Мироҳанӣ Носиров

  mirohaniМироҳанӣ Носиров соли 1929 дар деҳаи Рохарви ноҳияи Ванҷ дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Ҳанӯз дар овони кӯдакӣ падарашро бо тӯҳмати иғвогаре ба ҳабс гирифтанд ва дар қатори даҳҳо маҳбусони сиёсии солҳои 30 бедарак шуд (соли 1937). Ҳатто модарашро ҳамроҳи фарзанд ба тарафи Кӯлоб иҷборан муҳоҷир намуданд. Хушбахтона Мироҳанӣ ҳанӯз бо сабаби тифлӣ ба ҳамаи ин гирудорҳои зиндагӣ сарфаҳм намерафт, модару писар тавонистанд, ки баъди ду сол ба зодгоҳ, ба назди хешу ақрабо баргарданд.
  Баъди зиннаи аввали таҳсил дар мактаби миёнаи маркази ноҳия М.Носиров бо тавсияи муаллимон барои идомаи таҳсил ба Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Хоруғ фиристода шуд. Пас аз хатми он фаъолияти касбии ин муаллими ҷавон дар синфҳои ибтидоӣ оғоз ёфт. Вале замон мукаммал намудани донишро талаб мекард. Маҳз ҳамин зарурият буд, ки Мироҳанй солҳои 1954-1956 дар Донишкадаи муаллимтайёркунии шаҳри Самарқанд идомаи таҳсил намуд. Акнун ӯ ба хизмати касбӣ пурра тайёр шуда, тамоми умр ба он содиқ мондааст.
  М.Носиров солҳои 1956-1959 ба ҳайси муаллим дар мактабҳои деҳоти Бунай, Ускрог шуғли таълими хонандагои дошт. Сипас 31 соли умри минбаъдаи худро (вафоташ 1987) қамчун омӯзгори мактабҳои ба иоми Ленин, рақамҳои 11, 4, 5, мудири интернат сарфи ин кору амали дӯстдоштааш намудааст. Хизмати содиқонаи устод Мироҳанӣ Носиров якрангу номаълум набуд. Кори намунавиаш мавриди омӯзишу тақлид қарор гирифт. Маҳз ҳамин фаъолияти намунавӣ буд, ки муаллим бо унвонҳои ифтихории “Аълочии маорифи халқ”, “Муаллими хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” мушарраф гашта, бо ордени “Байрақи Сурхи меҳнат” қадрёбй шудааст.  (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).

  1. Ман мефахрам бо Бобочонам,едашон гироми бод,Мо хам кушиш мекунем ки арзандаи ин бобохои хубам Носиров Мастон ва Мирохани Носир бошем.

  2. Миннатпазирем аз шумо ки аз падари бузургам ва бобоий некномам хотирот кардед. Худо хайрато дихад

  3. Ман мефахрам бо Бобочонам, едашон гироми бод.Мо хам кушиш мекунем ки арзандаи ин бобохои хубам, Носири Мастон ва Мирохани Носир

  4. Бобочонам мо фахр дорем, ки яке аз намоянда ва давомдихандаи шумо мебошем ва шуморо гиромиву хотирмон дар диламон азиз медонем.Рухашон шод бимонад Бобочони азизамон!

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.