Низоми андозситонӣ

 Ҳайати сершумори амалдорон ва ашхоси вазифадор дар аморати Бухоро барои аҳолии меҳнаткаши шаҳру деҳот бори ниҳоят гарон буд. Тамоми амалдорону дастгоҳнишинони онҳо, ки дар боло ишора рафт, аз давлат ҳеҷ гуна музд намегирифтанд ва ба даромади аз аҳолӣ беинсофона ситондашуда зиндагӣ мекарданд. Ба ақидаи Д.Н.Логофет маъмурияти Бухоро, ки дар системаи иқтоъ тарбият ёфтааст, бо тамоми ҷидду ҷаҳд ба зудтар бой шудан мекӯшад[1].Аз бек сар карда то амалдорони охиринҷомапӯшон ҳамаро тороҷ мекунанд, ки аз ин сабаб аҳолии камбағалу бенаво дар ҳар музофот қудрати андоз додан надорад[2].
  Дар хусуси андозбандӣ ва андозгирӣ ҳаминро қайд кардан лозим аст, ки андози хироҷ, закот ва дигар андозҳо ба қоидаҳои шариат мувофиқат намекарданд ва ба салоҳдиди ашхоси амалдор комилан вобаста буданд. 
 Тақрибан ҳамаи сайёҳон ва муҳаққиқон беадолатии аз андоза беруни амалдоронро дар хусуси андозгирӣ мушоҳида кардаанд. И.И.Гейер дуруст қайд кардааст, ки вазифаи асосӣ ва марказии бек ҷамъоварии андозҳо буд[3].
 Оид ба танзими андоз ягон қонуне вуҷуд надошт. Қоидаҳои шариатии андоз мавҷуд бошанд ҳам, онҳоро сарфи назар намудан барои маъмурини аморат ва амалдорони бекигарӣ мушкилие эҷод намекард.
 Ҳаҷми андозҳо, усули ситондани онҳо дараҷаи истисмори аҳли заҳматро айён иникос карда, сатҳи зиндагиро муайян менамояд ва ба тезу тунд шудани зиддиятҳои иҷтимоӣ муносибати бевосита дорад. Албатта, ин масъаларо муфассалтар таҳлил намудан бамавқеъ мебуд, вале қабл аз ҳама, ба маълумоти муҳаққиқони рус, ки шоҳиди бевосита буданду амалиёти ашхоси ҷамъкунандаи андозҳо ва қоидаи умумии андозгириро дар Бухорои Шарқӣ мушоҳида намудаанд, истинод кардан лозим меояд.
  Маҳдудияти назар ва нодурустии мавқеъҳои методологӣ ба муҳаққиқон имкон надодааст, ки моҳияти иҷтимоии андозҳо, пайдоиш ва такомули онҳоро вобаста ба инкишофи ҷамъияти синфӣ ошкор намоянд. «Характери ҷамъоварии андозҳо, – менависад М.А. Варигин, – бештар ба мукофоти ҳарбӣ шабоҳат дорад, на ба амали олиҳимматонаи хӯҷаин»[4].
Шариат чунин шаклҳои андозро раво медонад:
а) хумс – андози мулки хусусӣ (панҷяки даромад);
б) закот – маблағе, ки мувофиқи шариати ислом бояд аз ҳар навъи даромад ва дороӣ ба нафъи қашшоқону фақирон дода мешавад;
в) закот ал-фитр – андозе, ки баъди адои моҳи рамазон барои камбағалу бенавоён дода мешавад;
г)  садақа – пул ва чизе, ки ба фақирон ва бенавоён чун хайрот дода мешавад;
д) ҷизя – андозе, ки дар мамлакатҳои мусулмонӣ аз ғайри мусулмонон ситонда мешуд;
е) хироҷ (хароҷ) – андоз аз замин ва маҳсули он, андози сарикасӣ;
ё) ушр – андози маҳсулоти замин (даҳяк)[5].
 Дар асарҳои тадқиқотчиёну муҳаққиқони рус, ки аз хусуси андозҳо сухан меравад, номи «хумс» чун яке аз анвои андозҳо во намехӯрад. Ин навъи андозро онҳое бояд медоданд, ки даромадашон аз хароҷоташон бештар буд. Хумс, мувофиқи қоидаи шариат, аз ҳафт навъи молу мулк ва даромад ситонда мешуд: 1) аз музди меҳнат; 2) аз конҳо; 3) хазинаҳо; 4) аз молу мулке, ки бо роҳи қонунӣ ба даст дароварда шудааст; 5) аз чизҳои гаронбаҳо; 6) аз ғанимати ҳарбӣ. Дар ин ҷо бояд аз номувофиқии мантиқӣ бояд ёдовар шуд. Ислом, аз як тараф, ҷангро маҳкум кунад, аз тарафи дигар, ба даст овардани ғанимати ҷангӣ ва аз он пардохти андозро қонунӣ карда, бо ин амал ҷангиданро низ чун амри воқеъӣ дар назар дорад; 7) аз замине, ки мардуми ғайри ислом (зиммӣ) аз аҳли мусулмон мехаранд[6].
  Чи тавре дида мешавад, баъзе аз ин анвои молу мулк ва даромадҳо дар шароити Бухорои Шарқӣ набуданд ва ба муҳаққиқони рус мушоҳидаи ҷиддӣ бурдану рафти ситондани хумсро ба ҳисоб гирифтан хеле душвор буд. Онҳо шояд ин навъи андозро аз дигар андозҳо ҷудо карда натавонистаанд. Вале академик Б Ғафуров возеҳ нишон додаст, ки дар бекигарии Ҳисор деҳқонон барои истифодаи заминҳои обӣ хумс, яъне панҷяки ҳосилро ва аз заминҳои лалмӣ ушр – даҳяки ҳосилро медоданд[7]. Дар хусуси закот-ал фитр ва садақа маълумот тақрибан оварда намешавад. Миқдори ин навъи андозро муайян кардан ниҳоят душвор буд.
  Муҳаққиқони рус ба закот, ки дар системаи андозситонии давлатҳои мусулмон мавқеи муҳимро ишғол мекунад, бештар диққат додаанд. Шариат чизҳои аниқро, ки аз онҳо закот ситондан мумкин аст, дар назар гирифта муайян кардааст ва ҳамаи мусулмонони эътиқодманд – дорандагони манбаъҳои даромад (замин, об, осиёб, чорво, савдо), ба ғайр аз касалмандону қарздорон бояд дар чаҳорчӯбаи талаботи он қоида амал намоянд. Барои закот аз чорвои калон шариат чунин қоидаро муайян намудааст: аз 5 то 25 уштур барои ҳар панҷсар – як буз ё як гӯсфанд, аз 26-35 сар уштур як уштури дусола, аз 36-44 – як уштури сесола, аз 45-60, як уштури чорсола, аз 61-75 – як уштури панҷсола, аз 76-90 – ду ушту- ри дусола, аз 91-120 – ду уштури дусола, аз 121 зиёд – аз ҳар чил сар уштур як уштури сесола. Агар ҳисоб аз рӯи 50 равад, пас аз ҳар 50 сар уштур як уштури чорсола закот дода мешуд. Шутури барои иҷрои закот пешниҳод шуда бояд мода бошад. Гарчи ин навъи ҳайвонот дар шароити Бухорои Шарқӣ кам ба назар мерасид ва дар Дарвоз аз ҷумла миригарии Ванҷ қариб тамоман набуд, чун дар радифи анвои андоз ҷой дорад, лозим донистем, ки аз ин ҳайвони барои арабҳои кӯчӣ маъмул сарфи назар накунем.
