Мулло Давлати Язгуломӣ

Ёде аз чароғи маърифати ислом, устод, мавлавӣ Мулло Давлати Язгуломӣ

  Мулло Давлат, яке аз чеҳрахои шинохтаи улуми илоҳиётӣ, рӯҳонии маъруфи даврони хеш буда, ҳамчун ғаввоси ишқи илоҳӣ, ҳанӯз аз даврони навҷавонӣ диққати мардуми диёрашро ба худ ҷалб намуда, бо маҳорати фавқуллодаашон ба дилу дидаи онҳо, аз ҷумла, зиёиёну хирадмандони замонаш мавқеи махсусе дарёфт карда буд.
 Давлат писари Сабзалӣ, ки бо дарёфти касбу камоли маърифати улуми илоҳиёт минбаъд бо номи Мулло Давлат маҳбубу маъруф мешавад, тақрибан дар миёнаҳои солҳои (1827-1829) дар деҳаи Жамаги водии Язгулом, қаламрави Дарвоз, (ноҳияи Ванҷи имрӯза), дар яке аз оилаҳои худогоҳи замонаш ба дунё омадааст. Даврони тифлӣ ва кудакиашро дар ҳамон зодгоҳаш гузаронидааст. Модараш аз хонадони “Толибӣ”, духтари Идибек ва хоҳари пири Шахкамон (1778–1930) инсони дарозумртарини минтақа будааст. Яъне, Мулло Давлат хоҳарзодаи пири Шахкамон будааст. Афзалияту бартарияташ аз покзодагӣ ва аз насаби аслии худи ӯ сарчашма мегирад. Мулло Давлат аз табақа ва табори махдумзодагони диёраш будааст.
 Падараш Сабзалӣ, агарчанде, ки донишмади барҷастаи замони худ набудааст, вале то ҷое, ки маълум аст, шахсияти бохабар аз илму маърифат будааст, аз ҳамин лиҳоз барои фарзандаш таълимоти нахустин ва ибтидоиро бо тамоми имконияташ, то хатм кардани девони Ҳазрати Бедил таълим додааст. Падараш шахсияти муттақиву фурӯтан ва ниҳоят худопарасте будааст. Барои таълиму тарбияи фарзандаш, тамоми шароити лозимаро фароҳам овардааст. Дар оянда, қобилияту малакаи ӯро ҳамдиёрон ва дӯстон ба назар гирифта, барои падари эшон маслиҳату машварат медиҳанд, то ки эшон барои фарзандашон имконияти бештаре фаро биёварад, то минбаъд Мулло Давлат тавонад дониши худро дар назди дигар олимони пешрафтаи замони худ сайқал бидиҳад. Минбаъд, бо тавсияи уламои диёр, падараш ӯро барои омухтани донишҳои исломӣ ва ирфонӣ ба Дарвоз (ба маркази ҳамонвақтаи илму фарҳанг ) мефиристонад. Мулло Давлат дар он ҷо, дар мадраса дар муддати панҷ сол таҳсили илми хешро идома дода, чун орифи комил ба ватан баргаштааст. Дарвоз дар ҳамон вақт маркази ин қаламрав ҳисоб ёфта, яке аз пойтахтҳои илмиву фараҳангии он замон ба шумор мерафт, дар он давра Язгулом мустақиман тобеъияти амлокдории Қалъаи Хумбро дошт. Қаламрави шоҳони Дарвоз аз рӯи мавқеъи ҷуғрофӣ, нуфуз ва ягонагии сохтори иктисодӣ ба ёздаҳ амлокдорӣ ва ду бахш тақсим мешуд, ки Язгулом бевосита яке аз бахшҳои он ҳисоб меёфт. Дар он ҷо бештари адибон, олимон ва равшанфикрони давр – дар дарбори шоҳигарии Дарвоз ҷамъ меомаданд ва суҳбатҳо ва баҳсҳои илмӣ доир мекарданд ва шароити таҳсил ҳам дар марказ, ба маротиб аз тарзи таҳсили зодгоҳаш фарқ доштааст. Дар маркази таълимӣ вай бештар майли хешро дар хаттотӣ зоҳир намуда, дере нагузашта, маслаки хаттотиро аз худ намуда, барои муддати кӯтоҳе ба зодгоҳаш водии Язгулом баргашта, аз дониш ва малакаи гирифтаи хеш дигаронро баҳаравар сохтааст, ки дар натиҷа шогирдони зиёдеро дар ин бахш ба воя расонид. Мулло Давлат минбаъд дар нишастҳои илмиву адабии води Язгулом дар маҳфилҳо ширкат варзида онро шукӯҳу шаҳомати хосе мебахшид, пайваста ӯро ба Дарвоз ба дорулмаърифати шоҳона даъват мекарданд. Дар ин нишастҳову баҳсҳои илмӣ донишу маърифат ва диди исломии ӯ рӯз ба рӯз меафзуд ва шуҳраташ рӯз ба рӯз боло мерафт.
