Латифаҳои ванҷӣ

Ага ай пешт знда бром ду кас

  Хдораҳматии Мадад биёраки Мазорӣ ай Гшхун ранги Сталин бӣ, сартрошӣ парикмахер миёя. Медроя да парикмахери Абдуллои раҳматӣ, мега, ки амин сари мна ва теғ бтрош. Абдуллонӣ векор мегаш бшин, ӯни мешинаву сарша метроша, прш мебра. Мадад дар ҳайнак мебина, ки сарш при хунай. Абдулло саволш меда, ки Мадад амҳозир ғал ай мӯсфеди бобаи раҳматит чанд касе? Мадад мега: – “Ага ай тайи дсти ту знда бром дкасу агане ам Мазорӣ тоқа”. (Ровӣ Аҳрор Саидҷамолов).

Да бақлашка бензин брезу бра

  Акаи Шарифи раҳматӣ дар стаянкаи таксиё шиштагӣ бидаст, ки клент мегаш то фалон ҷора чанд сумнда мебарӣ, мега намза сум. Клент мега қимат гфтӣ, барое ки як литр бензин сарф мекнӣ. Мегаш, ки мақулт набоша дар бақлашка як литр бензин брезу сворш гаву бра. (Ровӣ Ҳомид Хостихудоев).

Фуроо ва ов гзарамен

  Як водхдӣ хунаи ҳамаки Ҳамнат рафтаст. Бай хунаи ҳамаки Ҳамната як пулак бӣ. Бад водхдӣ вазнш зиёт бидаст, рӯи пулакнда броя, ки пул бшкана, бзана дар нахи ов, бхеза ҳамаш тар, бад бга сни ҳамаки Ҳамнат, ки амин як пули соз намекнӣ. Мега: – “Ин барои мошинои майдаст фуроо ва ов гзарамен”. (Ровӣ Муҳаммад Абдурозиқи Неъматзод).

Албат амту бӣ, ки ичи варғ нагимӣ

  Боби Назири пошхарвӣ дар як маҳрака хдша тариф караст, гуфтаст: – “Ҳамунат як вахт дар Пошхарв қатии саг срт карем то вегара дар рӯи як санг мунтӣ, ёд дорӣ?”. Ҳамаки Ҳамнат мега: – “Ёдша намедунм, некӣ дар амун талпа якера зом албат ту бӣ, ки то ҳозира варғ нагимӣ, гушт нагирмӣ, харобӣ (раҳматӣ хароб бӣ)”. (Ровӣ Муҳаммад Абдурозиқи Неъматзод).

Раис, кай ҷанг гараме

  Ҳамаки Мҳмадниёз амун солои ноороми дстша мебра пеши дхтр мерава. Да бнгоҳи тибӣ медроя дхтра (нумша намегӯм) мега дстма банд. Дхтр мега, ки бинт надорм. Мҳмадниёз бинтора мебинаву мега, ки внорае дар треза. Дхтр гфтаст, ки ино нафсяки случи ҷанган. Мҳманиёз дар мошин шстату бай района, пеши раиси ноҳия шикоят. Раиси ноҳия ун вахт Розиқ бӣ. Мн дар пешш бим. Мҳмадниёз не салому не алек гфт: – “Раис кай ҷанг гараме, ки дхтри мо дстомна ббанда”. (Ровӣ Мавлавӣ Ҳомиди Нурӣ).

Ва ҳмеди кӯрхат нага

  Ҳдӣ Абрамов вегаи хунаи раҳматӣ Пхаков Давлатманд миёя мега, ки гов гумай кӯрхатш  карм. Дар хунаи Пхаков меҳмун бидаст, раҳматӣ мешинаву хӯрана сар мекна. Пхаков ин ҳола мебинаву мега: – “Ӯ гӯл, ва ҳмеди кӯрхат нагаву бхез говта бков”. (Ровӣ Сайёд Иброҳимов).

Талхат бкафа ҷавобт надме

  Ду акаву биёр ай Убари Даргов Лшкару Раҳим ҷангӣ мегаран. Вақте Раҳим повун мерава, Лшкар ҳақоратш меда, Раҳим ҷавобш намеда, бо мегзараву ҳақорат меда, ҷавоб намеда, сеюм бор вақте Раҳим меоя, Лшкар дар кашталош меқапаву мега ҷавобм бду, ки талхам мекафа, Раҳим гфтастш: – “Талхат бкафа, ҷавобт надме”. (Ровӣ Мавлавӣ Ҳомиди Нурӣ).

Индафа, ки ума сарша сия кна

  Амин Надира Хдо хайрш бда, ҳнари вустогиам дора, ҳамсояш зани малими Анвари Давлат Хдо (раҳматшун кна) мерава мега, ки Надир биё амун шфанерма сахт кн. Як бор мерава кор доштаст чзе, ки наметуна рафтан. Дуюмбор мерава вахт намиёва, сеюмбора саҳари мехеза, ки брава койега занш мега, ки амун занак ва сари сфедш се борай биёяме бра шфанери амура соз кн. Мегарда мега, ки индафа ума бгу сарша сия кна. (Ровӣ Ҷвҳарӣ Замиров).

Ҳундука сахт бқап

  Назири пошхарвӣ (Хдо раҳматш кна) Пшихарв рафтааст бай индук. Амаки Амнат дар зминои ҳавали қшлоқ ҷфт мекараст. Ҳамаки Амнат гфтаст, ки Назир биё як чой кабем, Назир гуфтаст, ки не мн брам корма буд кнм, бояд вегаӣ бгардм.То вегаӣ корш буд намегара, индук касе намедаш, мегарда, ки амаки Ҳамнат дар сари зминай мегаш, ки Назир ҳундка сахт қап, ки ягон ҷота ҷазир накна. (Ровӣ Муҳаммад Абдурозиқи Неъматзод).

Ино ширчой неву ширчӯван

  Да солои гшнагӣ чой хшк камёфт бӣ, мардм решаи бодма мекандан ширчой мекаран. Бошони худорахматира гфтан биё ширчой бхр. Гфтаст: – “Ино ширчой нестан, ширчӯван”. (Ровӣ Зинат Кишваров).

Ту, ки шнавяй роиш кн

  Да солхои пеш телефонои мобилӣ набин, мардум барои тамос грфтан ва фарзандошун бай Душанбеву Москва фақат аз алоқаи почта истифода мебуран. Як рӯз Саодатшо Насринов мерава ай почта ва бачаш Меҳровар гапзанӣ. Камутатор пайвастшун мекна, аҳволпрсӣ мекнан, гапошун тамом мегарану дар охир Меҳровар мега, ки боба сум даркорай. Саодатшо мега нашнавме сахтта гап зан. Меҳровар бо сахтар гап мезана, бобаш мега нашнавма, чандин бор такрор мекнан бе натиҷа. Камутатор бетоқат мегара, мега: – “Э марак, сум гаме, сум!”. Саодатшо мега: – “Мн нашнавям ту, ки шнавяй ройиш кн”. (Зуришо Хушмаҳмадов).

