Нигоҳе ба 25 соли охири варзиш дар Ванҷ

  Агар дар Доғистон шаҳраки Хасаюрт маркази куштии ин ҷумҳурӣ бошад ва дар Ирон шаҳри Ҷуйбори Мозандарон пойтахти куштии ин кишвар номбар шавад, дар Тоҷикистони Шӯравӣ маркази куштӣ ин ноҳияи Ванҷ буд. Дар байни тоҷикони дигар ванҷӣ ва гуштингир муродиф буданд. Ҳар як рустои Ванҷ паҳлавон ва чандин номзад ва устоди варзиши шуравӣ дошт. Ванҷиҳо дар туйҳо ва ҳама ҷашнвораҳо куштӣ ташкил мекарданд. Дар барфи зимистон, лойу чали баҳорӣ, гармии тобистон дар хирманҳои тирамоҳӣ, дар замини тоза ҷуфтшуда куштингири мекарданд. Пиру ҷавону кудак гуштигирӣ мегирифт.Vastpalv
  Дар ҷашнҳо дар зери навои мусиқӣ хеле кам рақси духтаронро медидӣ. Мусиқӣ ва куштигирӣ бо ҳам сар мешуд Мусиқӣ менавохтанд, шеър мехонданд ва дар майдонҳо ванҷиён паҳлавонӣ мекарданд. Вақте кӯдаки ванҷиро аз гаҳвора мегирифтанд, як ду аликаш медохтанд ва бо ӯ бозии паҳлавонӣ мекарданд. Паҳлавонони мо бесавод набуданд, ҳам овозхонӣ мекарданд, шеърҳои зиёд ҳифз карда буданд, эҳтирому адаб доштанд. Дар суҳбатҳои бегоҳирузӣ бештари сухан аз паҳлвонӣ буд.
  Вале ин тарзи ҳаёти ванҷигӣ аз давраи оғози Перестройка тағир ёфт. Бисёр мардуми Ванҷ соҳиби тиҷорат шуданд. Таваҷуҳи мардуми мо бештар ба пулу мол шуд. Дар солҳои ҷанг таҳмили нисфи мардум ба ҷабҳа буд ва нисфи дигар муҳоҷир гашт. Сӯҳбати он солҳо дар мавриди пайдо кардани як нони хушк буд, сӯҳбати зинда мондан буд. Баъди созишномаи сулҳ мардуми мо дубора ба шаҳр омаданд ва дар пайдо кадани як зиндагии орому обод шуданд. Ҳамин тавр як даҳаи таърихи мо ба поён расид .
  Солҳои 90ум яке аз сиёҳтарин давраҳои торихи мо буд. Ҷанги таҳмилии хонумонсӯз зарбаи ҷонкоҳе ба пайкари ҳаётамон зад ва солҳо моро ба ақиб партофт. Куштии мо ҳам мисли як бадани маҷруҳ мемонд, ки хеле бо заифӣ ва афсурдагӣ ба майдонҳо дохил мешуд, вале “маза”-и хуб намедод. Дар майдонҳо акнун силоҳбадастони роҳзан ба тамошо меомаданд ва паҳлавонони моро “тӯр” медоданд. Агар иштибоҳ накунам дар ҳамон солҳо дар як маъракаи куштӣ Сайлампаҳлавони мо зиёдтар аз даҳ касро ба тахтапушт мезанад ва силоҳбадастони роҳзан замоне мефаҳманд, ки паҳлавон ванҷист, мехоҳанд ӯро аз байн бибаранд, вале ӯ аз дасташон фарор мекунад.Xiryazgsti
  Дар ҳамин замони ҷанг мо чандин паҳлавонамонро аз даст додем, аз он ҷумла Аловаков,Одинаи Язгуломӣ ва Раҳмон Шариповро (Худованд биёмурзадашон). Бо вуҷуди ин ҳама мушкилиҳо мардуми Ванҷ паҳлавон буданашонро дар майдонҳои куштӣ нишон медоданд. Дар солҳои охири даҳаи навад номи Беҳруз Сабзалиев сари забонҳо шуд ва ҳама аз маҳорати баланди куштигирӣ, хушандомӣ ва хушахлоқии ӯ сухан мегуфтанд. Дар куштии самбо ҳам, Фарҳод Раҳматуллоев сари забонҳо шуд. Ӯ унвони қаҳрамонии ин варзишро дар вазни худ, чандин солҳо ба касе надод. Фарҳод ҷоизадори мусобиқоти Осиёии самбо байни бузургсолон ва ғолибу ҷоизадори чандин мусобиқаҳои ҷаҳонӣ шуд.
  Аввали даҳаи 2000 -ум ванҷиён хостанд, ки майдони гӯштини Тоҷикистонро боз гиранд. Дар ҳамин солҳо дар Регар мусобиқоти ҷаҳонии самбо байни собиқадорони ин варзиш баргузор шуд, ки паҳлавонони ванҷӣ дар чандин вазн унвони Қаҳрамонии ҷаҳонро гирифтанд, аз он ҷумла Устод Муҳамадшарифи Сулаймон ва Саламшоҳпаҳлавон. Баъдан, Саламшоҳ Муҳабатов дар шаҳри Пориси Фаронса барои бори дуввум қаҳрамони ҷаҳон байни собиқадорони самбо шуд. Дигаре аз чеҳраҳои дурахшони ин давра Далер Мусофиров ҳаст, ки ба фикрам якумин касе ҳаст, ки Ҷоми самбои Харлампировро соҳиб шудааст. Ӯ ҷоизадори мусобиқоти осиёии самбо ва чандин мусобиқаи байналмилалист.
  Дар ин солҳо мардуми Ванҷ рӯ ба варзишҳои дигар оварданд. Барои мисол, Чингизов Алишер қаҳрамони шиноварии Тоҷикистон шуд ва ягона ягона ванҷиест, ки дар бозиҳои олимпӣ иштирок кардааст. Дар Олимпиадаи Пекини дар соли 2008 намояндаи кишварамон дар шино буд. Ин як ифтихори бузург аст…

Муҳаммад Абдурозиқи Неъматзод.

1 Назар

  1. Ванҷ диёри паҳлавонон буду мемонад. Танҳо дар як муддати кутоҳ ки мардум гирифтори бори зиндаги буданд сатҳи гуштӣ поён рафт. Тайи ду се соли ахир аллакай мебинем, ки на танҳо дар Тоҷикистон балки берун аз он ҳам паҳлавонони ванҷӣ аллакай шуҳратёранд. Факат каме таваҷҷуҳи бештари масъулин даркор аст ва дастгирии тоҷирону соҳибкорон, ки мутаассифона ин кор ҳануз ҳам сурат нагирифтааст.

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.