Ифтихори миллӣ аз деҳа сар мешавад

  Аз мусоҳибаи академик Раҳим Масов дар нашрияи “Миллат”.
  Рӯзномаи “Миллат”: – “Биёем сари ҳамон эътирози Шумо дар мавриди додани замини Тоҷикистон ба Чин. Шумо ягона будед аз олимони тоҷик, ки дар ин бора ошкоро изҳори назар кардед ва гуфтед, ки ба он санади марбут ба додани замин имзо нагузоштаед, то дар таърих номатон ба бадномӣ ёд нашавад. Баъдан, Вазорати умури хориҷа гуфт, ки Масов узви он комиссион набуд.
  Раҳим Масов: – Ман узви он комиссион будам.
  Рӯзномаи “Миллат”: – Узв будед ва баъдан Шуморо аз он хориҷ карданд?
  Раҳим Масов: – Ман гуфтам, ки имзо намемонам. Ман муқобил будам. Ин замоне буд, ки Саидамир Зуҳуров, ки ман ӯро сахт ҳурмат мекунам, муовини сарвазир буданд. Ӯ инро медонад. Як зан дар ҳамон комиссия гуфт, ки ҳамон маконе, ки ба Чин медиҳем чӣ гуна мавзеъ аст, гуфтанд, ки кӯҳсор аст. Он кас гуфт, ки хайр агар кӯҳ бошад, додан даркор, ҳич гапе не. Ман гуфтам, ки 93 дарсади Тоҷикистон кӯҳ аст, бояд ҳамаашро бидиҳем(?), ин тавр намешавад, ҳар як ваҷаб сарзамин муқаддас аст, хоҳ санг аст он ё кӯҳ. Ман яке аз геологҳои шинохтаи Тоҷикистонро, ки хеши наздики ман аст, пурсида будам, ҳамин мавзеъе Чин талабгор шудааст, чӣ дорад, ӯ гуфт, ки зери он замин бойигариҳои нодир хоб аст. Чин замини хушку холиро талаб намекунад. Онҳо медонанд, ки он ҷо маъдани камёб аст. Як кас гуфт, ки агар талаби Чинро иҷро намекардем, онҳо ба хоки мо ҳуҷум мекарданд. Номаъқул кардаанд, ки ҳуҷум мекунанд. Ба Ветнам ҳуҷум карда буданд ва зарбаи сахт хӯрданд. Мо ҳам кам намеоем.
  Рузномаи “Миллат”: – “Шумо зиёд аз Ванҷ ёд мекунед, ҳарчанд камтари умри хеш он ҷо будед, зодгоҳатонро дӯст медоред?.
  Раҳим Масов: – “Бисёр, хеле бисёр. Ифтихори миллӣ аз деҳа сар мешавад, аз зодгоҳ, ҳар сангу чӯбу сабзаву дарахташ боиси ифтихор аст. Зодгоҳ ширин аст. Аз ҳама ҷои ҷаҳон зеботарин макон барои инсон деҳаи ӯст, зодгоҳи ӯст. Ман дар деҳаи Мдехарви ноҳияи Ванҷ таваллуд шудаам, он ҷо мавзеъе ҳаст бо номи Скосм, ки он баландтарин деҳаи Бадахшон аст. Маънии “скосм”, “кос”, яъне баланд, боло, деҳи боло мебошад. Деҳаамро бисёр дӯст медорам. Ифтихор мекунам бо деҳи хурду баландам!”.

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.