Мулло Умар

  Мулло Умар фарзанди калонии Мулло Одина, марди фозили Кӯҳистони Бадахшон аст. Соли 1870 таваллуд ёфта, дар Бухоро таҳсили илм намуда, баъди хатми мадрасаи Кӯкалтош ба зодгоҳаш деҳаи Лугад баргашта, ба тарбияи шогирдон машғул будааст. Борӣ нахуст дар Ванҷ кишти шолиро ҷорӣ намудааст. Соли 1929 дар синни 59-солагӣ қатл шудааст.

Марди неку кадхудо Мулло Умар,
Он ки буда хоссае дар ҳар ҳунар.
Деҳқон будасту марди аслзод,
Хотаме андар сахову ҷуду дод. (Басир Расо)
(Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.