 Барои гову бузу гӯсфанд шариат чунин қоидаи пардохти андозро муайян намудааст: барои 30 сар гов – як гӯсолаи ду сола ё барои 40 сар гов 1 – як гӯсолаи сесола, аз 60 сар гов – ду гӯсолаи сесола; ҳамин тариқ, аз рӯи 30 ё 40 сар чорво закот ситонда мешавад. Барои бузу гӯсфанд бо- шад, чунин закот муқаррар шудааст: аз 40 сар гӯсфанд (ё буз) – як сар гӯсфанд (ё буз), агар миқдори ин навъи чорво аз 40 сар кам бошад, мувофиқи шариат закот ситонда намешавад; аз 121 сар гӯсфанд – ду гусфанд, аз 201 гӯсфанд – сето, аз 301 – чорто ва ҳамин тавр аз ҳар 100 сар яктоӣ гӯсфанд ё буз закот ситонда мешавад. Дар савдо закот ҳамон вақт ситонда мешавад, ки агар 40 танга дар як сол 200 танга афзоиш диҳад. Дар он сурат соҳиби пул вазифадор аст, ки аз ҳар 20 танга як танга закот диҳад. Нисбат ба андози замин (ҳироҷ) ва ушр низ чунин қоидаҳо мавҷуданд.
 Шариат аз 9 навъи маҳсулот андоз гирифтанро тавсия додаст, ки чунинанд: 1) гандум, 2) ҷав, 3) хурмо, 4) ангур ё мавизи он, 5) тилло, 6) нуқра, 7) уштур, 8) гов, 9) бузу гӯсфанд.
 Фарқи байни андози закот ал-фитр (фитри рӯза) ва садақа дар он аст, ки миқдори пардохти аввалинро шариат нишон додаст. Мувофиқи он аз ҳар аъзои болиғи оила бояд охирин рӯзи моҳи рамазон ба миқдори як саа (ба 3 кг гандум ё арзиши он баробар аст) барои эҳтиёҷмандон дода мешавад. Садақа бахшидан бошад, ихтиёрӣ буда, пурра ба ҳиммати садақадиҳанда ҳавола мешавад[8].
 Маълумоти муалифони тоинқилобиро бо қоидаҳои шариат оид ба ситондани закот муқоиса намуда, боварӣ ҳосил кардан душвор нест, ки дар Бухорои Шарқӣ, аз ҷумла дар бекигарии Дарвозу миригарии Ванҷ ин қоидаҳои андозситонӣ дағалона вайрон карда мешуданд.
 Тибқи маълумоти ба табъ расонидаи Г.А. Арандаренко, ки ба солҳои 80-уми асри XIX тааллуқ доранд, дар бекигарии дар Дарвоз 25 ҳазор ботман зироати ғалладона (ба ҳисоби пул 20 ҳазор сӯм), 6 ҳазор сар бузу гӯсфанд (6 ҳазор сӯм), аз заршӯӣ 5 ҳазор сум хироҷ ситонда мешуд. Ғайр аз ин 1/ 20 ҳиссаи ҳосилоти тут барои андоз рӯёнида мешуд. Ҳамагӣ дар Дарвоз андоз 31 000 сӯмро ташкил медод. Муаллиф қайд кардааст, ки аз ин миқдори андоз 3/4 ҳиссааш барои ҳокимияти маҳаллӣ ва хизматгузорони онҳо дода мешуд. Вале ин ҳисоби ӯ аз диди мо пурра буда наметавонад, чунки амалдорони маҳаллӣ ҳама вақт миқдори андозро аз будаш ба маротиб кам нишон дода, зиёдатиашро азхуд мекарданд. Инак, аз рӯи ҳисоби ин муаллиф, ба хазинаи амир аз Дарвоз 6 ҳазор сӯм даромади холис ворид мешуд, ки дар он ҳиссаи Ванҷ низ ҷой дорад.
 Пас, маблағи нишондода нисбатан кам ба назар мерасад. Вале агар ба ин хароҷоти тортуқ (пешкаш)-ро зам кунем, он гоҳ маълум мешавад, ки ба хазинаи амир маблағи хеле калон аз ҳисоби ин бекигарӣ ворид мешуд .
 То солҳои ибтидои солҳои 80-уми асри XIX системаи андоз дар Дарвоз ва Қаротегин қариб батамом дар ҳамон дараҷаи пеш аз ҳамроҳ кардани ин манотиқ ба аморати Бухоро нигоҳ дошта шуда буд. Минбаъд ҳаҷми андозҳо муттасил меафзуд. Дар ин хусус маълумоти муаллифони баъдина шаҳодат медиҳанд, алалхусус чунин далел, ки агар беки Дарвоз аввали солҳои 80-ум аз пешниҳоди тортуқ озод бошад, пас дар охири солҳои 80-ум (соли 1889) Б. А. Громбчевский ба Дарвоз сафар карда, тортуқ бурдани бекро мушоҳида кардааст. Тибқи маълумоти ӯ бек ҳар сол, вақти ба Шаҳрисабз омадани амир ба зиёраташ рафта камаш 7 асп бо зину афзоли қиммат, 7 бӯғча (ҳар кадом иборат аз 9 сару по либоси барои амир муносиб) тортуқ мебурд[9].
 Маълумоти капитан Кузнетсов, ки ситондани андозро дар Дарвоз инъикос намудаанд, хеле ҷолиб мебошанд. Ӯ қайд намудааст, ки андоз дар ин бекигарӣ аз хироҷ иборат мебошад ва 1/10 ҳиссаи ҳосил бо маблағи беш аз 200 ҳазор тангаро медиҳад[10]. Закот, яъне андоз аз савдо ва чорво дар ин бекигарӣ аслан вуҷуд надорад. Сабабаш эҳтимол аз набудани муносибатҳои мӯътадили тиҷоратӣ, аниқтараш, ниҳоят суст будани муносибатҳои молию пулӣ ва нисбатан кам будани саршумори чорво бар меояд. Аз тарафи дигар, мувофиқи далели муаллифи мазкур, чунин навъҳои андози ғайриқонунӣ ва аз тарафи амир муқаррарнашуда мавҷуд буданд: дудона – аз ҳар ҳавлӣ ду матои арзишаш 80 тинӣ, ки андозаи ҳар яке 12 газ (ченаки дарозӣ, як газ – тахминан 91,5 см) гирифта мешуд. Агар матоъ набошад, ба ҷояш як буз (Вахёи Боло); шӯра – аз ҳар хонавода як порча матоъ ба ҷои борут барои милтиқ; таноби (пилтаи) милтиқ – аз ҳар хонавода як матоъ (дар замони шоҳӣ ин андоз ба 7 оршин (1 оршин ба 72,12 см баробар буд) барои таноби (пилтаи) милтиқ; мирдархона (мири дари хона) – андоз барои анвои ғайриманқул, ҳар деҳа (қишлоқ) бояд 12 порча матоъ медод[11], ки дар иҷрои ҳамаи он Ванҷ истисно буда наметавонист.
 Дар баробари хироҷ дигар андозҳои ғайриқонунӣ, ки шариат пешбинӣ накардааст, ситонда мешуданд. А.Е. Снесарев дуруст қайд мекунад, ки ин андозҳо аз сохтори маъмурияти хонии Бухоро пайдо шудаанд, ки дар он ашхоси маъмур аз ҳукумат ҳеҷ гуна музд намегирифтанд ва аз ҳисоби аҳолӣ рӯз мегузарониданд.
 Доир ба шумора ва навъи андозҳои (ба ҷуз андозҳои шариатӣ) дар аморати Бухоро ба ҳукми анъана даромада маълумоти аниқ дарёфтан ниҳоят душвор аст, чунки вобаста ба шароити ҷуғрофию иқтисодӣ ва навъу ҳаҷми истеҳсолот дар ҳар бекигарӣ бо баъзе фарқиятҳои ҷиддии ҷузъӣ амал мекард. Тибқи маълумоти мавҷуда, дар аморат аз чунин навъҳои даромад ва кору фаъолияти зиндагии мардум андоз меситониданд:

     1.Хироҷ – андоз аз замини кишт, ки ба он ушр ҳам дохил мешуд.

     2.Алафпулӣ – музд (ҳақпулӣ) барои кишти юнучқа ва истифодаи чарогоҳҳои доманакӯҳ.

     3 Боғпулӣ – андоз аз токзор.

     4.Чорбоғпулӣ – андоз аз боғи мева.

  1. Аҷноспулӣ – андоз аз полезу сабзавотпарварӣ.

  2. Қовунпули – андоз аз харбузаву тарбуз.

  3. Ускунапулӣ – андоз аз шинодани ниҳолу пайванд кардани он.

  4. Санҷидпулӣ – андоз аз дарахтони санҷид.

  5. Чӯбпулӣ – андоз аз чӯби сохтмон ва тайёр намудани ҳезум.

  6. Баргпулӣ – андоз аз пиллакорӣ.

  7. Қӯшпулӣ – андоз аз ҷуфти гов.

  8. Яксара (яксира) пулӣ – андоз аз як сар барзагови ҷуфт.

  9. Закот – андози ҳайвонот.

  10. Ҳавлипулӣ – андоз аз хона.

  11. Аминона – андоз аз истифодаи об ва фурӯши мол дар бозор.

  12. Тагиҷойпулӣ – андоз аз ҷои фурӯши мол дар бозор.

  13. Чуил – як навъ андози ҳарбӣ.

  14. Бақияпулӣ – андоз барои сохтмони иншоотҳои обёрикунанда.

  15. Шох ва мехпулӣ – андоз аз маводи барои сохтмони хона истифодашаванда (қамиш, шохча ва мех).

  16. Лабакипулӣ – андоз барои тозакунии ҷӯйборҳо.

  17. Ҷӯйчапулӣ – андоз аз ҷӯйборе, ки аз ҷӯи калон ба замини худ кашида мешавад.

  18. Чиғирпулӣ – андоз аз чархи оббардор.

  19. Осиёбпулӣ – андоз аз осиёбу ордкунӣ.

  20. Обҷувозпулӣ – андоз аз ҷувози баринҷтозакунӣ.

  21. Кемапулӣ – андоз аз гузаштану гузаронидани бор бо кема аз дарё.

  22. Фарсахпулӣ – андоз барои роҳи омма.

  23. Ҷизяпулӣ – андоз аз раъияти ғайримусулмон.

  24. Арабпулӣ – андоз аз қабилаи арабҳои дар қаламрави Бухоро иқоматдошта.

  25. Мерганпулӣ – андоз аз шикор.

  26. Аворизот – андоз дар ҳолати фавқулъоддаи ҳарбӣ.

  27. Қарачилик – андоз барои нигаҳдошти оромӣ ва таъмини хизмати полисӣ дар шаҳрҳо.

  28. Ҳашар – хизмати баршинавӣ (кори маҷбурии бемузд барои заминдорону амалдорон).

  29. Улавгирӣ – бо ҳайвони боркаши худ бори амалдорону хӯҷаинонро кашидан. Дар сурати надоштани ҳайвони боркаш музди улав («улав» ё «улоғ» калимаи туркӣ буда,  маънои ҳайвони боркаш, бахусус маркаб – харро дорад) ситонда мешуд[12].

  Бояд қайд кард, ки ба ҷуз ин номгӯи андозҳо боз дигар навъи анвои андозҳое буданд, ки ба ин рӯйхат ворид нагаштаанд, Аз ҷумла: закоти чакана – андоз аз 40 кам саршумори чорвои майда; андоз аз фурӯши моли майда-чӯйдаи дастӣ, ки дар бозор фурӯхта мешуд; котибона – андоз барои музди котиботи амир ва бекҳо; миробона – андоз барои миробҳо; хидматона – музди гузаронидани чорабиниҳо барои амир ва ғайра [13]. Ба замми ин дар Бухорои Шарқӣ, аз ҷумла дар Қаротегину Дарвоз боз андозу маҷбуриятҳое ситонда мешуданд, ки чанде аз онҳо дар қатори он чи зикрашон рафт, қайд нагардидааст.
  М.Р.Раҳимов чунин анвои андозҳои дар 4 амлокдории водии дарёи Хингоби бекигарии Дарвозро муайян кардааст:

  1. «ушр» – андоз аз даҳяки ҳосил ҳам аз замини обӣ ва ҳам лалмӣ;

  2. «амал» – андоз аз ҳар хоҷагӣ як гӯсфанд ё буз. Дар ҳолати надоштан як карбос (8 чӯвгаз – қариб 24 метр);