Ага ҷрӯв қлуч кара боша қӯш нест

  Як нвасаи раҳматии Ҳдии Абрам ай қшлоқи Мрғдга, (нмша наменависм) бади бозгашт ай Расия бай деҳара, нав умааст гфта хела ҷаҳтш мекнану бад басш мекнан. Ин марак мазалав шгӣ мега наме чхел давом дм қӯшхрира. Бади чанде чӯрту чаман, раша пайдо мекна. Бра дар хунаи мардму, бгӯ, ки раҳматии ммата (ё ягон каси гзаштагишна) хов дим, сихи ҷрӯв мехойӣ. Як хун кн дар ҳақш. Мардм ам бкуш индуки ҳарасотаву, ино бхр. Аз ин кори нваса раҳматии Ҳдии Абрам хабардор мегара. Хлоса ҳама тамом мегарану, мега ин вега нӯбати бобим. Вега шарикош қатӣ миёян да хунаи бобишу, мега боби имшав раҳматии ммата хов дим , сихи ҷрӯв мехойӣ. Раҳматӣ, ки ай ин кори ино хабардор бӣ, мегаш, ки ага шохҷрӯв қлуч карабоша қӯш-пӯш нест. Ҷавоб да ҳаматн. (Ровӣ Сорбон Муминҷонов).

Ай миҷгунои Алиев боруну арф мебора

  Да амун даврои пеш як грӯҳ одамои ваобрӯи ноҳия дар хунаи раҳматии тағоии Шомлах меҳмун бидану дар манҷаи берун ҷошун каран. Баъд ҳамаки раҳматим Муҳаммадхоҷа Хоҷаев мега, ки ко бре амун Алиев Сайдалира биёре иза ноламун куна (яьне ҳофизимун куна). Баъди чанде раҳматӣ Алиев Сайдалӣ дтор дар чхолш бдрума, як дӯғови шӯрвора оваранш зову баьд дутора ҷӯркунӣ гирифт, ки ай койе даф оваран. Касе дафзанира ба гардан нагрфт,  барое ки агар ва мқуми дтор тӯғрӣ намегрфт. Хлоса тағоии Аьзам доирадасти моҳир дафа заан гирифт. Якум мисраи шеьр чнин садо дод: “Имрӯз, ки ҳаво ба мисли миҷгуни манай”. Дуйм мисраш садо нодаа ҳамаки раҳматим бай меҳмуна ишора кару гфт: – “Брем набоша, плашу шлапомуна пушему биёем,аки ай миҷгунои Алиев фақат боруну барф бораме”. (Ровӣ Қобил Хоҷаев).

“Отпуститт” мекнм дар берун мемунм

  Мардаки крговадӣ нақл кар, ки як шав қатии як ошном дар таги чнорои Крговад дар ршанӣ чақ-чақ мекарем, ки як мошини боркаш ума дар торикӣ манъ кар. Садои пӯшяни дара шнавиему касе лӯв кар: – “Здесь Кургавад?”. Мо пеш рафтему хиёл карем кадм мараки русест гфтем: – “Да!”. Ҳавал ошном салом кару бад мн, салом карм, шофр салом кару ва дсти чапш банди дсти ростма сахт қапӣ. Мн гфтмш: – “Земляк отпусти!”. Шофр гфт: – “Отпуститт” мекнм дар берун мемунм, пеш га бай хуната”. Ин ҳодисаи ҳақиқӣ ва шофр акаи Мазам бидаст. (Ровӣ Олимҷон Шукронаеев).

Ҳо ёфтм, дегдун!

  Дар солои навад аҳволи мардм бад бӣ. Хдораҳматии Абрамов Ҳдӣ қатии бачаш езма мебрану раҳматӣ район клентковӣ миёя, ягон клент намёва, миёя зиқ, товстуни гарм, гшнагӣ. Бачаш мепрсаш, ки ёфтӣ харидор, раҳматӣ хап, боз мепрсаш боба ёфтӣ харидор, боз хап, бачаш мега бду боба носа, носаш меда мекашаву боз мепрса, ки ёфтӣ харидор. Бад мега: – “Ҳо ёфтм”. Бачаш мепрса: – “Кӣ боба?”. Мега: – “Дегдун!”. (Ровӣ Сайёд Иброҳимов).

Мепарунмтн да убари ов

  Амаки Беги Авраков ай Удоб бачатӯй доштаст. Фасли товстун бидаст, вн давра мошину бензин камчин бӣ, бад ай дигар қшлоқ мераван ҳофиз меёран. Тӯя мегзарунану ҳақи ҳофизора медаву саҳарша ягон мошин пайдо намегара, ки хуношн роишн кна, як рӯз мегузараву рӯзи га мегашн, ки биёе маслихат кнем, то тирамора дар хунаи мн кор кне, алафора, картошкаву ҳезм ҷам кне, ҳамаи кори хоҷагира бкне, баъд ов, ки кам шӣ мебарм дар рости қшлоқтн мепарунмтн дар убари ов. (Ровӣ Форобӣ Муродов).

Хеши наздикт индуко

  Хдораҳматии бобии Бачабег ай Гармчшма одами хуб ва хш чақ-чақ бӣ. Як рӯз як авлодиш ай поюно бай индук миёя. Раҳматира дер хабар мегрфтаст, мӯсфед ай йӯ хафа бидаст. Ташкилӣ мекнаш қатии шарикошу гап кам мезана, бай хестана авлодиш бай рафиқоша мега, ки мн дар аминда ай амин мӯсфед хеши наздикта надорм. Хдорахматӣ тоқат намекнаву мега, ки дорӣ хеши наздикта. Авлодиш ҳайрн мегара, мепрса, ки кист хеши наздикм. Мӯсфед мега: – “Вноне  се наридуку  панҷ модаиндук дар таги чормағз”. (Ровӣ Зинат Кишваров).

Как индук на шохи крбеде

  Раҳматии ҳамаки Сайёра (ва лақаби Саш) қатии ҷураш Шомлах Мастлов да Жовуд меҳмуни Таваккал Маҳмадшоев мегаран. Шав зиёфати хубшн мекнаву ҷои ховшна да манҷа медоза. Ҷои Саш да рӯи тахтоои чамгӣ меғалта. Саҳарӣ вахте ай хов мехезан Шомлах Мастлов мепрсаш: – “Ну Саш как спал?”. Саш ҷавоб меда: – “Как индук на шохи крбеде!” (ҷош нороҳат бидаст). (Ровӣ Ҳоким Муҳаббатов).

