Имом Абуюсуф шогирди содиқи Имоми Аъзам

  Ҳамагӣ муддати якуним моҳ аз рӯзи “Соли бузургдошти Имоми Аъзам” эълон шудани соли 2009 нагузаштааст, аммо дастгирӣ ёфтани ин иқдоми раисиҷумҳур аз ҷониби мардуми озодаи кишвар бармало эҳсос мешавад. Дар матбуоти даврии кишвар, бахусус дар расонаҳои хусусӣ дар бораи ҳаёту фаъолият, мазҳаб, мактаб ва дигар бахшҳои умдаи шахсияти Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит матолиби хубу хондание ба нашр расиданду ин кор идома дорад.
  Ҳанӯз аз рӯзи аввали эълони ин иқдоми муҳим ҳафтаномаи “Миллат” бо эъломи таъйиди ибтикори мазкур тасмим гирифта буд, ки бо таваҷҷӯҳ ба ин масъала, матолиби муфассалеро оид ба шахсият, омӯзиш, машоих, афкор, оро, фиқҳ, мазҳаб, шогирдон ва умуман шахсияти Имом Абӯҳанифа ба нашр хоҳад расонд, то дар шиносондани ин марди бузурги хираду фарҳанги динӣ, ки як сол ба хотири бузургдошти ӯ эълон шудааст, саҳме бигзорад.

Абуюсуф аз насли ансор

  Абӯюсуф Яъқуб писари Иброҳим ибни Ҳабиб соли 113-уми ҳиҷрӣ мутобиқ ба 730-юми милодӣ дар шаҳри Кӯфа таваллуд ёфтааст. Яъқуб аз авлоди ансор будааст, ки замони ҳиҷрати мусулмонон аз Макка ниёгонаш онҳоро дар Ясриб пешвоз гирифтаанд. Дар сарчашмаҳои муътамади исломӣ зикр ёфтааст, ки Абӯюсуф араб ҳаст. Дар “Сияр аълом ан-нубалоъ” (“Зиндагиномаи парчамдорон аз мардони бузург”), ки дар ми¬ёни кутуби торихи исломӣ муътабар дониста мешавад, Абӯюсуфро ансорӣ гуфтааст. Абӯюсуф аз хонадони фақир буда, луқмаи хешро бо меҳнати ҳалол ба даст меовард. Фақир будан пеши роҳи донишманд шудани Яъқубро нагирифт ва ӯ ҳамеша дар ҷустуҷӯйи маҷлиси донишмандон ва маҳфили дарсу омӯзиш буд.

Яъқуб дар ҳалқаи Абулайло

  Ӯ дар маҷлисҳои илмии Ибни Абӯлайло, ки дар Кӯфа баргузор мегаштанд, ширкат мекарду ба дониши худ фаҳме нав меафзуд. Дар “Мабсут”-и Имом Сарахсӣ иллати мунтақил шудани Яъқуб аз маҷлиси Абӯлайло ба наздики Имом Абӯҳанифа дар шубҳа мондани Яъқуб аз як сухани Абӯлайлост. Муаллифи мазкур нақл мекунад, ки Яъқуб рӯзе ҳамроҳи устодаш Абӯлайло дар як ҷашни арӯсӣ меҳмон буданд ва барои шодмониву хурсандӣ ширинӣ медоданд. Абӯюсуф қадре аз он ширинӣ бардошту Абӯлайло бо ибрози нороҳатӣ ва тундӣ ба Яъқуб гуфт: Оё намедонӣ, ки ин ҳалол нест?! Яъқуб аз чунин сурат гирифтани кор нигарон шуд ва назди Имом Абӯҳанифа рафта масъаларо пурсон шуд. Абӯҳанифа, ки сари ҳар масъалае аввал меандешид, ба Яъқуб гуфт: Ҳеч боке надорад. Дар ахбор аз Расули Худо (с) омадааст, ки боре ҳамроҳи асҳоб дар шодмонии марде ансорӣ буданд ва барои шодиёна хурмо партофтанд. Расули Худо (с) аз он хурмоҳо бардошту ба асҳоби хеш фармуд: “Ҳар кас, ки тавонад, бигирад”. Дар бархе аз сарчашмаҳо омадааст, ки Абӯюсуф бо Зуфар-шогирди дигари Имом Абӯҳанифа дар баҳсу мунозара мешуд ва пас аз муддате барояш равиши фиқҳии Абӯҳанифа писанд омад. Ба ҳамин минвол тафовути равиши имомон Абӯлайло ва Абӯҳанифа барояш ҳувайдо гашту ҳалқаи Имом Аъзамро ихтиёр кард. Муддати шогирдии Абӯюсуф дар назди Абӯлайло нӯҳ сол гуфта шудааст. Агар ин гуфта рост бошад, маълум мегардад, ки Абӯюсуф ҳангоми хурдсолиаш назди ӯ дарс хондааст, зеро замони риҳлати Имоми Аъзам Абӯюсуф ҳамагӣ 18 сол дошт.

