Муҳаммади Дороб

  Муҳаммади Дороб соли 1950 дар деҳаи Вравзи ноҳияи Ванҷ дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби таҳсилоти асосӣ соли 1964 ба Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт (собиқ Ғарм) дохил шуда, онро 1968 хатм намудааст Хизмати аскариро дар сафи артиши Иттиҳоди Шуравӣ дар Шарқи Дур ба поён расондааст. Пас аз адои хизмат чанде ба сифати муаллим дар деҳа кор кардааст.
  Соли 1973 ба факултаи забон ва адабиёти руси Донишгоҳи омӯзгории ш. Душанбе дохил шуда, онро соли 1976 хатм намудааст. Баъд дар мактаби деҳа ба кори омӯзгорӣ пардохт. Соли 2007 ҳамчун хизматчӣ ба хизмати давлатӣ гузашта, то соли 2013 дар ин бахш фаъолият намудааст. Баъдан боз ба пешаи омӯзгорӣ гузашта, ҳамчун муаллими забону адабиёти рус ва забону адабиёти тоҷик фаъолият кардааст. Ҳоло дар муассисаи таҳсилоти умумии №6. ноҳияи Ванҷ аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс мегӯяд.
  Муҳаммади Дороб ҳанӯз аз солҳои донишҷӯӣ ба шеъргӯӣ шуғл дошт. Шеърҳояш дар рӯномаву маҷаллаҳои ноҳиявӣ ва вилоятии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нашр шудаанд. Муҳаммад кисми зиёди вақташро ба мутолиаи адабиёти адибони гузаштаву имрӯза ва ҷаҳонӣ сарф мемамояд. Ғайр аз ин, чун дигар деҳотиён ба касбу кори деҳқонӣ машгул аст. Қисме аз ашъораш дар китоби «Шоирони Ванҷ» (мураттиб Комил Бекзода), ки соли 2003 нашр ёфтааст, ба табъ расидаанд. «Мавҷхези Ванҷрӯд» маҷмӯаи нахустини ашъори Муҳаммади Дороб буда, шеърҳои дар солҳои гуногун навиштаи ӯро фаро гирифтааст.

Фурӯзонгари шамъи сухан

  Устод Муҳаммадӣ Дороб яке аз он фарзонагонест, ки шамъи сухану шеърро дар деҳи кӯҳистон фурӯзон кардааст. Гузаштагонаш низ мардони суханвар, донишманду фақеҳ будаанд. Номи Мулло Шокир, Мулло Ҷобир, Мулло Шералӣ, Мулло Балаҷон, Мулло Маҳмадирон, муаллим Дороб то имрӯз вирди забони ҳамдиёрон аст. Устод Муҳаммадӣ аз ҳамин дудмон аст.
  Муҳаммадӣ Дороб соли 1950 дар деҳаи Вравзи ноҳияи Ванҷ зода шуда, дар ҳамин ҷо соҳиби маълумоти миёна гашта, баъдан донишҷӯи Омӯзишгоҳи омӯзгории Ғарм шуда, баъди хатми омӯзишгоҳ хизмати аскарӣ кардааст. Баъдан донишҷӯи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон (ҳоло ДДОД ба номи С.Айнӣ), факултаи забону адабёти рус гашта, онро бомуваффақият ба итмом расондааст.
  Баъди хатми донишгоҳ дар мактабҳои деҳоти Язгулом, мактаби №5-и маркази ноҳия, мактаби №6-и зодгоҳ фаолияти омӯзгорӣ кардааст. Чанд соле ба ҳайси хизматчии давлатӣ фаъолиятӣ корӣ дошта, вазифаи котиби ҷамоати деҳоти Водхудро то ба нафақа баромадан иҷро намудааст. Баъдан боз ба фаъолияти омӯзгорӣ дар мактаби №6 идома дода, то ҳол ҳамчун омӯзгор фаъолият дорад.
  Шеърҳои эҷодкардааш дар китоби “Шоирони Ванҷ”-и Комил Бекзода ва нахустин маҷмӯаи ашъораш бо номи “Мавҷхези Ванҷоб” аз чоп баромадаанд. Аз маҷмӯаи шеърҳояш дарёфтам, ки ба зодгоҳаш Ванҷи пурганҷ муҳаббати хосе дорад. Бо диди шоирона ва меҳри инсонӣ ба Ванҷзамин ихлос дорад. Аз он ифтихормандам, ки аз устод дар мактаб дарс гирифтаам ва ба ӯ эҳтироми хосса дорам. “Қасидаи Ванҷ” намунае аз ашъораш аст, ки муҳаббати устодро ба зодгоҳамон Ванҷи нозанин таҷассум медорад. Давлатмир Давлатов.

