Орзуи Ванҷӣ

  orzuvanji  Орзуи Ванҷӣ (Даҳбошиев Орзу Раҳмонович) дар таърихи 23 апрели соли 1976 дар маҳаллаи Скосми деҳаи Мдехарви ноҳияи Ванҷ чашм ба олам кушодааст. Айёми туфулиятро дар ҳамин деҳа сипарӣ намуда, мактаби миёнаи №12-ро дар соли 1993 хатм кардааст.
  Он замон авҷи ҷанги шаҳрвандӣ буд ва минтақаи мо таҳти инҳисор қарор дошт. Мардум дар машаққату қаҳтӣ басар мебурданд ва аз рафтан ба марокиз хавфи ҷон мебурданд. Ин сабаб шуд, ки Орзу чанд сол дар деҳа монад ва баъдан ба маркази ҷумҳурӣ рафт. Дар Душанбе шароит ба ӯ хондани мактаби олиро даст надод. Ногузир роҳи ҳиҷратро пеш гирифта, ба шаҳри Маскави кишвари Русистон рафт.

  Мутаассифона, дар он замон бисёре аз ҷавонмардони бофаҳму фаросати диёр имкони ходану соҳибмаълумот шуданро надоштанд ва бархе аз тангии шароиту тазйиқу фишорҳо донишгоҳу донишкадаҳоро тарк намуда, ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанд. Афроди бофаҳму фаросат дар гирдоби пурталотуми ҳаёти муҳоҷирӣ ба ҳар ҷода рафтанд, яке белбадасту дигаре андовагар гашт, яке аробакашу дигаре фурӯшанда шуд, яке роҳзану ғоратгару дигаре авбошу даст ба қочоқчигию нашъафурӯшӣ заду ба ҷои дафтарнишинӣ сокини ҳабсхона гашт…
  Орзу дар муддате донишҷӯи Донишкадаи тиббии шаҳри Ростови лаби Дон буд, вале шароит ӯро имкони хатми онро надоданд. Ӯ бо хонаводаи хеш дар ноҳияи Рамешкии вилояти Твери кишвари Русистон маскан гирифта, алъон раиси ҷамъияти тоҷикони ноҳияи мазкур мебошад.
  Орзу ба иншои шеър шуғл варзида, нахустин маҷмӯаи шеърии хешро дар соли 2008 бо унвони “Ашки чашмони ғариб” таҳти таҳрири Салими Хатлонӣ аз чоп баровард. Дар ҳоли ҳозир маҷмӯаи дигари шеърияшро ба чоп омода намудааст. Орзуи Ванҷӣ аз зумраи шоирони камшуморест, ки анъанаи эҷоди шеърро ба лаҳҷаи модарӣ ривоҷ дода, ин навъи ашъораш хеле намакин ва писанди аҳли диёранд.

Намунае чанд аз ашъори Орзу:

Чӣ хушнамое

Дашту даманаш чӣ хушҳавое,
Мурғони раҳаш чӣ хушнавое.
Сар бар фалаканд куӯҳҳояш,
Обаш ҳама софу пурсафое .
Гардаш ба сарири мижа хоҳам,
Хокаш ҳама зар,чӣ бебаҳое.
Ванҷ аст ба зеби ҳарду олам,
Дар хоки баланди дилрабое.
Аз хомаи Орзу чакида,
Гуяд аҷабаш,чӣ хушнамое!

Хешу таборем хама

Як прахча ай санги диёрем ҳама,
Мо мардми Ванҷ хешу таборем ҳама.
Ай повуну ай боло то дари мазор,
Амакбачаву дӯсту биёрем ҳама.