  3. «закот» – аз ҳар 40 сар чорвои майда – як сар;

  4. «закоти қунурға» ё «чорвои қунурға» – дар ҳаҷми як сар гӯсфанд ё буз барои зиёфати амалдороне, ки бо супориши бек аз роҳи ба хонаи андоздиҳанда наздик мегузаранд;

  5. «чорвои утохӣ» – андоз аз ҳайвонот барои сарбозони бек ё амлок- дор. Аҳолии ҳар деҳа барои бек ва амлокдор ҳар сол ду гӯсфанди забҳшуда ё зинда бо як сабад нон мефиристоданд;

  6. «дудуна» – ин андоз дар давраи шоҳӣ дар шакли маҳсулот ва дар давраи амирӣ бо пул дар ҳаҷми 1-2 танга аз ҳар хона ситонда мешуд;

  7. «рӯғани мирӣ» – ҳар сол як кӯзача, дар ҳаҷми як килограмм равғани зард аз ҳар хоҷагӣ (буна) барои бек;

  8. «маскаи қунурға» – андози солона дар ҳаҷми ду кафлез (ҳар кадоме 10,5 кг) равғани зард барои амалдорони давлатие, ки аз ҳудуди амлокдорӣ мегузаранд;

  9. «пашми мирӣ» – аз ҳар хоҷагӣ 10 қадоқ (4,5 кг) пашм барои бек. Дар баъзе деҳаҳо банд, матои пашмин, чакман, хӯрҷини пашмин, намад ва ғайра мегирифтанд;

  10. «андози оҳанӣ» – ин навъи андозро дар ҳаҷми 7,5 фунт (3 кг) бештар аз деҳаҳои ба Ванҷ наздик, ҳанӯз аз давраи шоҳӣ инҷониб мегирифтанд. Дар Ванҷ ин андозро «хумс» мегуфтанд. Дар дигар амлокдориҳои бекигарии Дарвоз, ки оҳану асбобу ускунаи оҳаниро аз Ванҷ ба ивази маҳсулот ё моли дигар мегирифтанд, ин андозро бо ашёи оҳанӣ (путку досу белу каланд ва ғайра) иҷро мекарданд;

  11. андози чизҳои чӯбина аз қабили кафши чӯбин, панҷшоха, табақу коса ва ғайра аз ҳар хонавода ситонда мешуд;

  12. «меваи мирӣ» – ин андоз аз соҳибони боғи мева дар шакли тар ва бештар хушкмеваи себ, зардолу, гелос, олу, муруд, чормағз ва ғайра ситонда мешуд;

  13. «тиллои шаръӣ» – тиллои қонунӣ ё шариатӣ аз аҳолии Вахёи Бо- ло, ки шуғли тиллошӯӣ низ доштанд, аз ҳар хонавода дар ҳаҷми «якуним тилло» (5,5 грамм) мегирифтанд;

  14. Аз деҳаҳои Ғулён ва Ҳавдак ҳар сол дар фасли баҳор аз аҳолӣ барои бек як сабад бехмеваи ёбоӣ – «мунгак» ҷамъоварӣ намуда, дар шакли обҷӯш ё хом барои бек ба Қалъаихумб мефиристоданд.

  Мавриди қайд аст, ки дар амлокдории Ванҷ аз рӯи маҷбуриятҳои андозии деҳаҳои соҳили чапи Ванҷобро «давлатшаҳӣ» ва соҳили ростро «дороӣ» мегуфтанд. Ин маънои онро дошт, ки андози соҳили чап барои беки Дарвозу амири Бухоро ситонда шуда, андози соҳили рост бошад, пурра ба ихтиёри мири Ванҷ ва амалдорони ин амлокдорӣ мегузашт.
  Ба ғайр аз ин андозҳоии зикршуда, боз андозу маҷбуриятҳои зиёда, аз қабили «фитри рӯза», «ҳаққи муаззин», «ҳаққи эмоми масҷид», «ҳаққи тақсиму тарака», «ҳаққи тақсими мерос», «никоҳуна», «ҳукмуна», ки ба фоидаи қозӣ ва дигар намояндагон аз масъулини дин мерафт ва ғайра, инчунин, агар боз «ҳаққи ҷаноза», «пешнамоз» ва ғайра хароҷоти ҳатмии анъанавиро ба ҳисоб гирем[14], он гоҳ вазнинии ин андозу маҷбуриятҳои расмию ғайрирасмӣ бараъло эҳсос мешавад.
  Ин анвои андозу маҷбуриятҳо ва боз чандин иловаҳои маҳз хоси бекигарии Дарвозро Н. Латифов дар асоси пурсуҷӯю вохӯриҳо бо шоҳидони ҳол ва дарёфти баъзе маъхазҳо қаламдод намудааст[15]. Инак, аз рӯи маълумоти ба ин муаллиф дастрасшуда, дар бекигарии Дарвози ибтидои асри ХХ чунин намудҳои андозситонӣ ва иҷрои маҷбуриятҳои дигари феодалӣ расман қабулу ба ҳукми анъана даромада буданд:

  1. Ушр – андози молӣ (натуралӣ), ки аз даҳяки маҳсулоти ғалладона ситонда шуда, кисман ба Бухоро ва қисман ба фоидаи бек мерафт.

  2. Закот – андози молу амвол, қабл аз ҳама аз 1/ 40 саршумори чорво. Ин навъи андоз дар давраи шоҳӣ гирифта намешуд. Ҳатто дар солҳои аввали зери ҳукмронии манғитиён гузаштани Дарвоз аҳолии ин бекигарӣ аз ин навъи андоз озод буд. Бо мурури устувору қатъӣ шудани тобеъият ба ҳукми расмӣ даромад. Закот инчунин аз фурӯши амволу замин ситонда мешуд.

  3. Амалиёна – андоз аз ҳисоби замини кишт.

  Дар Дарвоз амалиёна хеле вазнин буд. Масалан, дар деҳоти назди Қалъаихумб (Рузвай, Кеврон, Умарак ва ғайра) аз ҳисоби ин андоз коҳ ё коҳпулӣ, банд (арғамчини пашмин), тӯрба, ҷӯроб ва даспӯшаки пашмин, аз Ванҷ бошад, оҳан меситонданд[16].

  1. Дудона – андози дудбаро, аслан онро барои ҷамъоварӣ ва истифодаи ҳезум дар хоҷагӣ меситонданд. Аввал онро бо ду матои пахтагӣ пардохт мекарданд. Аз ибтидои асри ХХ ба ҷои матоъ аз ҳар буна 2-4 сӯм гирифта мешуд.

