Носир Хусравов

  Носир Хусравов устоди варзиши ИҶШС оиди тарзҳои самбою дзюдо, устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Носир соли 1958 дар деҳшӯрои Рохарви ноҳияи Ванҷ ба дунё омада, ғурури ҷавонмардӣ дар қалбаш хеле барвақт, ҳанӯз аз солҳои мактабхонӣ бедор шудааст. Дар мусобиқаҳои вилоятӣ ду карат ғолибияти пурра ба даст даровардааст.
  Баъди хатми мактаби миёна, соли 1976 ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонй дохил шуда, имконияти пурра пайдо намуд, ки бевосита ба касби дӯстдоштааш машғул шавад.
  Ҳанӯз дар давраи донишҷӯи соли якум буданаш (1976) дар мусобиқаи гӯштии умумииттифоқй оиди тарзи самбо дар Қиргизистон ширкат варзида, соҳиби аввалин медали тилло гардид. Ҳамин нишондиҳанда дар мусобиқаи умумииттифоқй доир ба гӯштии тарзи дзюдо дар Ашқобод (Туркманистон) такрор ёфт. Инчунин дар Минск (Белорус) доир ба самбо ҷои аввал насибаш гардид.
  Носир Хусравов ба қатори паҳлавононе дохил мешавад, ки чандин маротиба дар мусобиқаҳои расмии ҷумҳурй ҷои аввалро ишғол намудаанд. Ӯ 8 маротиба қаҳрамони варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаҳо оиди самбо, дзюдо ва гӯштии тоҷикӣ гаштааст. Чунин дастовард ба кам андар ками паҳлавонон насиб шудааст. Чунин нишондиҳандаҳо дар фаъолияти варзишии ин паҳлавони асил кам нест.
  Чизи дигаре, ки аз ҳаёти ин ҷавонмард ба назар мерасад, меҳри хосаи ӯст нисбати диёр. Баъди хатми донишкада ба кор ба мактаби 8 солаи № 9-и Марғутга (деҳшӯрои Рованд) баргашт. Соли 1982 ӯро ба сифати корманди шӯъбаи варзишӣ-ҳарбии кор бо омма дар назди Кумитаи комсомоли вилояти худмухтори Бадахшони Кӯҳистон таъин намуданд. Баъди адои хизмати ҳарбӣ соли 1984 чанде ба ҳайси муаллими мактаби миёнаи № 41 шаҳри Душанбе кор карда, боз аз нав ба диёр баргашт, чун ҷонишини директори мактаби варзиши бачагонаи ноҳияи Ванҷ адои хизмат дорад. Ба шиноварию човандозй, мутрибию сарояндагӣ низ рағбати баланд дорад.
  Ин марди майдон, ки худ бевосита аз мактаби варзиши устодони баландмақом Ҳукуматшо Ғайратов, Маҳмадшариф Сулаймонов, Исмат Абдуллоев гузаштааст, дар тарбияи садҳо ҷавонмардони ҳозираю ояндаи диёр саҳмгузорӣ хоҳад кард. (Аз китоби “Ванҷ-и Ҳ. Пирумшоев).

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.