 Дар ҳақиқат ин фарзанди хонда шудаи илоҳӣ будаааст, ки ханӯз дар синни ҷавонӣ дар ҷустуҷӯи ҳақиқат рафт ва ба маҷоз қаноат накарда, дар навҷавонияш дар пайи устоди маънавии хеш мешавад. Ҳамон тавре ки дар боло ишора кардем, Мулло Давлат устоди маънавии худро бори нахуст дар назди устодони мадарасаҳои Дарвоз пайдо намудааст. Ин иродаи худовандие мебошад, ки танҳо таваҷҷӯҳи инсонҳои дилхоҳашро ба ин ё он тараф, ё барои таҳсил ё ин ки ба тарафи шуғлу касби дигар ба назди уламо ва фузалои давр равона месозад. Ин буд, ки дере нагузашта дар мадрасаҳои Дарвоз дар назди ҳамсабакон ва устодонаш маҳбубияти хосе пайдо мекунад. Баъди фориғуттаҳсил шудан аз мадрасаи Дарвоз, устодонашон барои вай машварат медиҳанд, ки бояд минбаъд барои такмили илм ба кишварҳои дигар сафар кунад, барои дарёфти қуллаҳои баландтари улуми илоҳиёт бояд азми Бухоро намояд. Маркази тамадуни минтақаи Ховари Миёна шаҳрҳои Бухорову Самарқанд буда дар саросари офоқ уламову фузалои фориғ-ут-таҳсили ин билод шуҳрат доштанд, барои ба даст овардани дурри мақсуд танҳо дар муҳити Бухорову Самарқанд таҳсил мебояд, омӯхтани илми Қуръон дар назди мударисин ва олимони забардасти ин шаҳрҳо мояи саодати ҳар доништалаб будааст, онҳо ба вай тавсия доданд, ки аз саодати тарбияи донишгоҳҳои ин шаҳрҳои муқаддас бархурдор шуда малакаву маҳорати касбӣ пайдо кунад, то дар оянда дар сарзамини бобоияш исломи хақиқӣ ё худ исломи ноб ва ғаррои Муҳаммадиро пиёда бикунад. Акнун дар наздаш роҳи душвортаре дар пеш буд, ӯ ба ҳар навъе ки бошад, бояд онро сипарӣ мекард. Аз ин рӯ вай бо иҷозати волидайнаш кӯлборе бар пушт ва рахте ба сӯи Бухоро мебандад.