  2. Алафпулӣ (хасуна) – андоз барои истифодаи чарогоҳ ва ҷамъоварии хошок барои зимистонгузаронии чорво, аз хоҷагӣ се порча карбос ё 4-5 сӯм дар як сол гирифта мешуд.

  3. Осиёбпулӣ (музди осиёб) – андоз аз соҳибони осиёб 5-6 танга дар як сол. Соҳиби осиёб бошад, дар навбати худ аз онҳое, ки ғалла, тутпист (талқон ё орди тут), севпист (талқони себ) ба миқдори 1/ 20 ҳисса мегирифт.

  4. Танобпулӣ – андоз аз боғҳои мева ва умуман дарахтони мева ҳар сол 1-3 танга. Ин навъи андоз дар давраи шоҳӣ низ гирифта мешуд, вале ба маънои таноби милтиқ (пилтаи милтиқ).

  Андозҳои номбаршуда расмӣ, қонунӣ буда, дар ҳузури амалдорон: амлокдор, мушриф, қозии деҳа, миразор ва оқсақоли деҳа гирифта мешуданд. Даромади ин андозҳо ба хазинаи амир ворид мешуд. Албатта, андозғундорон «ҳаққи хизмат»-и худро фаромӯш намекарданд.
  Навъҳои дигари андозу аниқтараш «ҳақҷамъкунӣ» ва маҷбуриятҳо, ки дар зер номбар мешаванд, бевосита муттааллиқи бек буданд:

  1. Аз ҳезум ва маводи рӯшноидиҳанда таъмин намудани бек.

  2. Ҳар моҳ ба Қалъаихумб фиристодани 5 қадоқ собуни истеҳсоли ҷойдорӣ аз тамоми деҳаҳои Дарвоз, аз ҷумла аз миригарии Ванҷ.

  3. Шарти ҳатмӣ будани серӯза хизмати намояндаи ҳар буна дар як сол барои бек. Дар Ванҷ ин се рӯзро дар хизмати мир мегузаронданд.

  4. Ҳангоми аз Бухоро ба Помир рафтани амалдорони соҳибмартаба, аҳолии Дарвоз вазифадор буд, ки онҳоро аз роҳбалад, борбардор, аспи саворӣ, гӯпсар (сал) барои убури дарёҳо таъмин намояд.

  Ҳамчунин аз деҳқонон ҳар гуна молиёт барои бек, амлокдор ва дигар амалдорни маҳаллӣ меситонданд, аз ҷумла:

  1. Мирона – ҳаққи бек дар ҳаҷми 0,5 чоряк (2,5 – 3 кг) аз ҳар паймона (табақи чӯбини ғунҷоишаш – 19-20 кг).

  2. Потахсӣ (сарона) – ҳангоми сайру гардиши бек дар деҳаҳои ин ё он амлокдорӣ барояш гӯсфанд ва ҳатто гов пешкаш мекарданд. Бояд қайд кард, ки дар Ванҷ ба ин сайру гашт мир мебаромад ва потахсиро ба истиснои баъзе ҳолатҳо, ки ба Қалъаихум ба бек мефиристод, аксаран барои худ ҷамъ мекард.

  3. Мушрифона (кафсан) – ҳаққи андозчин ё ҷамъоварикунандаи андоз (мушриф); барои мушрифи бек – 1/14 ҳиссаи маҳсулоти ғалладона, барои мушрифи деҳа – 2-4 тоқӣ (тӯпӣ) ғалла.

  4. Котибона – ҳаққи котиб (мирзо) – 1чоряк (5-6 кг) аз ҳар бардошти хирман.

  5. Ҳақулло (ҳаққи Аллоҳ) – барои баракату ҳалол намудани маҳсулоти ба даст дароварда, соҳиби ғалла баъди ҳар хирманбардорӣ се тоқӣ ғалла барои мулло ё дигар намояндаи дин мефиристод.

  6. Фитри рӯза – дар баробари поён ёфтани моҳи рамазон аз 3 то 5 тоқӣ ғалла ба муллои деҳа чун андози фитр дода мешуд.

  7. Никоҳона – ҳаққи никоҳ барои қози ҳангоми хондани хутбаи никоҳи навхонадорон; як гӯсфанд барои наварӯс, якчанд коса равған барои никоҳ бо зани шавҳардида (бевазан). Дар ибтидои асри ХХ никоҳона бо пул адо карда мешуд. Барои наварӯс – 40 танга, барои арӯси шавҳардида – 20 танга (як тангаи нуқрагин арзиши 12-20 тини русӣ дошт).

  8. Хизматона – музди қозӣ барои тафтишу муаӣян намудани ҷазо – 4-5 танга.

  9. Мӯҳрона – 1 танга барои мӯҳргузорӣ дар ҳуҷҷати расмӣ.

  10. Музди тилло – андоз аз заршӯи дар ҳаҷми 2-3 танга, вале ба ҷояш тилло мегирифтанд.

  Бо мурури рушди муносибатҳои савдоӣ, бештар ворид шудани тангаи бухорӣ ва пули русӣ боз чунин андозҳои навӣ пулӣ дар Дарвоз ворид шуданд:

  1. Тарозупулӣ – андоз барои тарозу дар бозори Қалъаихумб (дар дигар ҷойҳои бекигарӣ бозор набуд) – аз 0,5 то 1 танга.

  2. Рушқапулӣ – андоз аз замини юнучқа 1/ 5 ҳиссаи дарави юнучқа ё 13   танга.

  3. Обпулӣ – андози об, аз ҳар хоҷагӣ ба миқдори 0,5 – 1танга дар як сол.

  4. Раҳпулӣ – андоз барои ҳуқуқи рафтан ба дигар бекигариҳо. Асосан аз онҳое ситонда мешуд, ки ба мардикорӣ мерафтанд (ҳаҷми ин навъи андоз муайян нашуд).

  5. Ҷуфтона – андоз барои гови ҷуфт[17].

