Коркарди чӯб дар Ванҷ

  Чун муҳимтарини воситаи таъмини шароити зисти мардум чӯбу маводи чӯбин ба инсон пайванди азалӣ доранд. Аз ин лиҳоз вобаста ба тараққиёти ҷомеа истифодаи чӯб аз доираи зарурати табии худ – чун воситаи сӯзишворӣ, манзилсозиву мевадиҳӣ ва ғайра баромада, ба асоси маводи муҳимтарини рушди ҳунарҳои зебо табдил ёфтааст. Аз ин нишонаи қонунияти умумии рушди ҷомеи инсонӣ Ванҷ дар канор набуд.
  Саёҳону олимони тоинқилобии рус ба коркарди чӯб дар Ванҷ таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, борҳо аз равнақи ин шуғли оммавӣ ва касбии мардуми диёр ёдовар шудаанд. Тибқи маълумоти онҳо гарчи ҳунармандони ин соҳаро дар ҳамаи деҳоти Дарвозу Ванҷ дидан мумкин бошад ҳам, деҳаи Пшихарв (феълан ҷузъи ҷамоаи Водхуди ноҳияи Ванҷ) дар ин ҷода пешсафӣ дошт. А.А. Семёнов Пшихарвро чун маркази муҳимтарини истеҳсоли косибии маҳсулоти чӯбӣ ба қалам дода, возеҳан ишора кардааст, ки ҳунармандони он тамоми Қаротегин ва Дарвозро аз навъҳои гуногуни ин маҳсулот таъмин мекард. Дар Ванҷ бошад, аз химчаҳои бед ва қамиш сабаду сабадчахои гуногунҳаҷми баландсифат мебофтанд1. Масулоти ҳунармандони Пшихарв ба ғайр аз қаламрави бе- кигарии Дарвоз (Дарвозу Ванҷу Вахиё) дар Қаротегину Рӯшону Шуғнон ҳам паҳн мешуд2.
  Аз рӯи таҷрибаи устоҳои Пшихарв ва деҳоти гирду атроф чӯби ин ҷо нисбат ба ҷойҳои дигар барои коркард хеле нарму қаиш будааст. Сабабашро дар табиати барои парвариши дарахтони чӯбашон барои коркард муносиб донистаанд. Деҳаи Пшихарв дар дараи чуқури бешамол, ки аз байнаш дарёчаи ҳамном ҷорӣ шуда, дараҷаи барои дарахтон мусоид ба намнокиро таъмин менамояд, ҷойгир аст. Шоҳидон аз устоҳои ин деҳа борҳо шунидаанд, ки «чӯби ин ҷо мулоимай, чунки дар ин ҷо шамол нест; чӯби қишлоқҳои дигар намешавад»3. Албатта, ин хулосаи қатъии онҳо то андозае муҳобот ҳам буд, чунки дар амлокдории Ванҷу дигар ҷойҳо аз чӯби сахти чормағзу тут ва зардолу косаву қошуқу табақ ва асбобҳои мусиқӣ метарошиданд, ки қимати хеле баланд доштанд. Дуруст аст, ки чӯби ҷойҳои дигар мисли сафедору ар-ари Пшихарв мулоиму қаиш набуда, барои сохтани тахтаҳои тунуки ба таври дилхоҳ ҳалқа ё қатшаванда қариб имкон намедод. Аз ин ҷост, ки гаҳвора, таванг ё табанг (сандуқи мудаввар), сандуқ, шамъдон (сокин), лавҳи китобмонӣ, қуттиву қутичаҳо ва дигар маҳсулоте, ки ранг додаву бо санъати баланд кандакорӣ мекарданд ё гул медавонданд, бештар дастранҷи устоҳои Пшихарв буданд. Дар ин ҷо ҳамчунин навъҳои хеле зиёди қошуқ, каф- лез, коса, табақ, кафши чӯбин, панҷшоха барои бод кардани ғалла, тах- табели нӯктез барои ҳангоми обмонӣ банд бурида, ба паҳнои замини кишти зироат роҳ кушодан, бели чӯбини дастадор (фияк) барои пурра бод дода ғалларо тоза кардан, тахтабели нисбатан калон (курчак) барои дар фасли зимистон аз барфи баланд тоза кардани боми хона ва роҳравҳои назди он, чархдӯл ё кӯп бо чархчӯбаш барои дӯғкашӣ ва маскаҷудокунӣ, бозичаҳои нақшу зиннатдодаи кӯдакона, шона, қулфи чӯбин барои дари ганҷур (бинои нигоҳ доштани захираи озуқа), дастгоҳи бофандагӣ, чархаву ҳаллоҷӣ, дастгоҳи ба воситаи об чархзанандаи табақу косатарошӣ, дӯлу нову чархи осиёб ва дигар асбобу анҷоми зарурии рӯзгордорӣ ва олоти меҳнат тайёр намуда, талаботи мардуми диёр ва ҳамсоябекигариҳоро конеъ мекарданд.
