Раҳим Масов

  masovРаҳим Масов – академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор, 16 ноябри соли 1939 дар деҳаи Мдехарви ноҳияи Ванҷи Вилояти мухтори Қӯҳистони Бадахшон дар оилаи деҳқони камбизоат чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Бо тақозои тақдир падараш хеле барвақт аз ҷаҳон даргузашта, Раҳими хурдакак ва модарашро бесаробон монд. Ӯ нахуст дар хонаи кӯдакони шаҳри Хоруғ ва баъдан дар мактаб-интернати Душанбе таълиму тарбия гирифта, соҳиби маълумоти миёна гардид. Зеҳни буррою ҳавасмандии баланди донишандӯзиашро ба назар гирифта, устодону роҳбарияти мактаб-интернат ӯро барои идомаи таҳсил ба факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон тавсия намуданд. Панҷ сол барои ин ҷавони дар тамоми самтҳои таълимию ҳайёти ҷамъиятии факултету донишгоҳ пешсаф, хеле фараҳманду ноаён гузашт. Қобилияти баланди илмию тафаккури мантиқии хатмкунанда Раҳим Масов устодони факултет ва роҳбарияти донишгоҳро ба хулосае овард, ки ӯро барои кор ба Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия намоянд. Инак, аз моҳи августи соли 1961 мутахассиси ҷавони соҳаи таърих Раҳим Масов дар ин муассисаи бонуфузи илмии ҷумҳурӣ оғози фаъолият карда, аз тамоми зинаҳои илмию маъмурии он гузаштааст.  Солҳои 1961-1964 ба ҳайси лаборанти калон кор карда, аз соли 1964 то соли 1967 дар аспирантураи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шуғли таҳсили назарияи тахассусӣ ва доир ба мавзӯи рисолавӣ таҳқиқи илмӣ намудааст. Соли 1967 рисолаи номзадиашро, ки дар ҷумҳурӣ нахустин таҳқиқоти таърихнигории замони шӯравӣ ҳисоб меёфт, дифоъ карда, дар ин самт бо ҷиддияти том тадқиқотро идома медиҳад.  Олими ҷавон, Раҳим Масов солҳои 1974-1988 дар мақоми мудири шӯъбаи таърихи ҷамъияти шӯравии институти номбурда ифои вазифа дошта, нафақат иҷрои тадқиқоти илмии кормандони шӯъбаро таъмин мекард, инчунин худ намунаи касбӣ нишон медод. Таҳти роҳбарии олим дар шӯъбаи мазкур тадқиқоти дастаҷамъӣ ва бунёдии «Таърихи синфи коргари Тоҷикистон» (дар ду ҷилд), «Таърихи сохтмони маданӣ дар Тоҷикистон (1917-1977)», «Очерки таърихи Бадахшони шӯравӣ», маҷмӯаҳои зиёди илмию мақолаҳо доир ба масоили умдаи таърихи Тоҷикистони Шӯравӣ, ки дар ҳар кадом навиштаҳояш мавқеи марказӣ доштанд, ба табъ расидаанд.  Натиҷаи заҳмати муттасил буд, ки соли 1982 Раҳим Масов рисолаи доктории худ «Таърихнигории сохтмони сотсиалистӣ дар Тоҷикистон»-ро дар муассисаи аввалдараҷаи илмии Иттиҳоди Шӯравӣ, Институти таърихи Академияи илмҳои Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ (ш.Москва) бо мувафаққият дифоъ намуда, соҳиби баландтарин дараҷаи илмӣ ва баъди чанде барои дастовардҳои илмию таълимӣ ба унвони профессор мушарраф гардид. Ин дастовардҳои касбӣ ба фаъолияти илмию ташкилотчигии ӯ бештар суръат бахшиданд.  