 Агар ба ҳамаи ин боз чунин андозу маҷбуриятҳои ғайришариатӣ, монанди «арбобуна», «мирҳазоруна», «қозиюна», «раисуна», «муфтиюна» ва дигар амалдорону намояндагони расмии динию маъмуриро[18], ки дар вақти хирманбардорӣ ҳозиру ноҳозир «ҳаққаш»-ро мегирифт зам намоем, ин ҳисоб боз метавонад чанде афзояд. Вале бо ин ҳам ситондану сӯйистеъмоли амалдорон хотима намеёфт. Барои гуноҳи ночизе ва ё тӯҳмате амлокдор ва қозӣ тайёр буданд, ки гуноҳи азимтаре ба сари шахс бор карда, ба фоидаи худ як гӯсфанд ва ҳатто гов ситонанд. Агар гуноҳ ҷиддитар мебуд, метавонистанд, ба бединию даҳригӣ гунаҳгор карда, то сангсору мусодираи молу мулк ҳукм бароранд. Ҳамчунин баҳудаву беҳуда ба меҳмонӣ рафтани амалдоронро баъзан шоҳидон ба «ҳуҷуми малах» баробар мекарданд. Амадорони марказ бо майли тамом ба Қаротегину Дарвоз сафари хизматӣ мекарданд. Баъзан ба сифати роҳбалади расмӣ барои бемамонат сурат гирифтани сафарҳои хизматии намояндогони доираҳои илмӣ ва ҳарбии рус шарик шуда, ҳангоми ин сафарҳо бо дасти холӣ рафта, бо халтаҳои пурбор бармегаштан
  Олими табиатшинос В.И.Липский қайд кардааст, ки «то анҷоми сафар бори ночизи амалдори Бухоро ба бори як асп ва аз ин беш табдил меёфт. Баъзан аспи пиру фарсудаи худро амалдор бо аспи бидави шахси таҳҷоӣ бе хоҳиши соҳибаш иваз мекард. Тӯҳфаи дар як ҷо гирифтаро ӯ дар ҷои дигар мефурӯшад. Баъзан ин амалдорон аз номи мо (русҳо – Ҳ.П.) ба ҳаннотӣ даст мезананд. Чизи дар як сафар ҷамъ оварда, бемалол ба як сол ва аз он беш мерасад. Ана барои чӣ амалдорон нисбати ин сафарҳо ҳавасмандӣ ва омодагӣ доштанд» [19].
  Дар ин кор онҳо аз сафарҳои расмӣ ва касбии олимону намояндагони доираҳои ҳарбии Русия хеле моҳирона истифода мебурданд. «Мутаассифона, – менависад капитани Штаби генералии Русия Н.Н. Покотило, ки худ шоҳиди ҳол буд, – меҳмоннавозии Бухоро ба дӯши табақаи камбағал хеле гарон меафтад, гузашта аз он, чун манбаи фоида ва сарватғундорӣ барои амалдорони Бухоро хизмат мекунад»[20]. Дар ин бора возеҳтар Д.Н. Логофет ишора намудааст. Ба гуфтаи ӯ «на якбору ду бор мушоҳида мешавад, ки амалдори бухороӣ ба масофаи 60-80 вёрст (верста ё чақрим ба 1,06 км баробар аст – Ҳ.П.) аз деҳаи худ дур рафта ҳафтаҳо омадани меҳмони Русиягиро интизор мушавад ва гӯё барои зиёфати ӯ аз аҳолӣ гӯсфанду мурғ ҷамъ мекунад». Аҳолии маҳаллӣ ин сафарҳоро ба «ҳуҷуми малах» ташбеҳ медод. Намояндагони маъмурияти Бухоро тӯҳфаи ночизе (ба меҳмонони рус – Ҳ.П.) пешкаш намуда, аз аҳолӣ арзиши даҳкаратаи онро меситонанд [21].
  Ин амалро соли 1916 тадқиқотчии рус Я.И.Беляев дар дурдасттарин деҳа – Поймазори амлокдории (миригарии) Ванҷ мушоҳида намудааст. Якчанд амалдори бек барои гузаштан аз пирях ва ағбаи Гармо ба ёриаш фиристода «ба поймазориҳои бечора чун яғмогар муносибат намуда, аз онҳо гӯсфанд, равған ва дигар чизҳо ба фоидаи худ ҷамъ намуданд» [22].
  Дар ҳуҷҷати поён тариқи ситонидани ушр аз ҷамоаи Язгулом оварда шудааст:
(Бойгонии шӯъбаи таърихи асрҳои қадим, миёна ва нави институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АФ, таҳти рақами 6294)
Матни акс чунин аст:
«Номгӯи ушр
Мулло Шоҳмуҳаммад: як паймона ва ду чоряк гандум, панҷ чоряк нахуд.
Одина: ду паймона ва ду чоряк гандум, панҷ чоряк нахуд
Шайх: Як паймона гандум, чор чоряк нахуд.
Нодиршоҳ: Ду паймона ва як чоряк гандум, шаш чоряк нахуд.
Давлат: як паймона ва як чоряк гандум.
Раҳмат: Панҷ чоряк гандум, се чоряк нахуд.
Назаршоҳ: як паймона ва чоряк гандум, ду чоряк нахуд.
Назармуҳаммад: ҳашт чоряк гандум, панҷ чоряк нахуд.
Ёрмуҳаммад: се чоряк гандум.
Қадамшоҳ: як паймона ва се чоряк гандум, се чоряк нахуд.
Сафармуҳаммад: як паймона гандум, ду чоряк нахуд.»
  (Бойгонии шӯъбаи таърихи асрҳои қадим, миёна ва нави институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АФ, таҳти рақами 4408)
Матни акс чунин аст:
«Он чи номгӯи ушри тут бад-он аз мушриф Абдулкамон:
Аз Ғаффор ду паймона тут. Аз Шукрихудо як паймона панҷ чоряк тут. Аз Хаёл ду паймона тут. Аз Мирак як паймона тут. Аз Азизмуҳаммад як паймона тут. Аз Назармуҳаммад панҷ чоряк тут. Аз Санавбаршоҳ панҷ чоряк тут. Аз Гулмуҳаммад як паймона тут. Аз Миралибек як паймона тут. Аз Носир як паймона тут. Аз Ҳазорбек як паймона тут. Аз Муҳаммадалӣ як паймона тут.
Мулло як паймона тут. Аз Неъматхудо як паймона тут. Аз Чӯпон панҷ чоряк тут. Аз Абдуррасул як паймона тут. Аз Нурон як паймона тут. Аз Мирзобадал як паймона тут. Аз Додхудо як паймона тут. Аз Ҷалолӣ панҷ чоряк тут. Аз Муллоҷон як паймона тут. Аз Муллочӯпон панҷ чоряк тут. Аз Алимуҳаммад як паймона панҷ чоряк тут.
Аз Сафармуҳаммад ду паймона тут. Аз Мардихудо як паймона тут. Аз Муллозоҳир як паймона тут. Аз Муҳаммадқодир як паймона панҷ чоряк тут. Аз Неъматазиз як паймона тут. Аз Раҳмонқул як паймона тут.
Аз Давронбек як паймона тут. Аз Шамсмуҳаммад панҷ чоряк тут. Аз Амри- худо як паймона панҷ чоряк тут. Аз Сайидшоҳ як паймона панҷ чоряк тут. Аз Раҳматихудо як паймона тут. Аз Муллоша- риф панҷ чоряк тут. Аз Насруддин панҷ чоряк тут. Аз Неъматшоҳ як паймона тут.
Аз Нуралишоҳ як паймона тут. Аз Мардихудо як паймона тут. Аз Устоҷавон панҷ чоряк тут. Аз Завқибек панҷ чоряк тут.»
Албатта, мисолҳои боло ҳадди ниҳоии истисмори аҳли заҳмат буда наметавонанд.
  Ришвахӯрӣ чун вазифаи асосии фаъолияти ҳар як амалдор ба ҳукми анъана даромада буд. Порагирӣ кори ошкоро буда, яке аз манбаъҳои муҳимми даромаду сарватҷамъкунии амалдорони ҳамаи зинаҳои маъмурӣ ва динӣ-маъмурӣ ба ҳисоб мерафт.
