Пшихарв

  Таърихи Пшихарв аз тарафи ягон таърихшинос омӯхта нашудаст. Фақат дар охирҳои қарни нуздаҳ ва аввалҳои асри бист чанд муҳаққиқ-ҷосуси рус аз ин русто дидан карда, баъзе ёддоштҳо аз онҳо дар китобхонаҳои Масков ва Петербург боқӣ мондааст. Аз он ҷумла, онҳо зикр карданд, ки дарозтарин дара дар шоҳигарии Дарвоз Пшихарв будааст. Ҳамчунин навиштаанд, ки дар қарни нуздаҳ дар Рохарв 10 буна зиндагӣ мекардаст, вале дар Пшихарв ҳамон замон 50 хунавода мезистаанд.
  Ҳар касе, ки Пшихарв сафар кунад, як нуқта возеҳу рӯшан аст. Пшихарв маҷмӯъаи чанд русто ва маҳалла аст, ки масофаи онҳо аз якдигар дур мебошанд. Ҳоло дар Пуниду, Сари ҷар, Боғӣ, Ҷангал ва Суғзунч мардум зиндагӣ мекунанд, вале мардум аз Бушур, Бишиф, Сарчашма, Пурхуф ва маҳаллаои дигар дар солҳои панҷоҳуми асри гузашта ба ноҳияи Қумсангир, чанд деҳа дар ноҳияи Ванҷ ва Қалъаихум кӯч бастанд. Аҳолии ин деҳа тамоман кам шуд.
  Масъулини давраи шуравӣ ин деҳаро тамоман фаромӯш карда буданд. Мардуми ин деҳа аз одитарин хадамоти зербиноӣ, мисли роҳи мошингард ва барқ маҳрум буд. Ҳукумати онвақта дар як сол як бор ду бор ба Пшихарв фақат барои қаймоқ ва гӯшти индукхӯрӣ меомаданд. Дар тамоми деҳа як мактабу як мағозаи вайрона вуҷуд дошт.

