Муллоёр аз нуқтаи назари муҳаққиқ ва шоир Басир Расо

  Омӯхтан ва барқарор намудани матни саҳеҳи ашъори Мулло Ёрмуҳаммад – мутахаллис ба Ёрӣ бозсохтани як хаварнақи фурӯрехтаеро мемонад, ки ба дастури аввала овардани он дониши бостоншиносӣ, санъати меъмориву муҳандисиро тақозо дорад.
  Мулло Ёр дар баъзе тазкира ва баёзҳои чопии дар Бухоро ва Кобулу Самарқанд интишорёфта ва дастхатҳо ҷое бо номи Мулло Ёри Ванҷӣ ва ҷое Дарвозӣ ёдовар шудааст. Аз ҷумла, муаллифи «Маҷмӯаи адабиёти Дарвоз» Ғулом Муҳаммад Ҳиҷрати Дарвозӣ чунин меорад: «Мулло Ёрмуҳаммад аз аҳолии алоқаи Ванҷи Дарвози Бадахшон мебошад». Дар воқеъ, ӯ дар водии Ванҷ, ки замонҳои пеш аз ҷиҳати маъмурӣ ба қаламрави Дарвоз мансуб буд, ба дунё омада аст. Дар собиқа ҳудуди маъмурии Дарвоз аз Ванҷ сар шуда, дар ҳавзи Посюни Тавилдара ба охир мерасид. Ҳоло яке аз ноҳияҳои собиқ Дарвоз – Қалъаи Хумбро Дарвоз ном ниҳодаанд.
  Бояд хотирнишон кард, ки тазкираву баёзҳо одатан аз мунтахаб ё худ гулчини беҳтарин ашъори шуарои классикӣ ва муосир мураттаб мешуданд ва дар радифи ашъори бузургони тоҷик қарор гирифтани ғазалиёти Мулло Ёр ба нафосат, назокат ва таровату малоҳати табъи шоирии ӯ далолат мекунад. Мутаассифона аз ин ашъори латифу ғариби ӯ то ба замони мо кам боқӣ мондааст ва мероси хаттии шоир дар шакли девон ва умуман навиштаҷоте ҳануз дастраси муҳаққиқон нагардидааст. Гуфтаниам, ки кофтуковҳои Басир Расо ҳам дар ин самт, яъне пайдо кардани ашъори китобатии Мулло Ёр боз идома хоҳад ёфт. Ашъори Мулло Ёр ағлаб дар забонҳо боқӣ монда, ба таври шифоҳӣ онро нигоҳ дошта, аз як забон ба забони дигар ирсол мешуд, ки дар ин амал чизе аз матни ибтидоӣ меафтад ва чизе бо салоҳдиди худи китобаткунанда илова мешуд. Бинобар ин омӯхтан ва барқарор кардани матни асосии ашъори шоир ба мушкилоти зиёде дучор меояд. Аввалан, барои ҷудо кардани ин иловаҳо аз асли ин матн маҳорати баланди матншиносӣ, лаҳҷашиносӣ ва назмшиносиро талаб мекунад, яъне таҳқиқу таҳлили ашъори шифоҳии Мулло Ёр ва барқарор намудани ашъораш талабгори он аст, ки: а) шахси муҳаққиқ ба абёти классикӣ хуб шинос бошад; б) шеваеро, ки шоир ба он шеър эҷод кардааст, мукаммал донад. Басир Расо дорои ин имкониятҳо буда, тавониста аст бо табъи шоириаш ва намояндаи шеваи ванҷ буданаш вазифаи пеша кардаашро ба хубӣ адо кунад.
  Дар ин замина омӯхтани эҷодиёти шоирони Кӯҳистон, аз ҷумла Мулло Ёр барои ҳамаҷониба донистан ва таҳлили вазъияти сиёсӣ-иҷтимоии гузаштаи ин мавзеъ аҳамияти беназир дорад. Дар сарсухани Басир Расо ин фикр ба таври мӯъҷаз ифода ёфта аст.
  Ашъори Мулло Ёр маҳсули муҳити зиндагии ӯ буда, инъикоси маҷрои пуртуғёни давру замони шоир аст.
  Мураттиби маҷмӯа Басир Расо аз ним аср зиёд боз ба омӯхтани эҷодиёти Мулло Ёр машғул аст. Ёд дорам, ки аввалин бор соли 1949 шеърҳои гирдовардаашро ӯ ба камина, яъне сотири ин сатрҳо, ки он айём ҳавову ҳаваси шеърхонӣ доштам, вале дар бораи шеъри Мулло Ёр ва шахсияти ӯ ягон иттилое надоштам ва бародари бисёр ҳам гиромии мо, ки баъдтар бо унвони номзади фанни педагогӣ сазовор гардида ҳам олим буду ҳам табъи баланди шоирӣ дошт – Ғафлат Мирзоев қироат намуда буд. Ана аз ҳамон солҳо Мулло Ёр мавқеи омӯзиши Басир Расо қарор гирифта буд ва аввалин мақола ҳам дар бораи Мулло Ёр дар матбуоти тоҷик ба қалами ӯ тааллуқ дорад. Акнун бо заҳмати ин шоири моҳир ашъори Мулло Ёр дар маҷмӯае гирд оварда шуда, бо сарсухани олимонае ифтитоҳ ёфта аст. Маҷмӯаи ашъори Мулло Ёр, ки дар он ғазалҳои бо лаҳҷаи Ванҷӣ суруда нисбат ба ашъори бо забони адабӣ эҷодкардааш бисёртаранд, барои омӯхтани таърихи шеваҳои забони тоҷик аҳамияти аввалдараҷа доранд.

Нодир Одилов. Узви пайвастаи Академияи улуми педагогӣ ва иҷтимоии Русия, профессор.

 

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.