Нашри Девони Ҳофиз бар асоси дастхати Муллоёр

  Барои ҳаводорони фарҳангу адабиёти форсу тоҷик китоби нодир – дастхати Мулло Ёри Ванҷӣ таҳти унвони “Девони Ҳофизи Шерозӣ” (Бар асоси нусхаи дастхати Мулло Ёри Ванҷӣ) ба нашр расид. Тавре дар нусхаи асл ва китоби нашршуда ҳам омадааст:
“Таммат ҳозиҳи-н-нусха аш-шарифа мин яди-л-фақири-л-ҳақир Мулло Ёр ибни Додихудо дар мавзеи Рохарв санаи 1285”, яъне: “Ин нусхаи шариф ба дасти фақири ҳақир Мулло Ёр фарзанди Додихудо дар мавзеи Рохарв дар соли 1285 (ҳиҷрии қамарӣ, мутобиқ ба соли 1868 мелодӣ) ба поён расид”.
  Мураттиби китоб ва муаллифи сарсухан, шарқшиноси шинохта, файласуф ва корманди масъули Академияи улуми Тоҷикистон Ғаффор Мирзоев буда, баргардони матни ғазалу дубайтиҳоро аз форсӣ ба хати сириллик Қурбоналӣ Идрисов анҷом додааст. 
Китоб бо сарпарастии молии соҳибкори тоҷик Абдулбаҳор Мирзоев ба дасти чоп расидааст.
  Дастхати мазкур аз ҷониби муаллими мактаби рақами 37-и деҳаи Одешт Ғайратшоҳ Шамсиддинов (тағойи Ғаффор Мирзоев), муаллим ва шахси фозилу донишманд ҳифзу нигаҳдорӣ шуда, баъдан ба дасти устод Мирзоев расидааст. Бино ба қавли муаллим Шамсиддинов “Девони Ҳофиз” бо китобати Мулло Ёр ба ӯ аз сӯи амакаш Назриддин Сайфиддинов, ки дар соли 1973 дар синни 96-солагӣ вафот кардааст, расидааст. Дар навбати худ ин асар ба Назриддин аз падараш Сайфиддин ибни Мулло Ямин ба мерос омадааст. ва ӯ бошад, шояд онро аз падараш Мулло Ямин соҳиб шудааст. Нусхаи аслиро худи Мулло Ёр ба яке аз наздикони Мулло Ямин, ки барои даъвати тӯй ба деҳаи Ғӯмаяк рафта буданд, чун тӯҳфаи тӯёна додааст…
  Маврид ба зикр аст, ки муқоваи дастхат, коғаз ва бандубасти он ҳанӯз 151 сол қабл аз ин дар ҳудуди Ванҷ анҷом ёфта (тасаввур кунед: соли 1868) шояд чанд нусха китобат шудааст. 151 сол қабл аз ин дар Ванҷ муқоваи китоб омода мешуд, коғаз истеҳсол мегардид ва банду басти он сурат мегирифт. Яъне, фарҳангу илм, китобат ва хатту савод барои ҳамеша дар ин сарзамин мақому манзалати хосса дошту дорад. Хилватшоҳи Маҳмуд.

Devhofmulyor1

Devhofmulyor2

Devhofmulyor3

Devhofmulyor4

Devhofmulyor5

Devhofmulyor6

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.