Аз ҳалқаи Абулайло ба маҷлиси Абуҳанифа

  Ҷустуҷӯву рағбати зиёди Яъқуб ба омӯзишу дарсхонӣ ӯро ба ҳалқаи дарсии Имоми Аъзам Абӯҳанифаи машҳур овард. Абӯҳанифа дарёфт, ки Яъқуби ҷавон ба омӯзишу дарки шариат шавқу рағбат ва дар баробари ин истеъдоди ниҳоят олӣ дорад. Ба хотири он, ки Яъқуб бояд бештари вақти худро ба таҳсили илм сарф намояд, Абӯҳанифа ба ӯ мусоидату кӯмаки молӣ кард. Муваффақи Маккӣ дар китоби “Маноқиб” (“Зиндагиномаи бузургон”) овардааст, ки кӯмак кардани шогирдони фақир аз одатҳои Имоми Аъзам буд. Ӯ ба хотири омӯхтани илм ба аҳлу аёли толибилмон молу манол медод, ки шогирдон ба андешаи таъмини хонавода гир нашуда, саргарми омӯзиш бошанд. Замоне, ки илми шогирд камол меёфт, Имоми бузургвор ба ӯ мегуфт: Акнун ту сарвату ғановатеро соҳиб шудӣ, ки он шинохти ҳалолу ҳаром мебошад
  Пас аз ин дастгириву ҷавонмардии Абӯҳанифа Яъқуби ҷавон дигар ба маҷлисҳои Абӯлайло намерафт. Ба гуфтаи муаллифи “Сияр аълом ан-нубалоъ”, Абӯюсуф Яъқуб ибни Иброҳим пас аз роҳ ёфтан ба маҷлиси дарсҳои Абӯҳанифа 17 соли паёпай дар ҳузури Имоми Аъзам буду аз ӯ илм меомӯхт. Танҳо дар авоили роҳ ёфтан ба ҳузури Абӯҳанифа барои як муддати кӯтоҳ аз дарсҳо ғоиб мондааст. Муаллифи ҳамасри Абӯюсуф бо номи Курдӣ дар “Маноқиб”-и хеш аз забони Абӯюсуф овардааст, ки: “Рӯзе наздики Абӯҳанифа (р) рафта будам, ки падарам омад. Ба ман гуфт: Пойҳои худро дароз карда ба ҳамроҳии ин мард машин. Ин мардро нон пухтааст, аммо ту ниёзмандӣ. Сухани падар маро водор кард, ки барои муддате аз дарс ғоиб монам. Имом (р) дар маҷлис маро намебинад ва аз сабаби ғоиб будани ман пурсон мешавад. Вақте фурсат шуду наздики Имом (р) рафтам ва иллати ба дарсҳо наомаданамро “талаби маъош” гуфтам, хомӯш монд. Ҳамзамон бо поён ёфтани дарс Имом (р) маро гуфт, ки мунтазир бошам то дигар шогирдон ҳама берун шаванд. Пас аз баромадани шогирдон Имом ба ман як киса (халтаи хурд) дод, ки сад дирҳам дошт. Маро гуфт, ки инро барои рӯзгор бигиру тарки дарс накун ва чун ба харҷ расид, маро дарак деҳ. Муддате кам гузашту боз ба ман сад дирҳам бидод. Дигар ҳар бор, ки пулҳои додаи ӯ наздик ба тамомшавӣ мерасид, бидуни он, ки ӯро хабар диҳам, бароям боз як маблағ пул медод. Таъйиду кӯмаки Имом (р) боис шуд, ки ниёзамро аз дониш ба даст овардам. Худованд барои Имом (р) беҳтарин подошро диҳад ва гуноҳони ӯро биомурзад”.