   Бояд гуфт, ки то ба ин давра дар зодгоҳаш, диёри Язгулом уламои таҳсилкарда дар бахши ислом аҳён – аҳён ба назар мерасиданд, зеро аз ин водӣ, то замони Мулло Давлат касе дар ин ва ё он мадрасаҳои бузург таҳсили илмеро фаро нагирифтааст. Муло Давлат нахустин фарде буд, ки бояд баъди сафар ва таҳсили тулонӣ ба мардумаш аз ҳақиқати ислом муждаи тозае биёварад. Аз ин рӯ бояд, ки ӯ хатман рӯ ба сафар меовард. Биллохира баъд аз худоҳофизӣ бо волидайну мардуми диёраш, кӯлбор бар пӯшт карда, рахт ба ҷониби Бухоро мебандад ва баъди роҳпамоиҳои хеле тулонӣ, ки он ба муддати 34 шабонарӯз ба дарозо кашида буд, ба шаҳри Бухорои шариф, мерасад. Бо дидани Бухоро назари ӯ ба чаҳон дигар мешавад. Баъди пурсишу ҷустуҷӯҳо ба мадрасаи “Мири араб” роҳ пайдо мекунад ва ба ҳузури уламо ва донишмандон мушараф мешавад. Вай ба санҷишу имтиҳоноти ҷиддӣ ва хеле душворе рӯ ба рӯ мешавад, билохира ба мадрасаи дар боло зикр шуда дохил шуда, таҳсили улуми илоҳиётро аз бар мекунад. Муҳити Бухоро ва мадрасаҳои он, тарзи тадрис аз муҳити кӯҳистон ба куллӣ фарқ дошт. Дуюм аз волидайн ва хешу наздикон дур мондан низ, барои ин ҷавон кори соддае набуд, ки бори аввал аз чунин диёри кучаки кӯҳистон ба ин мухит рӯ оварда буд ва бояд дар ин ҷо хулоса мебаровард, ки ё таҳсилро идома бидиҳад ва ё ба ватан баргардад. Акнун бояд тамоми кӯшишу ғайрати хешро ба омӯхтани илму дониш сарф мекард, зеро баъди кӯшишу заҳмату ҷаҳду ҷадалҳои ҳарчӣ бештар инсон метавонад ба натиҷаи дилхоҳаш бирасад. Дере нагузашта Мулло Давлат дар миёни ҳамдарсонаш маълуму маъруф шуд, устодонаш аз натиҷаи таҳсили вай розӣ буданд. Акнун розу ниёзҳое ки вай дар дил аз ҳақиқату тариқату шариат дошт, барояш ошкор шуд ва ҷуръати ӯро барои идома додани илму маърифат бештару бештар сохт, дар натиҷа вай, муддати 16 сол дар мадрасаи номбурда таҳсили илмро фаро гирифтааст. Дар натиҷаи таҳсили амиқ ва фарогир, Мулло Давлат сазовор ба дараҷаи унвонҳои муфтӣ ва қозӣ расида, баъдан ӯро арзанда ба мақомоти Мавлавӣ донистанд. Акнун Мулло Давлат метавонист бо хатмкардаҳои ҳаммадорис паҳлу ба паҳлу бинишинад ва бо онҳо суҳбату саволу ҷавобро дар миён гузорад ва бебокона ба саволҳои онҳо посух бидиҳад. Дар аксарияти баҳсҳои илмӣ ва мазҳабӣ ғолибу дастболо мешуд. Баъд аз касби камолот ва мураххас шудан дар либоси шариат, муддате ба шаҳри Андиҷон рафта, дар мадарасае аз табиби ҳозиқу маъруф Мулло Азим дарс гирифтааст ва риштаи тибро омӯхтааст, ки дар натиҷа касби табибиро низ аз худ карда, инчунин дар илмҳои риёзӣ ва хандаса низ пешдаст шуд.Тарзи истеҳсол намудани коғазро омӯхта, ин касбро минбаъд дар зодгоҳаш амалӣ кардаааст. Мулло Давлат бо сайъю талош, ки фитрати вижаи хостаҳои вай буд, донишманди гуногунсоҳаи муътабари замони худ шуд. Баъд аз касби камолот ва гирифтани натиҷаи дилхоҳ аз мадараса мураххас шудааст ва зоҳиран дар либоси тақвои шариат ва ботинан бо ҷавҳари мусаффои тариқат ба ватан баргашта ба тадрис оғоз намудааст. Зиёда аз 15 китоб ба забонҳои тоҷикӣ ва арабӣ навиштааст, чанд китобе дар риштаи тиб навиштааст, ки феълан бештари ин китобҳо дар китобхонаи шахсии муаллими забон ва адабиёти мактаби миёнаи № 23, дар деҳаи Жамак, устод Ҳайдари Кӯҳкан маҳфуз мебошанд. Бояд қайд кард, ки маълумоти ҳар чӣ бештаро дар бораи ин шахсияти маълуму маъруфи диёр маҳз устод Ҳайдари Кӯҳкан дорад, зеро ки бештари мероси илмӣ, китобҳо, навиштаҳо, дастхатҳои Мулло Давлатро то ба имрӯз падари бузургвораш домулло Кӯҳкани Махмадулло барои фарзандаш Ҳайдари Кӯҳкан ба мерос гузоштааст.