Ту бхамб да хунатун ангури пр дорӣ

  Як рӯз бади дарс Кучоо хунаи Паҳлавӣ Лозуриев рафтем. Бобиш малими Ҷмҳа Сияеви худораҳматӣ ангури пр дошт. Дар туто печябин бад мну Паҳлавиву Парвиншо сар карем дар як туту ангура хӯран грфтем, ки малими Ҷмҳаи хдораҳматӣ бийума, ай таг иқа нига кару гфт: – “Бачаи Лола бхамб, ту дар хунатун ангури пр дорӣ”. Парвиншора хамбунту мна гфт: – “Бачайи Асрор ту бхр, шмо ангур надоре”. (Ровӣ Аҳрор Саидҷамолов).

Астағунои бобата алов кнм, ала

  Амир Дамдори бунайӣ як змстуни беэзм мегара. Мерава сфедорера, ки раҳматии бобаш Дамдор шунда бидаст, бриян мегира. Яке биёракш Назар мия мега, ки э ака, чо кмӣ, ай бобам амин драхт ёдгор мундаст, набрш. Амир гфтаст: – “Ина, ки набрм астағунои бобата алов кнм, ала”. (Ровӣ Хуршед Нуралиев).

Ҳамара рӯфтан чку пок

  Солои охири 90-ум қатъии дӯсто Гармчшма, зодгоҳи бобам қӯш рафтем. Ба маҳзи расиян, дием дар сари замино дар Харгиҷ (маҳаллаи пойинии Гармчшма), қопои картошка рост мундагин. Мнам лоф зом (хислати суннатии гармчашмачиё), дийе коммунизма, қопора ич кас намегира, ба ибораи дига, қонун дар қишлоқ ҳукмфармост, дӯсто қоил шин, ки бе ахрана қопо мундагин. Шав индука дар хунаи бачаи амакмун Муҳаббат Сафаров, дхтр зоему хов бурем. Саҳарӣ ва қиғири кампиро ай хов хестем, дуздо на танҳо картошкора буран, ҳатто ай бнги амакам қопои гандумора чку пок рӯфтан, дздиян. (Ровӣ Қосимов).

Ҷӯрабакотуна да Срхсангов пӯшеме

  Раҳматии малими Сардор Қадамов мдири мактаби №15-и Рав бидасту ай камисияёиву праверкоои шғниёи Хорғ да ҷун умабидаст. Да як сессия дар Хорғ гап сари камисияравии Ванҷ мегара мега, ки шумо шғниё Ванҷ камисияравӣ мешнаве ҷӯрабакотна дар Срхсангов пӯшеме. (Ровӣ Ғаффор Мирзоев).

Э мӯсфед, хов надорӣ?

  Бобии Жоғарак ва кори мҳиме саҳарии барвахт ай Мдехарв бай Старға мерафтаст. Да Сангови Тутак (мавзеи байни ҳарду деҳа) ва яке сар ва сар мезана. Гфтаст, ки э мӯсфед, ту хов надорӣ, амта хове бра, ки ақалан ховт паза. Мӯсфед гфтаст, ки ага хови одам мепхт, чанд рӯз рӯварӯ хов мебурм ховома мепхтму шаворӯз корома мекарм, барвахт хестам, корома буд кнм. (Ровӣ Ҳоким Муҳаббатов).

Чова мегара, ки мн да тору ту да таг

  Змстун барфи пр мебора. Бобии Жоғарак бачаш Сайёрара мега, ки э бачам, сар кн бнги хунара брӯв, ки бенога дар рӯмн нажғара. Ҳамаки Сайёра змӯргии барфрӯвӣ кара бидаст, бунае, ки барф нарӯва, гфтаст: – “Э боба, чова мегара, ки ту да тагу мн сар кнм ай тори туву барф брӯвм (яъне да нисбатт беэҳтиромӣ кнм). (Ровӣ Ҳоким Муҳаббатов).

Мн ай ко медунм

  Як шав Розиқ Хоҷаев (яке ай раисои Ванҷ) да барфбории сахти змстун ай раён бай хунаша, бай Старға мерафтаст. Шав бевахт хаста то Мдехарв мераса. Мерава да хунаи ҳамаки Сайёра, ки ҳама хапу даму да хован. Медроя да меҳмунхунаву чор мадраса ай таву чор кӯрпара бор мекнаву меғела. Ҳамаки Сайёра авсарӣ мехеза попӯшои вегунара мебинаву дари меҳмунхунара мешкоя, ки малими Хоҷаев мега: – “Саш ҷура, намегара, ки меҳмунхунара вегасар алов бдозиву бмунӣ, ки ягун рагзари хаставу шалпар сарша бдрораву шавша рӯз кна!”. Ҳамаки Сайёра (лақабш Саш бӣ) ҷавобш меда: – “Эй Хоҷаев, мн ай ко медунм, ки бай туву Пахтаи Мазорбна (нуми саге) да кадм меҳмунхунаи деҳа алов бдозм”. (Ровӣ Ҳоким Муҳаббатов).

Амоли ришои ҷлғат месӯхтан

  Бобии Жоғарак мараки қадбланди зардинаву риши кам доштаст. Да змстуни хнк ангети тара да печи хуна метапа, ангет дар намегираву хуна при дуд мегара. Мӯсфед иқа пф мекна алов дар намегира, баъд Сайёрара мега, ки бхез тупф кн. Сайёраи шӯх мега: – “Э боба, ам хдт пф кн, амолӣ ришои ҷлғат месӯхтан”. (Ровӣ Ҳоким Муҳаббатов).

Мн амҳозирнӣ латт кме, гӯл

  Тағоии Шомлах дар ёшиш Бунай ҷойи тағоёш мерава. Ай Даҳани Дара мегзара бай Қофилара мебина, ки як бачаи бӯзбала ай қшлоқ сабатш при қрутай ай девлох хамбияст. Мега: “Э гӯл, як ду қрут бду?. Гӯлш мега йӯра қарш мекна, мега ним қрутт намедм.  Мега: – “Э гӯл, ва хши як дта қрут бду, ки қади говт мезанму сабата ҳамаша грфт”. Йӯ бо не мега.  Гардуногардун сар мегара. Гфти хдваш бунайира амқе мехафа, ки сабат мундгиву мегреза мерава. Солҳо мегзараву тағойии Шомлах касалӣ мегара. Вн бунайӣ да чойхуна мега, ки Мастлуф ёд дорӣ, латм кариву қрутома сабатқатӣ вадрӣ? Мега: – “Мн амҳозирнӣ латт кме, гӯл”. (Ровӣ Зуҳуриддини Нуриддин).