  Доир ба мавзӯи истисмори феодалӣ сухан ронда, бояд аз хотир набаро- вард, ки дар бекигариҳои Бухорои Шарқӣ, алалхусус дар Дарвоз ва табиист, ки миригарии Ванҷ маҷбуриятҳои зиёди истифодаи муфти қувваи корӣ ба чашм мерасид. Дар ин мулки кӯҳистон кадом навъи кори сохтмоне набошад, бо мушкилии зиёде даст медод. Аз ин сабаб, дар кори ҳашару бемузд барои соҳиби амалу заминдорон вақти бештару беҳтари кори деҳқон сарф мешуд. Масалан, дар айни ҷӯшу хурӯши корҳои кишоварзӣ деҳқонони нисбатан бақувваттарро ба роҳу кӯпруксозиҳо, барои беку амлокдор ё дигар амалдор хонаю меҳмонхонасозӣ, ҳезумкашӣ маҷбуран сафарбар мекарданд. Шояд ҳаминро дар назар дошта, академик Б. Ғафуров чунин хулоса кардаст: «Хусусан, аҳволи аҳолии оммаи васеи мардуми Бухорои Шарқӣ бағоят вазнин буд. Қариб тамоми аҳолии ин маҳалҳоро тоҷикон ташкил мекарданд. Ҳукумати амирӣ аслан Бухорои Шарқиро чун мустамликаи худ қарор дода, дар ин ҷо нисбат ба қисми ғарбии аморат тартиботи сахттаре ҷорӣ намуд. Табақаҳои ашрофи қадимаи ин ҷо, сипоҳ ва нӯкарҳо, рӯҳониён, заминдорони калон ва бойҳо ба такягоҳи аморат табдил ёфта буданд. Ба ин гурӯҳи болонишини истисморкунанда аз баҳодур ё аламон (аз поин нахустин мансаби аморати Бухоро) то додхоҳ (дар дараҷабандии мансабҳо – ёздаҳумин) ҳар гуна рутба ва мансабҳо дода мешуд. Мансабҳои олитар фақат ба сипоҳиёни дарбори амир бахшиш мегардид. Амир ба ивази маош ба ин сипоҳиён андози тамоми як деҳаро мебахшид. Деҳқонони ин қишлоқ амалан дар ҳолати крепостноӣ бу- данд»[23]. Воқеияти рӯзгордории мардуми бекигарии Дарвоз ва миригарии Ванҷи он мутлақо дуруст будани хулосаи ин олимро тақвият медиҳад.
  Аз далелҳои овардашуда бармеояд, ки шумораи аниқи андозу маҷбуриятҳои натуравию баршинавии дар аморати Бухоро ба расмияту ҳукми анъана даромадаро муайян кардан хеле мушкил аст. Ва хулосаи мо номгӯи онҳо, бо назардошти хусусиятҳои ҳар бекигарӣ, алахусус бекигариҳои Бухорои Шарқӣ аз 50 адад беш аст.
  Сарфи назар аз баъзе камбудӣ, ихтилофу ба якдигар мувофиқ наомадан маълумоти муҳаққиқони рус дар маҷмӯъ моҳияти иҷтимоии сиёсати андозгирии аморатро мукаммал шарҳ медиҳанд. Д.Н. Логофет андозҳои сершуморро номбар карда навишта буд, ки «дар Бухоро фақат аз ҳаво андоз ситонда намешавад»[24]. «Ҳама чизе, ки замин ва заҳмати инсон мерӯёнанд, – менависад М.А. Варигин, – ҳама, ба ҷуз ҳаво дар Бухоро андоз бор карда шудааст. Ба зами ин дар «Бухорои шариф» ҷаримаҳои ғайриқонунӣ, мусодираи ғоратгаронаи молумулк васеъ истифода мешаванд» [25].
  Беҳтарин донандаи воқеъияти ҳоли аморати Бухоро устод Садриддин Айнӣ дар асараш «Таърихи инқилоби Бухоро» навиштааст: «Ба ҳисоби тахминӣ соли 1913 даромади ҳукумати Бухоро 30 миллион сӯм буд. Ин маблағ фақат ҳисоби маблағе буд, ки ба хазинаи амир ворид мешуд, пулҳое, ки маъмурон ва одамони онҳо аз халқ мегирифтанд, ба ин намедарояд» [26]. Табиист, ки як қисми томи он аз ҳисоби бекигариҳои Бухорои Шарқӣ, аз ҷумла бекигарии Дарвозу миригарии Ванҷ, ворид гашта буд. Бояд қайд кард, ки хазинаи амир аз хазинаи давлат ҷудо набуда, тамоми маблағи воридгашта, пурра дар ихтиёрдории амир қарор дошт.
 Аз гуфтаҳои боло, бешак, хулосае бармеояд, ки намояндагони маъмурияти Бухоро, қабл аз ҳама амир ва бекҳо, халқро истисмор намуда, маблағи зиёде ба даст медароварданд. Вале аз он барои беҳбудии ҳаёти иҷтимоии раъият, ободонии кишвар ва маоши хизматӣ чизе харҷ нашуда, батамом сарфи исрофкориҳои амиру аҳли дарбор мешуд. Ба гуфтаи М.А. Варигин «тамоми тадбири ободонию равнақи кишвар ба сифр ба- робар буд» [27]. Д.Н. Логофет, ки бо андозу маҷбуриятҳои аморат хуб шиносоӣ дошт, навиштааст: «Қариб бо тамоми боварӣ бояд гуфт, ки барои аксари аҳолӣ василаи зиндагӣ базӯр мерасад. Дар айни замон ҳокимияти давлатии Бухоро қатъиян ба аҳолӣ чизе намедиҳад: на маълумот, на ёрии тиббӣ, на роҳҳои алоқа, дар натиҷаи ин бояд икрор шуд, ки ҳокимияти мавҷуда ҳатто хурдтарин зуҳуроти орзӯ барои ояндаи нек дода наметавонад» [28]. А.С. Снесарев бо тааҷҷуб чунин изҳор доштааст: «Ҳар кас бешубҳа ба худ савол медиҳад, ки ҳокимияти Бухоро ба аҳолӣ чӣ медиҳад? Дар ин асно ба сари хонанда фикри беҳдошти маорифи халқ, ободонии шаҳрҳо, ёрии тиббӣ ва ғайра меояд. Мутаассифона хеле кӯтоҳ ҷавоб додан лозим меояд: Қатъиян ҳеҷ чиз» [29].
  Гарчи чунин тасдиқоту мисолҳо дар навиштаҳои муаллифони тоинқилобии рус хеле зиёданд, бо он чи дар боло аз гуфтаҳои онҳо ишора шуд, таваққуф намуда, барои тақвияти хулосаи онҳо боз ба устод С.Айнӣ рӯ меорем, ки манбаъҳои мадохилу ҳадафҳои махориҷи ҳукумати Бухороро хеле воқеъбинона ва илмӣ ба риштаи таҳлил каши- дааст. Аз ҷумла, устод менигорад: «Мадохили ҳукумати амири Бухоро расман ва асосан аз ҳисоби хироҷ ва закот буд. Хироҷ аз заминҳои корам гирифта шуда, закот аз молҳои тиҷорати дохилӣ ва хориҷӣ, аз рама ва галаҳои дар даштҳо чаранда гирифта мешуд. Дар замони амир Музаффар бо раҳнамоии қозӣ Садриддин ба бозорҳо ба номи «аминона» андозе вазъ карданд. Хироҷ, ки дар замонҳои собиқ дар миқдори муайян ва сабуктаре гирифта мешуд, дар замонҳои охир ба дараҷаи гирифтани тамоми маҳсули деҳқон расида буд. Закот, ки шаръан соле як бор аз рӯи ҳисоби муайяне (ҳадди маълуми мол, ки додани закот бар он воҷиб аст) гирифта мешуд, вақтҳои охир соле даҳ бор ҳам гирифта шуд. Аз мардикороне, ки пулашон ба сад танга ҳам намерасид, закот гирифта шуд… Манбаи дигари воридоти мамлакат аз тортуқ (ҳадя)ҳои қозиҳо, раисҳо, миршабҳо ва аз ин қабил маъмурон буд» [30].
  Дар заминаи ҳамаи ин ҷабру ситам, кинаю нафрати халқи маҳнаткаш нисбат ба амалдорону феодалон торафт меафзуд, табиист, ки Ванҷ аз ин доира берун буда наметавонист. Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев.

