Нишонҳо

  Фасли зимистон 90 рӯз буда, ба ду қисмат мешавад: чиллаи хурд ва чиллаи калон. Чиллаи хурд 40 рӯз ва чиллаи калон, 50 рӯз буда, “Панҷоҳи мард” номида мешавад. Чиллаи хурд аз 23 декабр то 31январ ва чиллаи калон аз 1 феврал то 23 март тӯл мекашад.

  1. Нишони  “Пайик” (кафи по), 4 рӯз, аз 1то 4 феврал буда, дар таговҳо барф меборад.
  2. Нишони “Нохун”, 7 рӯз, аз 5 то 12 феврал аст. Мизоҷи хунук дорад. Ҳаво хушки бенам мешавад. Дарёҳои хурду калон ях мебанданд.
  3. Нишони “Харк” (буҷулак), 7 рӯз, аз 13 то 19 феврал буда, барфи бисёртар борида, харки поро панаҳ мекунад. Яхи болои дарёҳо дар зери фишори барф мешикананд ва яхселҳоро ташкил медиҳанд, ҳаво ниҳоят сард мешавад.
  4. Нишони “Линг”, 7 рӯз, аз 20 то 26 уми феврал давом мекунад. Барфи калон борида,  линг (соқи по)-ро гум мекунад, шамолу барфбодаҳои хунук вазидан мегирад, ки дар забони халқ “шамоли сари поча” номида мешавад. Сафар кардан хатарнок аст.
  5. Нишони “Зону”, 7 рӯз аст. Аз 27 феврал то 5 март идома меёбад. Дар давоми ин рӯзҳо барфи бошиддат, вале бешамолу бебод меборад, табиати ин нишон гарм мебошад. Дар иқлими боду ҳаво гардиш ба вуҷуд меояд. Табиат ба гармиву нармӣ рӯ мениҳад.
  6. Нишони “Кордавсун”, 7 рӯз, аз 6 то 12 март аст. Шамолҳои сахт дошта, шохи дарахтонро баҳам бармезанад ва баъзан мешиканад. Барфбодаҳои мудҳиш рӯй медиҳанд, дар роҳҳо ва чуқурию ҳамвориҳо барфтӯдаҳо барпо мекунад. Деҳқонон дар ин бора муболиғае доранд: “Кордавсун” мегуфтаст, ки “ман метавонам курраи байталро дар шиками модараш хушк кунам”.
  7. Нишони “Харомез”, 7 рӯз, аз 13 то 19 март давом мекунад. Боришҳои тороноб, тармафароӣ ва омадани сел имконпазир аст.

Фасли баҳор – 90 рӯз. Аз 23 март сар мешавад.

  1. 1. Нишони “Камар”, 9 рӯз, аз 20 то 28 март аст. Се рӯзи ин нишон аз зимистон буда, шаш рӯзаш аз баҳор аст. Фасли баҳор 90 рӯз буда, аз 23 март сар мешавад. Талхаи замин мекафад ва аз он бухори гарм мебарояд. Саршавии ҷуфт. Ҷуфти рӯзи аввал “говхунук“.
  2. Нишони “Дил”, 7 рӯз. Аз 29 март то 4 апрел. Боронгарӣ ва ҳавои сард. Баъди Наврӯз чил кунда бисӯз, Хоҳ шабу хоҳ рӯз.
  3. Нишони “Бару бозу”, 14 рӯз. Аз 5 то 18 апрел. Ҳаво нисбатан гарм буда, айни об шудани барф ва авҷи кори зироат мебошад.
  4. Нишони “Даҳан”, 7 рӯз. Аз 19 то 25 апрел. Дарахтҳои меваи боғию адирӣ нофаю ғунчаҳои худро кулӯла карда, омодаи даҳанкушоӣ мешаванд.
  5. Нишони “Ханда”, 7 рӯз. Аз 26 апрел то 2 май. Ғунча даҳан кушода, гул ханда мекунад. Гулҳои бодом, олуча, олуболу, гелос дар як вақт мешукуфанд.
  6. Нишони “Чашм”, 7 рӯз. Аз 3 то 9 май. Гул хоб мекунад, “чашм мепӯшад”. Дар ин нишон боронгарӣ, жола ва гоҳо сардӣ ҳам рӯй медиҳад, ки меваро хунук мезанад.
  7. Нишони “Ҷунбиш”, 7 рӯз. Аз 10 то 16 май. Дар олами наботот, ҳашарот ва зироат ҷунбиш ба амал меояд. Дарёҳо, обҳои чашмаю кӯҳсорҳо сероб мешаванд.
  8. Нишони “Ҷаврас”, 7 рӯз. Аз 17 то 23 май. Дар мавзеҳои тагов тут пухта, ҷав мерасад.
  9. Нишони “Сабзмоҳ”, 29 рӯз. Аз 24 май то 21 июн. Мева мепазад. Рӯзҳо дароз ва офтоб пурқувват мешавад. Нурмуҳаммад Ёров.

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.