Падарам

  NematovmrioПадарам яке аз беҳтарин омӯзгорони ноҳияамон буд, шогирдони зиёде тарбия кард. Ӯ дар сахттарин шароити кӯҳистон шабу рӯз заҳмат мекашид, то фарзандонаш ҳеҷ вақт аз хӯрдану пӯшидан камӣ надошта бошанд. Баъди кор дар мактаб, ки хона мерасид, гаҳворатарошӣ мекард, чӣ қадар рӯи чубҳо шоирона нақшу нигор меканд.
  Бо дӯстонаш хеле содиқ буд, ҳамеша аз холашон хабар мегирифт. Аҳли рустои мо ҳар шаб дар хонае ҷамъ мешуданд ва ҳамеша падарамро даъват мекарданд. Падарам шоҳмот ва шашкабозӣ мекард, шухӣ бисёр мекард, гули сари сабади маҳфилҳо буд. Дар ҷашнҳои арӯсии русто ошпазӣ мекард, таомҳои хуб мепухт, панҷ панҷааш ҳунар буд.
  Ман ёд надорам, ки падарам боре намози шабашро тарк карда бошад. Ҳамеша мехост ба касе хайре расонад. Борҳо дидаам, ки Қуръонро ба рӯву чашмаш мемолиду мегирист ва мегуфт, ки афсӯс хондан наметавонам, шумо ҳатман қироати ин китоби муқаддасро ёд бигиред.
  Охирон бор ману бародаронам ба аёдати падарам, ки рафтем бемор буд. Моро диду хеле хушҳол шуд. Ба ману бародарам Муборакшоҳ гуфт, ки канӣ гуштин бигиред. Мо гуштин мегирифтем ва ӯ шодӣ мекард. Баъдан худоҳофизӣ кардем. Ман вақте аз хона дуртар шудам, дарунамро як алами бузурге фаро гирифт, мегиристам ва гирия маро раҳо намекард, эҳсос мекардам, ки дигар намебинамаш.
  Баъдан тарки Ватан кардем, баъд аз се соли ғарибӣ ба ман хабар доданд, ки падарам аз дунё гузашт. Худованд гуноҳоятро биёмурзад, қабратро пурнур ва ҷоятро ҷаннат гардонад, падари азизам!.
Ку лаззати шаҳди боғу токи падарам?
Ку лаззати қанди себу ноки падарам?
Эй кош, зи оби чашмаи дидаи ман,
Гулзор шавад, хоки поки падарам . (Шеър аз Устод Аъло).
PS: Устоди шодравон Муҳаммадризо Неъматов дар тӯли беш аз 30 сол дар мактаби 8-солаи деҳаи Пшихарв адои вазифаи муаллимӣ карда, шогирдони зиёдеро ба воя расонидаанд. (Дар акс падарам бо нахустфарзандам Симин).

Муҳаммадрозиқ Неъматов.

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.