Накӯ

Гулшани бишгуфтадомонат накӯ,
Эй Ватан,пайванди давронат накӯ.
Қимати хокат ба сад мулки чаҳон,
Эй хушилҳон мурги хушхонат накӯ.
Кӯҳсорат сабзу хуррам дидаам,
Аз Бадахшон то Зарафшонат накӯ.
Тоҷикистон ифтихори ман туй,
Ҷамъ гӯ! Ҷамъи парешонат накӯ.
Тифлаконат даври ту оянд чамъ,
Бо умеди рӯзи паймонат накӯ.
Орзуро гар намонда оби чашм,
Чашмаву руди хурӯшонат накӯ.

Ҷунм

Дар чангу ғбору навбаҳорш ҷунм,
Дар боду хавои ширадорш ҷунм.
Овш дигаву меваи боғш дигарай,
Дар дӯғу қрути мазадорш ҷунм.
Ага касаке ай Ванҷ биёра хабаре,
Дар хшгапиву сари каполш ҷунм.

Чӣ хушнамое

Дашту даманаш чӣ хушҳавое,
Мурғони раҳаш чӣ хушнавое.
Сар бар фалаканд куӯҳҳояш,
Обаш ҳама софу пурсафое .
Гардаш ба сарири мижа хоҳам,
Хокаш ҳама зар,чӣ бебаҳое.
Ванҷ аст ба зеби ҳарду олам,
Дар хоки баланди дилрабое.
Аз хомаи Орзу чакида,
Гуяд аҷабаш,чӣ хушнамое!

Дар ғурбат

То ба кай дур аз Ватан як точики овораам?
То ба кай дар сина ғам бечораам, бечораам?
Гар маро боде навозиш кард соҳибдавлатам,
Эй Ватан, бо ёди ту ҷону дили садпораам.
Аз ҳама дарду ғами ин рӯзгорам бок нест,
Ин дили нармам чунон шуд, ҳамчу санги хораам.
Аз баҳори рафта ёде монду авҷи кӯҳсор,
Бекафан мурдан аҷаб не, беватан бекораам.
Орзу дар сина чандон нола пинҳон мекашад,
Медихад озори дил дар ғурбат аз ҳар зораам.

Умри дар ба дар дорам

Ҳаменолам, ҳаменолам, ки дарде дар ҷигар дорам,
Ҳамесӯзам, ҳамесӯзам, ки умри дар ба дар дорам.
Даруни синаам қалбест, шаб то субх мегиряд,
Зи баҳри он ки аз доғи дили миллат хабар дорам.
Ҷаҳонам Суғду Хатлону Бадахшон аст, медонам,
Вале дардо, ки пои ҷода дар мулки дигар дорам.
Самарқанду Бухоро монд дар ёдам ҳама обод,
Дареғо, меравад ҳар лаҳза, умри даргузар дорам.
Гузашти точикон хоб аст, дар хоки ватан имрӯз,
Худоё, гавҳари миллат чу дасторе ба сар дорам.
Чу Сомонӣ салобат дорад, оре пайкари миллат,
Шавам розӣ зи худ рузе, ки ёри муътабар дорам.
Агар хоб аст ё бедор бинад Орзу раҳме,
Ки бо ёди ғарибони ватан бори сафар дорам.

Модарам

Ғам махӯр аз ҳаҷр охир, меҳрубонам модарам,
З-он ки дунёе нахоҳам бе ту, ҷонам модарам.
Бар Худои хеш бахшо неъмати бахшидааш,
Чуз ба он Якто надонам, қадрдонам модарам.
Ғам ба ҳиҷрат ҷомаи ғурбат ба тан пушидаам,
Мешавад хунин дилам, гар бе ту монам модарам.
Модарам гар ин ҷудоӣ сарнавишту қисмат аст,
Ҳомиям Яктост дар олам, аёнам модарам.
Шеъри ман, афсонаи ман, эътибори зиндагӣ,
Бо ту бошад эътибори ҷовидонам, модарам
Орзу то чанд менолад ба ёди рӯи ту,
Дар ҷаҳони орзу танҳо нишонам, модарам.