Мо амн қалавра барои ту мунемем

  Як рӯз да савхози 50солагӣ майлс мегара. Хдораҳматии Глобов, раиси савхоз мега рафиқо ин чӣ гапай, ҳамаи запчастои мошинои савхоза ай гражи савхоз бдздиян, як қалаври соз мунтан даркорай. Алифбеги Шарипов дст вуч мекна, мехеза мега: – “Раис, намегара мн бади кор ва шав қалавр гарм”. Глобов мега: – “Рафиқ Шарипов, мо амн қалавра барои ту мунемем”. (Ровӣ Аҳрор Саидҷамолов).

Хуб шӣ, ки басш кар

  Як рӯз дар хунаи хдораҳматии Нахчир чӣ маҳракае бидаст, бад бача-бачоо шстгӣ, ташкилӣ сад ва ҳамаи нозкиёш. Ҳамуд прш грфтаст, аҳволш верунчоп шияст, брумаст дар бори сетка амта такязагӣ бидаст, ки малими Ҳазамат Тамбалов умаст. Ҳамуда иқа нига караст, Ҳамуд ам сар кашол, хап, такязагӣ ва бори сетка. Малим друмааст дар хуна як саломалек караст ва мардму гфтаст: – “Хуб шӣ, ки амин Ҳамуд басш кар”. Ҳама ва як овоз гфтан, ки чира? Малим гфтаст: – “Гапзанира”.

Сари хоҷагӣ як сумӣ ҷам мекнм

   Як рӯз бобии Нахчири хдораҳматӣ бачора ҳашар  мекна, ки ӯғанкоша ай қади дара бхамбунан. Бачоо саҳарӣ банду сихалчӯву пара мегирану мераван. Балаҷонам қатишун бидаст. Бад бай қариби вегара ҳама қаторак якеи чхтбор заагӣ миёяну Бала бедарак. Хай ин бачоои умагӣ борора паст мемунан, дсту рӯра дар осёбҷебор мешвану дар сфа дсторхун дохтгӣ, сар мекнан чою авқота мехран, ки Баланӣ рӯ мезана ва як чхтбори ката. Бора мебара мемунаву миёя дар лави сфа мешинаву мега: – “Саҳар Гластуна хуна ва хуна мегардм”. Ин бачонӣ ҳайрун мепрсанш, ки байчира. Мега: – “Мегардм сари хоҷагӣ як сумӣ ҷам мекнму мерам як хар мехарм, нумша Балаҷон мемунму бай ҳамаки Нахчираш медм, ҳезм кашаме, ка кашаме чойеш мекна бкнаву дига мна ғам нада”. (Ровӣ Аҳрор Саидҷамолов).

Ранги сагу пшук

  Баъди барҳам даани калхозо савхоз ташкил мегара. Алӣ Сафарова раиси савхоз мемунан. Бисё раиси сахтгиру зав бидаст. Коргарои савхоз ай дур медиянш баҷо мешиян, ки қатиш сарвасар назанан. Бобии Бошона, тағоии раиса прсиян, ки амоли мносибатот қатии хварзот чован? Бобии Бошон мега: – “Ранги сагу пшук. Амин, ки да Торваи Мрғтга рӯ зо мн пшук ворин як пиғаст мекнму медройм да хунам баҷо” (Ровӣ Ҳоким Муҳаббатов).

Э, ин порина мураст

  Бобии Миҳтоҷи Бачамард (равонш шоду охиратш прнур бод) бсо қиссой қзиқу воқеӣ дошт. Як рӯз саволш мекнан, ки бобӣ да вахтш бсо давронӣ хуба ай сар гзарунтиву одамӣ, ки бе зӯриву ғову каждал ва каждал нагараме. Дар ёшиёт ва ягон кас ичи қомбунтай? Мӯсфед ам мазаш меда мега: – “Даҳанта сақа боба. Як вахт намун мааке, ки иқа тарифш мекнан ам, ки зомш гфтн, э, ин порина мураст. (Ровӣ Абубакр Бачамардов).

Як ҳмр да гарани мо вучӣ

  Пираков ай авлодои бодавдӣ дар маҳрака тариф караст, ки мӯзоои хирома дияйе ита наван, да сол шӣ ва ин мӯзоо мегардам, некӣ як зарра осеб надиян. Ҳамсоёш гуфтан: – “Э ака, ино ай ко куна гаран, ки як умр хдт калова дар гарани мо вучӣ”. (Ровӣ Умеди Қосим).

Хар амӯву тӯқмш дигар

  Як вахт да замони шӯравӣ калхолзора барҳам даану савхозора ташкил каран. Бад мардм ҳайрн гфтан, ки наме ин савхозш ай калхоз чӣ фарқ дошта боша. Боби Бошон гфтаст, ки хар амн хару некӣ тӯқмш дигар. (Ровӣ Ҳоким Муҳаббатов).

Тагта бай тор мегардунм

  Да давроои калхозӣ ҳар боор бай фермара ай мардм якеи барра, буча ё гесола мегрфтан. Ай бобии Бошон бояд гесола мегрфтан. Шарипов Шаъбон ай тарафи калхоз мерава дар Мрғтгаву ва бобии Бошон ҷанҷолшн мегара. Бобии Бошон мега, ки мн намедм гесола. Шарипов мега: – “Мн таки так ай ту мегирм гесолата”. Бобии Бошон мега: – “Таг-таги пр накн, ки тагта бай тор мегарднм”. (Ровӣ Ҳ. Муҳаббатов).

Саш неву “Чаш” бгӯ

  Сайёраи хдораҳматира Саши вайенӣ мегфтан. Да вахти касаливу барҷомундагиш як дӯстш хабаргириш миёя. Мепрса, ки э бача, Саш чхелӣ?. Мега: – “Эээ, Саши чӣ, “Чаш” бгӯ, сашии гам намунтаст, мн ҳозир чаш”. (Ровӣ Сорбон Муминҷонов).

Йӯйе даркор бӣ брафт

  Тағоии Райят ай Равгада, мараки хшгапу хшсхан ай Равгада да айёми ҷавониш як матасикли сечарха дошт. Рӯзе ай рӯзо ай тарафи Чихох сни Равгада мерафтаст. Нога ай ра мепараву авар мекна, хдш дар минаи хору ангето мемунаву матасикл бай таги ҷарира мерававу каскаш дар сарш мемуна. Бад каскара мегира ай сарш снш нига мекнаву мега, ки йӯйе даркор бӣ брафт, тунӣ бра. Мегира каскара тарафи ҷар мепартова. (Ровӣ Форобӣ Муродов).