Ҳадисдонии Абуюсуф ва салоҳиятдории ӯ ба тарбияи қозиҳою муфтиён

  Зеҳни расои Абӯюсуф барои ӯ мусоидат мекард, ки дар як маҷлис то 60 ҳадисро ҳифз кунад ва онро ба мардум расонад. Ибни Баззозӣ дар “Маноқиб” дар бораи шогирдони Абӯҳанифа ёдовар шуда, аз қавли худи Имом навиштааст: “Инҳо (шогирдон) сиву шаш тан ҳастанд ва бисту ҳашт нафари онҳо барои қазоват (қозӣ будан) салоҳият доранд. Шаш тани онҳо салоҳият доранд, ки фатво бидиҳанд. Ду нафар (шогирд) Абӯюсуф ва Зуфар дар тарбияи қозиҳо ва соҳибони фатво салоҳиятдор мебошанд”. Аз инҷо бармеояд, ки Абӯюсуф дар миёни дигар шогирдони Имом Абӯҳанифа мақому манзалати намоёнеро ишғол мекунад.

Имомм Абуюсуф қозии се халифаи аббосӣ

  Имом Абӯюсуф дар аҳди хилофати се халифаи аббосӣ маъмурияти қазо ё худ вазифаи қозиро бар дӯш доштааст. Ин халифаҳо Абӯабдуллоҳ Муҳаммади маъруф ба Маҳдӣ, Абӯмуҳаммад Мӯсои машҳур ба халифа Ҳодӣ ва Абӯҷаъфари маъруф ба Ҳорунаррашид мебошанд, ки дар ҳудуди солҳои 158-ум то 193-уми ҳиҷрӣ дар сари хилофат буданд. Мавриди зикр аст, ки хулафои аббосӣ сиву ҳафт тан буданд ва аз соли 123-юм то 640-уми ҳиҷрӣ ҳукмронӣ кардаанд. Хилофати аббосиҳо, ки нисбаташон ба амаки паёмбар (с) мерасид, дар соли 132-и ҳиҷрӣ, мутобиқ ба 749-и милодӣ ҷойи Уммавиёнро дар сарзаминҳои исломӣ ҷуз Испониё ишғол кард. Саффоҳ аввалин халифаи аббосӣ давлати Уммавиёнро мунқариз кард ва Марвони дуввум-охирин халифаи уммавӣ ва тамоми афроди хонаводаашро ба қатл расонид. Ин ҳодиса яке аз воқеаҳои мудҳиш дар торихи Ислом ба шумор меояд. Маркази хилофат дар аҳди Уммавиён дар Димишқ буд ва дар аҳди Аббосиён ибтидо шаҳри Ҳошимияи шимоли Кӯфа ва сипас бо дастури халифаи дуввуми аббосӣ дар соли 145-и ҳиҷрӣ ба Бағдод мунтақил шуд. Аббосиён беш аз 300 сол дар сарзаминҳои мусулмоннишин ҳукмронӣ карданд ва дар замони ҳамлаи муғулҳо дар даврони хилофати Муътасим дучори ошуфтагӣ гаштанду дар соли 656-и ҳиҷрӣ халифа Муътасиму куллияи касоне, ки бо онҳо қаробат доштанд, ба дастури Ҳулокухони муғул маҳкум ба эъдом шуданд (аз “Торихи давлатҳои исломӣ ва хонадонҳои ҳукуматгар”-и Стенли Ленпол, Александр Бартолд, Халил Адҳам ва Аҳмад Саид Сулаймон).
  Нигорандаи китоби “Интиқо” Ибни Абдулбор оид ба қозӣ будани Абӯюсуф дар дарбори халифаҳои аббосӣ Маҳдӣ, Ҳодӣ ва Ҳорун хабар дода, зикр намудааст, ки Ҳорунаррашид нисбати Абӯюсуф бисёр иззату эҳтиром дошт.

