Оимҷон Худоёрова

  Оимҷон Худоёрова зодаи деҳаи Рохарви ноҳияи Ванҷ аст. Баъди анҷоми таҳсил дар мактаби миёна, факултаи забонҳои хориҷии Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г.Шевченкоро соли 1969 хатм намуда, ба фаъолияти омӯзгорӣ пардохтааст. Солҳои 1969-1993 ба ҳайси муаллимаи забони англисии мактаби миёнаи рақами 80-и ноҳияи Ленин фаъолият доштааст. Соли 1993 ҷонишини директор ва аз соли 1994 сарварии мактаби номбурдаро ба ӯҳда дорад. Омӯзгори тахассуси олӣ, дорандаи нишони “Аълочии маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон” О.Худоёрова барои хизмати шоён соли 2001 бо ордени “Дӯстӣ” сарфароз гардонда шуд.  (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.