Мудирони шӯъбаи маорифи ноҳия

Муҳаммадиев Сурх: 1933-1935.

Самиев Иқбол: 1935-1936.

Хоҷаев Муҳаммадхоҷа: 1938-1941; 1942-1944.

Нағзибеков Иқбол: 1941-1942; 1945-1946.

Давидов Султон: – .

Қосимов Ҷаъфар: – .

Назаров Шакармамад: – (аз ноҳияи Рӯшон).

Ҷононаев Нилобек: 1949-1952.

Ғиёсов Илмурод: – (аз Самарқанд).

Раҳматуллоев Абдулло: – .

Маҳмадбеков Вазир: – .

Абдуллоев Маҳмадулло: 1956-1961.

Гулобов Назар: 1961-1964 (аз ноҳияи Рӯшон).

Ҷорубкашов Аҳмадҷон: 1964-1967.

Раҷабов Мирзомуддин: 1967-1987.

Дамдоров Ширинҷон: 1987-1993.

Ғайратов Муҳаббатшо: 1993-2002.

Холиқов Хушқадам: 2002-2005.

Туронов Шодмон: 2005-2009.

Ёдгоров Рустам: 2009-2010.

Мардов Одинашо: 2010 – .

Наврӯзов Лутфулло: 20..- то ҳол.

  Муҳаммадиев Сурх – соли таваллудаш 1910, деҳаи Мудехарв, курси муаллимтайёркунии шаҳри Хоруғро хатм мекунад, соли 1929 мудири мактаби ибтидоии деҳаи Рованд, муддате бо тӯҳмат ба ҳабс гирифта мешавад, баъди раҳоӣ мактаби дусолаи муаллимтайёркунии шаҳри Самарқандро хатм мекунад, пас мудири мактаби ибтидоии деҳаи Ёгеди ноҳияи Қалъаихумб, соли 1933 муаллим дар мактаби деҳаи Мудехарв, бо таъсиси ноҳияи Ванҷ Муҳаммадиев Сурх мудири шӯъбаи маориф, баъдан мудир дар мактабҳои деҳаҳои Старғ, Ширговад, Мудехарв, дар солҳои ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ қисмате аз маошашро ба масорифи ҷабҳаи ҷангӣ мебахшад ва ба ифтихорномаи Станлин мукофотонида мешавад.
  Иқбол Нағзибеков – соли таваллудаш соли 1913, деҳаи Унбари Даргов, мудири мактаби деҳаи Бунай, мудири шӯъбаи маориф, бо тӯҳмат ба ҳабс гирифта мешавад, баъди раҳоӣ мудири шӯъбаи тарғиби ҳизби коммунисти ноҳия, баъдан маротибаи дуввум мудири шӯбаи маорифи ноҳия.
  Давидов Султон – аввалин шахси соҳиби маълумоти олӣ аз диёр, дар даврае роҳбари курсҳои муаллимтайёркунӣ ва баландбардории маҳорати касбии муаллимон дар шаҳри Хоруғ, соли 1946 мудири шӯъбаи маорифи ноҳия.

    • Махмадуллоев Карим мудири маорифи н ванч соли 1947.1949 зодаи дехаи жамаки н ванч .

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.