  Ҳамчунин косаю табақ, қошуқу кафлесҳои чӯбинро қариб дар ҳамаи деҳаҳо устоҳои чӯбтарош сохта метавонистанд, вале на ба он сифате, ки ин корро ҳунармандони деҳоти Ванҷи боло тайёр менамуданд.
  Аз рӯи ривояти дар миёни мардум маъруф, ки онро мардумшиносони тоинқилоби даврони шӯравӣ ба қайд гирифтаанд, гӯё ба ҳунари баланди чӯбкоркунӣ дар деҳаи Пшихарв яке аз саравлодони Усто Шаша ном ҳунарманди солхӯрда (то ибтидои солҳои 50-ми асри гузашта дар қайди ҳаёт буд) Нурмуҳаммад асос гузоштааст. Аз мазмуни ривоят бармеояд, ки устои номбурда авлодан аз наздикии Бухоро аз деҳаи шайхҳои ҳазрати Баҳоваддин буда, бо кадом кори номақбуле гунаҳкор ва аз он ҷо бадарға шудааст. Ин шахс бо машақати зиёде ба Дарвоз омада, бо иҷозати шоҳ дар Пшихарв иқомати доимӣ ихтиёр намудааст. Аз кай ва бо кадам гуноҳ ба ин ҷо бадарға шуданашро касе аз ровиён аниқ гуфта натавонистааст4.
  Хонасозӣ ва истифодаи чӯбҳо дар сохтмон, коркарди онҳо низ заҳмату санъати баландро талаб мекард. Дар ҳамаи деҳаҳо устоҳои чӯбтарош буданд, ки мувофиқи эҳтиёҷи мардум фаъолият дошта, онҳо равчӯбу марза, кландак, дару дарвоза, кавши чӯбӣ, дастаи досу табар, юғу сипор (омоч), ҳалоҷӣ, чархаю дук, ғаҳвора, сандалӣ, шона ва дигар ашёи ниёзи мардумро тайёр мекарданд.
  Устоҳои таҷрибадор дар кандакории дару санҷу сутун ва сарсутунҳои хонаву айвонҳои амалдорону давлатмандони маҳаллӣ саъати баланди дуредгарию кандакорӣ нишон медоданд. Асбобу ускунаи дуредгариву кандакориро бо хоҳиши (баъзан бо нақшаи худи ҳунармандони ин касб), устоҳои моҳири оҳангарӣ таёр мекарданд. Номгӯи онҳо хеле зиёд буда, барои ин ё он амали мураккаби касбӣ мувофиқ тайёр карда мешуданд. Аз ҷумла арраи калони дусара (арраи поӣ), ки аз ду тараф даста дошта, онро дукаса кор мефармуданд, арраи дастӣ, теша, тешаи новак (барои чуқур ё ковок таршидани асбоби чӯбин, аз қабили асбоби мусиқӣ, табақу косаву қошуқу кафлез ва ғайра), тешаи чапновак, тешаи каркӣ (аз номи шаҳри Каркӣ), пойтеша ё пайтеша (тешаи калоне, ки бо он чӯбғӯллаи калонро аз чор қиррааш тарошида рост ва чортарош мекунанд. Онро бо лаҳҷаи маҳаллӣ «таш» низ ном мебурданд), ранда (леса), досранда (барои пӯст канда сафеду нисбатан суфта кардани ғӯлачӯб), корд, каҷкорд ё зурунди қошуқкан, чармбур, парма, обпарма, искана ба- рои чуқур кофта бо ҳам пайвастани чӯбтахтаҳо, болға, сӯяни оҳан ва чӯб (чӯбсов) ва ғайра аз қабили онҳост. Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев.

1 Семёнов А.А. Этнографические очерки. – С.40; См. также: Бабринский А.А. Орна- мент горных таджиковДарваза. Нагорная Бухара. – М., 1900. – С.11.
2 Ниг.: Пославский Ю. И. Экономический очерк Таджикистана // Таджикистан. – Ташкент, 1925. _ С.221.
3 Таджики Каратегина и Дарваза. – Вып. 1. – С.261.
4 Таджики Каратегина и Дарваза. – Вып. 1. – Шарҳи (примеч.) 79. – С.229. 146

1 Назар

  1. Ин ба ҷуз Пшихарв дар дигар деҳоти Ванҷ магар усто вуҷуд надошт?. Аз як китоби Пирумшоев ҳама чизро овардан низ таърихи Ванҷ комил намешавад. Бояд аз дигар навиштаҳо ва мардуми зинда дар мавриди устоҳои дигар манотиқ низ бояд илова гардад.

    • Вуҷуд дошт ва дорад. Дар бораи бисёре аз устоҳои деҳоти дигар дар ин торнамо маълумот мавҷуд аст. Барои дарҷи маълумот дар бораи устоҳои дигар деҳот намояндагони деҳаҳо барои мо маълумот фиристанд, то нашр намоем.

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.