Қасидаи Ванҷ

Ванҷи ман дорам ба ту ногуфта роз,
Ҳам ба ту, эй хоки аҷдоди ниёз.
Хомтабъе нестам, ҳар рози хеш,
Мӯ ба мӯ ифшо намоям бе маҷоз.
Зарраам ҳарчанд дар як гӯшаат,
Нестам навмед, дорам бо ту ноз.
Меҳр варзидан чу дастам додааст,
Бо сухан ороямат дар ин баёз.
Лек дар пайгирии тавсиф зи шавқ,
Хома дорад нолаҳои ҷонгудоз.
З-ишқи меҳан ҳаст ин ҷо чун сухан,
Гуфтугӯ аз ифтихор ин ҷост боз.
Чун ба чашми дил ба сӯят бингарам,
Файзи субҳат беш гардад дилнавоз.
Мурғи илҳомам мадон бишкастабол,
Нашмарам баъзан варо камтар зи боз.
Ман чӣ гӯям тарфи ҷӯю гулшанат,
Коми дил, он ҳаст низ ошиқнавоз.
Пурмалоҳат, пурфасоҳат ҷойгоҳ,
Баҳри ман беҳтар ту аз Чину Тироз.
Дардмандонро бувад корам даво,
Кӯҳҳо аз дурру гавҳар бениёз.
Сар ба афлоканд дар домони ту,
Бошукӯҳу бовиқору покбоз.
Родмардонро Ватан инҷо туӣ,
Таърихат ҳарчанд пуршебу фароз.
Олиму фарҳангиёнат бешумор,
Гӯӣ дар ин ҷода дорӣ имтиёз.
Паҳлавононат дар олам сафшикан,
Гашта бо унвони олӣ сарфароз.
Аз ҳунар инҷо агар нозӣ, равост,
Чункӣ бар он ҳар куҷо бошад ниёз.
Такя бар Ҷамшед дорад насли ту,
Бар табори ориёни ростбоз.
Қисмати болотро гӯянд буд,
Коргоҳи олии оҳангудоз.
Қисмати поёниат ҳам низ дошт,
Ҳам чаҳи бофандагию ҳам ҷувоз.
Ифтихор аз мардуми пурнанги туст,
Меҳнати аҳлонагиро сарфароз.
Дар ризои туст, ҳар як кори мо,
Гуфтаам ман борҳо бо сӯзу соз.
Санги ту гул мешавад дар қасрҳо,
Кардаӣ дилҳо мусаххар з-ин лиҳоз.
Рег пурзар, санги хороят чу лаъл,
Ҳам сафеду ҳам сияҳ диданавоз.
Марғзору обшоронат чӣ хуш,
Ин табиат аз чӣ бошад сеҳрсоз.
Мардумат фархундатолеъ бод, боз,
Орӣ аз ҳар гуна буғз, аз ҳирсу оз.
Боз агар пай бурдаӣ нози хаёл,
Дар ҳамин тавсиф наям ман ҳиласоз.
Шӯҳраи бо боғу роғи шаҳдбор,
Эй диёри мардуми меҳмоннавоз.
Чашмасоронат пур аз оби зулол,
Бо ҳама ин дар ҷаҳон аз худ биноз.
Комгору шодмону хуррамӣ,
Ваҳ чӣ хушнудем мо аз Чорасоз.
Дару дарвозаат эй мулки пурганҷ,
Ҳамеша ҳаст бар рӯи ҳама боз.
Даре аз меҳр бикшо дар сифоташ,
Варо чун тифли дар гаҳвора бинвоз.
Зи Истиқлолу Ваҳдат гаштӣ обод,
Ки бошад ин ду маънӣ бо ҳам анбоз.
Якдилӣ, ҳамрайъӣ тавъам ёри ту,
Ин дуо морост дар ҳар як намоз.
Муҳаммад боз беафсуну бесеҳр,
Бубахшид ӯ суханро аз нав эъҷоз.
Раҳовардест ин мадҳ аз дилу ҷон,
Агарчӣ нест ӯ маддоҳи мумтоз.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.