Дорист, некӣ як қошқш

  Ҳаввали солои ҷанги шаҳрвандӣ да хунаи Хрсиев Ёрмҳаммад да Мрғтга як грӯҳ меҳмуно ва роҳбарии акаи Ёсин Назаров да меҳмунӣ бидан. Саҳарӣ да вахти ширчойхрӣ рӯғани чормағз миёран. Меҳмуно хрсанд мегарану меган, ки рӯғани чормағз дорист. Хрсиеви ҳозирҷавоб мега: – “Дорист, некӣ як қошқш” (барое ки камта бхран). (Ровӣ Сайёд Иброҳимов).

Ту ммата знда кнта мн гова

  Алӣ Сафаров раиси савхоз бидасту Ҳадолати Юсупов да Ғӯмас бргад. Як гов ай ферма гум мегара, миёя пеши раис мега, ки гов гум шисят, човаш кнем. Раис мега сарша знда кн (яъне да ҷош як гов ё гесолаи знда биёр). Юсупов мега охӣ вн гов бмураст мн чова зндаш кнм. Раис мега мн кор надорм зндаш кн. Юсупов мега: – “Мараки қзиқӣ ту некӣ, ко амту ммата занда кн, мн гова знда мекнм”. (Ровӣ Зоид Маҳрамов).

Да бари бобат ховм мекарӣ бита бӣ

  Мҳдини Гармчшма (ва лақаби Питшох) ва бобам Исмоили Ғӯмас (ва лақаби Аро) ҷура бин. Бобам меҳмунхунара алови кам медозаву Мҳдина шав хнк мехра. Бад саҳарӣ мепрсаш, ки чова хов бурӣ, хнк набӣ? Мҳдин мега: – “Э Аро, хнкира намедунму ай амн хунандат мебурӣ да Село да бари бобат ховм мекарӣ бита бӣ” (Село нуми манзлҷогаи Ғӯмас). (Ровӣ Зоид Маҳрамов).

Зндгӣ мекнаву паноҳак

  Тағоии Райата ай як маак мепрсан, ки човаст зндгиёшу кору борошу маракхубиёш. Мега: – “Хай хубаю некӣ зндгӣ мекна ам паноҳак”. (Ровӣ Абубакр Бачамардов).

Да сари дамт як қоп ошкӣ рафт

  Сияйии кору ай тарафой Равгада мататсикл дар нови Қақо (як нов да Равгада) шофрқатӣ дар ҷар мерава. Мараки мататсиклдор дар балнетсаву корш ва дхтр меғалта. Баад ам ин маак беҳушранг ҳарчеварке бшап, ки мататсиклма биёре. Тағойии Раят мегаш: – “Э марак, знкта мегирӣ, дар амин сари дами шкастгит як қоп ошкӣ рафту ту бо мататсиклм” Ровӣ Абубакр бачамардов).

Бландта бгӯ намешнавм, карм

  Бобии Шобдину (ва лақаби Майор) Тағоии Савлат (ва лақаби Саш) ай Ғӯмас боло қӯшхриву сайл мераван. Ай боло мегардан да Рован, меҳмун мегаран қатии морифо, ташкили сахт, Майор мега, ки Саш як брем берун угам биёем бшинем. Ин тағоим гӯшош вазнин бин, намешнава. Мега: – “Чииӣ”. Майор мега: – “Брем берун бад биёем, авқот нав олӣ тиёр шияст”. Бо мега: – “Чииӣ”. Майора қар мекна, сахт мега: – “Омин, бхез брем бай хунара, шарики хуб астиву амин карит безеб”. Бад мехезан, меброян, хнк, ра ҳама ях. Дар Лангар миёян, ки Майор мелхша меғалта дар дрни ов. Бад мега, ки Саш дстма бгӣ. Тағоим мега: – “Чӣ мегӯй, бландта бгӯ, мн хо карм”. Майор мега: – “О ту карӣ, кӯр хо нестӣ, ки мн бғалтиям”.  Бо пешта миёя мега: “Чииӣ, бландта бгӯ, намешнавм мн карм”. (Ровӣ Зоид Маҳрамов).

Да ко?, бнгва!

  Мастам Шехов яке ай шахсиятои маруфи вотхдӣ да амун даврои саветӣ як масквичи зард дошт, ки то ҳозира аст. Дар Лугад мемасту при одам мекараст. Як рӯзи га бо ду мсофири га бай района зиёдӣ грфтаст. Дар Пайшанбиобод умаст, ки ду занак дст вуч каран. Мастам қаро караст, занако гфтанш, ки Мастами ҷун мора то района набармӣ. Гфтаст: – “Дар ко!,бнгва?”. Ровӣ Муҳаммадрозиқ Неъматов).

Ич кас дорира ва хфа алиш мекна?

  Асади Бунай севоша Шрговад ва чормағз алиш (бартер) миёра. Мӯсфеди шрговадӣ миёя мепрса, ки чанд ва чанд алиш мекнӣ. Мега, ки 2 кило сев ва 1 кило чормағз. Мега: – “Э марак, ич кас дорира ва хфа алиш мекна?!”. (Ровӣ Нурмуҳаммад Ёров).

Вахте умай да шнелт ткма надоштӣ

  Бобии Пирмшора (ветерани ҷанг) ва бобии Бошон дар Мрғдга ғов мегара. Бобии Пирмшо медалои да пешш кашола ва дстш меқапаву мега: – “Ту чӣ ва мн пт-пт мекнӣ, мебинӣ найнора?”. Бобии Бошон мега: – “Ӯ, диямшн, некӣ вахте ки ай ҷанг ва торҷебор умай да шнелт ткма надоштӣ!”. (Ровӣ Зумрат Нуриддинов).

Амза қамчин кнӣ дарёв намекнӣ

  Ҳамаки Савлати рахматӣ лесники боло биву доим ва як аспи сфед мегашт. Як рӯз ҷангали Гармчшмара хабар мегираву мегзара Мургудга дар хунай хуварзош малими Мирзонабӣ абеда мегриву мехеза дар берун қасти своршияни аспш, ки малим мепрсаш: – “Тағои ва гфти ту ичи мараки хуб астум?” Саш (лақаби ҳамаки Савлат) мега: – “Амин аспи мна бгириву чанқае, ки метунӣ қамчин кнӣ, маакои хуба вачанг намекнӣ”. (Ровӣ Вафо Яҳёев).

Призиви монӣ сар шӣ

  Малими Ҷаббор ай Бнига дар ҷнозаи хамснфш мерававу ай вҷо миёя дар рӯи манҷа по кашел, сар хам, занш мега, ки э марак тинчӣ аст? Малим Мега: – “Хока тинҷист, призиви монӣ сар шӣ”. (Ровӣ Зумрат Нуриддинов).

