣ мекнан, тортқбарора лати таи пӯстак мекнан, якиёи гашни ай тарсшна хдшна дар ов мепартован бо вҷуде, ки манғито мсаллаҳ бидан. Ай тарсу ваҳми бача бачоора коре ай дстшн намия, ва вн чзе,ки бай Катаманғита талқ  дошт,а й молу сим сар кара то амн дхтарака мебаран бай мири Ванҷа медан. Ин гфтоо ай руи шунидагии хдм ай даҳани мӯсфедо бӣ. (Ривояти А. Қадамов).
  Да бораи Қоғазмо, авлодош дар Гластун дигар қисса мекнан, охири асри 19 ва аввали асри 20, шояд охири аср дрсттар боша, барое, ки ба фикрм дхтари калунии Қоғазмоҳ ай Мири Шех, ки Сарварббӣ нум дошт ва оилаи бобии Мулло Давлат бӣ, давроои кӯдакии мо, яъне солои 70 уми асри гзашта кампири қариб 80 ё зиёдтар бӣ, кампир нағз дар ёдм аст…. ва фарзанди дигарш ҳамаки Улфатшо солҳои 1917 ва амун вақто хулоса донишҷӯ бидаст дар тарафои Бухоро ва Тошканд… Хулоса охири аср баъди ҳҷми авғоно воқеан барои мардми исмоилимазҳаб сахт фоҷиаовар бӣ ва махсус соли 1888, Қоғазмо оилақатӣ аз Қалъаи Барпанҷа бай Ванҷ гуреза мегаран, аслан ага  ин руйдодора муқоиса кнан ҳамаш дрст миёян…. ва акаи Холдори раҳматӣ (Иматшоев) ҳатто нуми падари Қоғазмора, ба фикрам Раҷаб гфт (ина сабтша дорм боз диян мумкинай)… хулоса баъди тинҷи шиян мардаки барпанҷайи бармегарда ва ба хотири нигавубини ин соло ва хешу таборӣ мира мега, ки амин дхтарма бай хдта медм … хулоса баъди вафоти Мири Шех зани Глпочо мегара ва фарзандои дигарша аз йӯ тавалд мекна … ва чхеле, ки устод Тамбаллов нақл кар соли 1930, ки оли сарҳад маҳкам набидаст, Коғазмоҳ барои дияни хешу таборш Барпанҷа рафтагӣ бидаст … ва баъд то соли 1962 дар Гластун зиндагӣ доштаст…  кампири хшрӯ, донишманд ва ватаҷрибаш нақл мекаран ва мекнан кампирои Гластун…кампири раҳмати шояд 120 сол умр дия боша… Ривояти М. Шарипов.
  Мардакии амин мирои Ванҷам дар он бидаст, ки тортқ медану неки дхтар ай Ванҷ иҷвахт даагӣ нестан.Ун померидхтаре, ки гфте нумш Қоғаз ай Поршнёв бидаст ва бсё сохибчамолу хушрӯ. Вакте ки тортқбаро ва Срхангов миёян Мири Шех пешвозшун мерава ва амин дхтара мебина сахт маъқулш мегара. Даъват мекна тортқбарора бай Рохарва хуб меҳмундоришун мекна ва пга бай рафтана Қоғаза мегираву дар ҷош чанд аспу гови дигашун меда. Хулоса розишун мекна ва рапрашун кар.Чанд сол зндагӣ мекнан Мири Шех ва Қоғазмо баъд Мири Шех вафот мекна ва Қоқазмора бародари Мири Шех , Гулпочо ба никоҳи хдш медрора. Ривояти С. Назаров.

Глпочо, Мири Шех ва Шаҳи Дарвоз

  Глпочо наркала бидаст, тибқи баъзе маълумотои боқимунда ба вҷуди ҳама соддагиву оддигиш қарору тасмимош хеле бохирадона, мардмӣ, ватаҳамл ва ба манфиати мрдмш бидан. Глпочо табъи шухикунӣ, сарояндагӣ ва дторзании хуб доштаст. Шаҳи Дарвоз дар Ванч умааст, ай савзоои боғои Ванҷ маззаш дааст, бай Мири Шеха гфтаст, ки ай амин савзоо  қаламча (тхмӣ), ғеш ҷам кну роим кн та мнӣ дар боғи шаҳ бшунм. Сахарша двозда каса роӣ караст, ки бреву дар кузоо ов пр кне бай шаҳа бде. Шаҳ гуфтаст:  – “Мн савзатун гфтм , кузаи ов не”.  Гфтнш, ки амин ова дар боғ қадакӣ брез, савзаи хуб мегара.
  Да вакхти маслиҳат ва машварате дар назди шаҳи Дарвозам Мири Ванч овози алоҳида доштаст. Нақл мекнан, ки чн сари мшкилие дармемундан ва раъйи ҳамдигара мехостан пурсан, мири Ванҷ мегфтаст, ки “оли брам ката- катомна прсм, баъд чавобтуна бдм.
  Таърихи расми Гулпочо боша, уна рахмати малими Дагӣ Исмоилов дар вахти аспирантура хунданаш дар Ленинград ай архивои ҳамун ҷо грфтагист, гфта бӣ, ки ҳаввал надон нсхабардориш кнм , баъд тавасти шносхо ин мяссар шӣ. Баъд расма устод Пирумшоев дар китоби Ванҷ, чоп кара бӣ. Диққат кне, дар болои лингӣ дар миюнш тасма бастагист, ваколати Амири Бухоро ба шаҳигариёе, ки мустакилият доштан. Ванҷ дар нисбати маркази Калъаи Хум ҳам мстақилияте дошт, яъне амлокдорӣ бӣ. Ривояти Ғ. Мирзоев.

Рафту умад ай кои га?