 Хабар дорам Худо

Бар ҷамоли хубруёнат назар дорам Худо,
Аз бақои оби хайвонат хабар дорам Худо.
Аз маломатҳои шайтон дур медорам нигаҳ,
Дар балои нафс ҳоло шӯру шар дорам Худо.
Номи ҳак дорам ба лаб андешаи дигар чаро?
Дил ба зикри номи покат баҳравар дорам Худо.
Ҳар чӣ мегуянду дил хуш мекунанд аҳли назар,
Аз ту дар дил эътибори муътабар дорам Худо.
Орзу аз бахт меболам ки сохибдавлатам,
Аз ту ҷону дил чу шири дар шакар дорам Худо.

Мехохад дилам

Аз ҷаҳони даргузар дидор мехохад дилам,
Як нафас бо эътибори ёр мехохад дилам.
Муддате дар ҳаҷр будам дур аз хоки Ватан,
Қатраоби чашмаи кӯҳсор мехоҳад дилам.
Дар ғарибӣ мерасад аз ҳар забоне миннатам,
Ҳарфу овози даригуфтор мехоҳад дилам.
Ай Худо, баҳри вафо бинмой лутфи раҳматат,
Аз барои миллатам ғамхор мехоҳад дилам.
Чуз ба пои ту ба пои кас нахоҳам саҷда кард,
Тоҷикистонам туро гулзор мехоҳад дилам.
Орзу аз қисмати бемори миллат бохабар,
Як тасаллое ба ғамбемор мехоҳад дилам.

Ростиро пеша кун

То тавонӣ ростиро пеша кун,
Аз дурӯғи нокасон андеша кун.
Ростонро мерасад аз Ҳак паноҳ,
Аз дурӯғи нокасон ҳоли табоҳ.

Бай лави овт бараме

Маки қоқу ҳалқи хшк бай лави овт бараме,
Шкамбт, ки сер бӣ ва осида ховут бараме.
Сар калова, по кажова, ай қафои ялқма нун,
Зндгӣ ай кашталот партов-партовт бараме.

Барбод шӣ

Меган, ки брем ҷура, ватан обод шӣ,
Бин хоки азизи мо зи ғам озод шӣ.
Шодам аз ин хабар азизон шодам
Афсуси ҷавниям ба ғам барбод шӣ.

Нешм занамен

Ва бунаву бе буна нешм занамен,
Сад тҳмати ноҳақ пеши хешм занамен.
Нолм ай хдм, нанолм ай халқи Хдо,
Ҳарчанд, ки лғат дар дли решм занамен.

Беҳтар аз ширчой нест

Ванҷзамини нозанин ворини ту ҳеҷ ҷой нест,
Баста оламро бгаштум ҳолате дар пой нест.
Неъмати дунё чашидум ранг ба ранг, олиҷаноб,
Сад ага хушмаза боша, беҳтар аз ширчой нест!

Шкри Худо кн

Бзан қап севи шлмуну дуо кн,
Даме ёд ай ғарибу бенаво кн.
Накн ҳаргиз таманои ғарибӣ,
Бшин дар хунату шкри Худо кн.

Бидҳадаш сад дард беш

Менахоҳад зиндагӣ як мард беш,
Одамиро нест қадри гард беш.
Аз баҳои умр ин дорам ба ҷон,
Ин ки ғайри меҳр раҳовард беш.
Меҳрро дар сина бояд кард ҷо,
То шиносӣ қадри гарму сард беш.
Гар касе нолад зи дарду ранҷи хеш,
Ин замона бидҳадаш сад дард беш.
Оҳи инсон баҳри дунё як навост,
Мекашанд чун донаҳои нард беш.
Бар вафои умр заҳмат мекашад,
Орзу ояд ба ранги зард беш.

 

1 Назар

  1. Назари ман ба орзу ин аст ки бисер сахтихоро пушти сар кард аммо аз рохи илму марифат нагашта худро вобастаи илму дониш карда бисер шерхои тасирбахш навишт ахсан ба шумо орзуи дабоши

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.