Ҳукми одилонаи Абуюсуф ва хонаи Худо

  Боре миёни халифа Ҳорунаррашид ва ҳамсараш Зубайда низоъ воқеъ шуд. Халифа рӯзе қасам хӯрд, ки агар Зубайда имшаб дар ҷойе, ки дар қаламрави ӯ шомил намешавад, хоб накунад, ӯ талоқшуда аст. Зубайда дар байни занҳои халифа ҷойгоҳу мақоми хоси худро дошту халифа нисбат ба дигарон ӯро бештар дӯст медошт. Қаламрави хилофати Аббосиён, ки Ҳорунаррашид дар он халифа буд, ба ҳадде васеъ буд, ки берун аз марзи он рафтан бо аспу уштурҳои он замон имконият надошт. Аҳли дарбор аз ҳалли ин масъала ва пешгирӣ аз ҷудоии халифаву ҳамсари дӯстдоштааш оҷиз монданд. Охир на қолинчаи парвозӣ доштанду на ҳавопаймо, ки Зубайдаро ба берун аз марзҳои хилофат бифиристанд. Наздики Абӯюсуф шуданд ва сурати масъаларо баён доштанд. Имоми доно фармуд, ки бону Зубайда имшаб бояд дар масҷид бихобад, зеро масҷид хонаи Худост ва ҳеҷ нафаре, ҳатто халифа Ҳорунаррашид, дар он ҳукмрон нест! Абӯюсуф барои исботи ин ояти ҳаждаҳуми сураи “Ҷин”-ро далел овард, ки маънои он чунин аст: “Масҷидҳо махсус барои Худост, пас бо Худо ҳеҷ якро парастиш макунед”. Бону Зубайда он шабро дар масҷид бо ниёишу розу ниёз бо Худованди пок ба субҳ расонд. Инҷо ҷуръату доноии Абӯюсуф ҳувайдо мегардад, ки навобаста ба ғазаби халифа зидди ӯ ҳукм мекунад. Абӯюсуф монанди устоди бузургаш Имоми Аъзам медонист, ки дунёву дунёпарастӣ дар баробари як ҳукми одилона чизе нест.

Таълифот ва ҷойгоҳи Абуюсуф дар миёни донишмандони мусулмон

  Имом Абӯюсуф новобаста ба машғул будан ба мансаби Қозиюлқузоти хилофат саргарми таълифи китобҳо мешуд. Китобҳои “Салот”, “Закот”, “Сиём”, “Фароиз”, “Буюъ (Савдо)”, “Ҳудуд”, “Васоё”, “Сайд ва забиҳаҳо”, “Ғасб ва истибро”, “Ихтилоф ал-амсор”, “Ар-рад ъала Молик ибн Анас”, “Ривоят ороъ Абиҳанифа”, “Китоб ал-осор”, “Ихтилофи Абилайло ва Абиҳанифа”, “Ар-рад ъала сияр ал-Авзоӣ”, “Ал-ҷавомиъ” ва “Рисолат ал-хироҷ”-ро мансуб ба қалами Имом Абӯюсуф медонанд.
  Албатта, Абӯюсуф новобаста ба эҳтироми зиёд қоил будан ба устоди хеш Имом Абӯҳанифа, дар баъзе масоил бо ӯ мухолиф аст. Дар китоби “Ал-хироҷ” ин масъала ба таври аланӣ дида мешавад. Аммо Имом Абӯюсуф ҳаргоҳ, ки ба ҳалли масъалае мепардохт, аввал раъйи Абӯҳанифаро меовард. Тафовути китоби “Ал-Хироҷ” аз дигар китобҳои Абӯюсуф дар он аст, ки фарогири орои фиқҳии худи ӯ буда, ривоёти дигар фақеҳонро дар он наовардааст.
  Ба ҳамин сурат Яъқуб ибни Иброҳим маъруф ба Абӯюсуф дар пешбурди фиқҳи ҳанафӣ саҳми босазо гузошту номаш барои ҳамеша дар таърихи фиқҳи исломӣ бар ҷой монд ва маҳз ҳамин хидматҳояш буданд, ки ҳар мусулмон бо шунидани номи қозӣ Абӯюсуф “раҳмати Худо бар ӯ бод!”, мегӯяд.

  Зоҳиршоҳи Давлат. 2008-10-20.

 

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.