  Ривоят мекнан, ки як боре Ҳавсамадбег бачаи Ҳиззатманд маҳракае медаву ва кадум сабабе Ғиёс бачаи Млоёри шоира даъват намекна. Ғиёс мешнававу сахт меранҷа, бад амин сатрора эҷод мекна:
Ҳамсояи пайндатм,
Убари ов, палиндатм.
Тан, ки надой, эй Ҳавсамад,
Ай хешу қавми бобатм.
Мо мундаем дур ай нига,
Кардӣ ту ҷаҳт ай ҷои га.
Дар байни хешо баъди ин,
Рафту умад ай кои га?
 (Ай катиботи Б. Расо).

Қиссаи Бобии Млошариф

  Бобии Млошарифа ббии раҳматим (дхтарш бӣ вн вахт чанмоҳа бидаст) ай рӯи шнавяш ай ақрабо нақл мекар, ки вахте ки Млои дроз ай Авғнистун мезгараву аскарои срха мекуша, дарои амборора мешканаву карбосу ғаллара бай мардми камбағала тақсим мекнан. Бай бобии Млошарифанӣ чанд кеп газвор медан, ки қад-қади Ванҷ бай камбағалора тақсим кневу бреву мардма аз барҳамдии сохти камнистӣ хабар бде.
  Бобии Млошариф қатии ҷураш бобии Бидон ва аспо қад-қади Ванҷ газворора тақсим кара, ҷор заа мераван, ки: “Ҳкмати камнистӣ барҳам хӯр, ҳкмати мслмунӣ барқарор шӣ”, Баъди чанде гарнизони камнисто ай Хорғу Қалайхмб миёян, Млои дроз мегрезаву ҳамкору тарафдороша меқапан. Бобии Млошарифа ай Торшери Мрғтгаву бобии Бидона ай Сагбисти Мдехарв пешқапа дохта мебаран.
  Мераван, ки да Техарв шавшн мегара, бад мӯсфедора да як кадн қама менану як млесаи ишкошимии хдодарс бидаст, фикр мена, ки инора ҳатман қатл менану мн да хуни ду мслмон зомин мегарм. Остаак шав мехеза миёя мегашн, ки бкане тоқчараву бжғаруне грду гӯшаи деволшаву бгрезе ҷунтна каж кне.
  Мӯсфедо ва ҳилоҷое шавакӣ хдшуна бай Жмарчи Авғунистуна мерасунан. Бобии Млошарифа, ки млои босавод бидаст, хуб пазирфта, занш медану хунаш мезанану то охири ҳаётша мдарисӣ мена да Варфад. Бобии Бидон безану зрёт мегзара. Бобии Млошарифа модаршнӣ ай амн ҷо бидаст. Бад вн млесаи ишкошимира чанд мдате да Рохарв ҳапс менану бад ай млесагӣ озод, бад бай Ишкошима мерава.
  Бобии Млошариф ду дхтаву як бача доштаст, Бачаш да шонздасолагиш да шкор ҷар магара вафот мена, дхтари майдакиш сари зача мефавта, дхтари калниш қатии шӯшу бачаш солои навад чанд бор гзашта ума то сари Ванҷа ҳамара хабар грфт. Кампир бовҷуди саводи ибтидоӣ доштанш мегфтӣ, ки профессор боша, бисё илму маърифати бланд дошт, дар ҳар мавзуе гап мезо сханша да мавзу ва шеър тамом мекар. Ай амн дхтареш, ки дхтарак тавалд менаву хдш сари зача мерава, язнаш як қмандони упараст. (Ривояти А. Акрамов).

Гаҷирии Амонатпалвон

  Да вн давр дта палвони зур бидаст, Амонатпалвон да Ровану Ғофилпалвон да Поймазор. Амонатпалвон мега, ки да як ҷо бояд як зур боша, бояд ва Ғофил қваозмойӣ кнм, ё мн зур ё йӯ. Баъд аспа зин менаву сни Поймазор ҳаракат мена. Боор вахти песабарфӣ бидаст. Ғофилпалвон да рӯи бнг барф мерӯфтаст, ай дур дияст, ки як свораки сни Поймазор ва шаст умааестааст. Ай ҳаракату аспдавниёш мешноса, ки Амонатпалвонай. Бай занша мега, ки бра да кататабақ як ширҷӯши серширу рӯған кн, ки амн рованимааки гаҷир умааестаст. Амонатпалвон Ғофилпалвона доиме, ки медияст, пр мешкарнтаст, ки биё гӯштин бгирем та длм қарор бгира, ки кӣ зуртарай. Ғофилпалвон бисё мааки пхтаву пртаҳамл бидаст, мегфтаст, ки оли ягон вахт мегирему уқа гаранш намедааст. Неки Ғофилпалвон нисбати Амонат хела бӯзбала бидаст.
  Баъд Амонатпалвон мерасаву Ғофила лӯв мекна, ки бхамбта гӯштин бгирем. Ғофилпалвон мегаш, ки ӯ марак нав ра умаай, як дам бзан, биё як пиёла чой бгирем, ширҷӯши лой тиёрай мегиремшу бад мехезем гӯштин мегирем. Амиқа, ки мекна ин Амонат қабул намекна, гаҷир мегара, ки биё бгирем та длм қарор бгира. Баъд мӯсфеди Ғофилни мегаш, ки итават, ки мево сар кн бай рӯи бнга. Да рӯи бнги рӯфтгии Ғофилпалвону сар менан қваозмойира. Иқа кашокаш мекнан, ки Ғофилпалвон Амонатпалвона бланд вуч менаву ай рӯи бнг дангалш мена да дрни пртман. Амонатпалвон ягала мешпортаву аранге бадар мегараву рара мегираву сни Рован… Ривояти Назариев Ҳ.