Идрис Нӯъмонов

  Идрис Нӯъмонов соли 1935 дар деҳаи Мудехарв (Дуршер) дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Солҳои 1954 – 1958 дар факултаи забону адабиёти Донишкадаи шаҳри Душанбе ба номи Т.Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ.Ҷӯраев), таҳсил кардааст. Солҳои аввал баъди хатми он дар мактаби ҳаштсолаи деҳаи Ғуҷовас ба ҳайси омӯзгор фаъолият намуд.
  Маҳорати баланди омӯзгорӣ ва ташкилотчигии И.Нӯмоновро ба назар гирифта, роҳбарият ӯро ба мудирии Шӯъбаи тағриботу ташвиқоти ҳизби комунистии ноҳияи Ванҷ тавсия намуд. Солҳои 80-ум роҳбари ташкилоти ҳизбии совхози Федченкоро ба ӯхда дошт. Охири солҳои ҳаштодум ӯ аз нав ба кори омӯзгорӣ баргашта, дар вазифаи директории мактаби №12 деҳаи Дуршер кору фаъолият намуд.
  Хизмати садоқатмандонаи ӯро ба назар гирифта хоҷагии деҳқонии деҳаи Ширговад, Дуршер ва Старғро ба унвони ӯ номгузорӣ намуданд. Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев.

