Иззатшо Гиёев

   hizachogiyoИззатшо Гиёев устои табақтарош, соли 1920 дар деҳаи Ширговади ноҳияи Ванҷ таваллуд шудааст.
  Касби табақтароширо соли 1956 аз устои ҳамин деҳа Мусулмонов Нӯъмон омӯхта, то соли 1990 идомаи ин касб дошта, чун табақтароши беҳтарини Ванҷ, обрӯю эътибори хоса пайдо кард. Солҳои тӯлонӣ дар комбинати хизмати маишии ноҳияи Ванҷ хизмати ҳамдиёрон ва меҳмононро ба ҷо меовард. Табақҳои тарошидаи усто Изатшо чи дар ҳудуди ноҳия ва чи берун аз он талабгорони зиёде доштанд. Усто ду намуди табақ метарошид: табақи оддӣ ва табақи косадор, ки онро мардум табақи «дуошёна» меноманд. Ин анъанаро аз соли 1990 писаронаш Зинатшо ва Ҳикматшо идома медиҳанд. Ҳоло панҷ писараш шуғли касби падар доранд. Усто Изатшо ғайр аз табақтарошӣ боз дуредгари моҳир буда, дар кори хонасозӣ ба ҳамдиёрон хизмати хешро дареғ намедорад. Аз чӯбҳои маҳаллӣ дару тиреза, ҷевону миз ва дигар ашёҳои зарурии хона месозад.
  Дар деҳаи Ширговад ғайр аз усто Изатшо боз Неъматов Мирумбек, Чиндонов Карим ва Қувватов Шайхон, Қувватов Нӯъмон табақу қошуқу кафлесҳои чӯбини бозоргир метарошанд. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев).

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.