Маҳз бо назардошти чунин қобилияти намунавӣ, соли 1988 Раҳим Масовро ба ҳайси сарварии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд, ки то кунун, яъне чаҳоряк аср ин масъулияти сангинро ба ӯҳда дорад.  Маҳсули хизмати намунавии илмиашро ба назар гирифта, соли 1991 олимро ба сифати узви вобаста ва соли 1994 – узви пайвастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд.  Барои олимони касбӣ ва мутахассисони соҳа пӯшида нест, ки академик Раҳим Масов чун олими дар сатҳи ниҳоят баланди донишҳои касбӣ қарор ёфта, бо тамоми мафҳумаш соҳибравияю соҳибмактаб мебошад. Ӯ аз ҳамкасбони муосири хеш бо эҳсосу тафаккури фавқулъодда баланду қавии мантиқӣ ва хулосабарориҳои воқеъбинонаю ҷасуронаи худ фарқ мекунад. Дар тамоми таҳқиқоташ манфиати халқу кишвари маҳбубаш мавқеи марказиро ишғол менамояд.  Солҳои бо ном тантанаи бозсозии горбачовӣ ва «демократияи комил», ки дар ҷумҳурии мо ба тезутунд шудани авзои сиёсӣ ва билохира ба ҷанги фоҷиабори шаҳрвандӣ анҷом ёфт, олим роҳи халосиро аз ин варта дар рушди худшиносии миллӣ меҷуст, Дар ин ҷода ӯ маҳз ба дарёфти ҳақиқати таърих, чун омили асосии тарбияи худшиносии миллӣ даъват менамуд. Аз диди олим, маҳз дар муносибати воқеъбинона ба таърих метавон оштии миллӣ ва таъмини прогресси воқеии иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангиро дарёфт.  Тафаккури хоси тадқиқию мантиқӣ дар пайвастагӣ бо машаққати сангину муттасили ҷустуҷӯи сарчашмаҳои раднопазири таърихӣ Раҳим Масовро нафақат ба кушоишҳои ҳақиқатбинонаи рӯйдодҳои таърихӣ, инчунин ба фаҳмиши воқеии қонуниятҳо ва дар ин замина ба кашфиётҳои амиқи назариявию тадбиқи амалии онҳо овардааст.  Ду даҳсолаи меҳнати пурмашаққат олимро ба дараҷаи кушоиши тафаккури баландтарини таърихӣ – фаҳмиши ҳақиқатнигории воқеъии таърихӣ, ки дар илм «принсипи историзм» ном гирифтааст, оварда расонд. Аввалин падидаҳои ин усули ҳақиқатнигории таърихӣ дар таҳқиқоти бунёдии «Таърихнигории Тоҷикистони шӯравӣ» (1978), «Таърихи илми таърих ва таърихнигории сохтмони сотсиалистӣ дар Тоҷикистон» (1988) ва дигар китобу мақолаҳои муаллиф ба мушоҳида мерасад. Дар онҳо олим ба дарёфти хусусиятҳои фарқкунандаи таърихию фарҳангии миллӣ даъват карда, мулоҳизоти худро доир ба омӯзиши даврабандию усулҳои нави таҳқиқи таърих пешниҳод намудааст.  