Кабут Вазиров

  kabtvazКабут Вазиров номзади илмҳои заминшиносӣ ва маъданшиносӣ, дотсент, 15 феврали сол 1938 дар деҳаи Рохарви ноҳияи Ванҷ, дар оилаи кишоварз таваллуд шудааст. Баъди анҷоми таълими мактаби миёна, солҳои 1956-1961 дар шӯъбаи заминшиносии факултаи табиатшиносии Донишгоҳии давлатии Тоҷикистон ба номи В.И Ленин (Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон таҳсил намудааст. Фаъолияти омӯзгорию илмиаш ин тавр сурат гирифтааст: солқои 1961-1962 лаборанти калон, асистенти кафедраи маъданшиносӣ ва петрографияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, 1962-1968 ассистенти Кафедраи ҷуғрофияи табиӣ ва заминшиносии Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко (феълан Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ.Ҷӯраев), 1968-1988 ходими хурд, ходими калони илмии Шӯьбаи канданиҳои фоиданоки Институти геологияи АИ Тоҷикистон, геологи хурди гӯруҳи иктишофии Кончочи Экспедитсияи иктишофӣ-геологии Моғиён, солҳои 1967- 1970 аспиранти назди Институти геологияи АИ Тоҷикистон. Соли 1975 дар Шӯрои ҳимояи рисолаҳои номзадии Институти маъданшиносӣ, геохимия ва унсурҳои нодири Вазорати геологияи ИҶШС дар мавзӯи “Ҷинсҳои кӯҳии тағйирёфтаи ҳамшафати маъдани симоби Кончоч” (роҳбари илмӣ: профессор В.П.Федорчук) рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст.
  К.Вазиров солҳои 1988 – 1998 муаллими калони кафедраи ҷуғрофияи табиӣ ва геология, дотсенти кафедраи ҳифзи табиату экология ва аз соли 1998 мудирии кафедраи ҷугрофияи табии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ.Ҷӯраевро ба ӯхда дорад.
  К.Вазиров яке аз олимони шинохтаи соҳаи замину маъданшиносист. Солҳост, ки оиди проблемаҳои пайдоиш ва оқилона истифода бурдани маъдани (тилло, нуқра, сурма ва симоб) Тоҷикистони марказиро мавриди тадқиқот қарор додааст. Доираи имӯзиши ӯ хеле доманадор буда, таҳқиқи комплексии маъдан, экология ва ҳифзи табиатро дар бар мегирад. Дар ин самт ӯ зиёда аз 130 номгӯи асару мақола ва китобу дастурҳои таълимӣ рӯи чоп овардааст. Тадқиқоти бунёдии олим “Форматсияи симобу сурма ва тиллои Тоҷикистони марказӣ ва аҳамияти саноатии он” (Ду- шанбе: Дониш, 1992) ва боз чанде аз асарҳои илмии муаллиф аз тарафи мутахассисон баҳои баланд гирифтаанд.
  Донишҷӯёни кунунӣ ва мутахассисони оянда аз рӯи чунин китобҳои дарсию маводҳои таълимӣ ин олиму омӯзгори варзидаро мешиносапд: “Минералогия ва петрография бо унсурҳои кристаллография- Душанбе: “Дониш”, 1998;“Геология бо асосҳои палеонтология ва геологияи таърихӣ” – Душанбе: “Нодир”, 2003(ҳаммуаллиф М.Муҳаббатов) (китоби дарсӣ барои донишҷӯёни заминшиносу маъданшинос ва кимиё); “Сангҳои гаронбаҳои Тоҷикистон” (таълифи муштарак) – Душанбе: “Нодир”, 1999; Машгулиятҳои амали ва геология (барои донишҷӯёни заминшинос) – Душанбе: “Нодир”, 2000 ва ғайра аз қабили онҳост. Китоби навбатии К.Вазиров, ки дар шарикмуаллифӣ бо М.Муҳаббатов ва М.Тоҷибеков таълиф шудааст бо унвони “Геология ва сарватҳои табии Ванҷ”, (Душанбе-“Фарас”,2003)ба тозагӣ бадасти хонандагон расидааст. Муҳандис-геолог, “Аъло- чии маорифи Тоҷикистон (с.1998)” ва узви Иттиҳодияи журнанистони Тоҷикистон (с.1999) К.Вазиров дастовардҳои илми заминшиносию маъданшиносии тоҷикро аз минбари чандин конфронсу симпозиумҳои ҷумҳурӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ муаррифӣ кардаву ақида ва хулосаҳои ҷолиб пешниҳод намудааст. Рисолаи доктории олим дар арафаи дифоъ қарор дорад. Ҳамдиёрон дар ин ҷода барояш бурдбориҳо мехоҳанд.
  Табиист, ки дар ташаккулёбии Кабуд Вазиров чун олиму омӯзгор ва бародарону хоҳаронаш хизмати падараш ҳалкунанда мебошад. Падари олим Вазир Худоёров (дар баъзе ҳуҷҷатҳо Забиров) соли 1909 дар деҳаи Рохарви амлакдории Ванҷ дар оилаи деҳқони камбизоат ба дунё омада, тамоми умри хешро ба хизмати диёр бахшидааст. Баъди гузаштани курси мавҳи бесаводӣ, солҳои 1929-1930 дар курси яксолаи муаллимтайёркунии ш.Самарқанд таҳсил намудааст. Пас аз хатми он дар интернати ноҳия ба ҳайси муаллими мураббии кӯдакони бепарастору камбағал фаъолият намуда, сипас мудирии хонаи ақди никоҳро ба ӯхда доштааст.
  Н.Худоёров дар арафаи ҷанг, моҳи марти 1940 ба хизмати ҳарби даъват шуд. Пас аз се моҳи хизмат дар Қазоқистон сарбоз (бо рутбаи сержант ба сафи пеши ҷанг сафарбар шуда, дар муҳорибаҳои фронти Ҷанубӣ-Ғарбӣ ва Сталинград далерӣ зоҳир нимудааст. Январи 1943 В.Худоёров захм бардошт. Баъди се моҳи муолиҷа боз ба ҷабҳа баргашта, дар озод намудани Полша ва сипас дар мағлуб сохтани миллитаристони Ҷопон (Япония) фаъолона ширкат доштааст. Баъди аз ҷабҳа сарбаландона ба зодгоҳаш баргаштан, В.Худоёров дар давраи барқароркунии баъдиҷангӣ ва солҳои минбаъда, то охири ҳаёт (1970) дар колхози Андреев ва «Коммунизм» дар вазифаҳои мухталиф ифои хизмат намудааст. Дорандаи чандин мукофотҳои ҳарбӣ ва давлатӣ, деҳқони асил В. Худоёров ба ҳамаи мушкилиҳо нигоҳ накарда тавонистааст, ки ба 8 фарзанди хеш маълумоти олӣ диҳад. Ҳоло онҳо дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ фаъолона фаъолият доранд. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев).

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.