Мавҷигул Раҳматуллоева

  Раҳматуллоева Мавҷигул Убайдуллоевна дар таърихи 16 майи соли 1965 дар деҳаи Мудехарв таваллуд шудааст. Дар солҳои 1972-1980 дар мактаби ҳаштсолаи №12 таҳсил намуда, соли 1980 ба Омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳияи Ғарм дохил шуда, дар соли 1984 баъди хатми он ба деҳа баргашта, то имрӯз дар мактаби №12 ба омӯзгори машғул аст.

Муаллимаи ҷиддиву сахтгир

  Тобистон ҳангоми дар зодгоҳ будан аз мактаби деҳа дидан намудам. Мактаб дар тӯли вуҷуд, аз замони бунёд дар нимаи асри қарни гузашта ба ҷуз изофаи чаҳор синфхона тағйире накардааст. Бино дар он замон мутобиқ ба сатҳи пешрафти замон намуди зебову фарқкунанда дошт. Вале аз диди имрӯза бинои фарсуаю кӯҳнашударо мемонад, ки бо вуҷуди пардозгариҳои ҳарсола намуди пештараро намегирад. Мизу курсиҳои кӯҳнаи онасра, роҳраву даҳлезу фаршҳои хокандовашуда, сақфҳои чӯбини аз дуди оташдонҳо сиёҳгашта, дарҳои дар он замон устоҳои маҳаллӣ сохта дар воқеъ, онро дар нисбати замон “мактаби кӯҳна” намудор мекунанд.
  Дар нимкати пеши мактаб муаллимаҳо нишаста, сӯҳбат доштанд. Муаллимаи нахустинам дар он миён буд ва пас аз салому ҳолпурсӣ сӯҳбати гарму самимиямон сурат гирифт. Аз мо – нахустину беҳтарин шогирдонаш, аз мароқ ба донишомӯзӣ доштани хонандагону қадру обрӯи устодон дар он замон ёдовариҳо карда, аз берағбатии насли ҳозира ба таълиму аз мушкилоти муаллимон дар ин замон арзу шикоят намуд.
  Аз он замон сиючаҳор сол гузашта, муаллимаро синну сол рафта, алъон наберадор гаштааст. Онро рӯзро хуб дар ёд дорам, синфи моро барои тадрис ба муаллимаи ҷавон, ки тоза омӯзишгоҳи омӯзгориро хатм карда буд, доданд. Айёми сарди тирамоҳӣ буданд, муаллима ҷавон, маҳину харобандом буд, дар тан боронии сабзранг дошт. Хеле ҷиддиву сахтгир буд. Агарчанде омӯзгори наву бетаҷриба буд, дар муддати кӯтоҳе тавонист синфи моро аз ҷиҳати ҳам таълим ва ҳам тарбия ба сатҳи беҳтарин синфи мактаб расонад.
  Мавҷигул Раҳматуллоева дар таърихи 16 майи соли 1965 дар деҳаи Мудехарви ноҳияи Ванҷ таваллуд шуда, пас аз хатми мактаби деҳа ба Омӯзишгоҳи омӯзгории Ғарм дохил шуда, баъд аз хатми он дар соли 1984 ба деҳа баргашта, дар мактаби №12-и он ба омӯзгорӣ шурӯъ намуд. Бояд қайд кард, ки таълимгоҳҳои муаллимтайёркунӣ дар замони шӯравӣ ангуштшумор ва хатмкунандагони онҳо мутахассисони аслӣ буданд. Омӯзишгоҳи омӯзгории Ғарм аз таълимгоҳҳои маъруфи он замон буд, ки муаллимини синфҳои ибтидоии манотиқи кӯҳистон аксаран фориғуттаҳсилини он ҷо буданд.
  Падари ӯ Убайдулло Раҳматуллоев яке аз аввалин муаллимони касбии деҳа дар маҳви бесаводии мардуми гузашта ва таълиму тарбияи наслҳои баъдина дар тӯли ҳаёти хеш хидматҳои шоиста анҷом додааст. Дар он солҳо мардуми кӯҳистони дурдаст ба сабаби дурӣ ва азияткашӣ духтаронро ба хондан ба шаҳрҳои дур кам мефиристоданд. Аммо амаки Убайдулло ба хотири идомаи касби авлодӣ, ки дар замони пешазшӯравӣ ҳам аҷдоди ӯ мударрис буданд, духтарашонро ба хондан бурданд.