Ҳанӯз охири солҳои 70 ибтидои 80-ум бо ташаббуси бевоситаи сарвари ҳамонвақтаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ, олими бузургноми миллат, шодравон академик Баҳодур Искандаров ва мудири шӯъбаи таърихи муосир Раҳим Масов зарурати тадқиқи ҷадиду нашри дубораи таърихи бисёрҷилдаи халқи тоҷик пешниҳод гардида, нақшаи амиқу доманадори ин амали бузурги дар пешистодаро ба муҳокимаи васеи мутахассисон гузоштанд. Ин нақша аз тарафи олимон ҷумҳурӣ дастгирӣ ёфт. Ба тамоми шароити барои таҳқиқоти илмӣ номусоид ба солҳои 90-уми асри гузашта нигоҳ накарда, маҳз ба туфайли заҳмати ташкилотчигии сарвари нави ин муассисаи марказии илми таърихи ҷумҳурӣ Раҳим Масов оғозу идомаи нашри ин тадқиқоти воқеан бузурги таърихи миллат дар шаш ҷилд амри воқеъ гардид.  Охири солҳои 80-уми асри гузашта як силсила мақолаҳои олим, рӯи чоп диданд, ки ба омӯзиши таърихи фоҷиабори солҳои 20-30-юми қарни сипаришуда бахшида шудаанд. Ин худ даъвате буд барои омӯзиши ҳақиқати таърих. Бояд қайд кард, ки дар ин амали хайр Раҳим Масов ҳамфикрону пайравони зиёде пайдо кард. Ин тарзи биниши таърихӣ аз мақолаҳои хеле мубраму рӯзмарраи як зумра муаррихону ҷомеашиносони тоҷик охири солҳои 80 ибтидои 90-ум дар матбуоти даврӣ ва маҷмӯаҳои илмӣ ба табърасида, эҳсос мешуд. Ин аз нақши таъсири тафаккури нави таърихӣ дарак медод.  Дар ин радиф аз воқеъияти ба он раванд мухолифи замон бояд сарфи назар накард. Аз тамоюли нави дар таърихнигории илмӣ пайдошуда, шахсоне низ истифода бурданӣ шуданд, ки аз таъриху дидӣ таърихӣ фарсахҳо дур буданд. Онҳоро фақат ҳисси ғаразноки сиёсӣ ва ҷоҳталабӣ ба ин маҷро ворид сохта буд. Хушбахтона, натанҳо мақолаҳои сершумори дар матбуоти даврӣ ба хонандагони ноогаҳ пешниҳодшуда, инчунин «асарҳо»-и калонҳаҷми бо роҳу маблағгузориҳои гуногун чопнамудаашон низ ба ҳадаф нарасиданд.  Дар давраи ниҳоят ҳассоси сиёсии соли 1991 рӯи чопро дидани китоби Раҳим Масов «Таърихи табартақсим», бемуболиға гардише буд, дар тафаккури нави таърихнигории ҷумҳурӣ. Ин таҳқиқот ба диди наву фаҳмиши воқеъбинонаи омӯзиши таърих ибтидо гузошт. Беҳуда нест, ки ин китоб ба асари сермутолиатарини таърихии ибтидои солҳои 90-ум табдил ёфт. Албатта, ба он ҳар кас аз диди худ баҳо медод. Вале дар байни садои мутантани мухлисони маънирас, овози ғаразмандони мухолиф қариб шунида намешуд.  Китоби навбатии олим «Тоҷикон, бо мӯҳри «комилан сиррӣ», соли 1995 ба аҳли ҷомеа пешкаш гардид. Ин гадқиқот ба даврае рост омад, ки аз як тараф алангаи ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт, аз тарафи дигар, торафт бештар авҷи ҷунбиши худшиносии миллӣ боло мегирифт ва дар ин фаъолшавии ҳисси миллӣ бешак таъсири китоби пешинаи ӯ эҳсос мешуд. Доираи васеи хонандагон, аз мутахассисони соҳавӣ то хонандаи қаторӣ ин китобро чун падидаи бузурги илмию фарҳангӣ пазируфтанд. Ин асар бешубҳа чун намуни беҳтарини нигориши воқеъбинонаи таърих қабул гардид. Бо тамоми ҷиддият метавон гуфт, ки асари номбурда тантанаи ҳақиқатнигории баландтарини таърихиест, ки ба тамоми раванди дарки таърихии халқи тоҷик таъсири инқилобӣ гузошт.