Бзт да тории чормағзи мн бӣ?

  Малими Ҷабори раҳматӣ ай Бунай як вегаӣ бай гӯшош мераса, ки касе чормағзша пайаестааст. Чормағз дар змини тамокӣ бидаст. Мерава, ки касе мехамбаву мегреза. Иқайак мешносаш, тағоии Бахтдавлат бидаст. Саҳар дар мактаб мехезуна мепрсаш, ки дина чо мекарӣ вегаӣ? Мега, ки малим мн бз мекофтм. Малими Ҷабор мега: – “Бзт дар тори чормағзи мн бӣ?” (Ровӣ Зуҳуриддини Нуриддин).

Амин гӯли охирон бӣ да қшлоқ

  Амаки Мунаввари Нодулёбов ай Бунай дар ду-се тӯе, ки ай Ванҷи Боло арӯс мебаран бай Буная варишӣ мекараст. Баъд як марак ай ҳамдеҳои арӯсо шӯх бидаст, мега: – “Мнавар кори хуб каре, ду-се модагӯл доштем шӯшун доем”. Амаки Мнаварнӣ мега: – “Э бача, ай монӣ амин гӯли охирин бӣ дар қшлоқ, ки занш доем”. (Ровӣ Муҳаммадсодиқ Нуралиев).

Кай вахте талхаи беҳезмо кафӣ

  Яке ай ҳамсоёо ай бобим (Хдо раҳматаш кна) мепрса, ки Валиюф амин талхаи змин кай мекафа? Бобим мега, ки “кай вахте ки талхайи беҳезмо кафӣ”. (Ровӣ: Иршод Сулаймонӣ).

Ва фанди флх

  Бобии Хуҷа гӯштингири нағз бидаст. Раҳматӣ қади дроз доштаст. Амун даврои ҳукмронии бобии Глпочо бидаст. Як палвон ай Авғонистон мегзара дар Дарвоз ҳама палвонора мезана. Овозара бай мира мебаран, ки як палвон ай убар гзаштаст ҳамаи палвонои Дарвоза шапясту сни Ванҷ умаестаст. Амр шияст, ки Хуҷара бгве тиёриша бина. Хлоса, гӯштин сар шияст. Палвоно сар ва сар шиян. Як талош грфтану сар даан, дар талоши дйм боби Хуҷа алика печясту баробари қадш вучш карасту шапяст палвонаву нхашш кашияст. Дар вахти нхаш кашиян як бари палвони авғон пӯст флхсият. Мардм прсиян, ки эй Хуҷа ин чӣ фанде бӣ, ки ту марака зой. Раҳмати гфтаст, ки фанди флх. (Ровӣ Зуҳуриддини Нуриддин).

Ай матовне пул чинеме?

  Пулчинакои свет да Водхд хунаи Раҳмоналӣ умаану гфтанш, ки ака пули барқа бспор. Гфтаст: – “Сақа, шмо ай матовне пул чинеме?”. (Ровӣ Аъло Умарзод).

Э бача, паст кне

  Чанд сол пеш як мло да Водхд бади тӯй шомару ҳарӯса нико мекнаву бобаи шомар ҳаққи хизматш даҳ сум мепартова, мло мега камай, тағоии шомар бист сум мепартова, мло мега камай, ҳамаки шомар панҷо мепартова, мло мега камай, бад тағоии Раҳмоналӣ мега: – “Э бача, паст кне, ки мло се тузай”. (Ровӣ Исфандиёр Холиқов).

Угам рост бай хуната нарафтӣ!

  Рафиқова лахчиё қӯши пр мехран. Туту дунара мтҳои дл мехрану меган рафиқ Рафиқов мо ам чақ-чақ ёйемем, хшчақчақи при хдт. При бад зиқш мекнан. Як рӯзи га ай чапардариш медроян, ки мега бачоо гарде, бадар гарета брем дар лави ҷар чақ-чақ кнем, ай диёргӣ бинем ичи одам аст дар Сари Ҷарак. Якешун мега мн нав ай аму таг умам касе нест. Рафиқов мега угам рост бай хуната нарафтӣ!. (Рови Муҳаммад Абдурозиқи Неъматзод).

Соҳиб, ки медошт дректорт намемундан

  Акаи Бала да мактаби №4 як вахто қалавр бӣ. Як бор гзаштем, ки дректори мактаб ҷангш караестаст, ки ту дар кадм қавр мегардӣ, трезаи мактаба кӯдако шкастан. Баъд гуфтш, ки ин мактаб бай тура бе соҳибай чӣ! Акаи Бала гашт гуфтш, ки ин мактаб ага соҳиб медошт тура дректору мна қалавр намемундан. (Ровӣ Исрам Хоҷаев).

Бгард, ки дандунора фромшт караем

  Амаки Суроб ай Удоб, ки чанд соли охир раиси танзими назди ҳукумати ноҳия бӣ, дар мошини малими Тилло район мераван, дар дашти Бовид мерасан чебакоша соп-соп мекна каробкаша намиёва, баъд бай малима мега: – “Хср, бгард, ки дандунора фромушт караем”. (Ровӣ Баҳодури Ҷумъа).

Ага бнӣ хдш ҷар гара чо кнеме?

  Қатии устод Тамбалов ва хешу табор дар Хунаи Бланд чақ-чақ доштем, устод гфт, ки “авлоди мо ҳавале умаан наминдара хш карану ҷо каран, барое ки ҳаввал афтов ай паси куи Гшхун бадар мегара дар Хунаи Бланд занаме ва дигар ин ки намун бнира дияе гфта, як куи теға дар болои қишлоқ ншун до, ана амун бнӣ раи ҳамаи сангчарху селу пела мегира. Да ин вахт Бала садо бланд кар ки “ага бнӣ хдш ҷар гара чо кнеме?” (Ровӣ Меҳмоншо Шарифов).

Брясту рабат караст

  Як бародар ай Убари Даргов қатим да Москва кор мекар. Чақ-чақи амакша кар, ки як бзша ё гӯсфандша шав грг ё саг бхафияст. Чорво ибару убар даву тоз караст дигар чорвоорани при хун караст. Амакш саҳарӣ хестаст хиёл караст ҳамашн хафакаргин. Ржд сарошна грфтасту да боғ рабат караст. (Ровӣ Маъзам Хушвахтов).

Бай мора мантуву бай тура пелмен

  Нағзӣ умааст да хунаи тағоии Тлфор мехмунӣ умааст, баьд мантуи ката-ката пхтану бай пеша овараст. Баъдам, яке-яке, тез-тез бхру бпрс, ки ино чин? Тағои Тлфор гфтаст: – “Ино бай даҳани мора мантуву бай даҳани тура пелмен”. (Ровӣ Исрам Хоҷаев).