Устоди ҷасур

  Инсон ба юмни соҳибияти шаъну шарафи одамӣ ва дифоъ аз ҳайсияту арзиши инсонии хеш дар ҷомеа эътироф, эҳтиром ва эътибор касб менамояд. Ба хотири ирзои нафс зери по гузоштани иззати нафс инсон ин ҳамаро аз даст медиҳад, ба навкару бардае табдил мешавад, лаган бардошта, ҳар ду даст бар сина гузошта, сару гардан хам намуда, амр мепазирад, аз адои аъмол ба хости хоҷаву ризои ӯ ифтихор мекунад, вале дар назари умум номуси одамӣ ба бод дода ва мардум ба ӯ бо чашми нафрату ҳақорат менигаранд.
  Зодгоҳи мо, аслан, маскани мардумони бонангу номусу ғуруре буд, ки тоби кашидани бори хидмату навкариро наоварда, тарки роҳати зисти ҳамвориҷойҳои гарму обод намуда, кӯҳистони дуру сарди сарбастаи дастнорасро ватан карданд. Бо вуҷуди теъдоди андак ҳифзи истиқлол карда, алайҳи таҳоҷуми бузург (Аморати Бухоро ва Ҳукумати Шӯравӣ) ба мубориза бархостанд.
  Дар замони салтанати русҳо наслҳои баъдина таҳти ғояву тарбияти эшон бузург шуданд, аммо ҳувияту ҳайсият нигаҳ дошта, дар роҳи ҳифозату рушди адабу фарҳанги миллӣ хидматгузориҳо карданд. Дар масири талош баҳри тақозои ҳаққи милату дифоъ аз нигаҳдошти тиккаҳои сарзамини миллат ва бузургдошти фарҳангу ҳувият ҳамдиёрони мо мисли Раҳими Мас пешсаф буданд.
  Идриси Нӯъмон ходими давлатӣ ва муаллими маъруфи диёр намояндае аз он наслу мактаб буд. Ҳаёти пуразоби ятимиро дар солҳои сахту вазнини сию чиҳили асри XX дар хурдсолӣ паси сар карда, дар факултаи забону адабиёти Донишкадаи омӯзгории ҶШС Тоҷикистон ба номи Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ) таҳсил карда (дар солҳои 1955-1958), пас аз хатми он ба диёр баргашта, ба омӯзгорӣ машғул мешавад.
  Дар замони таҳсил яке аз беҳтарин донишҷӯёни донишкада будаанд, ки шарикдарсонаш монанди уламои маъруфи кишвар Носирҷон Маъсумӣ, Маҳмадулло Лутфуллоев, Урун Кӯҳзод ва дигарон таассуфи ба қария рафтанашро мехӯрданд. Эътироф доштанд, ки ӯ донишмандтарини онҳо буд ва дар ин ҷода то ба қуллаҳои баланди илм мерасид. Устод ба зодгоҳ рафт ва пас аз муддате тадрис ҳамчун ходими давлатӣ солҳои тӯлонӣ ифои вазифа намуд.
  Мардум аз ҷиддияту қатъият, таъсиру сиёсат, назму сахтгирии ӯ дар замони фаолияти корӣ ёдоварӣ мекунанд. Дар охири солҳои ҳаштод (дар соли 1988) боз ба кори омӯзгорӣ баргашт ва вайро мудири мактаб таъйин карданд. Мо дар он ҳангом дар синфи шаш мехондем. Муаллими фаннҳои забон ва адабиёти мо шуд. Аз он пас низоми таълиму тарбия дар мактабу синф дигар гашт.
  Ба истифода аз маҳорати раҳбарӣ бо таҷрибаи ғанӣ низоми дурусти идоракуниро дар мактаб роҳандозӣ намуд. Ба ҷаҳду талош мактабро аз ҳаштсола ба миёна табдил дод. Бо ташаббусу кӯшишу заҳамоташ дар давоми мактаб биное бо шаш синфхона сохтанд. Боғу алафзори мактабро обод намуда, маҳсули онро барои хароҷоти мактаб истифода мебурданд. Робитаи пайвастаи мактаб бо оила барқарор гардид.
  Устод қомати паст, вале ҷасорати беандоза доштанд. Муаллимон, хонандагон ва умуман, аҳли деҳ дар нисбаташон эҳтиром дошта, ҷуръати ба ӯ мустақим нигаристан ва дар ҳолати асабонияташон сухан гуфтан надоштанд. Намояндагони шӯъбаи маориф, ки барои санҷишу тафтишҳо ба мактаб меомаданд, аз ӯ тарс доштанд ва шоҳиди сарзаниши онон аз ҷониби ӯ чанд бор будем. Намояндагоне, ки аҳёнан аз маркази вилоят меомаданд, бо ӯ эҳтиёткорона рафтор мекарданд.
  Дар олимпиадаи ноҳиявӣ дар мактаби марказ ҳамчун шогирди устод ширкат доштам ва ҷои аввалро ба дигаре ба хотири табъи шоирӣ доштанаш доданд. Устод аз паси корҳо рафта, дертар расиданд. Раисону аъзоёни озмуну устодони макотиб дар он ҷо ҷамъ буданд ва баҳогузории ноодилонаи онҳо ӯро оташин намуда буд. Онҳоро бо алфози тунд маломату сарзиниш мекард, вале ҳама мисле, ки хонандагон бошанд, сар хам намуда, касе ҷуръати посух додан надошт.
  Боре дигар ба деҳае ба олимпиадаи байнимактабӣ рафта будем. Яке аз ҳамраҳони навраси моро, ки бо ҳамсинони он деҳаш зид будааст, чандкаса зада, бинияшро хунсор карда буданд. Устод, ки бо соири муаллимон машғули тафтиши иншоҳо буданд, ба таъхир хориҷ шуда, ҳоли ӯро диданд ва бо баромадани бонги ӯ хурду бузурги аҳли он деҳ аз назарҳо ғоиб шуданд.
  Устод дар баёни андеша ҷасур буданд. Аз касеву чизе ибо надошт. Ҳатто аз афоде, ки дар китф силоҳи оташфишон гузошта, мегаштанд, бим надошт ва онҳоро сарзаниш низ мекард. Марди адолатпараст буда, сухани росту ҳақ ва айбу гуноҳи касонро на дар паноҳ, балки мустақиман мегуфт.
  Устод соҳиби ғуруру номусу шаҳомат буданд. Ҳамеша сару овози баланд ва бо хурду бузург, кабиру фақир яксон муомала доштанд. Дар дидору ҳузури касе сархам наменишастанд, баръакси ҳол, ҳатто садрнишинон ба ӯ эҳтирому муносибати эҳтиёткорона доштанд. Аз виҷдони поки хеш мефахриданд ва шогирдонро талқин ба доштани ин сифоти воло менамуданд.
  Устод худ як махзани илм буданд. Ҳатто муаллимонро барои ислоҳу такмили дониш таълим медоданд. Барои таълими хонандагон нерӯ ба харҷ медоданд ва шогирдони босаводро дӯст медоштанд. Бандаро шогирди вижа гирифта буданд ва бар замми дарсҳои синфӣ, бо ман машғулияти инфиродии омӯзиши сарфу наҳву машқи иншо мегузаронданд. Ба ҷиҳати шогирдӣ ва хешовандӣ дар нисбати банда хеле муҳаббат доштанд. Боре маро оби дарё бурда буд ва ҳамдеҳмарди ба тасодуф гузаранда наҷотам дода буд. Ниме аз рӯзу шабе беёд хобида будам. Чун ҳушбасар шуда, чашм кушодам, устодро дар сари болин дидам, ки ашк мерехт.
  Устодро мисли ҳазорон ҳазор афроди он замон аз тифлӣ ҳукумати шӯравӣ дар парваришгоҳҳои худ парварда, ғояву таълимоти хешро аз он овон дар зеҳнашон ҷо дода буд. Замоне фаро расид, ки пояҳои он ҳукумат пӯсидаю шикастанд ва ғояву ақоиди он ботил шуданд ва мардуми боидрок мисли устод инро дарк намуданд. Охирин боре, ки бо устодро дида будам, ҷомаи миллӣ пӯшида, миён баста, тоқӣ ба сар гузошта, ки хеле ба ӯ зебида буд, дар боғаш машғули кор буд. Ӯ дар он авқот намозхон шуда буд. Меҳнатдӯстӣ дигаре аз сифоти неки вай буд, ӯ тоқати бекор нишастанро надошта, доимо даст ба коре зада, ҷунбу ҳаракат дошт.
  Ҳар чӣ мо аз илми адаб адӯхтем, ба туфайли таълиму раҳнамоиҳои устоди бузургвор ба даст овардем. Устод намоди ғуруру номус, ҷасорату далерӣ, ростқавлӣ, озодандешию озодбаёнӣ, донишмандию меҳнатдӯстӣ буда, намунае барои ибрату тақлид аст, ки ин ҳама аз нишони хисоли ниёгон аст, ки устод аз эшон ба ирс бурда буду мо низ бояд аз ӯву афроди амсоли ӯ омӯхтаву дар зиндагии дунё ба кор барем.
  Идрис Нӯъмонов дар соли 1935 дар деҳаи Мудехарв таваллуд шуда буд. То соли 1988 ҳамчун ходими давлатӣ адои вазифа карда, дар ин сол мудири мактаби №12-и деҳа таъйин гардида, то соли 1994 дар ин вазифа кору фаолият намуд ва дар соли 1995 аз олам даргузаштанд. Имрӯз ба шарафи ӯ хоҷагии деҳқонӣ номгузорӣ шудааст. Ашраф Акрам.
 

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.