  Ба ин тафаккури баланди шинохти таърих фақат фарзанди халқе қодир аст, ки анъанаҳои хеле қадимаи таърихнависӣ дошта бошад. Ба ин дараҷа фақат намояндаи халқе расида метавонад, ки дар тамаддуни фарҳанги умумибашарӣ нақши назаррасе дошта бошад. Чунин олимро табиист, ки халқи тоҷик дода метавонад. Беҳуда нест, ки дар тамоми минтақаи Осиёи Миёна таърихшиносии тоҷик дар дараҷаи пешсафӣ қарор ёфтаву дар минтақа ҳеҷ вақт ин мавқеъро аз даст надодааст. Намунаи баланди ин пешсафӣ дар фаъолияту мавқеи илмии Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров зоҳир гаштааст. Билохира, дастовардҳои илмии Раҳим Масов нишондиҳандаи пешсафии илмии тоҷикон дар ҷодаи таърихшиносию таърихнигорист. Ҳамин тариқ, ба зинаи сифатан нав ва баландтарини нигориши реалистӣ, ба давраи тантанаи ҳақиқатнигории асили таърихӣ гузаштан, бешак ба ному фаъолияти академик Раҳим Масов ҳамбастаги ногусастанӣ дорад.
  Албатта дар ин роҳ ӯ танҳо нест. Олим зодаи он муҳитест, ки барои расидан ба ин зинаи илмӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст. Он дар фаъолияти як зумра муаррихони номии ҷумҳурӣ зоҳир мегардад. Хизма- ти муҳаққиқ Раҳим Масов дар он аст, ки ба кушоишҳои илмии даҳҳо муаррихони дигар таваҷҷуҳи борикбинона зоҳир намуда, чун таърихнигори нуқтасанҷ дар муқоиса бо дигар далелу бурҳонҳои қотеъ хулосаҳои амиқи рӯзмарраи назариявӣ, ки амалан ба дарди ҷомеа бармехӯранд, бароварда метавонад.
  Доираи фавқулодда васеи тафаккури таҳлили мантиқӣ ба муҳаққиқ Раҳим Масов имкон додааст, ки ҳодисаҳои фоҷиабори нимаи аввали солҳои 90-ум ва вазъи кунунии ҷумҳуриро борикбинона таҳлилу таҳқиқ намояд. Ӯ ҳанӯз хеле барвақт (охири солҳои 80-ибтидои 90-ум), ҳамватонони худро аз оқибати нохуши бозиҳои сиёсию ҷоҳталабӣ, ҷунбишҳои хафвноки ҷаҳолатпарастии динӣ ва маҳалгароӣ огоҳ карда буд. Аз оғоз то анҷоми ҷанги бародаркуши байни тоҷикон ба амалиёти террористию таҳдиди нишонгири қотилон нигоҳ накарда, дар хавфноктарин нуқтаҳои амалиёти мутақобила бо сухани хеш гунаҳкоронро маҳкум ва роҳҳои дарёфти сулҳу оштиро тарғиб менамуд. Дар чунин лаҳзаҳо чашми олим хун мегирист, ӯ тайёр буд, ки ҳатто ба ивази ҷони худ ҳамватанонро ба хотима додани ҷанг ва ҳамдигарфаҳмӣ расонад. Ба садои баланди тиру табли ба ҷанг даъваткунандаи душманони дохилӣ ва хориҷӣ нигоҳ накарда, овози олими ватандӯст Раҳим Масов ба гӯши ҳамватанон мерасид, муроҷиатномаю мақолаҳо пешниҳодоту сӯҳбату даъватҳои насиҳатомезу оштидиҳандаи ӯ аз тариқи воситаҳои ахбору сӯҳбатҳои хоса шунида мешуд.
  Тадқиқоту таълифоти таърихию таърихнигории Раҳим Масов бо он хусусияти худ фарқ мекунанд, ки хулосаҳои назариявию амалии онҳо бевосита ба дарди ҷомеа бармехӯранд. Онҳо пайвандгари таърихи дирӯзаю имрӯзаи миллатанд. Хонандаи тоҷик адабиёти илмию бадеии хонданибоби зиёде дошт ва дорад, вале имрӯз китоберо дарёфт кардан муҳол аст, ки шавқу рағбати хонандаро (ҳатто хонандаи оддиро) то ба дараҷаи китобҳои Раҳим Масов бедор карда тавонад.
