Мулло Қадами Одина

   Баъди барқарор гаштани ҳукумати коммунистӣ дар сарзамини мо барои вусъат додани ақидаву ҷорӣ намудани тартиботи хеш коммунистон қабл аз ҳама аҳли зиёи он замонро ба хотири куллан маҳв намудани фарҳангу оини мардум, ки онҳо ҳофизону ҳомилони он буданд, нобуд месохтанд. Мулло Қадами Одина бузургмарде аз зумраи ин зиёиёни қурбонии террори коммунистӣ будааст.
  Мулло Қадам мутаваллиди деҳаи Мудехарв буда, аз хурдӣ ба касби дониш шуғл варзидааст. Дар ҷойи муайяне таълим гирифтанаш маълум нест, аммо дар назди олимони диёр таълим гирифтану  чанд маротиба ба Қӯқанду Бухоро сафар кардану шумораи зиёди китобҳо оварданашро ёдовар мешаванд. Бо назардошти донишу заковат ва пайванди хешовандӣ қозии Ванҷ Мулло Вазир (Мулло Қадам бародарзодаи (биёрзои) ӯ буд) ӯро муншӣ дар умури ҳуҷҷатгузорӣ ва шахси мӯътамади хеш мегирад.
  Баъди ғалабаи инқилоб коммунистон, ки дар гузашта ҳамаашон деҳқону мардикор буда, аз илму дониш дур буданд, бо омӯхтани хондану навиштан дар мактабҳои нави шӯравӣ вазифаҳои давлатиро ба даст гирифта, ҳар чизеро бегонагон барояшон бор мекарданд, бо камоли майл пазируфта, фарҳангу ойину дигар арзишҳои миллии хешро нафрат намудаву бо кӯмаки ғосибон дарҳам мешикастанд. Хусусан ба аҳли зиёи пешин дарафтода, онҳоро ба ҳар ҷурме муттаҳам намудаву ҳама бадбахтиҳоро ба сарашон бор менамуданд. Онҳоро сабаби қафомонии ҷомеа дониста, бо тамоми овоз ҷор мезаданд, ки русҳо мардумро аз чоҳ берун кашида, «биҳишт»-ро (коммунизм) дар ин дунё барояшон фароҳам месозанд. Агар он ашхос оқибати ин «наҷотдиҳӣ»-ро имрӯз медиданд, албатта худ хешро лаънат менамуданд.
 Навраисони Ванҷи Боло, ки дину ойин, шаъну шарафи хешро бо «ойини» нави коммунистӣ иваз намуда, соҳибмансаб гардида буданд, дар шахси Мулло Қадам, ки як марди боилму фарҳангу тақво буд, хаёли ҷоҳу мансаб ҳам дар сараш набуд,  агар ҳам мебуд, ӯ бо донишу фаросаташ пеш аз онҳо онро соҳиб мегашт ва ӯ дини хешро нафурӯхт, рақибу душмани худро дида, ба ҳам забон як карда, дар борааш маълумот доданд, ки вай муллову аз ходимони ҳукумати пешин буда, ба Ҳукумати Шӯравӣ душмани дорад. Бо кӯшишу ғайрати он хоинон Мулло Қадамро бо ҷурми ширкат дар созмонҳои аксулинқилобӣ айбдор намуда, ҳамчун «душмани халқ» ба ҳукми қатл маҳкум намуданд.
  Шаш фарзанди хурдсолро ятим гузошта, ӯро гирифта бенишон бурданд. Ба куҷо бурдану дар куҷо парондану дар куҷо мадфун намуданаш то ҳол номаълум аст. Бо вуҷуди ятимиву бепадариву азобҳои зиндагӣ фарзандонаш доим дар зери назорату фишори ҳукумат қарор доштанд.
  Баъди сусту  заиф гаштани ин ҳукумати сохтаи бофта ҳама ноадолатиҳои он рӯшан гашта, маълум гашт, ки ин мардро бегуноҳ нобуд сохтаанд ва барои бардоштани пардаи сиёҳ аз рӯи ин марди шариф ин ҳукумат ба номи писари хурдияш Азамат Қадамов «хатти сафед» (авфнома) ирсол намудааст. Бо фармони Президуми Шӯрои Оллии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сусиёлистӣ аз 16 январи соли 1989 оид ба барқарор намудани адолат дар нисбати қурбониёни ҷазоҳои солҳои сию чиҳилу панҷоҳум парвандаи ҷиноӣ дар нисбати Мулло Қадам Одина пӯшида гардида, ӯ сафед карда шудааст.

   PS: Ҳамаи он шахсоне, ки барои нобудии Мулло Қадам талош варзидаанд, дар охири умрашон бо хориву зиллат ва дарду кулфат аз олам гузаштаанд.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.