Мастибек Норов

  norovmМастибек Норов – доктори илмҳои кишоварзӣ. М.Норов соли 1954 дар деҳаи Панҷшанбеободи ноҳияи Ванҷ ба дунё омадааст. Баъд аз хатми мактаби миёнаи рақами 4-и ноҳияи Ванҷ соли 1971, солҳои 1972-1977 дар Донишкадаи хоҷагии деҳаи Тоҷикистон (факултаи агрономӣ) таҳсил намудааст. Солҳои 1978- 1980 дар Пажӯҳишгоҳи зироатпарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолияти бурда, соли 1980 ба Шӯъбаи рузонаи аспирантураи Пажӯҳишгоҳи номбурда дохил шудааст. Баъди поён ёфани муҳлати аспирантура (1983) боз шуғли вази- фаи пештараро идома медиҳад.
  Ба туфайли тадқиқи назариявӣ ва таҷрибаҳои амалии зиёде ба олими ҷавон муяссар гашт, ки соли 1985 дар мавзӯи «Маҳсулнокии ҷувории донӣ вобаста ба зичии ниҳолҳо дар киштҳои алоҳида ва омехта» дифои рисолаи номзадӣ намуд.
  Фаъолияти корию илмии М.Норов дар солҳои минбаъда чунин сурат гирифтааст: Солҳои 1987-1997 мудири шӯъбаи селексия ва агротехникаи зироатҳои равғандиҳии Институти илмӣ-тадқиқотии зироаткории Тоҷикистон ва аз сентябри соли 1997 мудирии Кафедраи зироатчигӣ ва истеҳсоли хӯроки чорвои Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро ба ӯҳда до- рад. Соли 2002 ба нишони ифтихории «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сазовор шудааст.
  Аз рӯи натиҷаи ин тадқиқотҳо олим оид ба масъалаҳои зироатҳои хӯроки чорво, ғаллагиҳо ва равғандеҳ, дар заминҳои обӣ ва лалмӣ зиёдааз 100 мақолаҳои илмӣ, дастурҳои услубӣ ва тавсияномаҳо таълифу нашр намудааст.
  Ҳамчун селексионер М.Норов навҳои тезпази ҷав монанди «Ифти- хор», ҷуворимаккаи навъи «Шӯҳрат» ва навъҳои чормағзи заминии «Тоҷикистон-10» ва «Тоҷикистон-15»-ро ноҳиябандӣ намудааст, ки дар тамоми хоҷагиҳои ҷумҳурӣ кишт карда, ҳосили баланд мегиранд. Ҳамчунин ӯ чандин навъи зироатро (аз ҷумла маҳсар, кунҷит ва ғайра) ба Комиссияи давлатии навъсанҷии ҷумҳурӣ пешниҳод намудаву дар амал тадбиқ намудааст.
  Зери роҳбарии олим чандин ҷавонони лаёқатманди соҳа рисолаҳои илмӣ дифоъ намудаанд. Ҳоло олим дар айни камолоти касбӣ қарор дош- та, барои иҷрои наҳшаҳои илмии хеш ҷиддан талош меварзад. (Аз китоби “Ванҷи ман”-и Ҳ. Пирумшо).

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.