  Китоби навбатии устод «Тоҷикон: фишороварӣ ва ассилимилятсия» (2003), ки давоми мантиқии китобҳои қаблиаш «Таърихи табартақсим» ва «Тоҷикон: таърих бо мӯҳри комилан сиррӣ» ҳисоб меёбад, боз як ис- боти раванди раднашавандаи содиқ будани ӯ ба принсипи воқеъбинонаи ин ҳақиқатнигори таърих мебошад.
  Ҳарчанд академик Раҳим Масов ба умдатарин масъалаҳои таърихи замони наву муосир таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад, вале таҳлили муттасили даврони ниҳоят печидаи эҳёи навини давлатдории халқашро ҳамеша дар маркази назар нигоҳ медорад. Бесабаб нест, ки навиштаю хулосаҳои китобҳои каблан рӯи чоп дидаашро бо далелу бурҳонҳои нав рӯи дастомада, пурраю қатъитар мегардонад. Мисоли равшани ин серталабӣ дар китоби ахиран рӯи чоп дидаи олим, «Тоҷикон: таърихи фоҷиаи миллат» (Душанбе: «Ирфон»,2008. – 536 с.) равшан ба назар мерасад. Гарчи мӯҳтавои ин китоби бузургҳаҷм аз дар доираи як ҷилд во- рид намудани он сегонаи қаблан таълифшуда бошад ҳам, хонандаи аз ин китобҳо маълумот бардошта, боз қавитар гаштани хулосаҳои олимро доир ба масоили ҳадафи таҳқиқот қарорёфта, возеҳ дарк хоҳад кард.
  Тадқиқгари ҳассос Раҳим Масовро ба таърих даст задану онро ба мақсади ғаразнок истифода бурдани баъзе аз олимтарошон ба ташвиш навоарда наметавонад. Ӯ борҳо дар мақолаю гузоришҳои худ ба таҳлили ҷиддии ҳодисаҳо ва дарки қонуниятҳои раванди таърих даъват намуда, сабукназарию тамаллуқкории таърихнависони навбаромадро зери танқид гирифтааст. Баъдан ҳамин зарурат олимро водор сохт, ки баъзе аз мақолоти қаблан ба чоп расонда ва ба тозагӣ таълифнамудаашро соли 2005-ум дар шакли китоби мукаммале бо унвони «Масоили умдаи таърихнигорӣ ва таърихи халқи тоҷик» («Актуальные проблемы историографии и истории таджикского народа») пешкаши хонандагон гардонад. Боби аввали китоб, ки бевосита ба масоили рӯзмарраи таърихи Тоҷикистон бахшида шудааст, 18 мақолаи аз ҷиҳати мазмуну мӯҳтаво бо ҳам алоқамандро дар бар гирифтааст. Боби дуввум «Русия ва Тоҷикистон» номгузорӣ шуда, муаллиф аз ҳамбастагии таърихии дуру наздики пешгузаштагонамон ёдовар шуда, муносибати тарафайни кунунию дурнамои ин ду давлати шарикияти стратегӣ доштаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додааст.
  Дар давоми фаъолияти илмии хеш Раҳим Масов таърихи муосири ВМКБ-ро ҳамеша дар мадди назар нигоҳ медорад. Ӯ аввалин шуда ба таҳқиқи таърихнигории Бадахшони Шӯравӣ машғул шуда, натиҷаи онро дар ду барориши (солҳои 1981-1985) китоби «Очеркҳо аз таърихи Бадахшони шӯравӣ» ба чоп расонд. Китоби навбатии ӯ «Файзи истиқлол дар «Боми ҷаҳон» (дар ҳаммуаллифӣ бо нависандаи ин сатрҳо), ки соли 2011 рӯи чоп дидаааст, аз таваҷҷӯҳи хосаи олим ба ин масъала гувоҳӣ медиҳад.