1 Назар

  1. ДЕҲАИ ПШИХАРВ.ҶАМОАТИ ВОДХУД,НОҲИЯИ ВАНҶ,ВМКБ.
    Соли 2002 моҳи апрел буду банда роҳбари иттиҳодияи методии ҷамоат будаму лектор дар ДТМКО-и Вилоят.Чун курсҳои баландбардории ихтисоси омӯзгоронро мегузарондем,дар навбати худ мувофиқи нақша бояд месанҷидем,ки оё омӯзгорони аз такмил гузашта,чизҳои омӯхтаашонро дар амал татбиқ мекунанд ё не.Ҳамин як сабабе шуду ман ба ин деҳа,ки дар ҳақиқат таърихи нуҳуфтаи кӯҳистон аст сафар намоям.Субҳи барвақт раҳакӣ шудам,Аз хона то Даштак бо мошин рафтам. Аз онҷо бошад то худи Пшихарв бо ҳамроҳии амаки Худоӣ.ки дар хараш қопи гандуми тухмӣ бор карда буд,сӯҳбаткунон рафтем.Масофа аз Даштак то Даҳаниов 10 км ва аз онҷо то деҳа бошад,беш аз 7 км роҳ аст.Ин 10 км аввала қад-қади роҳи мошингарди соҳили дарёи Панҷ ва боқимонда роҳ бошад лаб-лаби дарёи Пшихарв қарор дорад.Роҳи мошингарду кӯҳҳои сар ба фалак ва садою наъраи дарёҳои пуртуғён.Чаҳ-чаҳи мурғакони чаману бӯи гулу гиёҳҳои атрофи роҳ як табиати мафтункунандаи диёр.Мавзеи Разак замоне инҷо марде зиста боғу бӯстоне аз худ мондааст.Амаки Додарбек ёдаш бахайр.Чун ба деҳа наздик шудан мегирӣ,баъди кӯҳҳои зич водӣ намоён шудан мегираду гӯё бағалашро ба пешвозат боз мекунад. Дараи Пшихарв дар байни қисматҳои ҷанубу ғарбии қаторкӯҳҳои Дарвоз ҷойгир мебошад.Дарёи Пшихарв аз тарафи рост ба дарёи Панҷ мерезад. Муҳаммад Абдурозиқи Неъматзод дуруст зикр кардааст,ки ҳақиқатан дараи Пшихарв маҷмӯи чанд деҳоту рустое .будаасту ҳоло мардум танҳо дар Пуни ду,Сари ҷар,Боғӣ,Ҷангал ва Сӯғзунҷ зиндагӣ доранд.Аз рустоҳои дигаре чун Бушур,Бишиф,Сарчашмаю Пурхуф мардумаш ба дигар гӯшаи Ванҷу Дарвоз ва солҳои 50-уми асри гузашта ба ноҳияи имрӯзаи Ҷайҳун(Қумсангир) кӯч бастаанд.Мардуми собиқи Пшихарвро дар тамоми гӯшаҳои Ванҷу Дарвоз во хӯрдан мумкин аст Ин аз таърихи куҳан доштани деҳа далолат мекунад. Пшихарв аз шоҳроҳ дар масофаи зиёда аз 7 км дурӣ воқеъ аст ва бо он тавассути роҳи маҳалии мошингард пайванд аст.Деҳа дар масофаи 42 км ғарбии маркази ноҳия,182 км ғарбии маркази вилоят ва 352 км шарқии пойтахти мамлакат ҷойгир мебошад. Дар деҳа зиёда аз 25 хоҷагӣ бо нуфузи беш аз 200 нафар аҳолӣ зиндагӣ дошта,аслан ба чорводорию кишоварзӣ ва боғдорӣ машғул ҳастанд.Иқлими деҳа барои парвариши картошка,меваҳое чун себу,ноку муруду каюн мувофиқ аст.Занбӯри асал парварӣ низ хело ривоҷ ёфтааст.Дар дарёи Пшихарв ду Неругоҳи хурди барқӣ фаъол буда деҳаро бо барқ тамоми фасли сол таъмин менамоянд.Дар бунёд ва фаъолгардонии онҳо саҳми фарзанди барӯманди деҳа,яке аз ихтирокорони машҳури кишвар Давлат Қандов (Худо раҳмату мағфираташ кунад ва аҷрашро қабул намояд) зиёд аст. Шоираи ширинкалом Зебоннисо Хушмаҳмадова низ зодаи деҳаи Пшихарв буда,дар деҳаи Баравн зистааст.Аз гуфтаҳои олими забоншинос,номзади илмҳои филологӣ Шоира Биби Зеб зани босаводу хуштабъ ва Бедилхону Ҳофизхон будааст.Намунаи ашъори шоираи пшихарвӣ дар китоби “Шоирони Ванҷ”-и Комил Бекзода оварда шудааст. Аҳли деҳа бо паҳлавононаш Қаландаров Худойдод,Муҳамадазиз Сардоров,Абдулло ва Давлатбек Қандовҳо,муҳандис ва ихтирокори машҳури ҷумҳурӣ Давлат Қандов,корманди хизмати давлатӣ Сайдалӣ Валиев,Ҳофизи халқии Тоҷикистон Назришо Сӯфиев,омӯзгорони барӯманд:собиқ мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Дарвоз Лаблабон Шаъбонов,Муҳаммадризо Неъматов,Шамсиддин Ашӯров,омӯзгор ва шоир Муҳаббат Қурбонову Раҳимбек Қандов,деҳқони асил Собир Ҷумъаев ва корманди собиқи ҷамъияти матлуботи ноҳия зиндаёд Додихудои Абдулвоҳид ифтихорманд аст.Устоҳои пешини мумтози Пшихарвӣ аз чӯб лавозимоти рӯзмараи мардумро аз қабили:Таванг(сандуқи гирди чӯбӣ),дубарун(табақу тағораи чӯбӣ,сабад,крчу фияк ваичоршоху дигарҳоро моҳирона сохта пешкаши мардуми дигар мавзеҳои Ванҷу Дарвоз мекарданд PS.Ба бародару ҳамдиёр Муҳаммад Абдурозиқи Неъматзод барои кӯмак дар дастрас кардани маълумот изҳори миннатдорӣ менамоям.Аз аҳли гурӯҳ ва ҳамдиёрон хоҳиш аст,ки агар доир ба деҳа ва шахсони номияш,ки аз матн берун монда бошанд маълумоте дошта бошанд,дар каментарияҳо илова менамуданд,сипосгузор мебудем.
    МУАЛЛИФ:ДАВЛАТМИР ЮНУСЗОДА

Добавить комментарий для Лавлатмир Даволатов Лағви посух

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.