 Мулло Давлатро падараш баъди ба пояи баланди дониш расонидан бо духтаре аз деҳаи Будуни Язгулом хонадор кард, аз онҳо панҷ фарзанд, се писар ва ду духтар таваллуд шуда, ба воя расиданд, ки минбаъд чароғи маърифати хонадони онҳоро мунаввартар менамоянд. Ҳоло набераву абераву чабераҳои ин шахсияти забардаст чӣ дар зодгоҳ ва чӣ дар дигар навоҳиҳои Ҷумхурӣ дар хидмати мардум мебошанд. Фарзандони набераи марҳум: устод Маҳмадуллои Мусо писари духтараш Зебунисо аз ҷумлаи пайвандони наздиктарини ӯ дар водии Язгулом буда, аберааш қорӣ Муҳамммадризои Мусо бошад, дар деҳаи Жамаки дараи Язгулом анъанаи бобояшро идома медиҳад.
 Дар соли 1874 падараш барои дидорбинӣ бо писараш озими шаҳри Андиҷон мешавад ва баъди суҳбатҳо бо устодон бораи рухсат гирифтан ба фарзандаш, бо онҳо ба мувофиқае расидааст ва минбаъд бо писараш Мулло Давлат бо мушкилиҳои зиёде озими ватан мешавад ва дар зодгоҳаш ба кору фаъолият оғоз намудааст. Вай дар қозиёти водии Язгулом вазифаи мирзоиро пеша карда, инчунин ба табобати мардум машғул мешавад. Мулло Давлат то ба дараҷаи унвони Мавлавӣ расида, минбаъд дар мансабҳои козӣ ва муфтӣ барои мардум хидмат намудааст, санади комиле дар риштаи тиб низ доштааст.
 Нишастуо ва баҳсҳои ҷиддии уламо ва аҳли илму адаби қаламрави Дарвоз бидуни иштироки ӯ намегузаштанд, дар маҳофили уламову бузургони замонаш иштирок ва изҳори назар карда, бо мурури замон донишу фалилаташ афзун мешавад, ҳамвора машғули ибодат ва эҷод кардан будааст. Ӯ марде хушрафтор, дорои ахлоқи писандида, покизамаҳзару хайрхоҳи мардум, улуми Қуръон, тафсир, хаттотӣ, илми ҳадисро то ба ҷое расонидааст, ки минбаъд яке аз уламои номдори диёри хеш шудааст. Забони арабиро баробари забони модариаш пуррагӣ аз худ карда буд. Дар хаттотӣ низ комилан касби ҳунар карда дар ҳафт намуди хат, махсусан дар хатти насх – Куръонӣ ва хатти настаълиқ чирадаст будааст. Осори аз вай то ба имрӯз расида, ҳама маҳсули қалами сеҳрноки худи ин марди шарифи руҳонӣ мебошанд. Хулоса дар пешбурди илми исломӣ дар ин диёр вай яке аз нахустин уламое будааст, ки мардумро ба тақводориву роҳи рост ва ҳақиқат, худопарастӣ талқин мекардаст, дар рушду равнақи исломи азиз диёри хеш саҳми босазое доштааст. Минбаъд дигар шогирдонаш ин анъанаи ӯро пеша кардаанд ва ба ҳамин хотир то ба имрӯз решаи ислом дар ин диёр мустаҳкаму қаввӣ аст.
 Муддате баъди баргаштан ба ватан фарзандаш Хоҷадавлатро бо шогирдаш домулло Имом барои таҳсил ба Бухоро мефиристонад, ки баъди таҳсили дарозмуддате домулло Имом ба ватан бармегардад ва писараш Хоҷадавалат дар Бухоро таҳсилро идома додааст ва пас аз 21 соли таҳсили илми хешро идома додан, дар натиҷаи паҳн шудани бемории вабо дар шаҳри Бухорои шариф ва навоҳиҳои атрофаш, бо ин дунё падруд мегӯяд ва хабари фавти ӯро аз шаҳри Бухоро барои падараш, домулло Имом овардааст.
