Моёншо Маҳмадбеков

  Моёншо Шодмонович Маҳмадбеков намояндаи олимони насли ҷавони Ванҷ буда, дар таърихи 12 моҳи апрели соли 1971 дар деҳаи Удоби ноҳияи Ванҷ дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1978 ба мактаби миёнаи рақами 14-и ноҳияи Ванҷ рафта, онро соли 1988 ба итмомом расонидааст.
  Аз соли 1988 то соли 1989 дар совхози “Россия” кор намуда, баъдан дар солҳои 1989 – 1991 хизмати аскариро дар сафи қувваҳои мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Красноярски Русия адо намудааст.
  Пас аз ин дар соли 1991 ба шӯъбаи ғоибонаи факултаи ҷуғрофияи Донишгоҳи омӯзгории ба номи Қ. Ҷураев дохил шуда, онро дар соли 1996 хатм намуда, дар солҳои 1996 – 2001 шӯъбаи ғоибонаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-сохтмончӣ ба итмомом расонидаанд. Пас аз хатми донишгоҳ дар ширкати “Таъмир” ба ҳайси сармуҳандис кор кардаанд.
  Аз соли   2001  то  соли  2004  мудири   шӯъбаи  муҳоҷирати  меҳнатии  Хадамоти    давлатии  муҳоҷирати   назди   Вазорати  меҳнат  ва   ҳифзи  иҷтимоии  аҳолии    Ҷумҳурии    Тоҷикистон   кор  намуда, аз  соли  2004  то  2005 намояндаи Вазорати   меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди муҳоҷират   дар шаҳри Хабаровски Федератсияи Русия будаанд. Пас аз он аз соли 2006  то 13 июли   соли 2010 мудирии шӯъбаи муҳоҷират, урбанизатсия  ва  сокиншавии   аҳолии   Пажӯҳишгоҳи  Демографияи   Академияи     Илмҳои   Ҷумҳурии   Тоҷикистонро ба ӯҳда дошта, аз  20 июли соли 2010 то 1 январи соли 2011 мутахасиси  пешбарандаи  раёсати   тадқиқоти проблемаҳои  инкишофи иҷтимоӣ   ва  бозори меҳнати Маркази   тадқиқотии  стратегии   назди    Президенти   Ҷумҳурии   Тоҷикистон будаанд. Аз 20 сентябри соли 2010 то  1 июли соли 2012 ба ҳайси  мушовири миллӣ дар Созмони Байналмилалии Муҳоҷират кор намуда,аз 1 июли соли 2012 то имруз дар Пажӯҳишгоҳи  фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносии   Академияи Илмҳои   Ҷумҳурии   Тоҷикистон   ба ҳайси ходими пешбари  илмӣ ифои вазифа намуда, аз 20 июли 2014  Сардори раёсати муҳоҷирати меҳнати аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
  Моёншо 25  августи соли   2010  рисолаи   илмии хешро дар  мавзӯи   «Равандҳои    муҳоҷират: моҳият,  тамоюлҳои  асосӣ  ва   хусусиятҳои хоси  он  дар   ҷомеаи   муосир» (таҷрибаи   Тоҷикистон) ҳимоя   намуда, соҳиби унвони номзади илмҳои ҷаъиятшиносӣ гардидааст.
  Аз осори илмии Моёншо Маҳмадбеков ду монография, як китоби дарсӣ ва 32 мақолаи илмӣ дар мавзӯи муҳоҷират дар Тоҷикистон ва хориҷ аз он ба нашр расидаанд.
   Моёншо оиладор ва соҳиби чор фарзанд мебошанд. Ашраф Акрам.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.