[1]  Логофет Д.Н. Бухарское ханство под русским протекторатом. – Т. II. – СПб., 1911. – С.61.
[2]  Семёнов А.А. По границам Бухары и Афганистана // Исторический вестник. – Т. 37. $1-      1902. – С.977.
[3]  Гейер И. И. Путеводитель по Туркестану. – Ташкент, 1901. – С.109.
[4]  Варыгин М.А. Опыт описания Кулябского бекства // Изв. РГО. – Т. 52. – Вып. 10. – 1916. – С.793.
[5]  Керимов Г. М. Шариат и его социальная сущность. – М., 1978. – С.173.
[6]  Керимов Г. М. Шариат и его социальная сущность. – М., 1978. – С.173.
[7]   Ғафуров Б. Ғ. Тоҷикон. Охирҳои асри миёна. Китоби дуюм. – Душанбе, 1985. – С.204.
[8]  Доир ба қоидаву тарз ва андозаи андозситонӣ ниг.: Маджлисов А. Аграрные отно- шения в Восточной Бухаре. – С.193-195; Керимов Г. М. Шариат и его социальная сущность. – С.173-183.
[9]  Иқтибос аз.: Акрамов Н. М. Вопросы археологии и этнографии народов Памира и Припамирья в трудах Б.Л. Громбчевского. – Душанбе, 1974. – С.59..
[10]         Ниг.: Арандаренко Г.А. Досуги в Туркестане (1874-1888 гг). – СПб., 1889. – С.449- 451; Ҳамин муаллиф. Дарваз и Каратегин // Военный сборник. – 1883. – №11. – С.150-151.
[11]           Ҳамон ҷо. – С.72-73.
[12]          Ин рӯйхат аз маводи Осорхонаи вилоятии Бухоро, ки бо иштироки амалдорони собиқи аморат бо сардории ҳуқуқшинос, иқтисоддон, ва шахси ниҳоят таърихогоҳ – муалифи китоби «Кашкӯли Салимӣ» (кашкӯл – косаи дарвешӣ) – мирзо Салимбек тартиб дода шудааст. Иқтибос аз: Маҷлисов А. Аграрные отношения в Восточной Бухаре. – .196-197.
[13]           Маджлисов А. Асари номбурда. – С.198.
[14]           Ниг.: Раҳимов М. Р. Земледелие таджиков бассейна р. Хингоу. – С.124-130.
[15]         Ниг.: Латыпов Н. К вопросу о социальных отношениях в Дарвазском бекстве нака- нуне установления Советской власти // Учёные записки Кулябского госпединститута. $1-     Вып. III. – Куляб, 1957. – С.112-122.
[16] Латыпов Н. Асари номбурда. – С.114.
[17]          Латыпов Н. Асари номбурда. – С.114-118. 128
[18]           Латыпов Н. Асари номбурда. – С.114-118.
[19]           Липский В.И. Горная Бухара. – Ч. 1. – СПб., 1902. – С.34.
[20]         Покотило Н.Н. Отчёт о поездке в пределы Центральной и Восточной Бухары в 1886 г. // Изв. РГО. – Т. XXV. – 1889. – С.482.
[21]           Логофет Д.Н. Страна басправия. – СПб., 1909. – С.164.
[22]         Беляев Я. И. На ледниках Гармо. Экспедиция Русского географического общества в Дарваз в 1916 г. // Изв. РГО. – Т. 55. – 1919-1923. – Вып. 1. – С.45.
[23] Ғафуров Б. Ғ. Тоҷикон. Охирҳои асри миёна ва давраи нав. Китоби дуюм. – Душан- бе, 1985. – С.201-202.
[24]           Логофет Д.Н. Страна бесправия. – С.48.
[25] Варыгин М.А. Опыт описания Кулябского бекства // Изв. РГО. – Т. 52. – Вып. 10. – 1916. – С.72.
[26]           Айнӣ С. Таърихи инқилоби Бухоро. – Душанбе, 1987. – С.19.
[27]         Варыгин М.А. Опыт описания Кулябского бекства // Изв. РГО. – Т. 54. – Вып. 10. – 1916. – С.796.
[28]           Логофет Д.Н. Бухарское ханство под русским протекторатом. – Т. I. – С.66-67.
[29]           Снесарев А.Е. Восточная Бухара. – С.146.
[30] Айни С.Таърихи инқилоби Бухоро. – С.18-19. 134

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.