 Аммо давраи солҳои охири умри Мулло Давлат ба солҳои пурошӯбу табақотӣ, яъне солҳои охири салтанати шоҳии Бухоро ва рӯ ба инқироз ниҳодани он ва оғози ҳокимияти давлати Шуравӣ рост меояд, ки ба ӯ низ бетаъсир намондааст. Вале ӯ баъди ғалабаи Инқилоби Октябр ба ягон гурӯҳу фирқае ҳамроҳ нашудааст ва бо фарзандони хеш чораи рӯзгори фақирии худро мебинад. Соли 1919 дар деҳаи Жамаки водии Язгулом ин ҷаҳонро падруд мегӯяд.
  Оромгоҳи мавлавӣ Мулло Давлат дар қабристони “Намозгох “- и деҳаи Жамаки водии Язгуломи ноҳияи Ванҷ зиёратгоҳи хирадмандони аҳли дил мебошад. Бештари наберагон ва абераҳои Мулло Давлат имрӯз хатмкунандагони мадрасаҳои кишварҳои исломии Ирон ва Покистон мебошанд, буда имрӯз касби падарбузургашонро идома дода, дар хидмати мардуми аҳли диёраш мебошад ва номи бобояшро аз тариқи каломаш зинда нигоҳ медорад.
 Ҳамин тариқ ибтикори фарзандони бохиради ин марди фозил моро ба чунин андеша овардааст, ки дар воқеъ ҳам ин диёри кӯҳистони тоҷик як махзани пурганҷи кашфношудаест, ки ошкор кардани сарватҳои ин диёр кори ояндаи ҳар як шахси хирадманд ва озодандеш мебошад.
 Имрӯз Язгуломиён бо ҳамдиёрони гузаштаи хеш домулло Имом, домулло Мирҷон, домулло Давлатбек, домулло Чупон, мулло Банда, мулло Соҳибназар, домулло Назари Лозурӣ, домулло Назарвалӣ, Домулло Муродбеки Меҳрубон (маъруф ба мири Муродбек), домулло Самад, домулло Сафдаралӣ, домулло Муҳаммаднаим, мулло Наҷот, мулло Муҳаммадғавос, хаттот охунди Файзуллобек, домулло Неъмат, домулло Султонвазир, домулло Қурбон, мулло Назар, мулло Мирзораҳим, мулло Маҳфил, домулло Кӯхкани Маҳмадулло, домулло Манони Бобокалон, домулло Шодибеки Миралӣ, домулло Ҷонмуҳаммади Ризвон, домулло Нури Мирзоалӣ, ҳазрати Ҳочӣ домулло Муҳаммадсаид ва махдуми Абдулмаҷиди Қурбон ва як иддаи дигар ифтихор доранд.
 Мавлавӣ Мулло Давлат нахустин ва тавонотарин хатмкунандаи мадрасаи Бухоро аз водии Язгулом мебошад, ки баъди ба Ватан баргаштан яке аз такондиҳанда ва пешбарандаи илми Иллоҳӣ дар диёри хеш мебошад, ки ашхоси дар боло зикёфта баъд аз сари ӯ анъанаи устодашон ҳар чи бештар дар миёни мардум таблиғу тарвиҷ додаанд, ки имрӯз ҳам ин анъана дар байни Язгуломиён идома дорад.
 Бояд кайд кард, ки диёри Язгулом минтақаест, ки арзишҳои фарҳангии он барои ҷомеаи Тоҷикистон то ҳанӯз кашф нашудааст. Ногуфта намонад, ки водии Язгулом яке аз гаҳвораҳои исломии сарзамини Тоҷикистон мебошад, ки чароғи марифати исломи ҳамеша дар он фурӯзон буд ва хоҳад монд. Абдулқодир Алавӣ.

1 Назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.