Ноҳияи Ванҷ

  Ноҳияи Ванҷ (форсӣ: ناحیۀ ونج) — яке аз ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст ва дар шарқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад. Маркази ин ноҳия шаҳраки Рохарв (форсӣ: راخرو) аст, ки 171 км шимолтар аз шаҳри Хоруғ дар резишгоҳи рӯди Рохарвоб ба рӯди Ванҷ ҷой дорад.                                                                   

 Ҷойгоҳ

  Ноҳияи Ванҷ бо сарзамини 4430,5 км² дар миёни қаторкӯҳҳои Дарвоз ва Язгулом воқеъ аст. Дар шимол бо ноҳияи Тавилдара, дар шарқ бо ноҳияи Мурғоб, дар ҷануб бо ноҳияи Рӯшон, дар ғарб бо ноҳияи Дарвози Тоҷикистон ва вулусволии Дарвози вилояти Бадахшони Афғонистон ҳаммарз мебошад.
  Аз шимолу шарқи ноҳияи Ванҷ ба ҷанубу ғарби он рӯдҳои Ванҷ ва Язгулом гузар мекунанд, ки ба рӯди Панҷ мерезанд.
  Сарзамини ин ноҳия ду водии нисбатан васеи Бадахшонро дар бар мегирад, ки дар миёни қаторкӯҳҳои Дарвозу Рӯшон ҷойгир шудаанд. Яке аз ин водиҳо дараи рӯди Ванҷ аст, ки беш аз 150 км дарозо дошта, аз пиряхҳои Хирсону Абдуқаҳҳор оғоз мегирад. Дигар водӣ дараи рӯди Язгулом аст, ки дар миёни қаторкӯҳҳои Язгулому Рӯшон ҷой гирифтааст. Баландии водӣ аз сатҳи баҳр аз 1500 то 5000 метр мебошад.                        

Мардум

 Бар пояи омори соли 2009, ноҳияи Ванҷ 30 700 тан ҷамъият дошт ва зичии аҳолияш 7,0 кас/км² буд. Аҳолии ин ноҳия тоҷиканд ва ҳама мусулмони суннӣ ва пайрави мазҳаби ҳанафия мебошанд.  

     Забон

  Мардуми Ванҷ ба яке аз гӯишҳои забони тоҷикӣ сухан мегӯянд. Дар гӯиши ванҷӣ вожаҳои забони паҳлавӣ ва порсии қадим ва вижагиҳои забони порсии садаҳои IX – XIV ҳамчунон пойдоранд ва то кунун вожаҳои ноби забони тоҷикӣ вирди забони мардуми ин сарзамин аст, ки ин ганҷро аз дурдасти таърих то имрӯз зинда ҳифз кардаанд.          

Бахшбандӣ

  Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Ванҷ ба шаш ҷамоат тасим шудааст.

Ҷамоат:

Аҳолӣ:

Рустоҳо:

Ванҷ

9804

Бичхарв, Бодавд, Ускроғ, Роғ, Скад, Пайшамбеобод, Унбари Даргови Рохарв, Рохарв, Гишхун, Бовуд, Одешт,

Водхуд

1944

Пшихарв, Даштак, Лугад, Бунига, Узбай, Лахш, Барав

Жовид

3750

Бунай,Рав,Стварғ, Ардобаг, Жовид, Потов, Арнавад, Убго, Баравн

Рованд

4975

Ширговад, Ғуҷоваст, Мудехарв, Вишхарвак, Старғ, Ғӯмаст, Мурғутга, Рованд, Гармчашма, Сунгад, Ванван, Пойи Мазор

Техарв

3036

Хаспо, Садвадг, Сед, Шаврӯ, Техарв, Чихох, Удоб, Равгада

Язгулом

5414

Мотравн, Вишхарв, Будун, Шавуд, Андарбаг, Жамаг                                                            

Роҳбарӣ

  Сарвари ноҳияи Ванҷ Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Ванҷ – Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ноҳияи Ванҷ ба муддати 5 сол интихоб мешавад.

xaritaivanj
Ноҳияи Ванҷ дар харитаи Тоҷикистон

Донистаниҳо:

Кишвар: Тоҷикистон.
Вилоят: Кӯҳистони Бадахшон.
Марказ: Рохарв.
Замони таъсис: 29 маи 1933.
Раиси ноҳия: Раҷабова. Д.       
Ҷуғрофиёи табиъӣ:
Паҳноварӣ: 4430,5 км².
Шумораи шаҳракҳо: 1.
Шумораи ҷамоатҳо: 6.

Мардум:

Аҳолӣ (2009): 30 700 кас.darvavanj
Зичии аҳолӣ (2009): 7,0 кас/км².
Забони расмӣ: тоҷикӣ.
Забонҳои гуфторӣ: ванҷӣ.
Мазҳаб: суннӣ, ҳанафӣ.

Нишониҳо:

Сарвожа: VA
Код ISO: TJ.BK.VA
Пешшумора: +992 3551
Нишонии почта: 736300
Замон: UTC+5
Вебгоҳ: .tj
Шумораи мошинҳо: 04TJ

  1. Деҳаи номдори олам деҳаи Ванҷи ман аст,
    Баҳри осоиши одам деҳаи Ванҷи ман аст.
    Кӯҳҳоаш қашанг бошад, оби ҷуяш боз даъво,
    Азизу ҳавои форам деҳаи Ванҷи ман аст.

Добавить комментарий для Мудир Лағви посух

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.