Лутфия Иматова

  Номзади илмҳои педагогӣ, ходими калони илм, мудири лабораторияи тарбияи томактабии Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогии Тоҷикистон Иматова Лутфия соли 1983 пас аз хатми мактаби миёнаи рақами 11-и пойтахт ба факултаи педагогии Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко (феълан Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ.Ҷӯраев), дохил шуд. Сарварону устодони Донишкада зеҳни тези ин шогирдро дарк намуда, баъди хатми донишгоҳ, ӯро чун дорандаи димломи аъло ба кафедраи равоншиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДДМТ) роҳхат доданд. Солҳои 1987-88 ба ҳайси лаборанти калон ва аз соли 1988 то соли 1993 дар вазифаи ассистенти кафедраи мазкур кор кардааст. Самти илмиашро аз солҳои таҳсил дар Донишкада интихоб намуда, соли 1993 бо мақсади сайқал додани он мутахассиси ҷавон ба Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогии Точикистон ба кор даъват шуд. Дар ин ҷо фаъолияти кории худро дар лабораторияи таълими ибтидоӣ ва тарбияи томактабӣ пеш бурда, соли 1995 ба шӯъбаи рӯзонаи аспирантураи Пажӯҳишгоҳ дохил гардид. Дар аспирантура чун аз беҳтаринҳо ба гирифтани идрорпулии (стипендия) Носири Хисрав лоиқ дониста шуд. Соли 2000 зери роҳбарии олими маъруф, Президенти академияи илмҳои педагогии Тоҷикистон, академик М.Лутфуллоев, рисолаи номзадиро оид ба мавзӯи «Инкишофи нутқи мураттаби кӯдакони синни калони томактабӣ мавриди шиносоӣ бо адабиёти бадеӣ» дифоъ намуд.
  Лутфия Иматова аз соли 2001 ходими калони илм ва соли 2003 мудирии лабораторияи тарбияи томактабии Пажӯҳишгоҳи номбаршударо ба уҳда дорад. Ҳамзамон, дар Донишгоҳи омӯзгории ба поми Қ.Ҷӯраев дар факултаи педагогӣ низ аз фанни педагогика ба донишҷӯён сабақ меомӯзад.
То ин муддат чаднин мақолаҳои илмӣ, дастурҳои методӣ ва барномаҳои таълимию тарбиявӣ марбут ба соҳаи тарбияи томактабӣ, ба монанди «Истифодаи зарбулмасал ва мақолҳои тоҷикӣ дар таълим ва тарбияи кӯдакон» (дастури методӣ, Душанбе, 1999); «Забони модарӣ калиди ганҷинаи илму дониш» (дастури методӣ, Душанбе, 2000); барномаи таълимӣ-тарбиявӣ дар кӯдакистон «Роҳнамои мураббӣ» (ҳаммуаллифон Боев Б., Девоншоева Т., Маҷидова Б., Душанбе, Матбуот, 2002); «Адабиёт ва мавқеи он дар инкишофи мутқи кӯдак» дар маҷаллаи «Маърифат» (№6, с.2003); «Нутқи кӯдак ка роҳҳои инкишофи он» дар маҷаллаи «Паёми Донишгоҳи омуз- I орй» (N5,2003) ва як зумра мақолаҳои илмӣ-оммавӣ дар матбуоти даврӣ ба чоп расондааст.
  Ба душвории фаъолияти илмӣ- таълиму тарбияи насли оянда- кӯдакони синни томактабӣ нигоҳ накарда, чун модари се фарзанди ҷигарбанд ва завҷаи меҳрубон, мекӯшад, ки тамоми шароити барои оилаи хушбахт созгорро муҳайё сохта, онро ба таври намунавию ибратбахш пеш барад. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев).

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.