Муҳаммадҷон Нӯъмонов

  numonovmНомзади илми тиб Муҳаммадҷон Нӯъмонов 25 маи соли 1961 дар деҳаи Гишхун ноҳияи Ванҷ ба дунё омадааст. Соли 1978 пас аз таҳсили мактаби миёнаи 4-и Душанбе ба Донишкадаи давлатии тиббии шаҳри Душанбе ба номи Абуалӣ ибни Сино дохил шуд. Соли 1984 онро бомуваффақият хатм намудааст. Солҳои 1985-1987 дар ноҳияи Ванҷ ба ҳайси духтури чашм кор карда, сипас дар ш.Душанбе ба “Клиникаи касалиҳои чашм” ба кор гузашта, ба фаъолияти ҷиддии табибию илмӣ машғул шуд. Аз соли 1989 то инҷониб М. Нӯъмонов дар шӯъбаи садамаи касалиҳои чашм кору фаъолият дорад. Қобилияти ташкилотчигию дониши мукаммали ӯро мутахассисон мушоҳида намуда, соли 1991 ба ҳайси мудири шӯъба пешниҳод намуданд ва то ҳол ин вазифаи масъулро бар дӯш дорад. Барои такмили касбӣ ӯ соли 1985 дар шаҳри Ереван  курси 3 моҳаи “ҷарроҳии пласикӣ”-ро оиди чашм гузашта, бисёр нозукиҳои касбӣ ва тарзи муолиҷаи ҳозиразамонро омӯхт.
  Соли 2000 дар ш.Москва мавзӯи рисолавиашро ба муҳокимаи мутахассисон гузошта онро тасдиқ кунонд. Баъди ду сол натиҷаи таҷрибаи бисёрсолаи худро ҷамъбаст намуда, дар мавзӯи рӯзмарраи табобати чашми латхӯрда “Проникновение и пентузионное поражение органа зрения осложнившаяся травматичесой катарактой” соли 2002 рисолаи номзадиро бомуваффақият дифоъ намуд. Табиби шинохтаву олими ҷавон М. Нӯмонов батаври қавӣ тадқиқотро дар болои рисолаи докторӣ идома медиҳад. Ӯ соли 1991 дар ш.Санкт-Петербург курси 5-моҳа оид ба садамаи чашмро омӯхтааст. Соли 1993 дар ш.Алма-Ата бо ҳамроҳии духтурони чашм аз Амрико оиди микрохирургия ҷарроҳии чашм таҷрибаи 2-моҳа, инчунин соли 1998 дар Москва курси 1-моҳа гузаштааст. Ҳамдиёрон ба муваффақиятҳо ин олими умедбахш, табиби ҳозиқ боварии комил доранд. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев).

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.