Мурувватшо Бачабеков

  mrivatbchabegУстоди варзиши ИҶШС оиди дзюдову озод, устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурувватшо Бачабеков дар деҳаи Баравни деҳшӯрои Водхуд 17 феврали соли 1944 ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна, солҳои 1960-1962 дар мактаби ҳунари сохтмонй таҳсил намудааст. Солҳои 1962- 1966 ба хизмати ҳарбӣ рафта, дар қисмҳои флоти баҳрии қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС адои қарз намудааст. Солҳои 1968-1972 донишҷӯи факултаи тарбияи ҷисмонии Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи Т.Г.Шевченкои Тоҷикистон (ҳоло Дониш- гоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ.Ҷӯраев) буд. Аз соли 1972 то соли 1994 вазифаи устоди кафедраи варзиши ҳамин донишгоҳро ба ӯхда дошт.
  Мурувватшо Бачабеков дар як қатор мусобиқаҳои ҷумҳурӣ ва умумииттифоқӣ ва гӯштиҳои ғайрирасмӣ қувваозмоӣ намуда, борҳо ғолиб омадааст. Ин паҳлавон дар тарбияи варзишии ҷавонон саҳми арзанда гузоштааст. Баъзе аз шогирдонаш ба зинаҳои баланди касбй баромада, шарафи варзиши ҷумҳуриро дар мусобиқаҳои умумииттифоқӣ ва байналмиллалӣ ҳифз кардаанд. Ҳоло ба ҳайси директори меҳмонхонаи “Спорт”-и шаҳри Душанбе дар хизмати мардум мебошад. (Аз китоби “Ванҷ-и Ҳ. Пирумшоев).

Паҳлавон ва инсони нексиришт

  Мардуми диёр ҳама вақт аз ӯ ба некӣ ном мебаранд.Чун ба зодгоҳ ояд, ҳама ба зиёраташ мераванд то аз сӯҳбати ин марди шариф ҳаловат баранд.Ӯро ба меҳмонӣ мехонанду гиромӣ медоранд. Аз хонаи ҳамдеҳагон дидан мекунаду бо онҳо сӯҳбати самимӣ. Ҳар вақт Хоруғ дар мусобиқаҳо меояд, шогирдонаш нек пешвозаш мегиранду эҳтиромашро ба ҷой меоранд.
  Ба ҳайси довар дар мусобиқаҳои сатҳӣ ҷумҳурӣ дар шаҳри Хоруғ иштирок карда, соҳиби тӯҳфаҳо низ шудааст. Як се бор ба ҷуз тӯҳфаҳои дигар 3 қутосаш тақдим намуданд. Бори аввал мо ҳама, ки қутосро надида будем, тамошо рафтем.Устодро дар хонаи падарӣ дарёфтем. Бисёр марди хушчақчақест. Аз ҳамин қутосҳои оварда кушта марака меорояду мардуми деҳаро сарҷамъ мекунад.Чунин аст хислати қаҳрамони навбатии мо Устоди варзиш Мурувватшо Бачабеков. Ҳар омадани акаи Мурувватшо ба деҳа тӯйеро мемонад. Тӯҳфаҳои дигарро дар хонаи падар ба бародараш Иматшо мемонад.
  Устод Мурувватшо Бачабеков соли 1944 дар деҳаи бостонии Баравни Водхуд, дар хонадони ҳофизи машҳури мардуми Ванҷзамин Бачабек Шобеков по ба арсаи ҳастӣ гузоштааст.Маълумоти ҳафтсоларо дар мактаби зодгоҳ ва миёнаро дар ноҳияи Куйбишев (ҳоло Абдураҳмони Ҷомӣ) гирифтааст. Минбаъд таҳсилро дар омӯзишгоҳи сохтмонӣ идома додааст. Баъд ба хизмати аскарӣ рафта, дар нӯруҳҳои баҳрии шӯравӣ адои хизмат намудааст.
  Соли 1968 ба факултаи тарбияи ҷисмонии Донишкадаи омӯзгории Душанбе ба номи Шевченко (ҳоло ДДОД ба номи С.Айнӣ) дохил мешаваду онро соли 1972 бо муваффақият хатм менамояд. Баъди хатм дар донишгоҳ ҳамчун омӯзгори варзиш монда, то соли 1994 кор кардааст. Сипас вазифаи мудири базаи туристии «Варзоб», меҳмонхонаи «Варзиш»-и Кумитаи варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистонро иҷро кардааст.
  Ӯ яке аз мураббиёни беҳтарин аа соҳибэҳтироми соҳаи варзиши Тоҷикистон шинохта шудааст. Шогирдонаш дар саросари ҷумҳурӣ ва берун аз он ба таълиму тарбияи варзишгарон машғул мебошанд. Аз варзишгарони Ванҷзамин устод Мурувватшо Бачабеков дуюмин варзишгарест (баъди Худогӯ Ҷумъаев), ки унвони Устоди варзиши Шӯравиро ҳифз кардааст. Доимо дар мусобиқаҳои варзишии риштаҳои самбо ва ҷудои ҷумҳурӣ ва умумииттифоқ баромад карда, зафар ёфтааст.
  Мурувватшо Бачабеков ҳамқадам ва дӯсти ҷаҳонпаҳлавон Сайидмӯъмин Раҳимов ва паҳлавони номии кишвар Маҳмадшариф Сулаймонов ҳастанд. Соҳиби чандин медалу ифтихорномаҳои Кумитаи варзиши ҷумҳурӣ ва Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон мебошад. Беҳтарин рақси паҳлавонӣ ва майдондориро ба ӯ нисбат медиҳанд.
  Устод дар баробари варзишгар будан инсонгарии хуберо доро мебошанд. Мӯйсафедон ва ҳамсолонаш сӯҳбат карданд, ки чу озими Душанбе мешудем, Мурувватшо моро суроғ карда, ба зурӣ бурда, меҳмондорӣ мекард. Шогирдонаш Давлатшо Бачабеков, Ҳимматшо Қаноатов, Саламшо ва Акбар Муҳаббатовҳо, Абдулло Тирандозов, Алишер Давлатов ва онҳое,ки аз ӯ дарс гирифтаанд, дар нисбаташ эҳтиром қоиланд ва дар ҳаққаш ҳамеша дуои хайр мекунанд.Мо ба онҳо ҳамовоз шуда, ба устоди ҳамдиёр пеш аз ҳама саломатӣ, сарбаландӣ ва муваффақият таманно мекунем. Худо нигаҳдори Шумо паҳлавони номӣ ва марди нексиришт бошад!. Давлатмир Юнусзода.

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.