  Академик Раҳим Масов беэътиноии андакеро ҳам дар нисбати таъриху манфиати воқеии миллаташ бардошт карда наметавонад. Хонандагон ин муносибати оштинопазиронаи олимро нисбат ба ҳарзагӯиҳои таърихиншогарони давлати ҳамсоя, ки бузургманишии миллӣ тафаккури онҳоро тира сохтаву кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то таъриху дастовардҳои фарҳангии сокинони асилу бумии минтақаро пурра чун арзишҳои миллии худ муаррифӣ намоянд, ба хубӣ эхсос мекунанд. Дар китобҳо ва даҳҳо мақолаву гузоришоти худ, олим бо далелҳои раднопазир ин кӯшиши бепояи онҳоро ҷасурона маҳкум карда, мавқеи ҳалкунанда ва рисолати таърихии халқашро дар минтақа возеҳан кушодаю ҳифз намудааст.
  Бояд қайд кард, ки ин тарзи муносибати олим ба омӯзиши таърих дақиқназарии хоссаро талаб дорад. Аз ӯҳдаи он фақат олиме баромада метавонад, ки ҳамаи давраҳои таърихиро дуруст дарк карда, дорои тафаккури мантиқӣ ва назариётчии борикбини касбӣ бошад. Раҳим Масов чун олими тавоно, дорои ин хислатҳост. Ӯ ҳақиқати таърихро болои оташу зери теғ бе ҳарос мегӯяд. Ва ин аст бурди ӯ.
  Имрӯзҳо барои мо як чиз мусалламу возеҳ аст. Китобҳои академик Раҳим Масов чӣ дар дохил ва чӣ дар беруни кишвар аз дигар муаррихони муосир дида даҳчанд бештар хонанда ва мухлисон пайдо кардаанд. Ба чанде аз забонҳои машҳуру маъруфи ҷаҳон тарҷума ва ба чоп расидани онҳо гувоҳи ҳол аст.
  Академик Раҳим Масов чун ташкилотчии моҳири илм дар ҷомеа мақоми махсус пайдо кардааст. 25 сол боз сарварии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ӯҳда дорад. Даҳсолаи аввали роҳбарии ӯ ба ин муассисаи марказии илми таърих ба давраи хеле ноҳамвору фоҷиабори халқамон рост омад. Бӯҳрони шадиду давомноки сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, ҷанги шаҳрвандӣ ва мушкилиҳои ба эътидол овардани хочагии халқ, табиист, ки ба муҳити дар замони Шӯравӣ нис- батан солими илм бетаъсир намонд. Беҳтарин мутахассисони ба таҳлука афтода, рахти сафар баста буданд. Иддае бебозгашт кӯчиданд. Вале онҳое, ки манфиати Ватану халқро нисбат ба манфиати худ боло гузошта буданд, ба ҳамаи хавфу нобасомониҳо тоқат карда, тадқиқоти рӯзмарраи илмиро идома доданд. Раҳим Масов бо тамоми имконият кӯшиш ба харҷ медод, ки барои кормандон муҳити мувофиқи илмӣ муҳайё созад. Ин заҳмат барабас нарафт. Кормандони институти зери сарварии ӯ қарордошта, фаъолияти касбии худро беш аз пеш суръат мебахшиданд.
  Ба туфайли ғайрату маҳорати ташкилотчигии Раҳим Масов институт дар ин солҳо ба кам шудани ходимони кордидаю таҷтибаи баланди илмӣ-тадқиқотӣ дошта нигоҳ накарда, самту масоили таҳқиқотро васеъ ва маҳсули илмиашро аз пештара дида, ба маротиб зиёд намуд. Маҳз дар ин солҳо рисолаҳои қавиасоси худи ӯ ва олимони дигари шинохтаи ҷумҳурӣ рӯи чоп дида, дастраси мутахассисон ва доираи васеи хонанда- гон гаштаанд. Падидаи назаррастарини илмии ҷомеа, рӯи чоп омадани тадқиқоти хеле бузургҳаҷму заҳматталаби 6 ҷилдаи «Таърихи халқи тоҷик» ҳисоб меёбад.
