Марди беғараз

  Хӯву хислату афъоли бад мӯҷиби ҷангу ҷидолҳо, ранҷишу озорҳо, адовату бадбиниҳо ва дар умум қатъи робитаи шоистаи мутақобилаи инсонҳо мегардад. Чунин афъол, ки оммаро фарогир аст, ба андозае марсум гаштааст ва ба афроди орӣ аз ин сифот нигариши ғайр доранд. Ин афрод дар ҷомеа мавҷуданд, вале, мутаассифона, ангуштшуморанд.
  Муаллими Аббос марди наҷибест, ки ӯро деҳа ва деҳоти атроф хуб мешиносанд. Пас аз фориғуттаҳсилӣ солҳо ифои вазифаи муаллимӣ мекунад, аммо ба иллати халал дар тандурустӣ аз он канор меравад. Хонандагони он замон аз устодии ӯ бо муҳаббат ёдовариҳо намуда, дар нисбаташ хеле эҳтиром доранд. Ҳамчунин, дар назди наслҳои хурду бузурги деҳа ҳурмату икром дорад.
  Муаллими Аббос шахсест, ки аз дасту забони ӯ касе озор надидааст. Афъоли бади инсонӣ: ҳасад, тамаъ, бахилӣ, нифоқ, ғайбату суханчинӣ, фиребу дурӯғгӯӣ, бадзабонию бадгӯӣ аз тинаташ баид аст. Аз ҷидолу низоъ ва соири корҳои норавои атрофиён бо ибораи “мо одами беғаразем” канораҷӯӣ намуда, чунин аъмолро маҳкуму мазаммат мекунад.
  Муаллими Аббос марди бонангу номусест, ки ба қавли худашон доиман бо “сари баланд” гашта, дар пеши касе сар хам намекунад. Вожаи “номус” барои ӯ аҳамияти вижа дошта, он аз забони вай бисёр шунида мешавад. Номусро шарафу ифтихори инсонӣ дониста, аз таъбироти хоси худситоӣ сухане забон овардан шарм медорад ва танҳо аз номусдории худ меболад. Аслан, дар фаҳмиши авомонаи маҳал бономус (ваномис) касеро меноманд, ки ба ҳар раҳу василае соҳиби молу сарвату қасру хонаи мӯҳташам гашта бошад. Аммо ба фаҳми Муаллими Аббос номус ҳифозати шаъни инсонӣ дар ҳама ҳол: ҳам фақр ва ҳам ғаност. Худ барои ниёз ҳаргиз дар назди касе сар фуруд намеорад, бар тамаллуқ нафрат дорад ва ба чоплусон ошкор носазо мегӯяд. Бори миннатро намепазирад.
  Дар бораи Муаллими Аббос гуфтану зикре аз хонаводааш кардан сазост, зеро тазаккур аз ин афроду чунин хонаводаҳо намунае барои ислоҳу панд аст. Ҳамсари эшон Холаи Раҳима яке аз беҳтарин инсонҳои деҳа, ҳамчун шавҳар соҳиби ахлоқи писандида аст. Писарони онҳо Ҷамол, Ҷовид ва Қандил аз зумраи хушахлоқтарин ҷавонмардони деҳа мебошанд, ки аҳли деҳ ба эшон изҳори таҳсину миннатдорӣ доранд. Ашраф Акрам.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.