Маросими ҷанозаи Раҳим Масов

  Расми бахоксупории олими маъруф, ки дирӯз аз олам даргузашт, субҳи имрӯз, 22 июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Маросими ҷаноза дар масҷиди марказӣ барпо гашта, қабл аз он намояндаи рӯҳоният, баъдан, раисони Академияи илмҳо ва Шӯрои уламои дин дар бобати хидматҳои бузурги академик барои миллати тоҷик дар ҳузури ҷамъомадагон сухан гуфтанд. Барои видоъ бо олими бузург мардуми зиёде аз аҳли илму фарҳанги кишвар, шахсони расмӣ ва хешу ҳамдиёрон ва намояндагони васоити ахбор ҷамъ омада буданд. Пас аз адои маросими ҷаноза тобути олимро ба гӯристони Лучоб, ки аҳли илму зиёи фавтидаи кишвар дар он ҷо мадфун аст, бурда, дар қатори эшон ба хок супурданд. Раҳим Масов дар тӯли ҳафтодунӯҳ соли умр мероси гаронбаҳои оламшумули илмӣ ба мерос гузошта, номи хешро дар қатори абармардони илму фарҳанги миллат сабт намуд.
  Аз ҷои қабри олим қабрканон пораҳои косаи қадимиро пайдо намуданд. Ба тахмини ҳафриётшиносоне, ки дар маросим иштирок доштанд, мутааллиқ ба аҳди биринҷӣ  буда, таърихи беш аз се ҳазорсола дорад. Расми он пораҳо дар зер мавҷуд аст. Худованди мутаъол эшонро раҳмату мағфират кунад!.

Гузориши тасвирӣ аз ҷаноза:

Janozmasov1 Janozmasov2 Janozmasov3 Janozmasov4 Janozmasov5 Janozmasov6 Janozmasov7 Janozmasov8 Janozmasov9 Janozmasov10 Janozmasov11 Janozmasov12 Janozmasov13 Janozmasov14 Janozmasov15 Janozmasov16

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.