  Истеъдоди баланди ташкилотчигии академик Раҳим Масов дар таъсиси Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон низ равшан зоҳир мегардад. Дар он рӯзҳои мушкил олим бо дастгирии бевоситаи Президенти мамла- кат сохтмону тармими ин осорхонаро, ки ҳамакнун бешубҳа дар ҳаёти илмию фарҳангии ҷумҳурӣ мақоми назаррасро соҳиб гаштааст, идома дод. Ин бинои мӯҳташами осорхона дар рӯзҳои ҷашни бузурги миллӣ, 1100-солагии давлати Сомониён (1999) дарҳои худро барои тоҷикистониён, меҳмонони хориҷӣ – мухлисони нақши халқамон дар тамаддуни башар, боз намуд. Заҳмату хизмати ӯ дар таъсиси Осорхонаи мардумшиносӣ низ ба касе пӯшида нест.
  Чун ходими сиёсӣ нақши Раҳим Масов дар ҳаёти мамлакат хеле мукаммал эҳсос мешавад. Ба ҳайси аъзои Комиссияи оштии миллӣ ба набзу дастгоҳи сиёсии ҷумҳурӣ алоқамандии бевоситаи касбӣ дошт. Аз ин рӯ, ӯ чун сиёсатмадор дар қатори маъруфтарин ходимони сиёсию ҷамъиятӣ қарор дорад.
  Вазифаҳои илмию ҷамъиятии бар дӯш доштаи олим зиёданд: узви Комиссияи омӯзиши ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон, аъзои ҳайати таҳририяи сарредаксияи «Энсиклопедия тоҷик», узви Комиссияи давлатии дарёфти мукофоти ба номи Абуалӣ ибни Сино, сармуҳаррири маҷаллаи илмӣ-омавии «Мероси ниёгон», муҳаррири масъули «Таърихи халқи тоҷик» ва даҳҳо китобҳои рӯи чоп дидаву омодаи нашргашта, раиси Шӯрои дифои рисолаҳои докторӣ аз рӯи тахассуси таърихи Ватан ва таърихнигории назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ва боз чандин масъулияти расмию ғайрирасмии илмию ҷамъитӣ.
  Таҳти роҳбарии академик Раҳим Масов чандин доктору номзадҳои илм ба шоҳроҳи касбӣ ворид гаштаанд. Ӯ бешак яке аз саршиностарин бунёдгузорони мактабест, ки дар ҷумҳурӣ ба принсипҳои ҳақиқатнигории таърихи ё историзм асос ёфтааст. Олим аз зумраи муаррихони тавоноест, ки нерӯи қудратёри илми таърихро ба маҷрои ба манфиати халқ мувофиқ, баҳри равнақи худшиносии миллӣ, ваҳдати комил, созандагӣ ва рӯшди бемайлони кишвари азиз равона сохтаанд.
  Дастовардҳои академик Раҳим Масов борҳо бо мукофотҳои давлатӣ аз ҷумла бо ордени Спитамен (соли 1999) сазовор дониста шудаанд. Боиси ифтихор аст, ки хизмати олимро дар Федератсияи Русия бо Ордени «Дӯстии халқҳо» (соли 2001) қадр намуданд. Дар санаи зодрӯзи олим 16 ноябри соли 2009, аз тарафи Сарвари давлат бо нишони олии «Ситораи Президенти Тоҷикистон» дараҷаи аввал мукофотонидани ин муаррихи миллат,ахиран мушарраф гардидани ӯ ба ҷоизаи байнидавлатии «Ситораи ҳамкорӣ» (соли 2013) ва Ҷоизаи ба номи Абуали ибни Сино (соли 2013), нишондиҳандаи эҳтирому эътирофи хизмати ӯст, дар илму сиёсати кишвар.
  Ҳатто чунин шарҳи хеле мухтасару номукаммали фаъолияти илмӣ-сиёсӣ ва ташкилотчигии академик Раҳим Масов водор месозад, ки ҷои ин шахсияти номдори миллатро дар қатори бузургтарин фарзандони он муаррифӣ намоем. (Аз китоби “Ванҷи ман”-и Ҳ. Пирумшо).

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.