Мусобиқаи ҷудо дар Бовуд

  Имрӯз дар деҳаи Бовуд мусобиқаи ҷудо дар байни наврасон баргузор гардид. Мусобиқа ба хотири ёдбуди паҳлавони варзидаи диёр Зиёратшоҳ Музофиров ва бо сарпарастӣ ва имдоди молии фарзандони паҳлавони марҳум ташкил дода шуд. Дар мусобиқа паҳлавонони ҷавон аз баъзе мактабҳои ноҳия дар вазнҳои аз 25 то 60 кг ширкат варзида, дар байни ҳам қувваозмоӣ карда, ғолибон бо ифтихорномаҳо мукофотонида шуданд.
  Устоди варзиши шӯравӣ ва ҷумҳурӣ Зиёратшоҳ Музофиров яке аз паҳлавонони барҷаста, номбардори диёру кишвар буд. Ӯ маҳорати устодии хешро ба шогирдонаш ба мерос гузошт ва онҳо дар мусобиқоти расмию ғайрирасмӣ, дар дохилу хориҷи кишвар борҳо пирӯз шуданд. Иқдоми фарзандони паҳлавон, ки меросбари шуғли падарӣ буда, саъй ба тарғибу таҳкими варзиш дар миёни навҷавонон доранд, амали шоиста ва сутуданист. 04.08.2018.

Ғолибони мусобиқа:

Дар вазни 25-кг:

1. Хушдилов Х, мактаби №2;
2. Назаров Р, мактаби №4;
3. Хушдилов М, мактаби №2.

Вазни 28кг:
1. Хушдилов М, мактаби №2;
2. Бодуров А, мактаби №2;
3. Муриватов А, мактаби №5.

Вазни 32кг:
1. Бачонаев А,  мактаби №4;
2. Хушқадами М, мактаби №2;
3. Қаноатов Д, мактаби №5.

Вазни 36кг:
1. Охиров С, мактаби №5;
2. Музафаров А, мактаби №4;
3. Шумқоров М, мактаби №3.

Вазни 40кг:
1. Азорабеков Ф, мактаби №16; 
2. Азорабеков Ҳ, мактаби №16; 
3. Муродов Х, мактаби №4.

Вазни 44кг:
1. Гулов А, мактаби №4;
2. Шарипов А, мактаби №4;
3. Соиров С, мактаби №4.

Вазни 48кг:
1. Ямини Адиб, мактаби №4;
2. Шарипов А, мактаби №4;
3. Миробов М, мактаби №4.

Вазни 52кг:
1. Боқиев Х, мактаби №4;
2. Рустамов Х, мактаби №2;
3. Норов Ҷ, мактаби № 4.

Вазни 55кг:
1. Раҳматихудоев С, мактаби №4;
2. Бачонаев С, мактаби №4;
3. Охиров С, мактаби № 2.

Вазни 60кг
1. Сулаймонов Х, мактаби №4;
2. Бачабеков, мактаби № 16;
3. Хушдилов С, мактаби №.

Гузориши Бахтиёр Шокарим.

Расмҳо аз мусобиқа:

Gustinbovud1

Gustinbovud2

Gustinbovud3

Gustinbovud4

Gustinbovud5

Gustinbovud6

 

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.