Фрҷат меда, ки базниш

  Мастами Шехова ай Даштаки Водхд ва як вруси застав бокс дохтану ун врус прш зааст. Водхдё гфтан, ки Шехов бзан. Гфтаст, ки ин фрҷат меда, ки бзаниш. (Ровӣ Искандар Лундуков).

Нӯли чоршохт мекнм да паси ку

  Маҳкам ай деҳаи Мрғтга дар хирман ва чоршох ғаллара бод мекараст. Давраи рамазун бидаст. Қариби вегаи шиясту ай кори пра ғамиву хаста шияст, нига караст, ки афтов тоҳозир паси ку нашияст. Баъд Маҳкамака қарш мекна, мегарда бай афтову мега, ки: “Эй афтов, имбора нӯли чоршохт мекнм дар пасикуву мерам хӯр!” (Ровӣ: Нуралӣ Нуралиён аз забони Ҳанифаи Муҳаммадӣ – зодаи деҳаи Мурғутга).

Ванҷ да дсти кӯдако зааст

   Як рӯз Нағзӣ ва ра мегзаштаст, мебина раисои Ванҷ Акбаршо Искадаров, Анвар Асоев ва Тулфор Қадамов, ки ҳар се қадошун паст бидан, дар майдуни шаҳраки Рохарв рост естану сӯҳбат доран. Нағзӣ ва баршун мегзараву мега, ки “Ванҷ дар дсти кудако зааст, наме чош кнамен?”. Ино аввал нафамян, ки кира мега, грду пешуна нига мекнан, ягон кӯдак нест, фақат амун се нафар астану халос. Баъд бисё механдан. (Ровӣ Нуралӣ Нуралиён).

Э бача, монӣ меғнҷем

   Як рӯз Ҷононаев Нилобек, раиси ветеранои район, дар Водхд майлс даъват мекна, да майлс, ки дар клуб мегзаштаст, хдш бидасту дкаси га. Мастами Шехов умаст дара шкояст дияст, ки ҳамагӣ се касан, гфтаст, ки э бача, монӣ ам меғнҷем ё ки бай хунара брем. (Ровӣ Искандар Лундуков).

Ино хдшун талбндан

  Як рӯз Шарифпалвон дар Душанбе якчанд бачои сози ғайриванҷӣ қатӣ шӯхикнак доштану, ғайриванҷиё дар масъалаи Ғалчабек меқапанш, ки шумо Ғалчабектун талбндаст, ки дар амин вахт ай кое Ғалчабек пайдо мегара, баъд Шарифпалвон мега, ки кор верун шӣ. Ғалчабек миёя пеши Шариф мега, ки палвон ҳақа бду, ай палвон ҳақа мегираву мегарда брава, ки Шариф мегаш ай ино бай чира нагрфтӣ, Ғалчабек мега, ки ино хдшун талбндану мн ай ино бгирм. (Ровӣ Искандар Лундуков).

Ин чӣ иқа дод занаме

  Як рӯз Нағзӣ меҳмуни як рафиқш мегара ва мефарма, ки мрғм бкш. Вахте ки мрға меқапан бисёр дод мезана. Нағзӣ мега, ки ин мрғ чи иқа дод занаме. Соҳибхуна мега, ки вахте мрға қапием прсӣ, ки бай кирам кшеме, мо ҷавоб доем, ки бай Нағзира. Баъд мега ки мрғ фамӣ, дод заестаст, ки бай сагам бдеву бай Нағзира не. (Ровӣ Искандар Лундуков).

Имачо, ки ума халостун мекна

  Cавлати Садвадг ва Бачабеки Ғучоваст, ки ҳардуншун шофр бин ва мошиношн сар ва сар мезанан. Дар сари якдигара ра дан чангшун мегараву, хела занозан мекнан. Баъди чанд вахт Аҳмади Равгада ай ра мегзара, меганш, ки биё халосмун кн. Аҳмад мега, ки халоскни мо Иматчо аст нест, район рафтаст, олӣ ки ума халостун мекна. (Ровӣ Искандар Лундуков).

Сахтет зон, ки телевизорм бсӯхт

  Дар чемпионати чахон оид ба гуштин байни калонсолон дар шахри Турсунзода, Ғайратов Ҳукуматшо иштирок доштаст. Ва як вруси мусфед гуштинш дохтан врус сахтш заст. Бай Водхуда умаст, ҳамсояш гфтастш, ки  дар гуштин амка сахтет, зон, ки тлвизорм бсӯхт. (Ровӣ Искандар Лундуков).

Пажарникм, ки қатим агнотушител ра барм

  Як рӯз Қимати Авраков дар шаҳри Душанбе ва мошинш қатӣ амта тарафои терминали ванҷиё, чзе ай Ванҷ роиш каран барои грфтани амун чзо мерафтаст. Сияии кору да ра корманди БДА мошинша қаро медаву мепрсаш ҳуҷатота ншун буду, баъд ҳамаш ҷоваҷову мекова, мекова да масалаи ҳуҷҷато ягон камбудӣ намиёва, иқа фикр мекнаву мегарда бай Авраков Қиматшора мега огнотушителт гиҷодай. Ин маак ам шӯх, мегарда бай корманди БДАра мега, мн бай шмора пажарникм, ки қатим агнотушител ра барм. (Ровӣ Муҳаммадмуқим Давлатов).

Ай ин ҳолнда да ҷанг мезонм бита бӣ

  Пирумшо Орифов, ки ай иштирокчиёи Ҷанги бзрги ватанӣ бидаст, барои вохриш, дар Ванҷ майлс ташкил мекнан, ки хотирооша дар бораи ҷанг бай мардума нақл кна. Одами пр ҷамъ мегара. Вахте ки суханш медан, ки ягон гап зана, йӯ ки ҳунари суханварӣ надоштаст, одами пра мебина, ҳамиқа изое мекаша, ки архш мерезаву хдша гум мекна, мега, ки «ай ита ҳолнда дар ҷанг мезонум созтар бӣ» (Пирумшо Орифов сокини деҳаи Мурғутга, иштирокчии Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ).

Мн ва мошину ту наме ва самалёт умаай

  Муҳаббати Мансур (ва лақаби генерал) аз Ванҷ бай Душанбе меояву мемунии яке аз хешош мерава. Вахти авқотхрӣ бидаст. Дар болои гази соҳибуна деге меҷӯшияст. Рӯпӯши дега бардоштасту, гуфтаст:— «Лувёи ҷун, мн ва мошин умам бай Душанбера, ту наме ва самалёт умаай?».