  Муаллимаи Мавҷигул ҳаёти хешро ба таълиму тарбия бахшида, дар ҳеҷ шароите онро канор нагузошт. Пас аз хонадоршавӣ ва таъсиси хоҷагии алоҳида низ як даст дар кори хонаву дасте дар кори мактаб дошт. Расидан ба корҳои зиёди хона, муроқибат аз фарзандони хурдсол дар ҳолати зани танҳо дар хона будан ва фарзандони мардумро дар мактаб таълиму тарбия додан матонату қаҳрамонист. Фарзанддорӣ ва адои корҳои хоҷагидорӣ, ки дар кӯҳистон бисёре аз онҳо ба дӯши занон аст, иллати тарки пешаи муаллимӣ аз ҷониби бархе занон мегардид, вале буданд заноне, ки дар таҳаммули ин вазниниҳо матонат меварзиданд ва муаллимаи Мавҷигул аз амсоли онҳост.
  Шикоят аз хастагиҳои корҳои хона бар зами умури мактабро аз муаллимаҳои шаҳрӣ, ки сокинони биноҳои ошёнадоранд, чандин бор шунидаам. Албатта, ин арзи эшон мӯҷиби хандаи муаллимаҳои сокини кӯҳистон мешавад. Муаллимаи кӯҳистонӣ пеш аз кафидани чашми рӯз бархоста, молу говашро обу коҳу мурғонашро дон дода, говашро дӯшида, хӯроки субҳ омода карда, фарзандонро бедору сер намуда, хонаро рӯфта, китобу дафтарашро бардошта, ба мактаб рафта, то нимарӯз ва аз он беш ба яке аз душвортарину тоқатфарсотарин корҳо – таълиму тарбияи шогирдон машғул шуда, боз ба хона бар гашта, наҳор пухта, аҳли хонаводаро хӯронда, табақу ҷогаҳ ва либосашро шуста, машғули чорпову кори обчакорӣ гашта, умури бегоҳиро анҷом дода, қаламу дафтар бароварда, омодаи дарси фардо шуда, бо хоби нопухта қабл аз расидани рӯз ба по мехезад. Дар киштукори обчакорӣ дар баҳорон, дар дараву коҳғундории тобистон, дар мевачинию ҳосилғундории хазон фаолу саҳмдор аст.
  Муаллимаи Мавҷигул алъон соҳиби фарзандони хубу сунҳодору наберадор аст ва фароғи ҳол дорад. Вале дар ҷавони ҳама он машаққати зикркардаро аз сар гузаронидааст. Ҳатто дар замони сахтиву қаҳтиҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки мардум пешаро партофта, барои наҷоти авлод дар замину пуштаҳо кишту кор мекарданд, муаллима ҳамлу тоқати машаққот карда, тарки мактабу таълиму тарбияи шогирдон накард, ки ин қаҳрамонӣ ва хидмати бузрге барои ҷамъият аз ҷониби ин зан аст.
  Муаллима Мавҷигул дар тӯли фаолияти сиючаҳорсолаи омӯзгории хеш ба наслҳои зиёд таълим дода, тарбия намуда, одобу маърифат омӯхтааст. Ин зани фозила дар хотири мо шогирдон ҳамчун муаллимаи аввалин, омӯзгори саводу маърифату одоб, инсони меҳрубон нақш баста, дар нисбаташон муҳаббату эҳтиром қоилем ва аз Худованд барояшон умри дарозу ботавфиқ ва хушиҳои ҳаёти хонаводагӣ хоҳонем!. Ашраф Акрам. 2019.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.