Айамин овтун иқа ббрета бхрем

  Ванҷие Шаҳри Тус мерава, дар сари змини пахта шстигӣ бидаст, ки тшнаи сахт мегара, мегарда мебина, ки овшун ва лойу слитру химикатои крмкушак арарашай. Ва ови хнки тозаи лозрии Ванҷ мқоисаш мекна, ки ичи баробар намёя, некӣ ай тшнагӣ ночор мемунаву мега:— Эй марак! Ай амин овтун нумаак ббре, та бхрем!

 Ай мийуни шкастгит

  Як бачаи рзвайии гӯштингири навшогрд бай Ванҷ миёяву меҳмуни як мӯсфеди водхдии меҳмунавоз мегара. Мӯсфед ай пеши рзвайӣ балар мегара, ки дсторхуну нуну чою табақӣ биёра. Медроя, ки рзвайӣ давре якпалӣ ғелгист. Мардми Рзвай одати кажғелкнӣ доран ва да Ванҷ ина бдунамен, касе кажғел кна меган наме ай Рзвай умаай ва ин кажғелкниёт.
Мӯсфед мега:
 – Бачам аз Рзвайӣ наме?
Рзвайӣ кам-кам гӯштин мегрфтаст, хиёл караст, ки овозаи гӯштингириш бай Ванҷани бумаасту мӯсфеди ванҷӣ бшнохтастш, ки йӯ гӯштингирай, мега, ки:
– Бобӣ ай ко дунистӣ, ки мн ай Рзвайм?
Мӯсфеди ванҷӣ мега, ки:
– Ай мийуни шкастгит!

Мн ай ту неву ай амун немис хафам

  Вахте ки Дарвозу Ванҷа якҷоя каран, раисии хоҷагии ҷангалипарварира («Лесхоз»)-а бай дарвозиёра даан, Шомҳмади Дарвозӣ шияст раису Шомлахи Ванҷӣ ҷонишини раис. Пеш ай ин, Шомалах раиси «Лесхоз»-и Ванҷ бидасту Шомаҳмад раиси «Лесхоз»-и Дарвоз. Шомҳмад дар Ҷанги бзрги ватанӣ дар пош тир хӯра бидаст. Албат, дарвозии чарс даводаву шносбозӣ карасту Шомлаха лхшундасту раисира бгрфтаст. Шомҳмад дияст, ки Шомалах зиқу мазош паргӣ. Барое ки Шомлах хафа нагара, Шомҳмад длёвиш мекна, мега:
– Шомлахи ҷу, охӣ и қарор ай боло умааст, ай мн бо(з) хафа нагарӣ!
Шомалах гуфтаст:
– Мн ай ту хафа нестм, Шомҳмади ҷун, мн ай амун немиси падарнаълат хафам, ки пеш(у)нии паҳмт мундгиву дар дар пои қоқт тир зааст.
  (Шомлах Мастулов яке ҳозирҷавобони машҳури диёри Ванҷ буда аст, ки суханҳо ва шӯхиҳои нотакрораш то ҳанӯз вирди забони мардуми Ванҷзамин аст. Ирсолкунанда: Шукруллоҳ Муривватови Дарвозӣ, бо андаке тасарруф ва илова аз ҷониби Торнамои Ванҷиман).

H₂O = Нодир 2 Одилов

  Шомлах Мастулов мараки ваномус бидаст, солшнӣ рафта бидаст, ки бо хундан рафтасту да Селхозинститут дохил шияст. Боре имтиҳони химия зурш овараст, угам Устод Нодир Одила мега, ки ва гфти гапои имрӯза “через”-ш кнаву имтиҳонша бгира. Нодир Одил кадм шносеша гап мезана. Шомлах имтиҳон медроя, малим чанд саволш меда, ичи савола намедуна, ҳарчанд саволои осунш меда, ки аҷалан якера бдунаву баҳоша муна, намегара. Да охир малим мегира формулаи ова менависа, H₂O, мепрса, ки ин формулаи чист? Шомлах хиёл мекна, ки ин малим фромушт караст, ки мн одами Нодир Одилму барои амқа саволи прм меда. Баъд барое дар ёдш бдоза мега, малим мн ин формулара бдуме, H₂O маънеш: Н-Нодир, 2, О-Одил. (Нодир Одил – донишманди маъруф, мавлавишинос, Ровӣ : Муҳаммад Абдуррозиқ Нуралиев).

Африка да арқаи Шерамард

  Давраи маҳви бесаводӣ мардма ай калун то майда ҳамара дарс медаан. Ун вахто харитоои ката пуштошун карбосӣ бидан. Шерамарди мдехарвӣ гзашта мегара, ичи га намиёван, ки кафанш кнан, дар харитаи мактабӣ кафанш мекнану ба хокш меспоран. Чанд рӯз баъд намояндоои маориф тафтиш миёян. Дарси география бидасту харита да доска кашел. Малим мега:
– Ко Холин бхез Африкара нишун бду да кост?
Холин мега:
– Африка да арқаи Шерамард да манзло хов!
(Шерамард ва Холин сокинони деҳаи Мдехарв. Ровӣ: Аъзамшоҳи Ширговадӣ).

Ичкас тра ва як индукт мегира?

  Як рӯз қатии Бадриддин (мардм Бадрагш мегфтан) шстгӣ бием, ки Шодӣ гзашту салом надо. Бадрдин гфт, медуне барои чӣ салом накар?  Гфтем: Не. Гфт ин саҳар умааст, ки як индукм бду. Гфтмш:
– Ко биё тра да макт банд кнему ай сар то пуни Шрговада бгарднем, бинем ич кас ва як индук мегират?
Олӣ хафа шияст. (Бадриддин, Шодӣ сокинони деҳаи Широговад. Ровӣ: Аъзамшоҳи Ширговадӣ).

Ичи дора, ки монӣ бчахемш?

  Як марак ай Ванҷи Боло ва Мломҳмадзамири Гшхунӣ ҷура бидаст. Раву ойи наздик доштан. Як вегаи га умааст да Гшхун, заншанӣ қатиш биёвараст. Баъд да торикӣ друмааст да хунаи Мҳмадзамир занш ай ақибш. Мҳмадзамир прсияст:
– Ин кист бо қатит?
– Ин капари носм – гфтаст ҷураш.
Мҳмадзамир гфтаст:
– Дора ичӣ, монӣ бачхемш?
(Муҳаммадзамир сокини деҳаи Гишхун, ки бар асари таъқиботи ҳукумати коммунистӣ ба Афғонистон фирор мекунад, Султон Замиров яке аз фарзандони фозили ӯст. Ровӣ: Иршод Сулаймонӣ).